Маълуми ҳама бод, ки Шашмақом аз шеъри олӣ, мусиқии классикии олӣ, овозхонии олӣ ва навозандагии олӣ иборат аст. Хушбахтона дар Самарқанд ва дигар шаҳрҳо мақомхонҳои нав пайдо шуда истодаанд. Комёбиҳо албатта ҳасттанд, ки онро санъатшиносон дар оянда таҳлил хоҳанд кард.
Каминаро, ки аз
аҳли адаб ҳастам, баъзе хатоҳо дар сароидани шеърҳои адабиёти мумтозамон ба
ташвиш овардааст.
Вақте мебинед, ки дар суруди Ушшоқи Самарқанд ду байтро аз мобайни ғазали Зебиниссо партофта мегузаранд, бефарқ набояд буд. Дар ин маврид ҳикояти “Хоҷа Ҳофиз ва хиштрез” ба ёд меояд. Шодравон Аҳмад Бобоқулов танҳо як байтро партофтааст, аз тарси режими коммунистӣ, зеро дар он тавофи Каъба таъкид мешавад.
“Ушшоқи соҳиблиқо”
аз ушшоқҳои беҳтарини Ҳоҷӣ Абдулазиз аст, шеъри онро дар китобҳои оид ба ин нобиға
иншошуда таълифи Ҳоҷӣ Абдулазиз тахмин мекунанд, зеро узви маҳфиле, будааст, ки
Васлӣ ва Туғрал иштирок ва роҳбарӣ кардаанд.
Баром он ки
хатохонии ин мухаммас такрор нашавад матни онро ин ҷо дарҷ кардам
УШШОҚИ СОҲИБЛИҚО
Ақлам рабуда
ҷилваи чашми сиёҳ кист,
Ин дил ҳазор пора
шуда аз нигоҳи кист,
Дил бурдану нигоҳ
накардан гуноҳи кист,
Бо теғи ҳаҷр
бастану куштан сазои кист,
Бо дарду ғусса мурдану
рафтан давои кист?
Тоқат ба дил
намондаву мурдан давои ман,
Ҳар дам ба теғи ҳаҷри
ту куштан сазои ман,
Бар осмон расида
ҳама нолаҳои ман,
Шояд расад ба
нолаву оҳам нигори ман,
Шодӣ ба дил
намондаву ҷабру ҷафои кист?
Бозору кӯча
меравам дидан барои ту,
Ман бекасу
ғарибаму ҳастам гадои ту,
Ҳар дам ба дида
сурма кашам хоки пои ту,
Гаштӣ ҷафопешаву
ҳам бевафоӣ ту,
Қаҳру итобу ҷабру
таззалум барои кист?
Ҷаллоди бемуруввату
гулгунқабои ман,
Бераҳму пуртазаллуму
ширинадои ман,
Эй дилбаро,
бигӯй, чӣ бошад гуноҳи ман,
Ғайр аз ту нест
дилбари соҳиблиқои ман,
Ҳар дам ҷафову
ҷабру тазаллум барои кист?
Комментариев нет:
Отправить комментарий