среда, 3 декабря 2008 г.

Китоби нави Ўктам Иброҳим

Китоби нави насрнависи тоҷики Самарқанд Ўктам Иброҳимро таҳти унвони «Озодмарде аз шаҳри бостонӣ. Марсияи тирамоҳ» нашриёти «Зарафшон» ба табъ расонд. Қисми авали китоб аз ҳаёти тадбиркор О.Файзуллоев ҳикоя мекунад. Бахши «Марсияи тирамоҳ» аз ҳикояҳо ва андешаҳои муаллиф мураттаб гардидааст. Ўктам яке аз шогирдони Фазлиддин Муҳамадиев буд. Шогирди чунин устоди бузург будан боиси ифтихор аст.

Ҳоло чанд фиқра – андешаҳои ўро ба блогхонҳо пешниҳод мекунам, то ки бо сабки нигориши ин адиби самарқандӣ шинос шаванд.

ПАРЕШОНЕМ


Мо ҳама парокандаем, парешонем чун поши ситораҳои фалак… Парешонему ба ҳар сў давонем чун мўрчагон… Яке бор мекашад ба манзил, яке аз паси сарват битозад, яке аз паи шўҳрат, дигаре аз паи ёри саҳиқад, оне аз паи лаззати шаҳвонӣ тозон асту дартоз. Тозон асту дартоз. Кай ором гирад инсон? Кай мақсади асл шиносад одамизод? Яке барои озору тўҳмати дигаре хобаш намебарад, оне аз оташи ишқи нигоре печутоб дораду шабзиндадор аст, яке ба мотам нишаста, дигаре бехабар аз хазони умр сархуши сандуқи тиллояш аст… Кай мақсади асл шиносад одамизод?

ДИЛИ МАН

Ман ба се забон менависам… аммо лафзи модариам тоҷикист. Он маро чун ватан, шири поки модар ва ишқи ҳақиқист, чун дил дар қафаси сина аст. Ончуноне, ки инсон бе дил зиндагӣ карда наметавонад, рустанӣ бе реша, бехок, бе об, бе ғизо, бе нури хуршед, ман ҳам бе забони модариам – забони тоҷикиам зиндагӣ наметавонам кард…

МАРО ЧАҲОРПОРА СОЗЕД


Эй онҳое, ки дини мубини ислом мегўеду дини муқаддаси насронӣ ва ҳар яке дину оин, забони миллати хешро волотар мехонед, маро чаҳорпора созед. Ғарқаи хунам кунед, ба хун ғалтонам кунед. Сипас ҷисми чаҳорқисматшудаам, сари буридаам,дили захмиву афгорамро, ки баҳри ҳар яке Шумо месўхт, дар оташ бисўзед. Ҷисмамро бисўзед, хокистарамро дар сатҳи мавҷҳои саркаши дарёи Зарафшон чун кофур, амсоли мушки анбар биафшонед, то он бо хоку оби диёрам, ки маро парвардааст, биомезад. Ва ман осоиш хоҳам ёфт, оташи рўҳи исёнкорам хомўш мешавад, дили афгорам тасаллӣ меёбад. Захмҳои носури дилам якояк шифо меёбанд. Лаҳзае вуҷуди дар гулхани оташ сўхтаам роҳи Шуморо мунаввар месозад…

Маро чаҳорпора созед ва дар оташи пок бисўзед, эй «бузургон», «хирадмандон», «пешвоён»-и миллату нажодҳо, дину оинҳо! Як яздонпараст, як дарвеши хирқапўш, як зодаи одамро, ки башардўст аст, бисўзед дар оташи ҷаҳлу таассуб ва миллатгароии хеш…

1 комментарий:

david santos комментирует...

Great work, my friend!
Have a nice weekend!