Ҳикоя
ГЕРБИ ШЕРДОР
Блоги фарҳангӣ
вторник, 23 июля 2024 г.
Баҳси ду устокалон
вторник, 11 июня 2024 г.
Сардори давлат зӯр ё сардори театр?
Зиндагӣ театр аст ба масал. Мушкил аст, ки театр бо як-ду спектакл зиндагиро сад дар сад ифода карда тавонад. Аммо зиндагӣ театрро дар чанд намуд сохта метавонад. Театр (ҳукумат) иборат аст аз коргардон, актёрҳо ва декораторҳо. Коргардони доно ҳам бо композитор, ҳам бо рассоми либосу декоратсия, ҳам бо актёрҳо якҷоя модели зиндагиро месозад. Ин модел чӣ қадар ба ҳаёт монанд мешавад, ба қобилияту маҳорату истеъдоди коргардон вобаста аст.
Агар коргардон
ба маҳалгароӣ ё хешутаборпарастӣ роҳ дода ба ролҳо ба ҷои актёрҳои боистеъдоду
актёрҳои миёнаҳолро интихоб кунад, спектаклаш умри дароз намебинад. Дар ин
масал сардори давлат коргардон аст. Коргардони театр диктатор набошад, спектакли
хуб эҷод намешавад. Коргардон тамоми нерӯи актёронро ба консепсияи асосӣ равона
мекунад. Актёрон гурусна ё сер дар зиндагӣ чӣ муаммо доранд, парвое надорад.
Барои ӯ актёр мавод аст, ба монанди хишт дар дасти устои иморатсозӣ.
Чӣ хеле ки
сарвари давлат ба баъзе шахсони боистеъдод мансабҳои баланд дода обрӯи онҳоро
ба дараҷаи обрӯи худ баланд мебардорад ва онҳо худро нотакрор меҳисобанд, дар
театр низ ба ин монанд воқеа рух медиҳад. Вақте ки Ефим Исаевич Мителман ба
театри ба номи Лоҳутӣ саркоргардон таин шуд, дар ин театр ягон нафар актёри
касбии дипломдор набуд. Мителман бо методи Станиславский тарбия карда онҳоро ба
дараҷаи актёрони касбӣ расонид.
Яке аз онҳо Н.
роли Ленинро бозида ба унвони Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди шӯравӣ соҳиб шуд ва
хеле димоғаш баланд гардид.
Мителман барои
ин актёр дублёр тайёр кард. Ӯ ин корро пинҳонӣ аз ин актёри машҳур анҷом медод.
Барои роли Ленин боз як актёри нохонда Маҳкам Ҳоҷикуловро интихоб карда шабҳо
вақте ки дар театр касе набуд, роли Ленинро машқ мекард. Дар машқи охирин нисфи
шаб дар толор ногоҳ ҳамон актёри унвондор пайдо шуда ба сари Мителман дод зад:
- Ҳӯ ҷуҳуд! Ленинро масхара мекунӣ?
Рӯзи дигар ба
Сека рафта мегӯяд, ки Мителман ба роли Ленин як актёри ролҳои ҳаҷвиро интихоб
кардааст, то ки мардуми тамошобин аз болои доҳии пролетариат ханданд.
Мителманро ба Сека
даъват карда сахт гӯшмол медиҳанд ва ба даъвоҳои ӯ, ки ягон рол бе дублёр буда
наметавонад қатъиян мегӯянд: - Ҳаминро нағз бидон, ки Ленин якто буд ва доим
якто мемонад!
Дар давлатдорӣ
сардори давлат чунин мансабдори аз худрафтаро аз мансаб дур карда метавонад,
аммо дар замони режими коммунистӣ нобиғае чун Мителман ноилоҷ буд.
Дар зиндагӣ
низ гарчанде театр каймоқи ҳаётро ба бинандааш пешниҳод мекунад, театр хеле
камодам мешавад, вақте ки режими давлатдорӣ ҳар рӯз ба мардуми кишвар бо амали
худ аз мазҳака, дром ва фоҷиа беҳтар саҳнаҳоро пешниҳод менамояд. Мардум
талаботи хешро бо ҳамин қонеъ карда, ба театр намераванд.
Адолат устувору
кишвар ором бошад, театрҳо аз тамошобин пур мешаванд.
четверг, 4 января 2024 г.
Мероси падарбузург
Падарбузурги ман Аминҷон ибни Бозор ибни Тилло будааст. Барвақт вафот карда буд. Коргари фабрикаи чойкадоқкунии Самарқанд будааст. Ӯ се писар доштааст ва аз ҳама калонӣ падарам Истад будааст. Баъди вафоти бобом дар 17 солагӣ таъмини рӯзғор ба зиммаи падарам меафтад. Вақте ман 3-4 сола будам, модарбузурги ман Калонона зинда буд ва ба ӯ ман дастёрӣ мекардам.
Аминҷонбобот
таомро бе ягон камбағал намехӯрд саховатманд буд, аз бонки русӣ қарз мегирифту
камбағалонро зиёфат мекард. Баъд қарзро ман медодам, мегуфт падарам.
Бонкҳои Русияи
подшоҳӣ қарзро бо фоизи калон медоданд.
Як шоири
тоинқилобии Самарқанд байте дорад:
Аз бонка
шикоят кунам эй аҳли ватан,
Аз зинда ватан
рабояд, аз мурда кафан.
вторник, 2 января 2024 г.
Падарам
Падарам Истад Аминҷонов газета, китоб намехонд. Соли таваллудаш 1895. Соли 1941 ба ҷанг рафта 1945 баргашт. Соли 1946 ман таваллуд шудам. Яъне дар ин сол ӯ 51-сола буд. Дар колхоз деҳқони оддӣ буд. Баъд бо устоҳои гилкору хонасоз кор мекард. Дар замони пиронсолӣ барояш корҳои сохтмонӣ душворӣ кард ва ӯ дар як чойхонаи назди бинои райкомпартия, ки дар минтақаи Хоҷа Аҳрор буд, самоворчӣ шуд.
Экология
[афсона]
вторник, 23 мая 2023 г.
Чем отличались самаркандцы?
Об этом писали многие знаменитые путешественники, географы и историки. Что самаркандцы любят розы, пекут лучшее лепешки, готовят лучший плов и прочие.
Известная русская поэтесса Анна Ахматова назвала Самарканд
родиной вечных роз.
В советское время все площади и улицы Самарканда были полни только розами. Тогда еще не было в моде китайские розы, которые вообще не пахнут. Соловьи любят гнездится среди ветвей пахучих роз. Когда стало модно вырезать ветки роз над корнями перед зимой, соловьи не могли гнездится и исчезли на совсем. Поэтический образ соловья и розы остался только в газелях поэтов.
четверг, 13 апреля 2023 г.
Тоифаҳои одамон
Табиатан сари одам баландтар аз ҳама узвҳои дигари асосӣ – дил, ҷигар, шикам ва узви таносул аст. Ин ба он маъност, ки инсон ҳар амале мекунад, бояд бо раҳнамоии ин мақоми баланд кунад, яъне андешагарӣ ҳоким ба ҳама амал аст.
Дили инсон дар
мақоми поёнтар аз сар қарор дорад. Яъне ин ишора бар он аст, ки ҳар чизе ки дил
мехоҳад, бояд дар итоати сар бошад, агар ақл бипазирад он гоҳ бояд амалӣ шавад.
Шикам дар мақоми саввум аст. Ва он аз як ҷиҳат ба дил тобеъ бошад, бештар тобеъи сар аст. Дил дар мавриди қабули таом нақши манфӣ мебозад. Хӯрдан гир мегӯяд, то сер шудан. Аммо ақл мегӯяд, ки пурхӯрӣ сабабгори бемориҳост.
пятница, 24 февраля 2023 г.
Хатохонӣ дар ушшоқсароӣ
Маълуми ҳама бод, ки Шашмақом аз шеъри олӣ, мусиқии классикии олӣ, овозхонии олӣ ва навозандагии олӣ иборат аст. Хушбахтона дар Самарқанд ва дигар шаҳрҳо мақомхонҳои нав пайдо шуда истодаанд. Комёбиҳо албатта ҳасттанд, ки онро санъатшиносон дар оянда таҳлил хоҳанд кард.
Каминаро, ки аз
аҳли адаб ҳастам, баъзе хатоҳо дар сароидани шеърҳои адабиёти мумтозамон ба
ташвиш овардааст.
Вақте мебинед, ки дар суруди Ушшоқи Самарқанд ду байтро аз мобайни ғазали Зебиниссо партофта мегузаранд, бефарқ набояд буд. Дар ин маврид ҳикояти “Хоҷа Ҳофиз ва хиштрез” ба ёд меояд. Шодравон Аҳмад Бобоқулов танҳо як байтро партофтааст, аз тарси режими коммунистӣ, зеро дар он тавофи Каъба таъкид мешавад.
понедельник, 13 февраля 2023 г.
Решашиносии миллии тоҷикӣ
Решашиносии миллӣ илмест, ки бунёди менталитети миллатро ҳифз ва аз вайроншавӣ бозмедорад. Агар дар кишвар донишмандони асили ин илм набошанд, миллат завол меёбад ва агар шакл нагирифта бошад, ҳеҷ гоҳ комил нахоҳад шуд.
Решашиносии миллӣ
рукни асосии бақои миллат аст. Танҳо решашиносии миллӣ муайян хоҳад кард, ки аз
осори фарҳангӣ ба кадом асарҳо аввалият бояд дод, дар барномаи таълим асосан
бояд чиҳо бошанд, маъракаҳо дар асл чӣ хел бояд бошанд ва бисёр тарафҳои
гуногуни зиндагӣ.
Агар аз мероси мусиқӣ мисол орем, бояд биандешем, ки аввалиятро ба Шашмақоми 1400-солаи Борбадӣ диҳем ё мусиқии нави муосир? Аввалиятро дар насру назми классикӣ ба “Шоҳнома” диҳем ё ба асарҳои дигар мисли “Гурӯғлӣ”?
четверг, 2 февраля 2023 г.
Соли оянда – ҷашни 170-солагии нобиғаи мусиқӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз
Бузургтарин мусиқидони Шашмақом, оҳангсоз, навозанда ва сарояндаи сурудҳои классикӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов ба таъкиди шогирди азизаш Юнус Раҷабӣ соли 1854 зода шудааст.
Юнус Раҷабӣ, ки
чор сол ҳамроҳи бародараш дар ҳавлии Ҳоҷӣ Абдулазиз зиндагӣ карда ҳама оҳангҳои
Шашмақомро аз ӯ навишта мегирад ва ба ӯ, ки Ҳоҷӣ Адулазиз 66 сол ба Шашмақом
хизмат кард ва 9 январи 1936 дар 82-солагӣ вафот намуд гуфтааст, бояд бовар кард.
Ҳукумат ва
давлати Тоҷикистонро мебояд, ки бо пешниҳоди мусиқидонҳо барои таҷлили бошукӯҳи
ҷашни 170-солагии ин нобиға қарори махсус қабул кунад.
Дар Самарқанд дар як қисми ҳавлии Ҳоҷӣ Абдулазиз музейи ёдгории ӯ кушода шудааст.