Соле, ки коргардони машҳури театри муосири тоҷик Фаррухи Қосим аз рўи чанд намоишномаи Мольер як намоиши театрӣ сохт (он вақт ў дар театри академии ба номи Лоҳутӣ кор мекард) ва онро дар фестивали театрҳои шўравӣ дар Тифлис намоиш дод, ман он ҷо будам. Ва ҳама спектаклҳои театрҳои беҳтарини онвақтаи шўравиро дар он фестивал дида ба хулоса омадам, ки ҳам коргардону ҳам ҳунарпешаҳои ҷавони театрҳои тоҷик дар сатҳи ҳунарӣ ҳамсанги ҳунарпешаву коргардонҳори театрҳои беҳтарини Иттиҳоди шўравианд.
Боре ба мағозаи китобфурўшии Тифлис даромадам ва назарам ба китобе афтод, ки дар он вазъи театрҳои шўравӣ аз назари театршиносони машҳури Маскав таҳлил гардида буд. Саҳифагардон карда мақолаеро оиди театри Лоҳутӣ ёфтам. Ва хонда хеле хурсанд шудам. Дар ин мақола таъкид шуда буд, ки театри Лоҳутӣ он қадар актёрҳои боистеъдоду пурмаҳорат дорад, ки дар ин театр бузургтарин асарҳои драматургияи ҷаҳонро бо муваффақият ба саҳна гузоштан мумкин аст.
Дар ҳамон солҳое, ки дар саҳнаи театрҳои Душанбе беҳтарин асарҳоро беҳтарин коргардонҳо ба саҳна мегузоштанд, муаммои кам омадани тамошобин ба театр вуҷуд дошт.
Тифлис аз ҷиҳати нуфус аз Душанбе бузургтар нест. Ҳамон вақт (солҳои авали бозсозӣ буд) Душанбе ҳамагӣ чанд театр дошт – Опера, Лоҳутӣ, Ҷавонон ва Лўхтак. Аммо камина сенздаҳ театри ҳар шом аз тамошобин пури Тифлисро дида ангушти тааҷҷуб газидам.
Репертуар чандон бой набуд. Зеро ҳама театрҳои Тифлис мисли театрҳои тоҷик аз рўи «остаточный принсип» бо маблағи хеле кам таъмин мегардиданд. Ба ҳамин сабаб баъзе спектаклҳояшон аз ҷиҳати ороиш соддаву камбизоат буд.
Аммо муносибати гурҷиҳо ба театрҳои худ хеле самимона буд. Дар ёдам ҳаст, ки аз рўзи ба Тифлис пой гузоштанамон то охири рўзи фестивал (зиёда аз 15 рўз) театршиноси номдори тоҷик профессор Низом Нурҷонов хеле ба вазорати фарҳанги Гурҷистон давутоз карданд, ки ба як намоиши театри марионеткаҳои Тифлис билет ёбанд. Ҷои холӣ ёфт нашуд. Сипас саркоргардони он театр хабардор шуда барои Нурҷонов як курсии иловагӣ ба толори театри худ гузошта буд.
Дар бораи оқибмонии санъати театри тоҷик бисёр гуфтанду боз ҳам бисёр хоҳанд навишт. Боре Сафармуҳаммад Аюбӣ аз телевизион изҳор намуд, ки бо чунин маблағҳои каме, ки барои ҳаққуззаҳмаи драманавис муайян гардидааст, эҷоди дроми хубро интизор шудан хатост.
Яъне бемории театри тоҷик аз дардҳои гуногун таркиб ёфта ҳар яки онро шифо бахшидан лозим аст. Дар баҳсҳоҳое, ки оиди тамошобин ва театр ҳамон солҳо дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» сурат гирифта буд, қариб ки ҳама дардҳои театр баён ёфта буданд. Афсўс, ки сиёсати маблағгузории замони шўравӣ ба амалӣ кардани бисёр пешниҳодҳои хуб имкон надод.
Давлати тоҷик солҳост, ки соҳибистиқлол гардидааст. Ман ҳеҷ фаҳмида наметавонам, магар ҳоло ҳам театри тоҷик аз рўи дастурҳои замони шўравӣ маблағгузорӣ мешавад? Агар ин тавр нест, чаро мардум аз экрани телевизион оиди камбағалии репертуари театрҳои тоҷик сухан мекунанд?
1 комментарий:
Ustodi giromi,
teatri Tojikro khuni nav meboyad. Soli 1998 man namoishnomai ""Jusufi gumgashta bos oyad ba kan'on" -ro dar Teatri Ahorun dida budam. Yak rakh as man pesh Hoshim Gado nishata bud va as hunari javonon gusht megirift va mebolid. Man imruz as khud pursonam: Kujo shuda boshand on javonon?
Sipos
M.
Отправить комментарий