воскресенье, 28 июня 2009 г.

Рақами ҳафт дар фарҳанги тоҷик

Рақами ҳафт дар фарҳанги тоҷик торихи хеле бостони дорад.

Аммо шуруъ мекунем аз наздик. Чун бо омадани ислом шумориши рўзҳо дар тақвим ба ҳафта махсус гардид, (яъне офариниши олам дар шаш рўзу рўзи ҳафтум истироҳат кардани худо) дар фарҳанги мардумӣ асосан ин нукта қобили мулоҳиза гардид. Дар байни мардуми тоҷик касеро, ки камақл бошад, ҳафтафаҳм мегўянд, ки тахмин ишора ба он аст, ки танҳо то шумори ҳафт метавонад ҳисоб кунад.

Агар ба «Фарҳанги забони тоҷикӣ» назар кунед, хоҳед дид, ки калимаи «ҳафт» дар ибораи гуногуне ба кор мерафтааст. Аммо аз инҳо ҳафтхони Рустам, ки ҳафт монеъаро бартараф мекунад ва асотирист, қобили таваҷҷўҳ мебошад чун дар фарҳанги мардуми мо ҷойгоҳи хосе дорад.

Дар таркиби вожаи ҳафтхон хон ба маънои хона, манзил ва марҳила аст. Ин воқеа марбути Исфандиёр низ будааст. Ҳафт мавзеъ миёни Эрон ва Тўрон буд, ки дар қиссаҳои марбут ба Рустаму Исфандиёр ин қаҳрамонон дар он ҷойҳо бо хатари бузург рў ба рў шудаанд. Дар ин марҳалаҳо шери дарранда, аждаҳо, ҷодугарон, Аржангдев, Деви Сафед кушта шуда Рустам бар Авлоду лашкари ў пирўз мешавад ва бо ҳидояти меше обро пайдо намуда аз ташнагӣ наҷот меёбад ва шоҳи Эронро халос мекунад. Дар ин қисса муборизаи рўҳониёни зардуштӣ бо хурофоти замони худ – ҷодугариву девпарастӣ таъсире доштааст. Адади ҳафт дар тасаввуф низ ҷойгоҳи хос дорад. Дар тасаввуф солик ҳафт зинаи камолотро бояд тай кунад.

Ин ақидаҳо бо оини меҳрӣ рабте дорад ё не, аммо ба таъкиди Каззозӣ: Меҳриён бар он мебудаанд, ки равони одамӣ он гоҳ ки аз ҷойгоҳи равшанӣ – осмон, ба ҷойгоҳи тирагӣ – Замин фуруд меояд, то дар тангнои тан дарафтад ва бо олоиши хок биолояд, мебояд бо ҳафт ахтар, яке пас аз дигаре бигзарад. Ҳар як аз ин ахтарони ҳафтгона, ба боварии пешиниён, сириште доштааст ва ранге. Ва яке аз кониҳо ва гавҳарҳо ба он вобаста будааст; чуноне ки зарро ба Хуршед бозмехондаанд ва симро ба Моҳ. Равон пас аз гузаштан аз ин ахтарон вижагиҳои ҳар як аз онҳоро ба худ дармепазируфтааст ва бадин гуна омодаи пайванд гирифтан бо тан ва мондан дар гетӣ мешудааст.
Аз сўи дигар, ба бовари онон равоне низ, ки аз гетӣ роҳ ба минў мебарад, мебояд ҳамчунон аз ҳафтон (ҳафт ахтар) бигзарад. Дар ин ҳангом аз фурўтар ба фаротар; бадин гуна равони фарозҷўй дар ҳар кадом аз ин ахтарҳо ситондаҳои хешро вопас медиҳад ва аз олоиши он ахтар пок мешавад, то бад он поя, ки тавонад ба рўшноийи ҷовид бипайвандад.
Нависандагони куҳан гоҳ ҳафт ахтарро, ки гузаргоҳи равонҳо шумарда мешудааст, ба палаконе бо ҳафт пала монанд мекардаанд. Мўбади зардуштӣ дар рўзгори Сосонӣ Ардовироф низ замоне, ки дар хоб ба гушту гузор дар минў меравад, ба палаконе розомез ба ҳафт пала мерасад; Ардовроф дар ҳар пала ба осмоне вижа дар меояд, то саранҷом ба осмони барин мерасад. Ў дар ин ҷо Зардуштро дар миёнаи фарзандони ў ва равонҳои пок меёбад ва аз шодмонӣ ва беҳрўзии ҷовид бархурдор мегардад…
Ин ҳафт зинаро дар равиши намодин ва розолуди гаравиш ба оини меҳр низ бозметавон ёфт. Гараванда мебоист аз ҳафт озмуни душвор пирўзманд ва комёб бигзарад. Ин ҳафт озмунро метавон бо ҳафт хони афсонаҳо санҷид. Ин озмунҳо дар ғоре дар дили кўҳ ба анҷом мерасидааст; ғор намоди ҷаҳони фурўдин будааст. Бар девори ғор нигораи ҳафт ахтар дар шумори нигораҳои розомез нигошта мешудааст. Ҳафт зинаи озмун бадин гунааст: сарбоз, шер, калоғ, шер – шоҳин, ё шери болдор, порсӣ, Хуршед ва падар.
Гараванда ба оини розомези Меҳр ба ҳангоми гузар аз ин зинаҳо, озмуни марги намодинро низ аз сар мегузаронидааст; дар ин озмун меҳрпараст ба марги нимоишӣ тан дармедодааст. Рози ин марг дар он будааст, ки меҳрпараст бадин шева зиндагии дарунии тозаеро оғоз мекардааст. Ў бо гузаштан аз ин озмуни душвор маниш ва хўи пешинро фурў мениҳодааст ва марде нав мешудааст. Пас аз ин «марг дар зиндагӣ» номи дигаре бар ў мениҳодаанд, ту гўӣ дигар бор аз модар мезодааст. Бозтобе аз ин марги намодинро дар андешаҳои ниҳонгароёнаи сўфиён метавонем дид. Саноӣ фармудааст:

Бимир эй дўст пеш аз марг агар мезиндагӣ хоҳӣ,
Ки Идрис бо чунин мурдан биҳиштӣ гашт пеш аз мо.


Ҳасад мебарам ба ниёгони халқе, ки дар қаламрави оини меҳрӣ зистаанд. Чаро ки бо иҷрои ҳамаи ҳафт шарт ба мақсад мерасидаанд.

Бубинед, ки як дарвеш низ ба мақсади олии худ бо паси сар кардани ҳафт марҳила мерасидааст. Ва барои Рустами достон шудан низ пирўзӣ дар ҳафт манзил лозим будааст ва муваффақ гардидааст. Аммо барои одами муосир чӣ манзилу марҳалаи санҷишҳо лозиманд?

Чӣ тавр ў ҷодугаронеро, ки бо воситаҳои электронӣ мусаллаҳанд, аждаҳори нафсе, ки мехоҳад ба моли дунё соҳиб шавад, ва «дев»-ҳоеро, ки пеши пояш чоҳ мекананд, мағлуб кунад?

Деву ҷодугару аждаҳову ва дигар аносире, ки дар замони Рустам хурофот буданду ин қаҳрамон зидди онҳо ҷангидааст, имрўз чӣ шаклҳои нави замонавӣ доранд?

Оё имрўз дар Тоҷикистон касе бар зидди ақидаҳои кўҳна ва монеи пешрафти фикрии ҷомеа меҷангад?

Ку Рустами майдони корзори андешаҳои наву кўҳна?

Комментариев нет: