четверг, 13 апреля 2023 г.

Тоифаҳои одамон

 Табиатан сари одам баландтар аз ҳама  узвҳои дигари асосӣ – дил, ҷигар, шикам ва узви таносул аст. Ин ба он маъност, ки инсон ҳар амале мекунад, бояд бо раҳнамоии ин мақоми баланд  кунад, яъне андешагарӣ ҳоким ба ҳама амал аст.

Дили инсон дар мақоми поёнтар аз сар қарор дорад. Яъне ин ишора бар он аст, ки ҳар чизе ки дил мехоҳад, бояд дар итоати сар бошад, агар ақл бипазирад он гоҳ бояд амалӣ шавад.

Шикам дар мақоми саввум аст. Ва он аз як ҷиҳат ба дил тобеъ бошад, бештар тобеъи сар аст. Дил дар мавриди қабули таом нақши манфӣ мебозад. Хӯрдан гир мегӯяд, то сер шудан. Аммо ақл мегӯяд, ки пурхӯрӣ сабабгори бемориҳост.

Поёнтар аз шикам чист, худатон хуб медонед.

Одамоне ҳастанд, ки дилро болотар аз сар гузоштаанд, яъне эҳсосотианд. Одамоне ҳастанд, ки шикамро аз сар болотар гузоштаанд, яъне аз паи афзоиши сарват шабу рӯз кор мекунанд. Одамоне ҳастанд, ки хислати донжуанӣ доранд, яъне занпарастӣ. Ҳамаи инҳо ғуломи узвҳои номбурдаанд.

Онҳое, ки ақлро болотар аз ҳама медонанд, хирадманданд. Онҳо ғулом нестанд. Дигарон ҳама ғуломанд.

Вобаста ба мақом инсонҳо дар ҷомеа се хеланд: Бедорҳо, нимхобҳо ва хобидаҳо. Хобидаҳо мардуми худбин ҳастанд, ки танҳо паи пайдо кардани пулу мол барои зиндагии худ ҳаракат мекунанд. Нимхобҳо мардуме дар ҳоли ғанаб, ки каме дар интихобот иштирок мекунанд, камтар савод доранд, аммо ба ҷамъият чӣ шуда истодааст, бетараф ва бефарқанд.

Бедорҳо хирадмандони ангуштшумор ҳастанд, ки ба сухани онҳо ду хели аввал эътиборе намедиҳад. Инсон ҷонвари боақли ҷамъиятист. Бедорҳо нисбат ба дигар тоифаҳо  инро бештар ҳис мекунанд ва ба пешрафти ҷомеа мекӯшанд. Ҷадидизм, маорифпарварӣ, социализм, коммунизм, капитализми гуманитарӣ, демократия ихтирои бедориҳост.

Вақте ки зиндагӣ тоқатфарсо шуд, нимхобҳо дар атрофи бедорҳое, ки ҳизби сиёсӣ сохтаанд, муттаҳид мешаванд, то ки сохти инсонпарваронатарро ба вуҷуд оранд.

Элита дар асл ҳамин бедорҳоянд, на сарватманду тоҷиру соҳибкору графоману маддоҳон.

Дар кишварҳои пешрафта элитаро эҳтиёт мекунанд, элита дар ин кишварҳо дар минтақаи хоси шаҳр сити зиндагӣ мекунад. Ба ситии Лондон ҳатто шоҳ бе иҷозати мири сити қадам гузошта наметавонад.  

Комментариев нет: