среда, 26 ноября 2008 г.

Инсоф

Инсоф асоси асосҳои ахлоқи инсон аст. Бисёр гуфтанду мегўянд, ки асосҳои ахлоқи ҷомеаро дин муайян мекунад.

Аммо то пайдоиши динҳо ахлоқ бар кадом пояҳо устувор буд?

Ин пояҳо адолат ва инсоф ном доштанд. Моли касеро дуздидан ва ҳоли ўро табоҳ кардан аз рўи инсоф нест – мегуфтанд дар қадимзамони бединӣ одамон.

Инсоният (мо инро мехоҳем ё на) ба сўи бехудои равон аст. Табиист, ки зарфияту таъсиру аҳамияти вожаҳои инсофу адолат хоҳад афзуд. Хоҳ-нохоҳ ҷомеа барои худ қонунҳои устуворкунандаи адлу инсофро зиёдтар эҷод ва устувор хоҳад намуд.

Агар яке дар зару неъматҳои фаровон ғарқ бошаду каси дигар азоби тангдасти бикашад – хонаводаи хешро бо ғизои хубу моддиву маънавӣ таъмин карда натавонад, аз рўи инсоф нахоҳад буд.

Аммо бо ақидаи «Ба худодода ситеза накун, ба худодода худо додааст», ин нобаробарию ноинсофиро ҳукми қонунӣ бахшидаанд.

Агар ин сарватманд сарваташро бо роҳи ҳалол ба даст оварда бошад, сарвати ўро кашида гирифта ба нодор бидодан аз рўи инсоф нест.

Инсоф он аст, ки сарватманд ба воситаи фондҳои хайрия ба камбизоат кўмак бирасонад ва адолат он аст, ки қонуну дастгоҳи ҳукуматӣ ба сарватмандшавии ғайриқонунӣ роҳ надиҳад ва камбизоат бо ҳимояи иҷтимоӣ таъмин бошад.

Инсоф пояи адолат аст. Аммо то пурра устувор шудани инсоф дар ҷомеа дин лозим аст.

Зеро бисёр касон аз тарси азоби дўзах ба беинсофӣ роҳ намедиҳанд. Виҷдони онҳо дар тараҳҳуму шафқат ба инсон не, бар ақоиди динӣ устувор аст.

Комментариев нет: