среда, 20 июля 2011 г.

Дарси таърих


Баъди вафоти Искандари Мақдунӣ империяи бузурги ў пора-пора гардид. Ба Миср яке аз лашкаркашҳои ў Птоломей ҳоким мешавад. Птоломей анъанаҳои Искандарро давом дода дар шаҳри Искандария (Александрия) майити Искандарро гўронда дар ин ҷо бузургтарин китобхонаро месозад, то ки маркази илми ҷаҳонӣ ин ҷо бошад.

Яке аз кашфиёти бузурге, ки донишмандони Искандария дар замони Птоломей кардаанд, мошини буғӣ буд. Буғро дар деги пуроб бо гармии оташ ҳосил мекарданд ва он бо найи филизӣ ба кураи дигар гузашта онро ба харакат медаровард. Бояд, ки дар асоси ин кашфиёт мошинҳои буғии дигар, ки меҳнати инсонро осон кунад, ихтиро мегардид.

Афсус, ки ин тавр нашуд. Зеро дар ҷамъияти ғуломдорӣ ба чунин мошинҳо талаб вуҷуд надошт. Ғуломҳои зиёде вуҷуд доштанд, ки ҳамон корро бемузд иҷро мекарданд.

Дарси таърих: яъне дар ҷамъияте, ки вазъи бардагӣ ҳукмрон аст, кашфиётҳои илмӣ бошанд ҳам онҳо ба пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ, илмӣ хизмат накарда дар архивҳо мехобанд.

Ба фикрам китобҳои дарсии таърих бояд аз чунин рўйдодҳои таърихӣ иборат бошанд.

Комментариев нет: