пятница, 6 марта 2009 г.

РАҲОӢ АЗ «ОЗОДӢ»

(Бознашри мухтасар аз рӯзномаи «Нерӯи сухан»)

МУАРРИФИНОМА

Равшани Темуриён зодаи шаҳри Душанбест. Ӯ соли 1984 гурӯҳи журналистикаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, аз ҳамон вақт то соли 1992 дар радио ва телевизиони Тоҷикистон ҳамчун муҳаррир ва шореҳи барномаҳои радиоии «Пайванд», «Ҷавонӣ», «Варзиш», барномаҳои телевизионии «Наврас» ва «Офарин» ва мунаққиди кинои тоҷик ном баровардааст.
Таҳлилу тақризҳои ӯ таҳти назари киношиноси маъруфи тоҷик Ато Аҳроров дар рӯзномаҳои «Адабиёт ва санъат», «Ҷумҳурият», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва ғайра ба чоп расидаанд. Ӯ барандаи ҷоизаи Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон барои силсилаи мақолаҳо дар соҳаи танқиди кино (1987) ба шумор меравад.
Таҳлилу мақолаҳои сершумори сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Р. Темуриён дар рӯзномаҳои «Сухан», «Тоҷикистон», «Чароғи рӯз», «Ҷумҳурият», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва нашрияҳои хориҷӣ ба табъ расидаанд.
Аз моҳи январи соли 1992 то январи соли 1993 дар вазорати мудофиа ва ҳукумати Тоҷикистон дар симати котиби матбуотӣ адои вазифа намудааст.
Аз соли 1994 ҳамкориро бо радиои Аврупои Озод/радиои Озодӣ оғоз карда, аз моҳи апрели соли 1995 то июни соли 1999 ба ҳайси муҳаррир дар қароргоҳи радиои Аврупои Озод/радиои Озодӣ кор кардааст.
Репортажу мақолот, таҳлилу мусоҳибаҳои Р.Темуриён бо аксари лидерону фармондеҳони ҳукумат ва Иттиҳоди собиқи нерӯҳои оппозитсияи Тоҷикистон, силсилагуфтори журналисти тоҷик «Аз Прага то Толиқон», гуфтори «Роҳи душвор ба сӯи сулҳ» аз музокироти сулҳи Тоҷикистон дар Ашқобод, барномаҳои ёдбуди Ю. Исҳоқӣ, М.Ғуломов, А. Олимов, барномаҳои «Шонаҳоятро барои гиря кардан дӯст дорам….» бахшида ба сарояндаи машҳури эронӣ Ҳоида, барномаи вижаи «Варзиш», гуфторҳои «Тоҷикистон дар имрӯз» ва «Афғонистон дар як нигоҳ» ва ғайраву ҳоказоҳо дар хотири шунавандагон нақш бастаанд.
Аз соли 1999 дар Канада истиқомат мекунад.
Мусоҳиба бо рӯзноманигори тоҷиктабори Канада Равшани Темуриён, ки нахустин шуда, зоҳиру ботини радиои америкоӣ, сиёсати расмии менеҷменти идораи радиои Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва муносибати расмию ғайрирасмии раҳабрияти шӯъбаи тоҷикӣ ва мудирияти барномаҳои радиои Аврупои Озод/радиои Озодиро дар баробари журналистони тоҷик ошкоро ба ҷаҳониён изҳор дошт. Мақолаи муфассал ва бузургҳаҷми Р. Темуриён дар моҳи октябри соли 1999 дар шумораи сеюми «Чароғи рӯз» ба табъ расида буд
(Нигаред: http://charogiruz.ru/nomer/1999-03/1999-03.pdf )

- Дар бораи аз радиои Озодӣ рафтани Шумо овозаҳо гуногунанд. Сухан аз даҳони луқмон хуш аст...
Чӣ боис шуд, ки Шумо тарки радиои Озодӣ кардед?


- Ман дар ин бора хеле муфассал дар «Чароғи рӯз» навишта будам ва аз фурсат истифода бурда, мехостам барои дастгирии банда дар рӯзҳои хеле вазнин аз сармуҳаррири ин нашрия Додоҷон Атовуллоев изҳори миннатдорӣ намоям.
Захмҳои радиои Озодӣ муолиҷанашавандаанд. Аз ҳама аламовараш ин аст, ки ҳамкасбон ва ҳаммиллатони худам, ки барои ҷои ман, вазифа ва худро ширин кардан ба намояндаи америкоиён – мудири шӯъба Аббоси Ҷаводӣ ва америкоиён аз баҳри адолат ва виҷдон гузашта бандаро тӯҳматҳо зада, хоста буданд, ки маро бабалои азиме гирифтор карда, чун зиддиамерикоӣ ва ҳатто террорист аз байн баранд. Вале ин ба ҷаноби Ҷаводӣ ва пайравонаш муяссар нашуд. Ман бо сари баландбо хоҳиши худ ба нишони эътироз ба режими Ҷаводӣ ва сиёсати ҷаводизм дар радиои Конгресси ИМА аз идораи мазкур берун шудам. Мазмуни пурраи аризаам ба номи менеҷменти РАО/РО дар «Чароғи рӯз» нашр шуда буд.
Аммо дар Канада ҳам тими Ҷаводӣ маро ором гузоштанӣ набуд. Хоса, қабл аз чоп ва баъди нашри мақолаи «Ғуломӣ дар «Озодӣ» ҷаноби Ҷаводӣ аз таҳия шудани мақола аз ёварони вафодораш огоҳ шуда, бо ман дар тамос шуда, маро «нарм» карданӣ шуда, роҳи «мусолиҳат»-ро пеша караданӣ шуд:
«Шумо корманди Хуб будед. Вале ҳоло ҳам дер нест. Шумо метавонед хабарнигори мо дар Канада шавед. Маошатонро баланд мекунем. Боз бармегардед....»
Ман ошкоро посух додам:
«Ман нафрат дорам ба Шумо ва ёварони бовафоятон. Ман шумоёнро ба Худованди поку меҳрубон супоридам!»
Дере нагузашта мақола дар «Чароғи рӯз» чоп шуд, ҳамагӣ баъди як моҳи он боз балои азиме ба сари ман омад.
Ба унвони Вазири мухоҷирати Канада Элеонор Каплан ва трибунали муҳоҷирати Канада мактуби «беимзо» дар бораи «саргузашти террористию фундаменталистӣ»-и ман фиристода шуд.
Яку ним соли дигар маро таҳти истинтоқи созмонҳои дахлдори Канада қарор доданд.. Дар ин муддат ба бемориҳои мухталиф печида, се дафъа ҷарроҳӣ шудам.
Баъди қариб ду соли таҳти назорати хос ва мурофиаи Додгоҳи муҳоҷират, ки тамоми иттиҳомоти муаллифи мактуби «беимзо»-ро рад кард, ман ва оилаам ба зиндагии осоишта гузаштем....

- Шумо, ки дар қароргоҳи РАО/РО кор кардед, дар бораи тарзи коргузорӣ чӣ гуфта метавонед?


- Системаи корбарии РАО/РО мутобиқи регламенти махсуси махфии CIA, яъне ЦРУ – раёсати марказии истихбороти ИМА ба роҳ монда шудааст. Зеро РАО/РО дар ибтидои ҷанги сард чун ҷузви ЦРУ ташкил шуда, ҳатто буҷети он аз тарафи Конгресси ИМА ба унвонии ЦРУ (CIA) ирсол мешуд. Танҳо баъди аз байн рафтани девори Берлин маъмурияти вақти ИМА «расман» РАО/РО аз тобеияти ЦРУ баровард.
Ҳарчанд президент Клинтон аз соли 1995 кӯшиш ба харҷ дод радиои ба ном ғайридавлатиро аз чанголи ЦРУ раҳо созад, метавонем гуем, ки то ҳол дар тамоми зинаҳои менеҷменти РАО/РО кормандони касбии истихбороти ЦРУ ва Департаменти Давлатии ИМА фаъолияти ба ном радиожурналистиро пеш мебаранд.
Онҳо метавонанд дар лифт сӯҳбатро оғоз намуда, то ба қаҳванӯшӣ шуморо даъват кунанд ва ё аз соддалавҳии тоҷиконаи мо истифода бурда, бо «дӯстдухтар» (“girlfriend”)-е ба хонаи шумо ғайричашмдошт «меҳмон» шаванд. Мақсал як: бо «наводка»-и баъзе аз ҳамкасбон дар шӯъба ва мудири он ҷамъоварии иттилоот дар бораи шахс, оила, шӯъба ва кишвари аслиатон.
Раёсати президент Буш, ба назарам, дасту пои менеҷменти РАО/РО-ро хеле боз намуд. Сиёсати мубориза бо «душманон»-и ИМА барои муҳофизакорони шахшудамондаи радиои Аврупои Озод/радиои Озодӣ айни мудаост.
Коргузорӣ дар РАО/РО ба тариқи вертикал аз боло ба поин аст. Президенти РАО/РО аз ҷониби президенти ИМА таъин ва аз ҷониби Конгресс тасдиқ мешавад. Мудири раёсати барномаҳо ва муовинони ӯ болои шӯъбаҳо, яъне редаксияҳо мусалат ҳастанд.
Дар таърихи 27 солаи шӯъбаи тоҷикии радиои Озодӣ се мудир иваз карда шуд. Ибтидо, Музаффар Орифӣ журналисти тоҷик то моҳи апрели соли 1995, яъне то ба нафақа баромадан ва баъд бо пешниҳоди М.Орифӣ ҷаноби Аббоси Ҷаводӣ - озаритабори эронӣ раёсати шӯъбаи тоҷикиро бар ӯҳда дошт. Аз соли 2004 президенти РАО/РО Томас Дайн ғайричашмдошт журналисти дигари эронитабор Маъсуами Турфаро ба ҳайси мудири шӯъбаи тоҷикӣ таъин кард. Таъиноти мазкур натиҷаи низоъи шадиди манфиатҳои гурӯҳҳои «кӯҳна» ва «нав» дар шӯъбаи тоҷикии радиои Озодӣ аст.
Тибқи хабарҳо аз манобеи РАО/РО муҳити дилбеҳузуркунандаи шӯъбаи тоҷикӣ тоба дараҷаи инфиҷор расида, аз чор гурӯҳи ба ҳам мухолиф то ба эътилофи ду ҷабҳа ҷойнишини устоди «тоҷикбозиҳо» ҷаноби Ҷаводӣ оварда расонд:
Гурӯҳи тарафдори А.Ҷаводӣ, ки номинатсияи Соҷида Ҷаъфарова (Соҷидаи Мирзо)-ро ба вазифаи мудири шӯъба дастгирӣ мекарданд;
Гурӯҳи мухолифони пешниҳоди А.Ҷаводӣ.
Дар натиҷа, президенти РАО/РО номинатсияи ҷаноби Ҷаводиро рад намуда, аз хориҷ барои худ ёвар интихоб намуд. Аз тарафи дигар, ин иқдоми ҷаноби Дайн зарбаест ба имиҷи А.Ҷаводӣ - яке аз асосгузорони бахшҳои форсӣ, дарӣ-пашту ва арабӣ дар РАО/РО, ки акнун эшон бори дуюм раёсати шӯъьаи озарии ин радиоро бар зимма гирифтаанд.
Бо ин ҷаноби Дайн мисли Кевин Клоузсобиқ президенти РАО/РО дафъаи дуюм дар таърихи шӯъбаи тоҷикии радиои Озодӣ на намояндаи миллати тоҷик ё Тоҷикистон, балки эронитабори аввал Олмон ва алон Британияи Кабирро мудир таъин кард.
Мудири шӯъба салоҳиятҳои беандозаро дорост. Аммо замоне, ки қароргоҳи РАО/РО дар шаҳри Мюнхени Олмон буд, мудирони шӯъба ва умуман менеҷменти америкоӣ чунин салоҳиятро доро набуданд. Бар замми ин системаи сиёсиву ҳуқуқбунёди Олмон америкоиёнро имкон намедод, ки масалан, ҷаноби Ҷаводӣ дар зарфи ҳамагӣ чанд сол даҳ корманди (!) штатӣ ва хабарнигоронро бо ҳар баҳонаи шахсиву ғайришахсӣ маҷбур сохт аз РАО/РО дур созад.
Инҳо:
С.Табарова, М.Сайфиддинов, А.Истад, И.Ҷамолиён, Ҷ.Муқим, Р.Темуриён, О.Шакурзода, М.Шоҳҷамолов (баъди нашри мақола М.Шоҳҷамолов дар вазифааш барқарор карда шуд), М.Назриев, Ҳ.Фараҳманд буданд. Ин даҳ нависанда, драматург, публитсист, рӯзноманигор, сиёсатшинос, устодони риштаи журнализм ва сиёсатшиносӣ дар донишгоҳҳои гуногун буданд ва ҳастанд.
Масалан, сарнавишти яке аз хабарнигорони номдори радиои Озодӣ, устоди факултети журнализми Донишгоҳи Кобул дуктур Ҳабиби Фараҳманд хеле ҳузнангез риққатбор аст. Ҳ.Фараҳманд бо нӯҳ фарзандаш дар хаймаи муҳоҷирини афғонӣ дар атрофи Пешовари Покистон зиндагӣ мекарду ягона хонаи умедаш шӯъбаи тоҷикии радиои Озодӣ ва ҳамеша вазифаи худро аз рӯи виҷдон адо менамуд. Аммо ҷаноби Ҷаводӣ рӯзгори бе ин ҳам талху нобасомони Ҳ.Фараҳмандро боз ҳам талхтар амуда, ӯро бо баҳонаи ночизе аз радиои Озодӣ ронд. Мегӯянд, ки дуктур Фараҳманд баъди чандин соли азобу машаққат дар ғурбат бо фарзандон ба ватанаш – Афғонистон баргашта, дар факултаи журнализми донишгоҳи азизаш Кобул ба шогирдон дарс мегӯяд.....
Ҳамон вақт додгоҳи Олмон ҳамеша манфиати кормандони одии РАО/РО авлотар аз ҳама чиз медонист. Лекин баъди соли 1995 – замони интиқоли қароргоҳи РАО/РО ба Прага, мақоми кормандони ин идораи америкоӣ якбора заиф шуд. Зеро Чехия Олмон нест!
Мудири шӯъба ҳатман чанд нафар «гӯшу чашм»-и худро дорад ва ҳамин ашхоси бовариноки мудир, мумкин гуфтан, сарнавиштсози «мардуми ом»-ро ҳал мекунанд. Тавре ки таҷруба нишон медиҳад, ягон аргумент ё далели намояндагони «мардуми ом» - кормандон ва хабарнигорони хориҷ наметавонад аз гуфтаҳо ва ё бурҳони мудири шӯъба ва намояндагони хоси ӯ боло бошад ва ё таъсире дошта бошад.
Мудир сиёсати шӯъба, молия ва умуман ҳаёти коллективашро муайян мекунад. Ҳамзамон қариб ҳар ҳафта маълумот дар бораи кормандон ва хабарнигоронро дар компютери шахсиаш, ки мустақиман бо менеҷмент дар тамос аст, ҷамъоварӣ мекунад....
Тавре ки собиқ ҳамкорони афғонии шӯъбаи тоҷикӣ мегуянд, маълумоти ҷамъовардаи ҷаноби Ҷаводӣ ё худ досиеи Самӣ Аббос ва Ҳошим Муманд даҳҳо ва ҳатто садҳо саҳифаро машкил медиҳанд.
Мутаассифона ва ё аниқтар карда гӯем, бадбахтона, системаи коргузорӣ дар яке аз бузургтарин идораи идеолоии Иёлоти Муттаҳидаи Америка ҳамин ранг аст.

Мусоҳиб Муҳиддини Идизода

(Ихтисоран аз «Нерӯи сухан»,
шумораи 25, 17.06.2004)

P.S. Баъди нашри мусоҳибаи мазкур то ба имрӯз чанд рӯйдоди муҳим дар радиои Озодӣ рух дод. Баъди вазидани «боди тоза» дар шӯъбаи тоҷикӣ - омадани хонум Маъсумаи Турфа, ки бозсозиро дар бахш шурӯъ кард, муддати зиёде нагузашта тарафдорони ҷаноби Ҷаводӣ боз «реванш» гирифтанд. Дар ниҳояти кор тарафдорони «ҷаводизм» бо дастони менеҷменти америкоӣ аввал рӯзноманигори боистеъдод Дорюши Раҷабиёнро аз шӯъба дур намуданд, пасон хонум Турфаро маҷбур сохтанд аз вазифааш истеъфо диҳад. А.Ҷаводӣ аз фурсат истифода бурда Род Шаҳидӣ, озаритабори эронии дигареро, ки мегӯянд яке аз хешовандони худи ҷаноби Ҷаводист, ба маснади раёсати шӯъбаи бадбахттарини РАО/РО шинонд. Род Шаҳидӣ, ки комилан аз тоҷику Тоҷикистон ноогоҳ асту саводи кофии Тоҷикистонро надорад, сиёсати «ҷаводизм»-ро аз нав пурқувват намуда, боз чанд хабарнигори боистеъдод – Холиқи Сангин ва Сайофи Мизробро бо баҳонаҳои бофта аз кори шӯъба дур сохт. Ҳар ду ҳам радиои Аврупои Озод/радиои Озодиро ба додгох кашидаанд.
Худи оқои Ҷаводӣ ҳанӯз корро дар РАО/РО идома медиҳад. Соли 2005 эшон аз вазифаи мудири шӯъбаи озарӣ якбора ба мансаби баландтар - муовини мудирияти барномаҳои РАО/РО таъин шуданд.
Чанд ҳафтаест, ки дар сомонаи радиои Озодӣ ба ҷои Род Шаҳидӣ номи Соҷида Ҷаъфарова (Соҷидаи Мирзо) зуҳур кардааст. Ҳарчанд С.Ҷаъфарова мудири шӯъбаи ӯзбакии РАО/РО-ро бар дӯш дорад. Р.Шаҳидӣ ба маснади раёсати бахши форсии РАО/РО, ки номи радиои Фардоро дорад, шинонда шуд. Бешак, чунин таъиноти муҳим бидуни имои ҷаноби Ҷаводӣ номумкин аст.
Ҳамин тариқ, сиёсати «ҷаводизм» дар радиои Аврупои Озод/радиои Озодӣ то ба имрӯз по бар ҷост ва дастболост...

Комментариев нет: