Шер дар фарҳанги мардуми мо ҷойгоҳи хосеро доштааст. Оиди дар дарафш истифода шудани нақши шер ин байти Анварӣ далел шуда метавонад:
Ҳар самт ғуборе, ки зи ҷавлони ту хезад,
Чун бод хўрад шери алам шери жаёнро.
Мавлоно низ гуфтааст:
Мо ҳама шерем, вале шери алам,
Ҳамламон аз бод бошад дам ба дам.
Ин байтҳо гувоҳи онанд, ки нақши шер дар дирафшҳо аз қадимзамон ҳамчун нишони давлатдорӣ истифода гардидаанд.
Ба забони тоҷикӣ шуҷоъ ва далерро шердил, паҳлавонони зўрро шербозу, шермард, шерзўр, шертан мегўянд.
Фирдавсӣ нисбати Рустам сифати шермардро истифода кардааст:
Ваз-ин рўй чун Рустам шермард,
Биёмад бари шоҳи Эрон чу гард.
Яке гуфт, ки магар мардуми мо шер аст, ки месазад дар герб ин сифати ўро ҷовидонӣ намуд?
Посух медиҳам: дар герби ягон давлат сифати мардум мунъакис нашудааст. Танҳо он арзишҳое тасвир шудаанд, ки ё волоянд ё қудсиянд ва метавонанд рамзи давлатдорӣ бошанд.
Рўдакӣ гуфтааст:
Маккӣ ба Каъба фахр кунад, мисриён ба Нил,
Тарсо ба усқуфу алавӣ б-ифтихори ҷад.
Ин ҷо ба ифтихори дурўғини мардумони гуногун Рўдакӣ тамасхур мекунад. Ҳамин тавр бо кўҳҳои Тоҷикистон фахр карда онро ба герб ворид намудан ба Нил фахр кардани мисриро мемонад. Чаро бо он ифтихор мекунӣ, ки онро бо дастони худ насохтаӣ?
Маълум, ки нишони давлатӣ ҷои чунин ифтихороти дурўғин нест.
Албатта як пораи ватан аст, азизаш медорем, чун пораҳои дигари он.
Мо агар ба сухани як бефарҳанг бовар карда мардуми худро шер нею «мокрая курица» бишморем, албатта чунин хоҳад шуд. Вале мо рўҳбаландкунандаи халқ, аз шердилонем, байрақбардори пешсафи он ҳастем. Бозор гуфтааст:
Шоиру шеъре агар бошад –
Дар сари дасти баланди халқ чарме ҳаст,-
Парчаме аз домани оҳангаре ҳаст
Коваи оҳангарею сангаре ҳаст.
Халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ «мокрая курица» набудааст, мисли мурғи самандар чандин бор сўхта хокистар шуда боз аз нав зинда гардидааст.
Қиссаи мурғи самандар пеши ман афсона нест
Саргузашти мардуми печидафарёди ман аст
Он, ки месўзад, вале аз тўдаи хокистараш
Мекунад парвоз чун паррандаи оташпараст
Мана яке аз рамзҳои мардуми тоҷик!
Бубинед, ки халқ ба ҷои шермард ягон бор гургмард, говмард, аспмард, палангмард, филмард ё девмард мегўяд?
Аз ҳамин худатон хулоса бароред!
Агар ба баъзе халқҳои дигар диққат диҳед, мебинед, ки хирс ё гург арзиши бештаре доранд.
Дар байни тоҷикон аз ҳайвоноти дарранда танҳо шер мусбат арзёбӣ мешавад. Ҳатто саги вафодори инсон ҳаромтарин ба шумор меравад.
Агар дар дигар забонҳо масалан бо Медведев, Волков, Лисицын барин номҳои хонаводагӣ, ки маънояш хирсу гургу рўбоҳ аст, дучор шавед, дар байни тоҷикон ба ғайри Шермуҳаммад, Шералӣ ё Алишер исмеро пайдо намекунед, ки аз номи ҳайвоне дарак диҳад. Шерак, Ҷавоншер ва Гулшер низ аз номҳои тоҷикианд.
Пас боз суол ин аст: Чаро танҳо шер дар фарҳанги мардуми мо ин қадар мақоми баланд дорад? Инҳо магар шерони қудсӣ – митроӣ нестанд? Ва ҳамон шерони тоҷдори муҳофизи дарахти ҳаёт нестанд?
Бе шинохти чунин арзишҳо худшиносии миллӣ нахоҳад буд.
1 комментарий:
Ҷолиб ин ҷост, ки ҳамон давлате ки шерро аз нишони давлатии Тоҷикистон ҳазф намуд, ҳоло рӯйи нишони раиси ҷумҳур ҳамон шерро гузоштааст.
Ба назари банда, имрӯзҳо онҳо ин масъаларо оҳиста-оҳиста доранд дарк мекунанд.
Отправить комментарий