понедельник, 9 апреля 2018 г.

Ибораҳои обдори самарқандиён – 19


 Худо кама тияду ғама натияд.
Дар мақоли дигар гуфта мешавад, ки «Одам аз оҳан бошад ҳам ғам занг барин мехӯрад».

Дар вақти харҷ раги дасташ мекашад.
Оиди мумсик мегӯянд.

Раги дасташ кашид.
Яъне пул харҷ кардан нахостам мегӯяд.

Нодонмурӣ биёд.
Бештар занҳо дар вақти зиёд шудани гапу кори аҳмақона мегӯянд, ки «илоҳо нодонмурӣ биёд».

Гапба ҷома мепӯшонад.
Яъне дар сухандонӣ моҳир.

Дар хона ду кадбону,
Хокрӯба то ба зону.
Ба мисли кадбону мӯл шуду зувола гум шуд.

Кайк гуфтаст, ки ба дасти одами чашмсиҳат афтаду ба дасти кӯр не.
Зеро одами бино дидан мехоҳад, ки ин чӣ кайкест ва кайк аз ин истифода карда мегурезад. Нобино бошад ба дидани он эҳтиёҷ надорад ва байни нохунҳо мегираду маҷақ карда мекушад.
Дар он маврид мегӯянд, ки ҳалли ягон масъала ба мансабдори кӯрдил вобаста шавад ва ӯ қандро аз қурут фарқ накарда ҳукм баровардан мегирад.
Қандро аз қурут фарқ накард.
Оиди бесалоҳиятии мансабдоре мегӯянд.

Саллая биёр гӯйӣ, каллая мебиёрад.
Мақоли замони коммунистӣ, ки зидди салладорон муборизаи атеистӣ буд.

Гар ба дил завқе надорӣ, синаҷунбонӣ чӣ суд?
Гӯё ки дар бораи аҳли рақс гуфтта шудааст. Аммо дар он маврид мегӯянд, ки соҳиби касб ихтисоси худро дӯст намедорад ва корҳои қолабӣ мекунад.

Хар чӣ донад маззаи қанду набот,
Тӯрбаи каҳ бошаду кунҷи равот.
Дар мавриде мегӯянд, ки масалан «Шашмақом», опера ё ягон асари дигарро касе нафаҳмад.

Дили нохоҳам – узри бисёр.

Дарахта тар буридӣ,
Боғбона сар буридӣ.

Чашми ошиқ кӯр аст.

Дарахт гуфтааст: Аз табар чи тавр гила кунам, ки дастааш аз худам.
Дар мавриде мегӯянд, ки аз фарзанди худ озор бинанд.

Дилро ба дил раҳест дар ин гунбади сипеҳр,
Аз рӯи кина кинаю аз рӯи меҳр меҳр.
Байти Саъдӣ аст, ки моли мардум шудааст.

Бо нодон дӯст машав, бо лаққи ҳамгап.

Дарс мушкил бошад, нодона хобаш мебиёд.

Асп бо ҷаву зан бо пардоз.
Яъне пардоз як амали муҳим аст.

Зани беноз – оши бепиёз.
Пиёз ошро ширину хуштаъм мекунад.

Остонаи духтардор баланд.

Зебосанам хушрӯй не, ситорагарм хушрӯ.

Ҷанг карданд додару хоҳар, нодон кард бовар.

Лойи зану шӯя худо аз як ҷо гирифтагӣ.
Аз он ки феълашон рафта-рафта монанд мешавад.

Мола аз молдор гиру келина аз қавмдор.
Яъне аз хонаводаи тагҷоии обрӯманд. Хусусан эшонҳо мепурсанд домодшаванда аз эшонҳо ё не. Ба ғайриэшон духтар намедиҳанд. Агар ошиқ шавад, ин қоидаро мешикананд.

Ҳар кас хараке дорад,
Дарди сараке дорад.
Дар бораи мошин.

Гӯшти ҳаррӯзаю нони серӯза.
Яъне дар иқлими гарм, ки замонҳои пеш яхдонҳои маишӣ набуданд, гӯшт зуд вайрон мешуд, ба ҳамин сабаб аз қассоб ба миқдори як ошӣ гӯшт мехариданд – чаряк – 250гр, нисфи чоряк – есирак, нисфи есирак – ғарибак.
Тибқи тибби муосир низ нони обаш гурехтагӣ, яъне ду ё серӯза барои саломатӣ муфидтар аст, нисбат ба нони нави гарм.

Акка агар шақ-шақ кунад,
Меҳмон дара тақ-тақ кунад.
Акка аз шохи  баланди дарахт омадани одамони ноошноро дида шақ-шақ мекунад, барои огоҳ кардани паррандаҳо аз душман.

Барака дар сари чошт.
Чошт ҳамон тӯдаи ҳосил аст. Агар дар Самарқанд, касе аз шиносҳои наздик аз назди хирмани ҳосили нав масалан картошка гузарад, деҳқон мегӯяд: Картошка хӯред!
Ман аввал намефаҳмидам,  ки чаро ба ҷои баред, хӯред мегӯянд. Дертар фаҳмидам, ки хӯред ба маънои чӣ қадар, ки бо худ баред будааст.

Ҳафт кас як касро интизор намешавад.
Як кас набояд ду ё се касро зиёд интизор кунад. Ҳамин, ки вақти ваъдагӣ шуд, яке ин мақолро мегӯяд ва ба ӯ интизор нашуда мераванд.

Ба панҷоҳ чун расидӣ, ёбӣ сустӣ,
Ва баъди шаст наёбӣ тандурустӣ.
Аз чил то шастсолагӣ давраи миёнсолӣ ва аз шаст то 75-солагӣ давраи солхӯрдагист. Дар давраи солхӯрдагӣ бемориҳо меафзоянд.
Нафас ҳар дам зи қасри умр хиште меканад, Бедил,
Паи таъмири ин вайрона меъмор инҷунин бояд.

Бемор бемор не,
Бемордор бемор.
Оиди бемордории бемори хеста наметавонистагӣ мегӯянд.

Барои як каса фаҳмидан, ҳамроҳаш ду пуд намак хӯрдан даркор.
Яъне он қадар таом хӯрдан даркор, ки ду пуд – сию ду кило намак тамом шавад. Ҳамин гуна мақол дар забони русӣ низ ҳаст.

Одама фаҳмидан хоҳӣ, ҳамроҳаш сафар кун.
Ин аз ду пуд намак хӯрдан осонтар ва вақти зиёдро намегирад.

Фарзанди падар мабош, фарзанди башар бош.
Яъне дар ҷои аввал - одамгарӣ.

Дилаша бару пулаша хӯр.
Одами дилбар пулатона хӯрад, мебахшед.

Зани бегона на ҷогаҳата гарм мекунаду на шикамата сер.
Яъне ба қадри зани ҳалоли худ бирас.

Комментариев нет: