понедельник, 30 апреля 2012 г.

Оид ба аҳамияти шахсиятсолорӣ


Дирўз дар маъракаи таъзия иттифоқ афтод, ки бо чанд нафар ҳоҷӣ гирди як миз бошем. Шукри худо сол то сол теъдоди ҳоҷиёни шаҳри мо зиёд мешавад ва дар  сўҳбатҳо ин ҳоҷиён масъалаҳои ахлоқи ҷомеаро бештар муҳокима мекунанд. Ин дафъа низ ҳоҷие дар ин боб сухан кард, ки масалан чаро сафи занҳои танфурўш меафзояд.

Чуноне ки медонед идораҳои масъул дар ин боб кор мекунанд, ин кори онҳоро баъзан аз телевизион намоиш медиҳанд. Аммо ҳолатҳои зиёдест, ки на ҳама ҷо ва на ҳама касро мешавад назорат кард.

понедельник, 2 апреля 2012 г.

Дарахти ҳаёти мо чӣ буд?


Мардуми порсизабон аз замонҳои бостон ин ҷониб ба дарахти ҳаёт будани писта бовар доранд. Дарахт миллат надорад, аммо номҳои ҳама намудҳои писта дар кишварҳои гуногуни олам ҳокӣ бар он ки аз вожаи «писта»-и форсӣ гирифта шудаанд. Ниёгони мо дар қадимзамон пистаро ба ҷои пул низ истифода мекардаанд, ки аз аҳамияти торихии он дарак медиҳад.

Витамини В6 дар писта нисбат ба ҷигари гов зиёдар аст.

Пайвастагии фенол дар таркиби писта зиёд аст ва он ҳуҷайраҳои баданро нав карда ба рушди онҳо такон медиҳад.

суббота, 25 февраля 2012 г.

Марди озодандеш


Ҳамсояи ман – Облоқул Ҷумъаев 75 - сола шуд

Ў 25 феврели сои 1937 дар хонаводаи Ҷумъабой Рофеев, ки соли 1942 аз фронт ҷароҳати вазнин бардошта буд, зода шудааст. Модараш Ғаффорова Хайринисо низ ҳамроҳи шавҳари майюбаш дар колхоз кор мекард. Онҳо чор писару як духтар доштанд, ки фарзанди калонӣ ҳамин Облоқул буд. Падари Облоқул асосан зингар буд ва дар гузари Зингарони Самарқанд зиндагӣ мекард. Аммо бо дигар шудани замона ва кам шудани теъдоди асп зингарӣ низ касод шуд ва  ў ба деҳаи Боғитилло кўчида омад, ки дар  ин ҷо бо кишоварзӣ рўз гузаронад.

понедельник, 20 февраля 2012 г.

Як сол бе Бурҳон Раҷабов


Дар яке аз тарабхонаҳои Самарқанд яксолагии даргузашти Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Бурҳон Раҷабов қайд карда шуд. Дар он хонаводаи марҳум, ҳамсояҳо, дўстон, аҳли илму адаби Самарқанд иштирок намуданд.

Оид ба хизматҳои бузурги ин эҷодкори боистъдод рассом Даврон Сафозода, санъатшинос Ато Аҳроров, табиб Ҳабибулло Ғанизода, адибон Аслиддин Қамарзода ва Адаш Истад сухан карданд.

суббота, 7 января 2012 г.

Куштори Бобои барфӣ – ханҷаре ба ҷигари фарҳанги ориёӣ


Тибқи  маълумоти торномаи Салими Аюбзод чанде пеш як  нафар Бобои барфиро дар шаҳри Душанбе куштаанд.

Ҳоло чанде саргарми пайдо кардани ҷинояткорони ин қатл аз байни радикалҳои исломиянд.

Аммо камина дар чунин ақида аст, ки агар он шахсе, ки ба чунин ҷиноят даст задааст, аз оинҳои бостонии халқи тоҷик берун омадани Бобои барфиро медонист, ҳаргиз ба чунин ҷиноят даст намезад.

Чунон ки аз ин пеш борҳо такид карда будам, Бобои барфӣ дар замонҳое, ки оғози соли нави мардуми мо дар шаби ялдо – 21-22 декабр буд, чун тимсоли Митрои зиндашуда ба кўдакон ҳадяҳои солинави медод.

суббота, 15 октября 2011 г.

Теғи Синоро гирифт…


Ў зи мероси пурсарвати ниёгони бузурги кишвари хеш теғи ҷонбахши Синоро интихоб кард. Ҷарроҳи машҳури Самарканд Садриддин Камолов 14 сентябри соли 1946 дар гузари Масҷиди Нақшин таваллуд шуда ба воя расидааст, дар мактаби рақами 22 таҳсил кардааст. Яъне ҳамсоли ман аст.

Ҳар ду мактабро баробар хатм кардаем. Фарқ ин аст, ки ў шифокориро беҳтарин касб ва савобтарин кор медонист. Ва аз байни касбҳои шифокорӣ ҷарроҳиро интихоб карданаш низ гувоҳ аст, ки ба қавле ҷарроҳон дасти худоянд ва ба ин сабаб ҳар бемор баъди ҷарроҳӣ ҳатман сиҳат мешавад.

среда, 20 июля 2011 г.

Дарси таърих


Баъди вафоти Искандари Мақдунӣ империяи бузурги ў пора-пора гардид. Ба Миср яке аз лашкаркашҳои ў Птоломей ҳоким мешавад. Птоломей анъанаҳои Искандарро давом дода дар шаҳри Искандария (Александрия) майити Искандарро гўронда дар ин ҷо бузургтарин китобхонаро месозад, то ки маркази илми ҷаҳонӣ ин ҷо бошад.

Яке аз кашфиёти бузурге, ки донишмандони Искандария дар замони Птоломей кардаанд, мошини буғӣ буд. Буғро дар деги пуроб бо гармии оташ ҳосил мекарданд ва он бо найи филизӣ ба кураи дигар гузашта онро ба харакат медаровард. Бояд, ки дар асоси ин кашфиёт мошинҳои буғии дигар, ки меҳнати инсонро осон кунад, ихтиро мегардид.

Афсус, ки ин тавр нашуд. Зеро дар ҷамъияти ғуломдорӣ ба чунин мошинҳо талаб вуҷуд надошт. Ғуломҳои зиёде вуҷуд доштанд, ки ҳамон корро бемузд иҷро мекарданд.

воскресенье, 12 июня 2011 г.

Нақшу нигори митроӣ дар ёдгориҳои меъмории Самарқанду Ғазнӣ


Адабиёти митроии тоҷик: «Афсонаи Бибӣ Сешанбе»-и Парисо

Буд ё не,
дар замоне,
кулбаи фарсудае андар лаби баҳри дамоне,
кулбаи бобои ҳезумкаш,
к-аз ҳама ганҷи ҷаҳон дошт
духтаре маҳваш,
духтаре чолок чун оташ,
аз париёни самоӣ ҳам фузун ҳуснаш.
Лек моиндар-ш
кафтари рўзи сапедашро
ҳар қадр медид, мезад тир,
аз забони тунди пурзаҳраш ҳамеборид
сели дашном,
яхчаи таҳқир.

воскресенье, 5 июня 2011 г.

Адабиёти митроии тоҷик: «Футувватномаи султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ

Агар ба баҳри афкори ниёгон фурў равед, хоҳед дид, ки тариқати суфия, яъне тасаввуф реша ба зўҳду аносири дигари митроизм дорад, ҷавонмардия низ зодаи мактаби митроист. Митро аввалин ҷавонмард, нахустин абармард, шоҳи ҳамаи мардон буд. Ба ин сабаб дар ҳама муҷассамаҳои бостонӣ ўро дар сурати марди ҷавон тасвир кардаанд.

Чаро Ҳусайн Воизи Кошифӣ ахлоқи ҷавонмардияро вориди тасаввуф карда онро зинаи авали тариқат мешиносад?

Ба тахмини камина ин ходими намоёни фарҳанг ҳис кардааст, ки барои тамоман аз байн рафтани оини ҷавонмардӣ хатаре пеш омадааст ва кўшидааст, ки талабҳои ахлоқии ҷавонмардияро вориди тасаввуф кунад, то ки ҷавонмардия ҳамчун зуҳуроти исломӣ муаррифӣ гардад ва имкони дар кишварҳои мусалмон зинда мондани ҷавонмардия шавад.