четверг, 29 декабря 2022 г.

Корномаи Рустам дар деворнигораҳо ва матни суғдии Панҷакент

 Чаҳор сол боз дар Интернет сӯҳбате бо сардори экспедисияи архиологии Эрмитаж дар Панҷакент Павел Лурье, ки дар Эрмитажи Петербург мудири шӯъбаи тарихи санъати Ховар аст ва аз нақли ӯ чунин хулоса бармеояд, ки бозёфтҳои архиологии Панҷакент, яъне давраи тоисломии ин шаҳри бостонӣ асосан дар Эрмитаж нигоҳдорӣ мешаванд. Ман ин сӯҳбатро аз Ютуб ба саҳифаи худ кӯчонидам.

Аз тамошои ин сӯҳбат хоҳед донист, ки мо аз ин мероси бузурги ниёгони худ ҷудо афтодаем ва барои бештар ҷалб кардани сайёҳони хориҷӣ ба кишварамон роҳҳои бозгардонидани онҳоро бояд ҷустуҷӯ кунем. Албатта корест пурмуаммо. Аммо мо метавонем дар Панҷакент як қаср ё осорхона созем ва рассомонамон дар онҳо деворнигораҳои суғдии дар Эрмитаж маҳфузро дар шакли комил то тахриб шуданашон эҳё кунанд.

Дар як ресторани “Шаҳри бостонӣ”-и Самарқанд-сити деворнигораҳои касрҳои суғдии Самарқандро барқарор кардаанд, ки амали академик Аслиддин Исоев ва фарзанди ӯ Нуриддин аст.

Хуб аст, ки деворнигораҳои суғдии Панҷакент дар Эрмитаж бо эҳтиёт тибқи талаботи илмӣ нигоҳдорӣ мешаванд. Ҳар рӯз ҳазорон сайёҳон онро мебинанду аз санъати баланди ниёгонамон огоҳ мешаванд. Аммо аз даромад ин осорхона ба халқи тоҷик чӣ мерасад?

Бояд мероси ниёгонамон ба халқи худамон хизмат кунад! Муҳимтар ин аст, ки ин деворнигораҳо ба сиистонӣ не, балки ба суғдӣ будани Рустам гувоҳӣ медиҳанд. Ҳатто ба хати суғдӣ ривояте оид ба корномаи Рустам дорем! Аммо дар Эрон ва Афғонистон оиди Рустам ягон манбаи тоисломӣ нест.

 

Комментариев нет: