Лабба кулӯха молид.
Яъне таомро аз дигарон рустӣ хӯрд.
Санга хӯр.
Агар бача дар хӯрокхӯрӣ инҷиқӣ кунад, модараш мегӯяд.
Ба рӯй пӯстака кашид.
Яъне ба шармандагӣ қадам ниҳод.
Бетутуруқ.
Дар Самарқанд одамеро гӯянд, ки ба ваъда вафо намекунад,
дурӯғ мегӯяд, ба низоми маъмули муносибатҳои шаклгирифтаи байни одамон риоя
намекунад. Солҳое, ки идораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» дар азоби молиявӣ буд, як нафар баъди обед бой шуда
ваъда дод, ки 15 ҳазор сӯм кӯмакпулӣ мекунад, агар дар борааш мақолаи ситоишӣ
нависем, то ки депутати шӯрои вилоятӣ шавад. Рӯзнома ба ваъдааш вафо кард, аммо
ӯ не. Ман худ ба идораи корхонаи шахсии ӯ даҳ бор ба талаби маблағи
ваъдакардааш рафта будам. Не намегуфт. Ваъда медоду иҷро намекард. Дар ин давутози
талаби пул камина зиёда аз 15 ҳазор сӯм дар нақлиёт харҷ карда ба чунин хулоса
омада будам, ки аз бетутуруқ дуртар будан беҳтар аст.
Хонекам коза бошаду дилакам тоза бошад.
Дар Самарқанд хонаи тобистонаи муваққатиро, ки дар саҳро
сари полиз ё дар боғ бо лой ё шохи дарахтон месозанд, коза мегӯянд. Солҳои
50-уми асри гузашта дар саҳро чунин козаҳои лоин бисёр буданд, ки баъзе бом
надоштанд. Гӯяндаи ин мақол таъкид мекунад, ки иморати калон месозам гуфта аз
паи пули ҳаром надавидааст. Аммо чунин мақолҳоро кам кас истифода мекунад,
чунки имрӯз коза нест. Ҳоло бошад дилам нотоза бошад ҳам хонаам мағоза бошад
мегуфтагиён зиёданд.
Нони шӯ арра дорад, дандони шашпарра дорад.
Инро ба соҳибхоназанҳои ҷавон мегӯянд, то ки пулу моли
шавҳарро чун гавҳараки чашм эҳтиёт
кунанд. Маънои аввалаш он ки шавҳардорӣ кори осон нест.
Маймунбозӣ.
Бо ҳар баҳона ба оқиб партофтани иҷрои коре, маккорию
фиребгарӣ. Хусусан дар додани қарз.
Пулхӯраку лойҳӯрак.
Давраҳои сохтмони хона тибқи фаҳмиши самарқандиён аз
давраи лойхӯраку пулхӯрак иборат аст.
Давраи лойхӯрак – ин сохтани дару девор ва бом. Давраи
пулхӯрак ин андова, рангубор ва сохтани ошхона, ҳаммом ва ғайра. Иморатфурӯшон
ҳамин, ки бино пулхӯрак шуд, мефурӯшанд хонаҳои чаласохтро.
Бе дарди саре нишаста будам, пул додаму дарди сар
харидам.
Нолаи чунин иморат харида.
Мулоимхунук.
Касе, ки нармгуфтор асту корҳои хунук мекунад. Як сифати
маймунбозу бетутуруқ. Дар Самарқанд лаҳре, ки баъди пухтани пои ҳайвонот баъди
хунук кардан ҳосил мешавад мулоимхунук мегӯянд.
Духтар каллапӯш не, ки ба ҳар кас пӯшонӣ.
Ин мақол таъкид мекунад, ки дар вақти интихоби домод хеле
эҳтиёд бояд шуд, на бояд шитоб кард ва то боварии комил ба одамгарии домод
ҳосил накунанд, набояд розӣ шаванд.
Раиси колхоз – унвони ифтихории баъзе занҳои фармонбибихислати
Самарқандӣ.
Остонаи заррини падар-ба мондана нӯги дуки модар-ба
мон.
Ба ин маъно, ки кӯдак аз падар сағир монад, модар бо як
илоҷ ҳатто бояк дук ресмон ресида ӯро калон мекунад. Аммо кӯдак бе модар монад,
падар зани дигар мегирад ва азоби кӯдак сар мешавад, агар зани нав одами дуруст
набошад.
Сояи касеро аз девор тарошидан.
Сойема аз девор тарошида гаштӣ-мӣ? Яъне то кай ғайбати маро мекунӣ, мегӯянд.
Соя аз девор тарошида намешавад, яъне ту кори беҳуда
мекунӣ гуфтанист. Сояи каминаро аз деворҳо он қадар тарошидаанд, ки деворҳо
сӯрох шуданду соя барҷост.
Комментариев нет:
Отправить комментарий