понедельник, 16 апреля 2018 г.

Ибораҳои обдори самарқандиён – 21


Ба  бача кор фармою аз пасаш дав.
(Аз силсилаи «Ҳикоёти зaрбулмасалдор»)

Ман 15-16-сола ва додарам Аҳмад 12-12-сола буд. Азбаски хонаамон дар ҷои нобоб буд, колхоз барои оилаи мо барои сохтани оморати нав замин дод. Вақте ки деворҳои хона таги болор шуданд, ягон ҷондорро кушта хун мебароранд, то ки балои ба хонаи навсохт меомадагиро ба ҳамин пешгирӣ кунанд. Тибқи ақидаи мардум.

- Ҳеҷ набошад ягонта хурӯсро ҳам кушед, мешавад,- маслиҳат дод устои иморатсоз Нарзуллохон, ки аз дӯстони падарам буд.


Падарам саҳар бо кафидани чашми рӯз ману додарамро бедор карданд ва гуфтанд: Ман бояд ҳозир рафта чойхонаро кушоям. Бояд зуд ба он тарафи рӯди Дарғам равем ва аз Ҷари Дароз гузарем, дар соҳили Дарғам рамаи бузу гӯсфандонро мебинем. Чӯпон якто бузи моро дошта баста медиҳад ва онро бояд ба хона  биёрем. Чӯпон саҳар молҳоро ба дашт меронад ва баъд ёфтан душвор, таъкид карданд падарам, барои ҳамин ҳарчи барвақтар ва тезтар раветон. Ба дастамон як ресмони ғафсиаш ба ангушт баробарро доданд, к нав нею кӯҳна буд, ки аз ин пеш чанд сол гӯсфанд бастаанд.

Падарам феъли тез доштанд, агар амрашон дар вақташ иҷро нашавад, суст ҳаракат кунем, шаллоқ мехӯрдем. Ва мо додаракон зуд аз ҷойгоҳ берун шуда саросема дасту рӯй шуста наҳорӣ нахӯрда ба шитоб сӯи Дарғам равон шудем, то ки дер намонда ба ҷои зарурӣ расем. Гумон кардем, ки дар ду соат бармегардем ва баъд наҳорӣ мехӯрем. То он ҷо ҳамагӣ ду километр буд. Вақте ки ба кӯпруки Дарғам наздик шудем, ангурзори Университет ба чашм намуд ба мо бочаҳои деҳотӣ нағ медонистем, ки ангурҳои пешпазак кайҳо пухтаанд. Хусусан дороиро пеши назар овардему ба додарам гуфтам, ки ангур пухтагист-а, шикам танбӯр навохта истодааст, чаро бо худ ақалан як бурда нон нагирифтем?

- Ин ҷо дороӣ ва танасафедаки пешпазак нест. Ангур ҳоло шира нагирифтас, туруш,- гуфт Аҳмад.

- Ба ҳар ҳол шикама медоштагист, ду сар канда биё! – Гуфтам ба ӯ.

Барои ду сар ангур боғбон чизе намегуфт, хусусан ба бачаҳо. Аҳмад ба токзор даромада ду сар ангури нимхомро канда омаду роҳравон хӯрдем. Ангури турш моро зиёдтар гурусна мононд. Аввал аз болои кӯпруки Дарғам гузаштем ва ба тарафи чап ба ҷониби Ҷари Дароз тоб хӯрдем. Ҷари Дароз дар зер об дошт ва имкони гузаштан набуд, болотар рафта аз ҷои хушки беоб гузаштем. Аз даруни ҷар давида боло баромадему чӯпонро дидем, ки рамаро ҳай карда ба чарогоҳ мебурд. Панҷ-даҳ дақиқа дер кунем, ёфтанаш душвор буд. Хурсанд шудем, ки дар вақташ расидем. Ба ӯ талаби падарамро фаҳмонидам. Чӯпон дар байни рама даромаду бузи моро аз пои қафояш дошта ва бо ресмони мо овардагӣ баста дод.

- Ҳушёр шаветон, буз - шайтон, гурезад дошта наметонетон,- таъкид кард чӯпон.

Баъди гапи чӯпон барои он ки буз ресмонро сахт кашида аз дастам раҳо накунад, нӯги ресмонро ба банди дастам маҳкам бастам.

Дар бозгашт боз Ҷари Дароз пеш омад, се-чор метр чуқурӣ дошт ва аз як лабаш фуромадан мушкил буд, зеро заминаш реглоху лағжонак буд. То ин вақт буз аз қафою мо пеш-пеш меомадем, ин ҷо тарсидам, ки вақти фуромадан буз аз қафо лағжида маро назанад ва бузро ба пеш гузаронидам. Буз бошад вақти фуромадан ногоҳ ресмонро чунон ба шаст кашид, ки ресмони кӯҳна аз байн канда шуд. Баъд ману додарам барои доштани буз бисёр ҳаракат кардем, нашуд. Ҳатто дар ҷойҳои танги ҷар аз ду тараф бузро миёнагир мекардем, буз аз болои сари мо чолокона ҷаҳида мегузашт ва шайтон будани худро исбот мекард. Офтоб ба қиём расиду мадорамон хушк шуд.

Аз оби таги ҷар бо каф об гирифта нӯшидаму ба сояи таги ҷар дароз кашидам. Дигар ба ҳаракат кардан қувват  надоштем, чунки ҳар ду аз саҳар то пешин аз паси ин шайтон бекавшу маҳсӣ бисёр тохтем.

- Биё ба хона бармегардем,- гуфт Аҳмад.

- Дадем моро мекушанд,- гуфтам,- феълашона худат медонӣ!

- Ақалан аз ягон ҷо як бурда нон ёфта меомадӣ,- гуфтам ман.

- Мадорам нест,- гуфт Аҳмад,- То деҳа - ду километр.

- Ин хел бошад, то шом интизор мешавем, вақте ки рама аз ҷарогоҳ баргашта омад, чӯпон бузро дошта медиҳад. Ин дафъа бо тасмаҳои шимамон баста мегирем. Ягон пора нон медиҳад.

Шом шуду офтоб дар паси кӯҳи Оҳалик ба ғуруб кардан сар кард. Ҳамин вақт дар сари ҷар падарам намоён шуданд.

- Бачая кор фармою аз пасаш дав! - Гуфтанд.

Баъд ба дасти мо нисфи ресмони канда шударо дида гуфтанд: - Ҷӯраҳо, ин ҷо хатои ман шуд, ки ресмони кӯҳная насанҷида ба шумо додам ва бо бузи шайтон чӣ хел муомила карданро нагуфтам.

Сипас назди мо омада аз киса қанди сафед бароварда ба ҳардуямон дода гуфтанд: - Ман фаҳмидам, ки нон нахӯрда ба роҳ баромадетон. Қанди сафед зуд қувват метияд.

Минбаъд нонушта накарда ба ягон ҷо намеравед, ин ба ҳар дуятон дарс шуд.

Ҳамин вақт чӯпон бо рама аз саҳро баргашт. Бузи мо рафта ба рама ҳамроҳ шуду боз чӯпон байни рама даромада аз пои қафояш дошт. Баъд ба тасмаҳои шими ману додарам баста дод.

Мо ресмонро ба ҷои тасма ба шимҳо гузаронида бастем. Баъд падарам тасмаро худашон дошта пеш баромаданду ману додарам аз пасашон пойҳои худро базӯр кашола карда мерафтем.

Аз ҳамон вақт ин ҷониб касе «Ба бача кор фармою аз пасаш дав» гӯяд, ман аввал пурсуҷӯ карда мефаҳмам, ки айб дар ош аст ё мош. Вақте ки калонсол ба бача коре фармуда ба вай ба дараҷаи зарурӣ дастур намедиҳад, албатта аз пасаш хоҳад давид.

Бо як гул баҳор намешавад.
Баъзеҳо якта китоб бароранд, гумон мекунанд, ки адиб ё олим шудаанд.

Сукут – аломати ризо.

Шиштагӣ – бӯйро, гаштагӣ – дайро.
Оиди аҳамияти сафар ба кишварҳои дигар.

Моҳӣ бо об зинда, одам бо одам.
Яъне ҷӯрабозӣ кафтарбозӣ не.

Соли нека аз баҳораш маълум.
Яъне инсон дар кӯдакӣ шакл мегирад.

Ҳаммая мону аммая меҳмон.
Яъне амма – дарба тамба, беқадр.

Забон устухон надорад.

Барф об шуда мераваду хунукиаш мемонад.
Баъзе мансабдорон муранд ҳам фармонҳои нодурусташон солҳои дароз амал мекунад.

Деволи намкаш.
Дар бораи одаме, ки аз ҳар гап барои худ эроди манфӣ меҷӯяд.

Зарра-зарра ҷамъ шавад,
Дарёҳо манъ шавад.

Дур бошу ба танур бош.

Ихлосу халос.

Чароғ атрофи худаша рӯшан мекунад.
Яъне ҳар кас ба манфиати хонаи худ месӯзад.

Чӯби мулоима кирм мехӯрад.
Дар замони мо чӯби сахтро низ мехӯрад. Дандончаҳои тез баровардагӣ.

Шинохти хар – шӯра. Хар чӣ донад мазаи қанду набот, тӯрбаи каҳ бошаду кунҷи работ. Ин  зарбулмасалҳо вақте ба ёд меоянд, ки баъзе газетаҳоро варақ мезанед.

Хари мурдая наълаша мекобад.
Яъне оиди хасис.

Девол афтад, дарунба афтад.

Кунда кафон - як танга,
Инҷобизан - сад танга.
Кундакафон – мардикори бесавод, инҷобизан - инженер.

Кӯдаки бисёр – балои ҷон.

Хонаи бачадор – бозор,
Хонаи бебача – мазор.

Мушти баъди ҷанг ба ёдат омадаро ба сари худ зан.

Ту ҳоло бо собуни ман ҷомашӯйӣ накардаӣ.
Ин сухан хоси занҳо буда гӯянда «собуни ман чирки туро» (яъне корҳои манфии туро) бароварда нишон хоҳад дод гуфтанист.

Хараш аз лой гузашт.
Яъне кораш, ки буд шуд ё муаммояш ҳал гардид, туро фаромӯш мекунад гуфтанист.


Комментариев нет: