Бо шунидани
номи Зеҳнӣ китобҳои машҳурашон “Санъатҳои бадеӣ дар назми тоҷикӣ” ва “Санъати
сухан” ба ёд меоянд. Устод Зеҳнӣ бо Деҳотӣ ва Болта Ортиқзода аз як маҳҳаллаи
хушобу ҳавои Самарқанд, Боғи майдонанд, ки аз байнаш ҷӯйи зулолоби Обираҳмат
ҷорист.
Вақте дар
донишгоҳи Самарқанд мехондам, омадани устод Зеҳниро тавассути шоир Салим Кенҷа
шунида ба дидорбинӣ мерафтем. Дар ҳавлии самарқандии устод писарашон Фарҳод бо
хонаводааш мезист. Сӯҳбати Салим Кенҷа бо устод оиди шеър метафсиду каминаи
носир сомеъ будам. Вақте ки палав омад, Салим Кенҷа мегуфтанд: Муаллим шумо
мусалласпази зӯр, ҳеҷ кас шумо барин пухта наметонад!
Зеҳнӣ ба
Фарҳод ишора мекарданд, ки як чойнан аз “ҳамон” биёрад.
Устодро таъриф
кунед, бача барин курта-курта гӯшт мегирифтанд. Ва зиёфат ҳам мекарданд.
Соли 1969
вақте ки ба идораи рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ба кор сар кардам, Зеҳнӣ
хабардор шуда ба редаксия омаданд ва ба ман шикоят карданд, ки “ин бачаҳо ба
қадри мӯйсафедҳо намерасанд, мақолаҳоям моҳҳо чанг зер карда мехобанд”. Барои
ҳамин Муҳаммадҷон Раҳимӣ, ки касе мисли он кас арӯзро намедонист ба ин ҷавонҳо
гуфтаанд: Илоҳо хояатон чорта шавад!
Воқеан айби ин
ҷавонҳо набуд, ба ғайри “Маориф ва маданият” дигар ҳама рӯзномаҳо соф сиёсӣ
буданд, мақолаҳои адабиётшиносӣ ва шеъру ҳикояро гоҳ-гоҳ чоп мекарданд. Агар ба
назар гирем, ки ба ғайри ду-се нафар дигар ҳама корандони “КТ” шоир ё носир
буданд, албатта ба берунаҳо навбат дер мерасид.
Ман дастхати
ду мақолаашонро ба машинка додам. Мақолаҳои устод, ки воқеан барои пешрафти
фарҳанги тоҷик зарур буд, чоп шудан гирифтанд.
“КТ” як
коридор васеи бетирезаи торик ва чор ҳуҷра дошт, ки дар яке ман бо Аюбҷон
Кенҷаеву Султон Шоҳзодаву боз чанд нафар менишастем.
Устод боре
омада диданд, ки ҷойи ман холист. Ман дар назди тиреза рост меистодам дар
нимторикӣ нашинохтанд.
Гуфтанд:
Адаш Истад куҷост?
Гуфтам, ки ба отпуск
рафтагӣ. Баъди як моҳ меояд.
Ҳамкоронам
устодро гирд карда мегуфтанд: - Устод, мақоларо тед, чоп мекунем мо маҳалгаро
не!
- Гап дар сари
ин не, вай дигар хел одам,- гуфта устод аз дар баромаданд. Ман аз пасашон
давида рафта барои шӯхӣ узр пурсида мақолаашонро гирифтам. Гашта даромаданд, як
пиёла чой дароз кардам ва гуфтам, ки хизмати шумо дар нашри “Фарҳанги забони
тоҷикӣ” бузург аст. Агар китоби шумо оиди санъатҳои шеърӣ намебуданд, наввад
дар сади шоирбачагони ҳозираи тоҷик таваллуд нашуда мурда мерафтанд.
Агар вазири
маданият мебудам, ин асари шуморо ба мукофоти Нобелӣ пешбарӣ мекардам.
Ана баъд бинед
буд, устод Зеҳнӣ чӣ хел гул-гул шукуфтанд, қоматашон тақрибан ним метр баланд
шуд. Бо овози пур аз шодӣ гуфтанд: - Бачаҳо, имрӯз обед аз ман!
Ва пешопеш
Зеҳнии сарбаланд ва мо 5-6 нафар адибони ҷавон аз паси он кас ба Боғи шаҳрӣ ба
петихӯрӣ рафта будем. Дилашон софу дасташон кушод буд устодро.
Боре як
гӯсфанд мекушанд. Ҳамсарашон ба кадом як маърака рафта будааст. Қассоб
гӯсфандро зери токи воиш аз пойҳои оқиб овехта меравад.
Устод танҳо
нишаста зиқ мешаванд ва ба чойхона рафта ба ду ҷӯраашон гӯшакӣ мекунанд, ки бо
шишаҳои мусаллас оянд, гӯсфанд куштаанд. Вале ягон каси дигар нафаҳмад, таъкид
мекунанд Зеҳнӣ.
Аммо ба ғайри
он ду “дӯст” дигар ҳама хабардор мешаванд. Устод Зеҳнӣ ҳамаро хуш қабул карда
сари дастархон мешинонанд.
Ин мардуми
майшатдӯст дар як-ду соат тамоми гӯшту равғани думбарро ба сих зада пухта нӯши
ҷон мекунанд. Гӯё ҷашни зодрӯз бошад, ҳама ба таърифу таҳсини Зеҳнӣ ба гап ҷома
мепӯшонанд.
Бегоҳӣ занашон
аз маърака бармегардад ва ба склети овезони гӯсфанд нигоҳ карда мегӯяд: - Ин чӣ?
Устод Зеҳнӣ
мегӯянд: - Ҳатто саг ин қадар тоза хоида наметавонад-е.
Устухонҳои
гӯсфанд як грамм ҳам гӯшт надоштанд.
Ҳамин хел
донишманди асил ва саховатманд буданд устод Зеҳнӣ!
Баъди 17 сол
дар маҳбасҳои Сибирии “Гулаг”-и Сталинӣ азоби гӯрро кашидан боз ба зодгоҳ
баргашта барои забону адабиёт хизмат кардан қаҳрамонист.
Академик
Муҳаммадҷон Шакурӣ ба Бухоро барои ёфтану харидани дастхатҳои қадима бо Зеҳнӣ
рафтанашонро ба ман нақл карда буданд.
Шакурӣ домулло
Зеҳниро огоҳ мекунанд, ки пули ҳукумат дода кам аст ва мақсад бо ҳамин пул мо
бояд дастхатҳои зиёдеро харид кунем.
Медонам, ки ба
паст задани нархи китоби нодир виждонатон роҳ намедиҳад. Шумо дар ин ҳолат
хомӯш истед, мо бо соҳиби китоб худамо гуфтугӯ мекунем,- мегӯянд Шакурӣ.
- Хуб, шудас,-
мегӯянд Зеҳнӣ.
Аммо ҳамин ки
дастхатеро аз хона меёфтем, устод Зеҳнӣ баробари дидани дастхати нодир ҳамаро
фаромӯш карда ба соҳиби китоб мегуфтанд, ки китобат баробари як хазина аст,
баҳ-баҳ чунин китоб баҳо надорад.
Чунин рафтор
хоси инсони ҳалол аст.
Барои зиёиёни
куҳансоли Самарқанду Бухоро пой аз доираи инсоф берун ниҳодан ҷабр бар дигарон дониста
мешуд.
Дар охири
умрашон, ки синнашон аз 90 гузашта буд, боре дидам, ки дар як даст истакончаи
яхмос аз назди Филармония ба тарафи Академия дар пайраҳаи дарахтони мобайни роҳ
қадам мезананд ва бо нӯги чумчаи чӯбии яхмосхӯрӣ аз истаканча якмос гирифта ба
даҳон мепартоянд ва мисли кӯдак оҳ мазза, оҳ мазза мегӯянд. Нахостам рафта
ҳолпурсӣ кунаму кайфияташонро шиканам. Ин охирин дидор буд.
Ҳамқаламу
ҳамқадамҳои устод Айнӣ низ инсонҳои бузург буданд, ки таҳкурсии фарҳанги
муосири тоҷикро гузоштаанд.
Ёдашон гиромӣ
бод!
Комментариев нет:
Отправить комментарий