Идеали миллӣ, яъне камоли матлуби миллӣ барои мардуми тоҷик аз ҷониби рўшанфикрони Тоҷикистон равшан ва аниқ муайян нагардидааст. Идеалҳои ҳар як фарди мардуми тоҷикро ҷамъ оваред, дар маҷмўъ оиди идеали миллӣ тасаввуре ҳосил мешавад.
Ҳоло мақсади аксари мардуми тоҷик беҳ кардани вазъи иқтисодии хонаводаи худ аст. Бо кадом роҳе, ки бошад, ҳатто бо мардикории дур аз ватан маблағ пайдо намудан самти асосии амали ин мардум аст.
Камоли матлуби худро мардуми Русия баъди пош хўрдани империяи шўравӣ гум карда чанд сол саргаранг монд. Рўшанфикроне пайдо шуданд, ки дар замони сарварии Путин ҳам ба давлатдорони рус ҳам ба мардум фаҳмониданд: — Камоли матлуби мардуми рус аз қадимзамон сохтани давлати абарқудрат буд ва талош барои ин мақсад дар ин мардум нерўи азими созандагиро тавлид мекард. Нагузоштани чунин мақсади олӣ дар пеши худ боиси сустии давлати рус мегардад.
Ба ҳамин сабаб давлатдорони рус мисли императорони собиқи Русия барои ба вуҷуд овардани беҳтарин артиши замонавӣ кўшиш мекунанд.
Тоҷикон низ аз набудани камоли матлуби худ дар вазъи ногувор қарор доранд. Ба ҳамин сабаб бисёр ҷавонони тоҷик камоли матлубро дар дини ислом меҷўянд. Дин камоли матлуби ононро дар шакли сазовор шудан ба биҳишт муайян кардааст. Пас дар маҷмўъ чӣ ҳосил мекунем?
Ба ғайри ин баъзе қувваҳои иртиҷоӣ аз хориҷа ба мардуми тоҷик камоли матлубро дар шакли барқарор кардани хилофати араб бор кардан мехоҳанд. Яъне набудани чунин идеал чунин хатарҳоро эҷод мекунад.
Маънии зиндагӣ, яъне ҳаёт чист? Барои сарватмандони рус (агар мардикор бошӣ) хизмат кардан, шиками худу хонаводаро сер кардан ва боз бача зиёд намудан, ки ин бачаҳо боз ба Русия раванду хидмати онҳоро бикунанд?
Идеали миллии тоҷикон кадом аст? Он дар кадом асарҳои адабиву илмӣ ифода ёфтааст? Шумо оиди ин масъала чӣ фикр доред, хонандагони азиз?
1 комментарий:
Лутфан, аз калимаи "аниқ" ба маънии "дақиқ" истифода накунед. Ин калимаи қадимии туркӣ маъниҳои "хуш" ва "аҷиб"-ро дорад.
Ниг. "Ғиёс-ул-луғот" ва фарҳанги "Онандроҷ".
Бо салому сипос,
яке аз мухлисони Шумо.
Отправить комментарий