суббота, 21 марта 2009 г.

Шер – рамзи бостонии давлатдорӣ

Аз суолҳое, ки ба торномаи Герби шердор ворид мешаванд, маълум мегардад, ки аз герби собиқи давлати Тоҷикистон берун андохтани сурати рамзии шер бисёриҳоро ба ҷустуҷўи торихи сурати шер дар рамзҳои давлатдории ниёгони тоҷикон андохтааст.

Пеш аз ҳама бояд таъкид кунам, ки он воқеаи дар иҷлосияи порлумон рўйдода аз иттилои ками вакилони мардумӣ аз рамзҳои бостонии тоҷик гувоҳӣ диҳад, аз ҷониби дигар айби бузурги рўшанфикронро низ нишон дод, ки онҳо оиди ин рамзҳои бостонӣ мақолаҳо навишта халқро бо онҳо шинос накардаанд. Дар натиҷа ба озмуни лоиҳаи герб асарҳое пешниҳод гардида буданд, ки унсурҳои герби шўравиро такрор мекарданд, бо иловаи баъзе унсурҳои нав аз қабили сурати тоҷ. Дар ду-се лоиҳа сурати шер ворид шуда буд, он ҳам бо кўшиши камина ва Муҳиддини Олимпур, ки ҳам бо нишри мақолаҳо дар саҳифаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъан» ҳам бо тарғиботи даҳонӣ байни мусаввирон дар лоиҳаи герб зарурати сурати шерро таъкид мекардем.

Аммо ҳамаи ин хеле ва хеле кам буд, дар баҳси чигунагии герби давлат олимони торихшинос, ки аз бозёфтҳои бостоншиносӣ дар марзҳои тоҷикнишин маълумоти пурра доштанд, ширкат наварзиданд. Дар ҳайати комиссиюни интихоби лоиҳаи герб ягон нафар донишманди торих ё пажўҳишгари торихи ҳунар ворид нашуда буданд.

Яъне ин комиссиюн наметавонист, рассомони майли иштирок дар озмундоштаро гирд оварда, бо онҳо оиди рамзҳои бостонии давлатдории тоҷик сўҳбат гузоранд.

Бо вуҷуди ин бо кўшиши раиси комиссиюн рассом Сўҳроб Қурбонов ва чанд рўшанфикре, ки дар ҳайати ин комиссиюн буданд, аз рамзҳои бостонӣ яке тоҷ ва яке шер ба лоиҳаи герб, ки бояд вакилони мардуми дар иҷлосия муҳокима кунанд интихоб гардиданд.

Дар иҷлосия бошад, ин тарафи корро обрўи баланди шоири бузурги мо Мўъмин Қаноат анҷом дод, ки аз минбар оиди рамзҳои дар лоиҳа тасвиршуда суханронӣ намуд.

Аз рамзҳои қадима дар лоиҳаи герб иқтибосшуда тоҷ ягон баҳс пеш намеовард, зеро сумболи давлатдорӣ ҳисоб мешавад, яъне баромади аслии калимаи тоҷик низ аз ин ҷост. Аммо бо сурати шер бо шубҳа нигоҳ мекарданд, чун онро танҳо дар дирафши Эрони дида буданд.

Оиди сайри торихии рамзи шер дар ҳайати мардуми Осиёи Марказӣ аз китоби Л.И.Ремпель «Занҷири замонаҳо» (Тошканд, 1987) маълумот метавон гирифт.

Гузаштагони мардуми тоҷик дар осори ҳунари ва амалию ороишӣ шерҳоро дар намуди гуногун тасвир кардаанд. Масалан шерҳоеро мебинед, ки дар сар тоҷи подшоҳӣ доранду дарахти ҳаётро муҳофизат мекунанд (бозёфти археологӣ аз Кохи Сомониён), ё шерҳое, ки бол доранд.

Шерҳои болдор ба намуди грифонҳо дохил мешавад (Оид ба сурати шерҳои болдор дар марзи Тоҷикистон маълумот доштан хоҳед, нигаред ба Беленицкий А.И «Монументальное искусство Пенджикента»).

Ба таъкиди Л.И.Ремпель сурати шери тоҷдори муҳофизи дарахти ҳаёт ва шери болдор аз қадим дар шакли герб, дар ороиши кохи ҳокимон ва либосҳои онон истифода шуда омадааст. Мо ин ҷо танҳо ба бозёфтҳои археологии марзҳои тоҷикнишини асрҳои VI-VIII муроҷиат намудем. Зеро бо ҷорӣ шудан ва қувват гирифтани дини ислом ин рамзҳо аз байн рафтаанд.

Ҳоло баъзеи онҳоро аз китоби номбурдаи Ремпель манзури шумо мекунам.






среда, 18 марта 2009 г.

Шер дар герби собиқи Тоҷикистон

(посух ба суоли Манучеҳр Қудратов, Олмон)

Ustodi giromiqadr,
mekhostam az Shumo bipursam, ki sheri dar gerbi (kuhnai) Tojikiston buda az kujo girifta shudaast, jagon asosi ta'rikhi dorad?
Siposguzor
Manuchehr

Посух:

Шер дар герби собиқи Тоҷикистон аз гербҳои ягон давлати дигар гирифта нашудааст. Дар озмуни лоиҳаи герби Тоҷикистони соҳибистиқлол чандин гербҳо бо сурати шерҳо пешниҳод шуда буданд. Ин суратҳои шерҳо решаҳои фарҳанги тоҷикро бо замони оини меҳрпарастӣ таъкид мекарданд, чун шер рамзи хуршед низ ба ҳисоб меравад.

Дар бозёфтҳои бостоншиносии мутааллиқ ба асрҳои VI-XII-и марзҳои тоҷикнишин ду шер дар ду тарафи дарахт ҳамчун муҳофизи дарахти зиндаги тасвир шудаанд. Мафҳуми дарахти ҳаёт реша дар Авесто дорад. Азбаски шер посбони дарахти ҳаёт маҳсуб мешавад, дар як ҷаласаи комиссиюни интихоби лоиҳаи герб ман ин ва дигар маъноҳои шерро гуфта будам.

Баъзе касони дилсиёҳ пайдо шуда даъво карданд, ки мо герби Тоҷикистонро ба намоди шери шамшердори давраи шоҳаншоҳии Эрон монанд карда истодаем. Аммо ба онҳо посух дода шуда буд, ки шерҳои герби Тоҷикистон дар даст шамшер надоранд, ин як. Ва шерҳо дар гербҳои бисёр кишварҳои олам ҳастанд, ин ду.

Рамзи давлатдорӣ будани тасвири шерҳои замони тоисломии марзҳои тоҷикнишин аз он пайдост, ки ҳар ду шери муҳофизи дарахти ҳаёт дар сар тоҷи подшоҳӣ доранд. Герби ҳар як давлат мақсади асосии ҳамон давлатро ифода мекунад. Ба фикри камина мақсади асосии ҳар як давлат пеш аз ҳама муҳофизати дарахти ҳаёт аст, ҳаёти ҳар як шаҳрванди он аст, чи дар дохили марз чи дар беруни он.

Тахмин мекунам, ҳамон зани ғайритоҷике, ки аз камфарҳангии депутатҳои собиқ истифода намуда аз герб берун кардани шерро ба овоз монд ва ба мақсади нопоки худ расид, одами аз ин гапҳо бехабар набуд. Дар иҷлосияи қабули герб оиди маъноҳои ҳар як унсури он Шоири халқии Тоҷикистон Мўъмин Қаноат муфассал суханрони карда буд ва баъд зиёда аз як соат ба суолҳои вакилони мардуми посух дода буд.

Ҳамин тавр ҳам рўшанфикрони тоҷик ҳам ҳукуматдорону мардумро як нафар тавонист ахмақ кунад. Агар ору номус бошад ва вазифаи асосии давлатро ҳифзи ҳаёти шаҳрвандон бидонанд, герби собиқаро барқарор мекунанд. Рўзе мерасад… Зеро дар герби ҳозира ягон рамзи муҳофизати ҳаёт нест.

Дар вақти муҳокимаи лоиҳаи герб маълум шуда буд, ки ҳама дар қолаби герби замони шўравии ҷумҳурӣ фикр мекунанд. Талаб мекарданд, ки дар герб ҳам пунба, ҳам гандум, ҳам ангур, ҳам кўҳ ва ғайраҳо бошад. Дар натиҷа герб асосан нишони вазорати кишоварзӣ гардид.

Ҳол он ки герби давлатӣ нишони сарзамин, мардум ё вазоратхонаҳо не, бояд пеш аз ҳама нишони давлат бошад. Аз фазифаи асосии ин давлат, фарҳанги хеле бостонии давлатдорӣ огоҳӣ бидиҳад. Агар аз рўи он ки ҷумҳурӣ чӣ бештар истеҳсол мекунад, фикр кунӣ мебояд, ки баъди чанд сол сурати нерўгоҳҳои барқиро бо симчўбҳою трансформаторҳо вориди герб намои.

пятница, 6 марта 2009 г.

РАҲОӢ АЗ «ОЗОДӢ»

(Бознашри мухтасар аз рӯзномаи «Нерӯи сухан»)

МУАРРИФИНОМА

Равшани Темуриён зодаи шаҳри Душанбест. Ӯ соли 1984 гурӯҳи журналистикаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, аз ҳамон вақт то соли 1992 дар радио ва телевизиони Тоҷикистон ҳамчун муҳаррир ва шореҳи барномаҳои радиоии «Пайванд», «Ҷавонӣ», «Варзиш», барномаҳои телевизионии «Наврас» ва «Офарин» ва мунаққиди кинои тоҷик ном баровардааст.
Таҳлилу тақризҳои ӯ таҳти назари киношиноси маъруфи тоҷик Ато Аҳроров дар рӯзномаҳои «Адабиёт ва санъат», «Ҷумҳурият», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва ғайра ба чоп расидаанд. Ӯ барандаи ҷоизаи Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон барои силсилаи мақолаҳо дар соҳаи танқиди кино (1987) ба шумор меравад.
Таҳлилу мақолаҳои сершумори сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Р. Темуриён дар рӯзномаҳои «Сухан», «Тоҷикистон», «Чароғи рӯз», «Ҷумҳурият», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва нашрияҳои хориҷӣ ба табъ расидаанд.
Аз моҳи январи соли 1992 то январи соли 1993 дар вазорати мудофиа ва ҳукумати Тоҷикистон дар симати котиби матбуотӣ адои вазифа намудааст.
Аз соли 1994 ҳамкориро бо радиои Аврупои Озод/радиои Озодӣ оғоз карда, аз моҳи апрели соли 1995 то июни соли 1999 ба ҳайси муҳаррир дар қароргоҳи радиои Аврупои Озод/радиои Озодӣ кор кардааст.
Репортажу мақолот, таҳлилу мусоҳибаҳои Р.Темуриён бо аксари лидерону фармондеҳони ҳукумат ва Иттиҳоди собиқи нерӯҳои оппозитсияи Тоҷикистон, силсилагуфтори журналисти тоҷик «Аз Прага то Толиқон», гуфтори «Роҳи душвор ба сӯи сулҳ» аз музокироти сулҳи Тоҷикистон дар Ашқобод, барномаҳои ёдбуди Ю. Исҳоқӣ, М.Ғуломов, А. Олимов, барномаҳои «Шонаҳоятро барои гиря кардан дӯст дорам….» бахшида ба сарояндаи машҳури эронӣ Ҳоида, барномаи вижаи «Варзиш», гуфторҳои «Тоҷикистон дар имрӯз» ва «Афғонистон дар як нигоҳ» ва ғайраву ҳоказоҳо дар хотири шунавандагон нақш бастаанд.
Аз соли 1999 дар Канада истиқомат мекунад.
Мусоҳиба бо рӯзноманигори тоҷиктабори Канада Равшани Темуриён, ки нахустин шуда, зоҳиру ботини радиои америкоӣ, сиёсати расмии менеҷменти идораи радиои Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва муносибати расмию ғайрирасмии раҳабрияти шӯъбаи тоҷикӣ ва мудирияти барномаҳои радиои Аврупои Озод/радиои Озодиро дар баробари журналистони тоҷик ошкоро ба ҷаҳониён изҳор дошт. Мақолаи муфассал ва бузургҳаҷми Р. Темуриён дар моҳи октябри соли 1999 дар шумораи сеюми «Чароғи рӯз» ба табъ расида буд
(Нигаред: http://charogiruz.ru/nomer/1999-03/1999-03.pdf )

- Дар бораи аз радиои Озодӣ рафтани Шумо овозаҳо гуногунанд. Сухан аз даҳони луқмон хуш аст...
Чӣ боис шуд, ки Шумо тарки радиои Озодӣ кардед?


- Ман дар ин бора хеле муфассал дар «Чароғи рӯз» навишта будам ва аз фурсат истифода бурда, мехостам барои дастгирии банда дар рӯзҳои хеле вазнин аз сармуҳаррири ин нашрия Додоҷон Атовуллоев изҳори миннатдорӣ намоям.
Захмҳои радиои Озодӣ муолиҷанашавандаанд. Аз ҳама аламовараш ин аст, ки ҳамкасбон ва ҳаммиллатони худам, ки барои ҷои ман, вазифа ва худро ширин кардан ба намояндаи америкоиён – мудири шӯъба Аббоси Ҷаводӣ ва америкоиён аз баҳри адолат ва виҷдон гузашта бандаро тӯҳматҳо зада, хоста буданд, ки маро бабалои азиме гирифтор карда, чун зиддиамерикоӣ ва ҳатто террорист аз байн баранд. Вале ин ба ҷаноби Ҷаводӣ ва пайравонаш муяссар нашуд. Ман бо сари баландбо хоҳиши худ ба нишони эътироз ба режими Ҷаводӣ ва сиёсати ҷаводизм дар радиои Конгресси ИМА аз идораи мазкур берун шудам. Мазмуни пурраи аризаам ба номи менеҷменти РАО/РО дар «Чароғи рӯз» нашр шуда буд.
Аммо дар Канада ҳам тими Ҷаводӣ маро ором гузоштанӣ набуд. Хоса, қабл аз чоп ва баъди нашри мақолаи «Ғуломӣ дар «Озодӣ» ҷаноби Ҷаводӣ аз таҳия шудани мақола аз ёварони вафодораш огоҳ шуда, бо ман дар тамос шуда, маро «нарм» карданӣ шуда, роҳи «мусолиҳат»-ро пеша караданӣ шуд:
«Шумо корманди Хуб будед. Вале ҳоло ҳам дер нест. Шумо метавонед хабарнигори мо дар Канада шавед. Маошатонро баланд мекунем. Боз бармегардед....»
Ман ошкоро посух додам:
«Ман нафрат дорам ба Шумо ва ёварони бовафоятон. Ман шумоёнро ба Худованди поку меҳрубон супоридам!»
Дере нагузашта мақола дар «Чароғи рӯз» чоп шуд, ҳамагӣ баъди як моҳи он боз балои азиме ба сари ман омад.
Ба унвони Вазири мухоҷирати Канада Элеонор Каплан ва трибунали муҳоҷирати Канада мактуби «беимзо» дар бораи «саргузашти террористию фундаменталистӣ»-и ман фиристода шуд.
Яку ним соли дигар маро таҳти истинтоқи созмонҳои дахлдори Канада қарор доданд.. Дар ин муддат ба бемориҳои мухталиф печида, се дафъа ҷарроҳӣ шудам.
Баъди қариб ду соли таҳти назорати хос ва мурофиаи Додгоҳи муҳоҷират, ки тамоми иттиҳомоти муаллифи мактуби «беимзо»-ро рад кард, ман ва оилаам ба зиндагии осоишта гузаштем....

- Шумо, ки дар қароргоҳи РАО/РО кор кардед, дар бораи тарзи коргузорӣ чӣ гуфта метавонед?


- Системаи корбарии РАО/РО мутобиқи регламенти махсуси махфии CIA, яъне ЦРУ – раёсати марказии истихбороти ИМА ба роҳ монда шудааст. Зеро РАО/РО дар ибтидои ҷанги сард чун ҷузви ЦРУ ташкил шуда, ҳатто буҷети он аз тарафи Конгресси ИМА ба унвонии ЦРУ (CIA) ирсол мешуд. Танҳо баъди аз байн рафтани девори Берлин маъмурияти вақти ИМА «расман» РАО/РО аз тобеияти ЦРУ баровард.
Ҳарчанд президент Клинтон аз соли 1995 кӯшиш ба харҷ дод радиои ба ном ғайридавлатиро аз чанголи ЦРУ раҳо созад, метавонем гуем, ки то ҳол дар тамоми зинаҳои менеҷменти РАО/РО кормандони касбии истихбороти ЦРУ ва Департаменти Давлатии ИМА фаъолияти ба ном радиожурналистиро пеш мебаранд.
Онҳо метавонанд дар лифт сӯҳбатро оғоз намуда, то ба қаҳванӯшӣ шуморо даъват кунанд ва ё аз соддалавҳии тоҷиконаи мо истифода бурда, бо «дӯстдухтар» (“girlfriend”)-е ба хонаи шумо ғайричашмдошт «меҳмон» шаванд. Мақсал як: бо «наводка»-и баъзе аз ҳамкасбон дар шӯъба ва мудири он ҷамъоварии иттилоот дар бораи шахс, оила, шӯъба ва кишвари аслиатон.
Раёсати президент Буш, ба назарам, дасту пои менеҷменти РАО/РО-ро хеле боз намуд. Сиёсати мубориза бо «душманон»-и ИМА барои муҳофизакорони шахшудамондаи радиои Аврупои Озод/радиои Озодӣ айни мудаост.
Коргузорӣ дар РАО/РО ба тариқи вертикал аз боло ба поин аст. Президенти РАО/РО аз ҷониби президенти ИМА таъин ва аз ҷониби Конгресс тасдиқ мешавад. Мудири раёсати барномаҳо ва муовинони ӯ болои шӯъбаҳо, яъне редаксияҳо мусалат ҳастанд.
Дар таърихи 27 солаи шӯъбаи тоҷикии радиои Озодӣ се мудир иваз карда шуд. Ибтидо, Музаффар Орифӣ журналисти тоҷик то моҳи апрели соли 1995, яъне то ба нафақа баромадан ва баъд бо пешниҳоди М.Орифӣ ҷаноби Аббоси Ҷаводӣ - озаритабори эронӣ раёсати шӯъбаи тоҷикиро бар ӯҳда дошт. Аз соли 2004 президенти РАО/РО Томас Дайн ғайричашмдошт журналисти дигари эронитабор Маъсуами Турфаро ба ҳайси мудири шӯъбаи тоҷикӣ таъин кард. Таъиноти мазкур натиҷаи низоъи шадиди манфиатҳои гурӯҳҳои «кӯҳна» ва «нав» дар шӯъбаи тоҷикии радиои Озодӣ аст.
Тибқи хабарҳо аз манобеи РАО/РО муҳити дилбеҳузуркунандаи шӯъбаи тоҷикӣ тоба дараҷаи инфиҷор расида, аз чор гурӯҳи ба ҳам мухолиф то ба эътилофи ду ҷабҳа ҷойнишини устоди «тоҷикбозиҳо» ҷаноби Ҷаводӣ оварда расонд:
Гурӯҳи тарафдори А.Ҷаводӣ, ки номинатсияи Соҷида Ҷаъфарова (Соҷидаи Мирзо)-ро ба вазифаи мудири шӯъба дастгирӣ мекарданд;
Гурӯҳи мухолифони пешниҳоди А.Ҷаводӣ.
Дар натиҷа, президенти РАО/РО номинатсияи ҷаноби Ҷаводиро рад намуда, аз хориҷ барои худ ёвар интихоб намуд. Аз тарафи дигар, ин иқдоми ҷаноби Дайн зарбаест ба имиҷи А.Ҷаводӣ - яке аз асосгузорони бахшҳои форсӣ, дарӣ-пашту ва арабӣ дар РАО/РО, ки акнун эшон бори дуюм раёсати шӯъьаи озарии ин радиоро бар зимма гирифтаанд.
Бо ин ҷаноби Дайн мисли Кевин Клоузсобиқ президенти РАО/РО дафъаи дуюм дар таърихи шӯъбаи тоҷикии радиои Озодӣ на намояндаи миллати тоҷик ё Тоҷикистон, балки эронитабори аввал Олмон ва алон Британияи Кабирро мудир таъин кард.
Мудири шӯъба салоҳиятҳои беандозаро дорост. Аммо замоне, ки қароргоҳи РАО/РО дар шаҳри Мюнхени Олмон буд, мудирони шӯъба ва умуман менеҷменти америкоӣ чунин салоҳиятро доро набуданд. Бар замми ин системаи сиёсиву ҳуқуқбунёди Олмон америкоиёнро имкон намедод, ки масалан, ҷаноби Ҷаводӣ дар зарфи ҳамагӣ чанд сол даҳ корманди (!) штатӣ ва хабарнигоронро бо ҳар баҳонаи шахсиву ғайришахсӣ маҷбур сохт аз РАО/РО дур созад.
Инҳо:
С.Табарова, М.Сайфиддинов, А.Истад, И.Ҷамолиён, Ҷ.Муқим, Р.Темуриён, О.Шакурзода, М.Шоҳҷамолов (баъди нашри мақола М.Шоҳҷамолов дар вазифааш барқарор карда шуд), М.Назриев, Ҳ.Фараҳманд буданд. Ин даҳ нависанда, драматург, публитсист, рӯзноманигор, сиёсатшинос, устодони риштаи журнализм ва сиёсатшиносӣ дар донишгоҳҳои гуногун буданд ва ҳастанд.
Масалан, сарнавишти яке аз хабарнигорони номдори радиои Озодӣ, устоди факултети журнализми Донишгоҳи Кобул дуктур Ҳабиби Фараҳманд хеле ҳузнангез риққатбор аст. Ҳ.Фараҳманд бо нӯҳ фарзандаш дар хаймаи муҳоҷирини афғонӣ дар атрофи Пешовари Покистон зиндагӣ мекарду ягона хонаи умедаш шӯъбаи тоҷикии радиои Озодӣ ва ҳамеша вазифаи худро аз рӯи виҷдон адо менамуд. Аммо ҷаноби Ҷаводӣ рӯзгори бе ин ҳам талху нобасомони Ҳ.Фараҳмандро боз ҳам талхтар амуда, ӯро бо баҳонаи ночизе аз радиои Озодӣ ронд. Мегӯянд, ки дуктур Фараҳманд баъди чандин соли азобу машаққат дар ғурбат бо фарзандон ба ватанаш – Афғонистон баргашта, дар факултаи журнализми донишгоҳи азизаш Кобул ба шогирдон дарс мегӯяд.....
Ҳамон вақт додгоҳи Олмон ҳамеша манфиати кормандони одии РАО/РО авлотар аз ҳама чиз медонист. Лекин баъди соли 1995 – замони интиқоли қароргоҳи РАО/РО ба Прага, мақоми кормандони ин идораи америкоӣ якбора заиф шуд. Зеро Чехия Олмон нест!
Мудири шӯъба ҳатман чанд нафар «гӯшу чашм»-и худро дорад ва ҳамин ашхоси бовариноки мудир, мумкин гуфтан, сарнавиштсози «мардуми ом»-ро ҳал мекунанд. Тавре ки таҷруба нишон медиҳад, ягон аргумент ё далели намояндагони «мардуми ом» - кормандон ва хабарнигорони хориҷ наметавонад аз гуфтаҳо ва ё бурҳони мудири шӯъба ва намояндагони хоси ӯ боло бошад ва ё таъсире дошта бошад.
Мудир сиёсати шӯъба, молия ва умуман ҳаёти коллективашро муайян мекунад. Ҳамзамон қариб ҳар ҳафта маълумот дар бораи кормандон ва хабарнигоронро дар компютери шахсиаш, ки мустақиман бо менеҷмент дар тамос аст, ҷамъоварӣ мекунад....
Тавре ки собиқ ҳамкорони афғонии шӯъбаи тоҷикӣ мегуянд, маълумоти ҷамъовардаи ҷаноби Ҷаводӣ ё худ досиеи Самӣ Аббос ва Ҳошим Муманд даҳҳо ва ҳатто садҳо саҳифаро машкил медиҳанд.
Мутаассифона ва ё аниқтар карда гӯем, бадбахтона, системаи коргузорӣ дар яке аз бузургтарин идораи идеолоии Иёлоти Муттаҳидаи Америка ҳамин ранг аст.

Мусоҳиб Муҳиддини Идизода

(Ихтисоран аз «Нерӯи сухан»,
шумораи 25, 17.06.2004)

P.S. Баъди нашри мусоҳибаи мазкур то ба имрӯз чанд рӯйдоди муҳим дар радиои Озодӣ рух дод. Баъди вазидани «боди тоза» дар шӯъбаи тоҷикӣ - омадани хонум Маъсумаи Турфа, ки бозсозиро дар бахш шурӯъ кард, муддати зиёде нагузашта тарафдорони ҷаноби Ҷаводӣ боз «реванш» гирифтанд. Дар ниҳояти кор тарафдорони «ҷаводизм» бо дастони менеҷменти америкоӣ аввал рӯзноманигори боистеъдод Дорюши Раҷабиёнро аз шӯъба дур намуданд, пасон хонум Турфаро маҷбур сохтанд аз вазифааш истеъфо диҳад. А.Ҷаводӣ аз фурсат истифода бурда Род Шаҳидӣ, озаритабори эронии дигареро, ки мегӯянд яке аз хешовандони худи ҷаноби Ҷаводист, ба маснади раёсати шӯъбаи бадбахттарини РАО/РО шинонд. Род Шаҳидӣ, ки комилан аз тоҷику Тоҷикистон ноогоҳ асту саводи кофии Тоҷикистонро надорад, сиёсати «ҷаводизм»-ро аз нав пурқувват намуда, боз чанд хабарнигори боистеъдод – Холиқи Сангин ва Сайофи Мизробро бо баҳонаҳои бофта аз кори шӯъба дур сохт. Ҳар ду ҳам радиои Аврупои Озод/радиои Озодиро ба додгох кашидаанд.
Худи оқои Ҷаводӣ ҳанӯз корро дар РАО/РО идома медиҳад. Соли 2005 эшон аз вазифаи мудири шӯъбаи озарӣ якбора ба мансаби баландтар - муовини мудирияти барномаҳои РАО/РО таъин шуданд.
Чанд ҳафтаест, ки дар сомонаи радиои Озодӣ ба ҷои Род Шаҳидӣ номи Соҷида Ҷаъфарова (Соҷидаи Мирзо) зуҳур кардааст. Ҳарчанд С.Ҷаъфарова мудири шӯъбаи ӯзбакии РАО/РО-ро бар дӯш дорад. Р.Шаҳидӣ ба маснади раёсати бахши форсии РАО/РО, ки номи радиои Фардоро дорад, шинонда шуд. Бешак, чунин таъиноти муҳим бидуни имои ҷаноби Ҷаводӣ номумкин аст.
Ҳамин тариқ, сиёсати «ҷаводизм» дар радиои Аврупои Озод/радиои Озодӣ то ба имрӯз по бар ҷост ва дастболост...

Оид ба радиои Озодӣ

Муддате мадиде радиои Озодиро гўш накарда будам. Равшани Темуриён, ки репликаи каминаро оиди радиоҳои хориҷӣ дар блоги ман хондааст, чун акси садо маводеро ирсол намуд. Пеш аз он ки ин маводро ба торнома гузорам, субҳи 6-уми март аз «Озодӣ» барномаи «Фарҳанг ва андеша»-ро шунидам. Дар ин барнома фарҳанг буд, андеша набуд. Мусоҳиба садо дод бо коргардони филми бисёрқисмаи эронии «Юсуфи паёмбар» Фараҷуллоҳи Силоҳшўр, ки онро дар ТВ намоиш медиҳанд. Сипас сухан оиди дублаи сериоли «Имом Абў Ҳанифа» (эҷоди Мисри Араб) рафт. Ҳамаи инро паёмнигорони «Озодӣ» падидаи мусбат арзёби намуданд. Яъне аз он ки мардуми дар 70-соли шўравӣ каме аз ботлоқи хурофот раҳо ёфтаи тоҷикро боз ба ин ботлоқ тела додан аз корҳои мусбат будааст.

39 шаб боз мағзи тоҷикро бо мағзобаи динӣ пур мекунанд!

Ҳам ин корҳо ҳам муносибати радиои Озодӣ ба он як ном дорад – исломпарастӣ ва хурофот.

Сипас тасмим гирифтам, ки маводи ирсол кардаи Равшани Темуриёнро ба блоги Герби шердор гузорам.

четверг, 5 марта 2009 г.

Торнигори Аюбзод

Хабари арзи ҳасти намудани Торнигори Аюбзод каминаро низ шод намуд.

Рўзе мерасад, ки ҳамаи ин ба моли торих мубаддал хоҳад шуд. Ва пажўҳишгарони фарҳанги тоҷикии интернетӣ аз ин торнигор барои худ бисёр маводи ҷолиб хоҳанд ёфт ва бовар дорам, ки саҳми бузурги ўро дар густариши рўзноманигорӣ ва фарҳангнависии интернетӣ қайд хоҳанд намуд.

Инак барои мухлисони адабиёти навини тоҷик имкон пеш омад, ки бо асарҳои беҳтарини ин адиби навпардозу жарфандеш шинос шаванд. Аз ин пеш низ навишта будам, ки баъзе асарҳои ў ба дараҷаи асарҳои Франс Кафкаанд.

Салими Аюбзод ба воқеаҳо, одамон, ҷомеа назари хоси худро дорад. Бо ҳамин нуктаи назари хос ва сабки модерни аз дигар достоннависони тоҷик фарқ мекунад. Ин бурди ўст ва далел бар он ки фикрҳояш қолабӣ нестанд.

Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек шиори Салим Аюбзод аст.

Бигузор ин панди бостони шиори доимии торнамои ў бошад!

Бо орзуи комгориҳо Адаш Истад – муассиси блоги Герби шердор.

вторник, 24 февраля 2009 г.

Кашфиётҳои тоҷикон

Ҷомадон ихтирои тоҷикон ва умуман мардуми форсизабон аст. Замоне Роҳи Бузурги Абрешим кушода буд, ҷомадон ба тоҷирони мо лозим шуд. Яъне эҳтиёҷ ба вуҷуд овардааст.

Сипас инглисҳо ва дигар миллатҳои дигари флоти баҳридори Аврупо роҳи обии арзон ва наздиктар аз Роҳи Бузурги Абрешимро кашф карданд, баъд зарурат ба ҷомадон дар онҳо зиёдтар гардид.

Ҳамин тавр инглисҳо ҷомадонҳои зебою сабук сохта ба тамоми ҷаҳон мефурўхтаги шуданд ва дар ҷомадонсози машҳур гардиданд.

Чарху ароба ҳам кашфиёт ориёҳост.

Аммо самарии ин кашфиётро имрўз бештар ширкатҳои бузурги автомобилсозии Ғарб мебинанд. Яъне дар олам эҷодгари кашфиёт будан муҳим нест, истифода бурда тавонистан муҳим аст.

Яхмосро низ тоҷикон ихтиро кардаанд, аммо дар тамоми Аврупо итолиёвиҳо яхмосфурўшӣ мекунанд, зеро яхмоси гуногуни болаззатро сохта метавонанд, сирри онро ба ягон намояндаи миллати дигар намегўянд.

Вожаи яхмос аз ях ва мост ҳосил шудааст. Яъне аввалин яхмосро аз мост бо иловаи ширинӣ тайёр мекардаанд.

Як яхмосфурўши пир ба ман нақл карда буд, ки то инқилоб яхмосфурўшони Самарқанд баъзан аз нишалло низ яхмос месохтаанд.

Аз яхмосҳои бостонии Самарқанд имрўз танҳо «Роҳати ҷон» мондааст, ки онро тобистон бачаҳо аз тарошидаи ях ва ширинии туту ангур тайёр мекунанд. Ин яхмосфурўшони хурдсолро тобистон дар кўчаҳои Самарқанд метавон дучор шуд. Яъне «Роҳати ҷон» як намуди яхмоси мевагии қадима аст.

Шумо боз кадом кашфиёти мардуми тоҷикро медонед, ки дар Ғарб истифода мекунанд?

понедельник, 23 февраля 2009 г.

Тоҷики асри XXI ва умуман инсони асри XXI чи касе бояд бошад?

Барои муайян кардани камоли матлуби мардуми Тоҷикистон зарур аст, ки доир ба паҳлуҳои гуногуни масоили он баҳсҳо сурат бигиранд ва маълум гардад, ки камоли матлуби мардуми мо кадом ақадаҳоро бояд дар бар дошта бошад.

Яке аз масъалаҳои муҳимтарин муайян кардани идеали тоҷикон нисбати фарди асри XXI аст.

Суоли якум: Бигўед, ки аз ақоиди зардуштия ва ислом барои инсони асри XXI чи фикрҳо метавонанд дастури асосии зиндагӣ ҳастанд ё бояд шаванд?

Суоли дуввум: Оё Рустами дастон, Абўмуслим, Муқаннаъ, Темурмалик ва дигар қаҳрамонҳо барои инсони асри XXI даркоранд?

Суоли саввум: Аз донишмандону адибони машҳур Рўдакӣ, Сино, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Руми осори ки ба асри XXI мувофиқтар аст ва чаро? Оё онҳо низ идеал шуда метавонанд?

Суоли чорум: Шумо байни Зардушти паёмбар (Муаллими инсоният) ва Зардуште, ки Нитсче тасвир кардааст, чи фарқе мебинед? Оё ғояи фавқулинсон ё абармарде, ки Нитсче ба инсоният пешниҳод намуд, ба инсон барои халос шудан аз кулли нуқсонҳои худ ва пешрафти фикрии ў хизмат хоҳад кард?

Суоли панҷум: Зардушти тасвиркардаи Нитсче мегўяд: «Фавқулинсон – маънии Замин аст… Арзиши мо на дар он аст, ки мо ҳастем, балки дар он аст, ки мешавем. Вале барои он ки мо марҳала ба сўи «фавқулинсон» шавем, бояд аз оне ки дар мо чун инсонӣ, ниҳоят инсони аст, халос ёбем». Фавқулинсон ё абармард кист? Онро ба худ чи хел тасаввур мекунед?

суббота, 7 февраля 2009 г.

Беҳтарин панди зиндагӣ

Формулаи ахлоқии «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» аз ҷиҳати ғунҷоиши маъно пурмўхтавотарин панди ахлоқии эҷоди зардуштиён аст.

Аммо 1400 сол пеш дар ҷаҳон фалсафаи бузургу фарҳанги беҳтарин ба густариши бештар дар марзҳои кишварҳо имтиёз надошт.

Кӣ аспҳои беҳтирину шамшери беҳтарину шамшерзани беҳтаринро зиёдтар дорад, ақида, дин, забони худро ба кишварҳои дигар паҳн карда метавонист. Акнун ки Интернет ҳар як ҳарфро ба тамоми оламиён расонда метавонад, мардуми дунё танҳо аз ин як панд хоҳанд донист, ки мардумони Ирону Осиёи Марказӣ дар замони тоисломӣ чӣ фарҳанги бузурге доштаанд.

Ин пандро ба як паллаи тарозу гузоред, ба паллаи муқобил ҳама пандҳои ахлоқии инсоният ба вуҷуд овардаро. Равшан хоҳед дид, ки арзиши ин панд баландтар аст.

Бартарии тамаддуни иронӣ

1. Мисри тоисломӣ: кишвари таҳхонаҳои торик. Ирони тоисломӣ: кишвари нур, хуршед ва оташ.
2. Мисри тоисломӣ: кишвари худоҳои зиёди миранда. Ирони тоисломӣ: кишвари Худои нонамоёни ҷовидон.
3. Мисри тоисломӣ: ҳама ба марг хизмат мекунанд. Ирони тоисломӣ: ҳама аз зиндагӣ шаҳодат медиҳад, ҳама меҳнату кўшиш барои ғалаба бар иблис – яъне Аҳримани бадкеш.
4. Мисри тоисломӣ: интизории шодмона барои зиндагии пас аз марг. Ирони тоисломӣ: кўшиш барои хурсандӣ дар ин дунё (сангнавиштаҳои Доро).
5. Мисри тоисломӣ: Аҳромҳо – мавзолейҳо. Ирони тоисломӣ: Кохи шоҳаншоҳии Тахти Ҷамшед, ки таҷассумгари ғояи ҳукмронӣ бар ҷаҳон ва ё ба якчанд кишварҳост. Яъне таъмини амнияти шаҳрвандон дар кишвари абарқудрат бештар аст.
6. Мисри тоисломӣ: мўмиёкунии ҷасади мурдаҳо бо мақсади ҳифзи онҳо барои зиндагии ондунёӣ. Ирони тоисломӣ: нест кардани ҷасадҳои мурда бо мақсади ҳифзи покии об, хок ва ҳаво.

Ба фикри баъзе донишмандон, тамаддуни Ирону Осиёи Марказӣ ба сабаби универсалӣ, зиндагисозиву тавонмандиаш тавонист, ки бо омадани ислом бисёр сифатҳои худро нигоҳ дорад, аммо мисриён ҳам забону ҳам фарҳангу ҳама чизро ки доштанд, аз даст доданд. Дар ҳоле ки маданияти мисриён нисбат ба маданияти тоисломии арабҳои атрофи Макка ва Мадина пешрафтатар буд.

Акнун худатон ба ин услуб Ирони тоисломиро бо дигар кишварҳои тоисломӣ муқоиса кунед. Ин амал имкон медиҳад, ки бо решаҳои тамаддуни бостонии Ирону Осиёи Марказӣ бештар шинос шавед.

четверг, 5 февраля 2009 г.

Одаме аз замони оянда (Дар сўги Муҳаммадзамони Солеҳ)

Муҳаммадзамони Солеҳ худ як ҷаҳоне буд нотакрор. Қабл аз соли 1993 бо ў дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ҳамкор будам. Дар шўъбаи ҳунар, ки мудирии он бар зиммаи камина буд, ҳама носирони ҷавони хушқаламу баистеъдод гирд омада буданд: Муаззама Аҳмадова, Баҳманёр, Салими Аюбзод ва Муҳаммадзамони Солеҳ. Муҳаммадзамонро масъули театршиносӣ таъин намудам, ба он сабаб ки ў қабл аз ин дар телевизион ва театр бо ин соҳа машғул будааст.

Муҳаммадзамон зуд ҳис карда буд, ки дар масъалаи фарҳанги тоисломӣ дониши ягонтои мо бо дониши ў баробар нест ва вақте сухан аз сарвати бузурги маданияти тоисломии тоҷик мерафт, ба ҳеҷ кас маҷоли даҳон кушода ҳарфе илова кардан намемонд.

Барои шўъбаи ҳунар, ки серходимтарин ҳисоб меёфт, дар қабати саввум болои кабинети раиси Иттифоқи адибон калонтарин хонаи бурҷиро дода буданд.

Рўзе дертар ба кор омада дидам, ки Муҳаммадзамон хеле димоғсўхта менамояд. Маълум, ки аз чизе сахт андўҳгин аст, аммо ба сабаби номаълум дар он бора сухан карда дилашро кафондан намехоҳад. Ба қоғази рўи миз нигоҳ карда хомўш менигарист, гўё ки барои таҳрир мақолаи касеро хонда истодааст. Ду-се бор барои аз чунин вазъ берун овардани Муаззама тадбир андешида будам. Масалан боре ба ў, ки Гугушро хеле дўст медошт, гапи дурўғ гуфтам: - Дар фалон рўзнома навиштаанд, ки фалон сарояндаи эстрадаи тоҷик аз Гугуш беҳтар месарояд. Ба фикрам ин гапҳо беасос нестанд…
Баъд Муаззама ҳам ғамҳои худро филҳол фаромўш карда ба баҳс мепардохт. Ва дар охир вақте мефаҳмид, ки инро бароӣ шўхӣ гуфтаам, бисёр механдид.

Ҳоло пай бурдам, ки Муҳаммадзамон намехонад. Инро ҳамту барои зоҳир накардани вазъи худ мекунад.

Ҳилае андешидам. Дурўғе бофтам. Гуфтам, ки як кас дар фалон газета мақолае навиштааст, ки рўҳониёни зардуштӣ солҳои аввали зуҳур намудани ислом ибораи «Пули Сирот»-ро аз Қуръон дуздида ба китобҳои дини зардуштӣ бо номи Пули Чинвот ворид кардаанд. Газетаеро ном гирифтам, ки онро Муҳаммадзамон намехонд. Ду рўи Муҳаммадзамон суп-сурх шуду ў аз ҷой ҷаста хеста бо оташинӣ гуфт: - Номаъқул кардааст ҳамон сафсаттафурўш! Сипас дар бораи бори аввал дар куҷо ва кай истифода шудани ибора Пули Чинвот бо ҳарорат даҳ-понздаҳ дақика гап зад.

Ва дар охир илова кард: - Ин чиз низ аниқ аст, ки аз саҳобаҳои паёмбари ислом Салмони Форсӣ зардуштӣ буд ва оиди ин дин ба паёмбар хеле чизҳоро гуфтааст. Ба унвони он рўзноманигор дашномҳо фиристода гўё дилаш сабук шуд. Ў медонист, ки ман ин ҳама чизҳоро ва бисёр чизҳои дигарро оиди фарҳанги тоисломӣ медонам. Аммо ин лаҳза аз ёд бурда буд. Баъд пурсид: кадом рўз чоп шудагӣ?

Ман табасссум кардаму хандидам. Вай ҳам бори чандум ба чунин ҳол афтоданашро ба ёд оварду хандидан гирифт. Ва озурдадилии пешинро ба кулии фаромўш намуда то соати охири рўз бо рўҳбаландӣ кор кард.

Дониши ў оиди фарҳанги тоисломӣ дар асарҳояш нақш мегузошт.

Ба зиндагӣ аз назари ҳаҷв нигаристанро ба ман Фазлиддин Муҳаммадиев таъкид карда буданд.

- Дашноми сахт нате! – мегуфтанд устод, - масалан ба ҷои «очата» гуфтан «сабил монад фаранҷӣ!» бигўй, ҳама хоҳад хандид, ки фаранҷӣ кадом зебосанамро аз ту пинҳон карда буд?

Рўзе Муҳаммадзамон ба кор бо табъи хира омад. Ба суолам «Ришам рехта истодааст» гуфт. Гуфтам:
- Ҳамроҳи фариштаҳо ё танҳо худаш?
Нимтабассуме кард. Сипас боз гуфтам: - Чаро фариштаҳо ба риш мечаспанд, ки ҷоест пур аз гази карбоне, ки аз шуш бадар мекунанд? Ҷои чандон покизае нест.

Чеҳрааш кушода намешуд. Сипас гуфтам:
- Чаро агар инсон ғам хўрад, мўйҳои сараш мерезанду мўйҳои ҷойҳои дигар, ки нодаркоранд, намерезанд?
Ин бор хандид. Баъд ба манаҳаш арақи қаланфурдор молидан гирифт ва мўйҳо аз нав сабзиданд.

Гуфтаниам, ки ҳама чизро ҷиддӣ мегирифт, ки ин ба асаб ва дил бетаъсир нахоҳад буд.

Ман гоҳо бо оҳанги мутантан дар ҳузури худаш мегуфтам: - Миллати бузурги мо аз дастовардҳои бузургтарини Ғарб се чизи бисёр муфидро писандидааст: демократия, мантиқ ва баҳсро. Аммо аз характери Муҳаммадзамон, ки фарзанди бузургу фидоии миллатанд, чунин хулоса кардан метавон, ки ин миллат баҳсро зиёдтар писандидааст.

- Оре, оре, - мегуфт бо табассум Муҳаммадзамон, - афсўс, ки чӣ будани мантиқу демократияро камтар фаҳмидааст, вагарна ин қадар солҳо ин қадар бисёр хурофоту каҷфаҳмиҳою сталинпарастиҳо намебуд.

Услуби хоси худро дошт. Агар дар баҳс оташин шавад, ба тарафи ҳариф «О марди худо!» гуфта муроҷиат мекард.

Ба ҳоли миллат дилаш месўхт. «Ривояти суғдӣ»-и Улуғзода бар ў таъсири амиқе гузошта буд.

Шаҳзода аз радиои Замона телефон карда гуфт, ки Муҳаммадзамон бо сактаи қалб даргузаштааст. Гиря гулўгирам кард, чанд лаҳза ҳарф зада натавонистам. Баъд ба ў гуфтам, ки Муҳаммадзамон аз адабиёти Ғарб хабардор буд. Ба Содиқи Ҳидоят арҷ мегузошт. Дар эҷод мекўшид, ки аз реализми социалистӣ фосила бигирад, сад афсўс, ки 15 соли охир байни ману ў фосила калон буд. Асарҳои ин солҳо навишта чоп кардаашро ба ман нафиристодааст.

Эҳтимол дар атрофаш ҳамфикре намонда буд, ки дилашро холӣ кунад.

Агар имкони дарди дилашро мисли мо дар Интернет кафондан медошт, сактаи дил намегардид.

Дареғо, дареғо!

Аз ҷумлаи дўстон ян тан кам,
Аз ҷумлаи душманон як тан беш.

Қаҳрамони як асараш вожаи бостонии «мурлиспанд»-ро истифода мекард. Ин калима ба пурмазмуниву сергунҷоишӣ ва хушоҳангӣ он қадар писандам омад, ки агар ба Муҳаммадзамон ягон чизи асроромез гуфтан хоҳам ё агар ба ў дуруд фиристам «мурлиспанд!» мегуфтам, албатта ба оҳанги мувофиқ, ки маъноҳояшро зуд дарёбад.

Дар охир ў оташин шуда гуфт: - Устод! Агар калимаҳои аҳуроӣ зиёд истифода гарданд, беқурб мешаванд. Вожаҳое ҳастанд, ки аз замири дил бармехезанд ва ба беқурбшавии онҳо набояд роҳ дод.

Бовар дорам, ки навиштаҳои Муҳаммадзамон бо мурури замон қурби худро зиёдтар хоҳанд кард, зеро ҳар чизе ки менавишт аз замири дилаш бармехест, рангу оҳанги хосе дошт.

Агар ягон кас эрод бигирад, ки асарҳояшро фаҳмидан мушкил аст, панди Улуғзодаро ёдовар мешуд, ки ба ў гуфтааст: - Агар якто хонанда дошта бошӣ ҳам, бинавис!

Марги Муҳаммадзамон дар айни камолоти эҷоди – синни 58-солагӣ барои адабиёти тоҷик талафоти гароне гардид. Инро ҳоло камтар бошад ҳам дертар бо гузашти солҳо амиқтар ва дардноктар эҳсос хоҳанд намуд.

Вақте ки барои радиои форсии ҷаҳонии Замона дар бораи Муҳаммадзамон ҳарф мезадам, ҳис мекардам, ки чӣ қадар дар бораи ў сухан кунӣ кам аст, ў он қадар пурфарҳанг буд, ки мо чӣ қадар ҳаракат кунем, танҳо порае аз симои ўро тасвир хоҳем кард. Баъд бовар накардам, ки ў мурдааст. Ҳамин хел як шахси тануманду қавипайкар дар ин син намефавтад, мегуфтам ба худ. Тенисбозиҳояш дар долони бинои Иттифоқи нависандагон ба ёдам расид ва ба худам мегуфтам: Не, ин ҷо иштибоҳе будагист. Сомонаи «Озодӣ»-ро кушодаму чашмам ба сўгвории Салим афтод. Боз ҳам боварам намеомад.

Шаҳманоре ба замин афтод. Шаҳсутуне, ки пояаш аз мармари қасрҳои ҳахоманишину сосониён танааш аз хишту гачи кўшкҳои сомониён таркиб ёфта буд.

Авестои зинда, набераи Зардушт буд.

Медонист, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо равона аст.

Ҳайфо, ки дар байни навқаламони тоҷик касеро намебинам, ки мисли ў бошад ва ё ба ў монанд шудан хоҳад. Ин аст мушкилот, муаммо ва дарди ҷонсўз. Солҳои зиёде мегузаранд ва насли нав Муҳаммадзамонро ҳамчун нависандаи навовар ва баробари он амиқан миллӣ кашф хоҳад кард. Ва зиндагии дубораи осори ў оғоз хоҳад ёфт.

Оиди фаъолияти ҷамъиятии ў дар 16 соли охири умраш огоҳие надорам. Дар ёдам ҳаст, ки узви фаъоли ситоди махфии мо дар мубориза барои додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикӣ буд ва барои таҷлили ҷашни Борбад низ саҳм дошт. Дар он замон чунин корҳо ҷасорату фидокорӣ талаб мекарданд, ки дар ин бора дар мақолае оиди устод Лоиқ ишора кардаам.

Ва рўзҳое, ки Петр Лучинский барин сарварони коммунист зидди камина шамшер бараҳна мекарданд, боз Муҳаммадзамону Муаззама, Баҳманёру Салим сина сипар намуданд, ки чунин фидокориҳои онон ҳеҷ аз сафҳаи хотиротам сутурда нахоҳад шуд.

Дар осори ў дарди миллат, фарёди ҷонсўзи торихи тоҷик, гуманизми муосир, гузашта ва имрўза ҳама ба ҳам печида ва мармуз таркиби вижае ба вуҷуд меоварданд, ки на ҳар каси ба насри воқеанависӣ хў гирифта метавонист, онро ба роҳатӣ бипазирад. Аз осори он солҳои пеш навиштааш чунин Муҳаммадзамон дар ёдам мондааст. Муҳаммадзамони мисли бисёр кўҳистониён доимо хунгарм, самимӣ,дилҷавон ва ҳақиқатпараст. Ва аз ҳама муҳимаш мубориз. Максимализм дар ман ҳам ҳаст, аммо дар ў бештар буд ва ин бисёртар ҳангоми баҳсҳо зоҳир мегардид.

Тамаллуқ чист намедонист. Ҳарфи рости ў на ба ҳар роҳбар хуш меомад. Ба ин сабаб ба ғайр аз шўъбаи камина дар ҷои дигар муддати зиёде кор накарда буд.

На ҳар кас мефаҳмид, ки гоҳо садо баланд карданаш аз кина нест. Дили поку беолоише дошт ў. Бо дурўягӣ, чоплусӣ ва дигар нуқсҳои ахлоқии ҳамкорон бетарафи ихтиёр карда наметавонист. Дар ин бобат инсони замони оянда буд. Танҳоянд чунин одамон. Вақте ки Ато Муҳаммадҷонов дар нақши Алломаи Адҳам «Ман танҳоям!» гуфта фарёд мезад, ў ҳамчун фарёди дили худ қабул карда буд.

Ман ба адибони ҷавоне, ки дар шўъбаи ҳунар гирд омада буданд, доим талқин мекардам, ки соҳибфикр будан кам аст, бояд ки соҳиби фикри баланд буд, ки танҳо баъди хондани китобҳои бузургтарин мутафаккирон ҳосил мешавад. Ва мушоҳида мекардам, ки беш аз ҳама китоб мехонд.

Баъди таълимоти Фрейд экзистенсиализм ба вуҷуд омада адибони Ғарб маънидоди рафтори инсонро дар партави он ба тасвир мегирифтанд. Ва Муҳаммадзамон баъди тавсияи ман дар андак муддат осори Сартр, Камю ва дигар адибони Ғарбро хонда барои худ баҳрае бардошт. Салим низ бар асари мутолиа ба дараҷаи Франтс Кафка расидааст.

Чизе ки напазируфт, завқи пасти аҳли ҳунар буд. Боре гуфтам, ки аз фалонӣ чаро хушат намеояд, ки ў актёри хуб аст. Гуфт: Ўро боре дар нақше дидам, як ҳаракаташ ишорат ба узви ҷинсӣ дошт. Азбаски он намоиш барои бачаҳо низ пешниҳод мегардид, хеле нафратам омад. Гарчанде нақшҳои хуб дорад, аммо ҳеҷ бахшида наметавонам.

Аз ин суханонаш дарёфтам, ки Муҳаммадзамон бо дилаш як аст.

Бори охир чанд сол пеш дар ҷаласаи ҷашни 70-солагии Иттифоқи адибони Тоҷикистон дидам. Ў ва Кароматулло Шукруллоев шунида будаанд, ки ман ба ин ҷашн омадаам, дар паҳлўи бинои театри опера зери дарахтони баланд дар интизори омадани камина рост меистоданд.

Хеле хурсанд шудам аз ин дидорбинӣ. Сипас дар даруни бино ҳарчанд ҷустам, пайдо накардам, то ки имкони сўҳбате бештар аз ҳолпурсӣ даст диҳад. Рўзҳои дигар низ нанамуд. Маълум, ки кору бори зиндагӣ сахт пойбандаш кардаанд.

Ҳоло, ки ин сатрҳоро менависам, гўё он ҷо истодааст, бо ҳамон сари баланди пурғурур, ба мисли ҳамон дарахтони қадбаланд.

Аз ин беш наметавонам гуфт, ки Рўдакӣ дар марсияе гуфтааст:

Ганҷи заре буд дар ин хокдон,
К-ў ду ҷаҳонро ба ҷаве мешумурд.