четверг, 2 февраля 2023 г.

Соли оянда – ҷашни 170-солагии нобиғаи мусиқӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз

 Бузургтарин мусиқидони Шашмақом, оҳангсоз, навозанда ва сарояндаи сурудҳои классикӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов ба таъкиди  шогирди азизаш Юнус Раҷабӣ соли 1854 зода шудааст.

Юнус Раҷабӣ, ки чор сол ҳамроҳи бародараш дар ҳавлии Ҳоҷӣ Абдулазиз зиндагӣ карда ҳама оҳангҳои Шашмақомро аз ӯ навишта мегирад ва ба ӯ, ки Ҳоҷӣ Адулазиз 66 сол ба Шашмақом хизмат кард ва 9 январи 1936 дар 82-солагӣ вафот намуд гуфтааст, бояд бовар кард.

Ҳукумат ва давлати Тоҷикистонро мебояд, ки бо пешниҳоди мусиқидонҳо барои таҷлили бошукӯҳи ҷашни 170-солагии ин нобиға қарори махсус қабул кунад.

Дар Самарқанд дар як қисми ҳавлии Ҳоҷӣ Абдулазиз музейи ёдгории ӯ кушода шудааст.

Дар ватани падарии ӯ Ғарм пайкараи ӯ гузошта шудааст. Ин мусиқори бузург ҳофизи ноҳиявӣ набуд, ки муҷассамааш танҳо дар ватани падараш бошад. Ӯ тавонист Шашмақоми дар ҳар куҷо парокандаро гирд оварад, аз устодони бузурги он омӯхта дар шакли пурра мерос гузорад. Ҳама устодони мақомхонии баъдина мақомхониро аз ӯ мерос гирифтаанд.

Ҳоҷӣ Абдулазиз солҳои нооромӣ дар Самарқанд бо хоҳарашон ба Панҷакент кӯчида солҳои ҷавонӣ дар он ҷо зиндагӣ кардааст.

Ва моро мебояд барои ёдоварии ин солҳои зиндагии ӯ дар марзи Тоҷикистон дар Панҷакент низ ба бузургдошти ин нобиға қадршиносӣ кунем.

Он вақт асбоби овознависӣ набуд, суруду оҳанг аз сина ба сина интиқол меёфт. Ҳама мусиқишиносон бар ин ақидаанд, ки ҳама рукнҳои асосии Шашмақоми имрӯза тавассути ин нобиға, ки ду ҳазор сурудро аз ёд медонист, ба мо омада расидааст.   

Комментариев нет: