Чунин омилҳо ҳастанд. Ин омилҳо дар Тоҷикистон эҳтимол ҳоло нерўи кофӣ надоранд ва ё ки шакл нагирифтаанд. Ба ҳамин сабабҳо ва сабабҳои дигар маҳалгароӣ аз байн нарафтааст.
1. Нерўи якум ботилкунандаи маҳалгароӣ ҳизбҳои сиёсианд. Ҳизбҳои сиёсӣ агар ҳизбҳои ҳақиқӣ бошанд ва дар интихобот ба мардуми ҳама ноҳияҳо такя намудан хоҳанд, зидди маҳалгароӣ амал мекунанд. Яъне адами маҳалгароӣ ба пешрафти тафаккури сиёсӣ дар ҷомеа вобаста аст.
Ҳизби коммунисти шўравӣ танҳо ба синфи коргар такя мекард, ба ҳамин далел роҳбарони мақоми аввал дар Тоҷикистон аз шимоли кишвар, ки коргар ва корхонаҳои саноатии зиёд дошт, таъин мегардиданд яъне ҳизби коммунист сабабгори асосии маҳалгароӣ дар Тоҷикистон шуда буд.
Акнун чунин ҳизби аз Маскав фармондиҳанда ва интихобкунандаи кадрҳои роҳбарӣ нест.
Ҳизбҳои нави ҷумҳуриявӣ бояд ба мансабҳо аз рўи шоистасолорӣ одамони сазоворро пешниҳод кунанд.
2. Дар замони шўравӣ роҳбари ташкилот ё корхона дар атрофи худ асосан ҳамшаҳриҳои худро ҷамъ мекард. Моликияти давлативу ҷамъиятӣ будани корхонаву ташкилотҳо ба чунин амал имкон медод.
Дар замони истиқлол ва иқтисоди бозаргонӣ роҳбари корхонаи хусусӣ ин тавр карда наметавонад ва агар принсипи аз рўи лаёқат хоста гирифтани кормандонро нодида бигирад, банкрот мешавад.
Агар донишкадаву донишгоҳҳои хусусӣ таъсис наёбанд, дар муассисаҳои илмиву таълимӣ маҳалгароӣ идома хоҳад ёфт. Дар соҳаи тандурустӣ низ ҳамчунин.
3. Омили саввум мазҳаб аст. Дар замони шўравӣ никоҳ байни писару духтарони помириву ғайрипомирӣ (яъне шииву суннӣ) вуҷуд дошт. Бо қувват гирифтани маҳалгароӣ ва ақидаҳои мазҳабӣ дертар ба дараҷаи нестӣ бирасид.
Ин вазъ консолидатсияи миллиро хеле суст намуд. Ҳоло пофишорӣ ба ақидаи мазҳабӣ зиёд мегардад. Барои якпорчагии миллӣ ё ба як мазҳаб муттаҳид шудан лозим ё таъсири мазҳабҳоро ба дараҷае суст намудан мебояд, ки ба консолидатсияи миллӣ халал нарасонад.
Ба фикри шахсии камина помириҳо ҳеҷ вақт аз мазҳаби худ даст намекашанд, онҳо Оғохон барин сарвари бузурги мазҳабӣ доранд, ки дар сахттарин рўзҳо ба онҳо кўмаке зиёде расонид. Яъне танҳо роҳи дигар ва вазифаи бароямон нохушу мураккаб пешорўи мост: суст кардани таъсири ҳама мазҳабҳои мавҷуда.
Хонандаи азиз! Агар шумо омилҳои дигарро медонед, бинависед.
2 комментария:
Ассалому алейкум устоди мухтарам!Банда маънои ин пешниходи шуморо нафахмидам:"Суст кардани таъсири хамаи мазхабхои мавчуда" Яъне чи гуна??? Ва чумлаи дигар:"Ба фикри шахсии камина помирихо хеч вакт аз мазхаби худ даст намекашанд,зеро аз онхо Огохон барин сарвари бузурги мазхаби доранд,ки дар сахттарин рузхо ба онхо кумаке зиёд расонид" Устод шумо сад андар сад хаккед,ки мо аз мазхабамон даст намекашем,аммо на ба хотири он ки "дар сахттарин рузхо барои мо Огохон кумак кард" Шумо хуб огох хастед,ки ин таърихи чандинасра дорад ва бобоёни мо аз ягон Имоми даври хеш кумак нагирифтаанд,вале эътикоди кави доштанд. Бисёр одамоне,ки аз таърихи мазхаби мо хабар надоранд,гумон мекунанд,ки Огохони 4 мардуми моро "харидаст" (Ин чумлаи ман ба Шумо дахл надорад,устоди азиз) Мазъарат мехохам устод,агар аз камина шаккокие сар зада бошад!!! Бо эхтироми зиёд Ошурмахмади Саркори.
Эхтимол ман ин чо хато кардам, охир ман хам як бандаи хокиам.
Ташаккур барои самимияти Шумо!
Отправить комментарий