среда, 11 апреля 2018 г.

Ибораҳои обдори самарқандиён – 20


Калла гуфта кадуя бардошта гаштас.
Оиди одами нодон.

Майнема туруш накун.
Ба маънои каллаама гаранг накун.

Сайр ҳам сайру саргардонӣ ҳам сайр.

Сараша дута кун.
То сараша дута накунӣ, чӣ будани рӯзғора намефаҳмад, пули кор кардагеша дар кӯча хӯрда омадан мегирад.


Чормағз ба сар шикастан.

Даҳана суст монӣ, бачаҳо саратба чормағз мешикананд.

Сарам-дилам кор накун.
Иҷрои кор бе дилгармӣ.

Каллаи хара ба рӯи лаълӣ монед, лағжида меафтад.
Яъне одами бемағзро иззат кунӣ, аз худ меравад.

Сараш деволба зад.
Яъне пушаймон шуд.

Сараш варам кард.
Яъне гаранг шуд.

Дилам бухс кард.
Яъне дилтанг шуд.

Дилам торс кафид.
Яъне аз ҳад зиёд зиқ шуд.

Дилама сиёҳ кард.
Яъне бо суханҳои бад, ғамгин сохт.

Дилаш сӯхт.
Яъне раҳмаш омад.

Дилам чӯкид.
Яъне маъюс шудам.

Дилам рехт.
Яъне гурусна монд.

Дилаша холӣ кард (кафонд).
Яъне гапҳои ногуфтаашро гуфт.

Дилашба алав афтид.
Ба воҳима афтодан.

Дилаш таг кашид.
Яъне тарсид.

Аз он кас дилам монд.
Яъне дилхунук шуд.

Аз он кас дилам пур.
Яъне бовар дорам бешак.

Дилам кӯҳ барин бардошта шуд.
Яъне рӯҳбаланд гардид.

Дилам шумоба кашол шуд.
Яъне умедвор шудан.

Дилам гирифт.
Яъне аз касе ноумед шуд.

Дилам алағда шуд.
Яъне маъюсӣ аз нарасидани чизи умедворшуда.

Дарунии дилам аспакӣ тохт.
Яъне ба воҳима ва ҳаяҷон афтид.

Дил, ки пок аст,
Зувон бебок аст.

Дил кушода – дар кушода.
Яъне дилсафед меҳмондӯст мешавад.

Кори сарам – дилам.
Яъне рӯидилакӣ.

Аз дил ба дил роҳест дар ин гунбади сипеҳр.
Мисрае аз байти машҳур.

Дилам барои ӯ ҷиззӣ намекунад.
Яъне дилхунук шудам аз ӯ.

Дил – дили Зайнаб.
Ба ҳамин ном намоишномаи театрӣ низ буд, коргардони самарқандӣ Шамсӣ Қиёмов бо А.Мороз матни онро навишта буданд. Ин мақол таъкид ба он дорад, ки новобаста ба мафкураи корсервативӣ духтар мувофиқи дили худ шавҳаршавандаашро интихоб мекунад.

Дилаш қалб.
Яъне фиребгар, қаллоб. Дасташ қалб низ мегӯянд.

Дилаш сиё(ҳ).
Яъне бадаъмол.

Дидадаро шав, ба дилҳо ҷо шав.

Дилаша ёфт.
Ба маънои калиди қулфи дилашро ёфт.

Баҳри дилам кушода шуд.
Ба маънои хурсанд шудан, баланд гардидани кайфият.

Дилам ғаш.
Ба маънои нооромии дил.

Дилаш аз санг.
Одами бераҳм. Вай роҳбари пешинамоя дилашон аз санг буд.

Дилам ях баст.
Дилсардӣ. Яъне аз фалонӣ дилаш хунук шуд.

Поям накашиду нарафтам.
Ин ҷо дилам накашид мегӯяд.

Рӯш сӯхтагӣ.
Баъди бад кардан рӯ ба рӯ шуда натавонист.

Дилаш гум зад.
Дили мо баҳри шумо мезанад гум-гум-гум, мегӯянд вақти дидорбинӣ. Яъне аз ҳад зиёд пазмон шуда вақти дидорбинӣ ширин тапидани дилро ифода мекунанд.

Дилаш қум-қум карсас.
Дилаш барои ҳамин духтар қум-қум карсодагист, мегӯянд оиди писари ошиқ.

Фалония дилаша бардоштем.
Яъне рӯҳ афтода буду рӯҳбаланд кардаанд. Рӯшан шудани дил.

Аз дида, ки рафт, аз дил низ меравад.
Намуди дигари мақоли меҳр дар чашм. Яъне дидорбинӣ риштаӣ муҳаббату дӯстиро мустаҳкам мекунад.

Диламба алав афтид.
Яъне ба изтироб ва ваҳм дучор шуд.

Намати сиё(ҳ) бо шустан сафед намешавад.
Оиди одами дилсиёҳ мегӯянд.

Ба некиат миннат кунӣ, савобаш намемонад.
Бисёр мешавад, ки масъалаи хайру саховатро тавассути воситаҳои ахбори оммавӣ намоиш медиҳанд. Вақте ки кори хайр ба реклама монанд мешавад, савобаш намемонад.

Ду поя дар як мӯза натиқон.
Яъне гарданшахӣ ва якравӣ накун мегӯяд.

Даст даста мешӯяд.
Баъзан ҳамин хел мешӯяд, ки як қабат пӯст меравад, гӯё бо наждак мешӯяд.

Даст даста мешиносад.
О он қадар хуб мешиносад, ки хусусан пул қарз дода бошад.

Дасткӯтоҳ.
Яъне камбағал.

Дасти сахӣ – боло,
Дасти хасис - болор.
Яъне дасти хасис чӯб асту бас.

Сахиро сар баланду даст боло,
Бахилро дил тангу даст кӯто(ҳ).

Даст болои даст монда шиштас.
Яъне бекор нишастааст.

Дасти ману домани ту.
Яъне аз ту ҷудо нахоҳам шуд.

Даст ба даст шуд.
Оиди занони сабукпо мегӯянд.

Дасти ман не, дасти Луқмони Ҳаким.
Дар вақти марҳам ниҳодан ё маҳси бемор мегӯянд.

Фалония дасташ дароз.
Яъне мансабдори калон.

Ман аз вай дасту диламро шустам.
Яъне тамоман дил кандааст.

Даст ба хок кардан.
Ба туалет рафтан.

Кордаш болои равған.
Соҳиби касби хуб.

Саги ҳақшинос беҳ аз мардуми ҳақношинос.
Саги  хуб каси дигар нон диҳад, гурусна бошад ҳам намехӯрад. Аммо мардуми ҳақношинос нонатон он тараф истад, аз гирифтани молу пули бегона ҳазар намекунад.

Саг соҳибаша намеёбад.
Яъне тамоман беинтизом шудани корҳо.


Комментариев нет: