среда, 18 марта 2009 г.

Шер дар герби собиқи Тоҷикистон

(посух ба суоли Манучеҳр Қудратов, Олмон)

Ustodi giromiqadr,
mekhostam az Shumo bipursam, ki sheri dar gerbi (kuhnai) Tojikiston buda az kujo girifta shudaast, jagon asosi ta'rikhi dorad?
Siposguzor
Manuchehr

Посух:

Шер дар герби собиқи Тоҷикистон аз гербҳои ягон давлати дигар гирифта нашудааст. Дар озмуни лоиҳаи герби Тоҷикистони соҳибистиқлол чандин гербҳо бо сурати шерҳо пешниҳод шуда буданд. Ин суратҳои шерҳо решаҳои фарҳанги тоҷикро бо замони оини меҳрпарастӣ таъкид мекарданд, чун шер рамзи хуршед низ ба ҳисоб меравад.

Дар бозёфтҳои бостоншиносии мутааллиқ ба асрҳои VI-XII-и марзҳои тоҷикнишин ду шер дар ду тарафи дарахт ҳамчун муҳофизи дарахти зиндаги тасвир шудаанд. Мафҳуми дарахти ҳаёт реша дар Авесто дорад. Азбаски шер посбони дарахти ҳаёт маҳсуб мешавад, дар як ҷаласаи комиссиюни интихоби лоиҳаи герб ман ин ва дигар маъноҳои шерро гуфта будам.

Баъзе касони дилсиёҳ пайдо шуда даъво карданд, ки мо герби Тоҷикистонро ба намоди шери шамшердори давраи шоҳаншоҳии Эрон монанд карда истодаем. Аммо ба онҳо посух дода шуда буд, ки шерҳои герби Тоҷикистон дар даст шамшер надоранд, ин як. Ва шерҳо дар гербҳои бисёр кишварҳои олам ҳастанд, ин ду.

Рамзи давлатдорӣ будани тасвири шерҳои замони тоисломии марзҳои тоҷикнишин аз он пайдост, ки ҳар ду шери муҳофизи дарахти ҳаёт дар сар тоҷи подшоҳӣ доранд. Герби ҳар як давлат мақсади асосии ҳамон давлатро ифода мекунад. Ба фикри камина мақсади асосии ҳар як давлат пеш аз ҳама муҳофизати дарахти ҳаёт аст, ҳаёти ҳар як шаҳрванди он аст, чи дар дохили марз чи дар беруни он.

Тахмин мекунам, ҳамон зани ғайритоҷике, ки аз камфарҳангии депутатҳои собиқ истифода намуда аз герб берун кардани шерро ба овоз монд ва ба мақсади нопоки худ расид, одами аз ин гапҳо бехабар набуд. Дар иҷлосияи қабули герб оиди маъноҳои ҳар як унсури он Шоири халқии Тоҷикистон Мўъмин Қаноат муфассал суханрони карда буд ва баъд зиёда аз як соат ба суолҳои вакилони мардуми посух дода буд.

Ҳамин тавр ҳам рўшанфикрони тоҷик ҳам ҳукуматдорону мардумро як нафар тавонист ахмақ кунад. Агар ору номус бошад ва вазифаи асосии давлатро ҳифзи ҳаёти шаҳрвандон бидонанд, герби собиқаро барқарор мекунанд. Рўзе мерасад… Зеро дар герби ҳозира ягон рамзи муҳофизати ҳаёт нест.

Дар вақти муҳокимаи лоиҳаи герб маълум шуда буд, ки ҳама дар қолаби герби замони шўравии ҷумҳурӣ фикр мекунанд. Талаб мекарданд, ки дар герб ҳам пунба, ҳам гандум, ҳам ангур, ҳам кўҳ ва ғайраҳо бошад. Дар натиҷа герб асосан нишони вазорати кишоварзӣ гардид.

Ҳол он ки герби давлатӣ нишони сарзамин, мардум ё вазоратхонаҳо не, бояд пеш аз ҳама нишони давлат бошад. Аз фазифаи асосии ин давлат, фарҳанги хеле бостонии давлатдорӣ огоҳӣ бидиҳад. Агар аз рўи он ки ҷумҳурӣ чӣ бештар истеҳсол мекунад, фикр кунӣ мебояд, ки баъди чанд сол сурати нерўгоҳҳои барқиро бо симчўбҳою трансформаторҳо вориди герб намои.

Комментариев нет: