понедельник, 13 февраля 2023 г.

Решашиносии миллии тоҷикӣ

Решашиносии миллӣ илмест, ки бунёди менталитети миллатро ҳифз ва аз вайроншавӣ бозмедорад. Агар дар кишвар донишмандони асили ин илм набошанд, миллат завол меёбад ва агар шакл нагирифта бошад, ҳеҷ гоҳ комил нахоҳад шуд.

Решашиносии миллӣ рукни асосии бақои миллат аст. Танҳо решашиносии миллӣ муайян хоҳад кард, ки аз осори фарҳангӣ ба кадом асарҳо аввалият бояд дод, дар барномаи таълим асосан бояд чиҳо бошанд, маъракаҳо дар асл чӣ хел бояд бошанд ва бисёр тарафҳои гуногуни зиндагӣ.

Агар аз мероси мусиқӣ мисол орем, бояд биандешем, ки аввалиятро ба Шашмақоми 1400-солаи Борбадӣ диҳем ё мусиқии нави муосир?  Аввалиятро дар насру назми классикӣ ба “Шоҳнома” диҳем ё ба асарҳои дигар мисли “Гурӯғлӣ”?

Агар илми решашиносии миллӣ масъалаҳои дигари марбут ба доираи худро равшан муайян мекард, бисёр нофаҳмиҳо ва баҳсҳо байни маҳалгароён барҳам хӯрда дар миллат ваҳдати том ба вуҷуд меомад.

Масалан илми решашиносии миллӣ мегӯяд, ки тоҷикон аз қадимзамон шаҳрсоз буданд. Пас мебояд, ки намунаҳои ин меъморӣ дар осорхонаи махсус манзури сайёҳон гардад. Ва ҳамон вақт худшиносии миллӣ шакл мегирад.

 

Комментариев нет: