Муҳаммадзамони Солеҳ худ як ҷаҳоне буд нотакрор. Қабл аз соли 1993 бо ў дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ҳамкор будам. Дар шўъбаи ҳунар, ки мудирии он бар зиммаи камина буд, ҳама носирони ҷавони хушқаламу баистеъдод гирд омада буданд: Муаззама Аҳмадова, Баҳманёр, Салими Аюбзод ва Муҳаммадзамони Солеҳ. Муҳаммадзамонро масъули театршиносӣ таъин намудам, ба он сабаб ки ў қабл аз ин дар телевизион ва театр бо ин соҳа машғул будааст.
Муҳаммадзамон зуд ҳис карда буд, ки дар масъалаи фарҳанги тоисломӣ дониши ягонтои мо бо дониши ў баробар нест ва вақте сухан аз сарвати бузурги маданияти тоисломии тоҷик мерафт, ба ҳеҷ кас маҷоли даҳон кушода ҳарфе илова кардан намемонд.
Барои шўъбаи ҳунар, ки серходимтарин ҳисоб меёфт, дар қабати саввум болои кабинети раиси Иттифоқи адибон калонтарин хонаи бурҷиро дода буданд.
Рўзе дертар ба кор омада дидам, ки Муҳаммадзамон хеле димоғсўхта менамояд. Маълум, ки аз чизе сахт андўҳгин аст, аммо ба сабаби номаълум дар он бора сухан карда дилашро кафондан намехоҳад. Ба қоғази рўи миз нигоҳ карда хомўш менигарист, гўё ки барои таҳрир мақолаи касеро хонда истодааст. Ду-се бор барои аз чунин вазъ берун овардани Муаззама тадбир андешида будам. Масалан боре ба ў, ки Гугушро хеле дўст медошт, гапи дурўғ гуфтам: - Дар фалон рўзнома навиштаанд, ки фалон сарояндаи эстрадаи тоҷик аз Гугуш беҳтар месарояд. Ба фикрам ин гапҳо беасос нестанд…
Баъд Муаззама ҳам ғамҳои худро филҳол фаромўш карда ба баҳс мепардохт. Ва дар охир вақте мефаҳмид, ки инро бароӣ шўхӣ гуфтаам, бисёр механдид.
Ҳоло пай бурдам, ки Муҳаммадзамон намехонад. Инро ҳамту барои зоҳир накардани вазъи худ мекунад.
Ҳилае андешидам. Дурўғе бофтам. Гуфтам, ки як кас дар фалон газета мақолае навиштааст, ки рўҳониёни зардуштӣ солҳои аввали зуҳур намудани ислом ибораи «Пули Сирот»-ро аз Қуръон дуздида ба китобҳои дини зардуштӣ бо номи Пули Чинвот ворид кардаанд. Газетаеро ном гирифтам, ки онро Муҳаммадзамон намехонд. Ду рўи Муҳаммадзамон суп-сурх шуду ў аз ҷой ҷаста хеста бо оташинӣ гуфт: - Номаъқул кардааст ҳамон сафсаттафурўш! Сипас дар бораи бори аввал дар куҷо ва кай истифода шудани ибора Пули Чинвот бо ҳарорат даҳ-понздаҳ дақика гап зад.
Ва дар охир илова кард: - Ин чиз низ аниқ аст, ки аз саҳобаҳои паёмбари ислом Салмони Форсӣ зардуштӣ буд ва оиди ин дин ба паёмбар хеле чизҳоро гуфтааст. Ба унвони он рўзноманигор дашномҳо фиристода гўё дилаш сабук шуд. Ў медонист, ки ман ин ҳама чизҳоро ва бисёр чизҳои дигарро оиди фарҳанги тоисломӣ медонам. Аммо ин лаҳза аз ёд бурда буд. Баъд пурсид: кадом рўз чоп шудагӣ?
Ман табасссум кардаму хандидам. Вай ҳам бори чандум ба чунин ҳол афтоданашро ба ёд оварду хандидан гирифт. Ва озурдадилии пешинро ба кулии фаромўш намуда то соати охири рўз бо рўҳбаландӣ кор кард.
Дониши ў оиди фарҳанги тоисломӣ дар асарҳояш нақш мегузошт.
Ба зиндагӣ аз назари ҳаҷв нигаристанро ба ман Фазлиддин Муҳаммадиев таъкид карда буданд.
- Дашноми сахт нате! – мегуфтанд устод, - масалан ба ҷои «очата» гуфтан «сабил монад фаранҷӣ!» бигўй, ҳама хоҳад хандид, ки фаранҷӣ кадом зебосанамро аз ту пинҳон карда буд?
Рўзе Муҳаммадзамон ба кор бо табъи хира омад. Ба суолам «Ришам рехта истодааст» гуфт. Гуфтам:
- Ҳамроҳи фариштаҳо ё танҳо худаш?
Нимтабассуме кард. Сипас боз гуфтам: - Чаро фариштаҳо ба риш мечаспанд, ки ҷоест пур аз гази карбоне, ки аз шуш бадар мекунанд? Ҷои чандон покизае нест.
Чеҳрааш кушода намешуд. Сипас гуфтам:
- Чаро агар инсон ғам хўрад, мўйҳои сараш мерезанду мўйҳои ҷойҳои дигар, ки нодаркоранд, намерезанд?
Ин бор хандид. Баъд ба манаҳаш арақи қаланфурдор молидан гирифт ва мўйҳо аз нав сабзиданд.
Гуфтаниам, ки ҳама чизро ҷиддӣ мегирифт, ки ин ба асаб ва дил бетаъсир нахоҳад буд.
Ман гоҳо бо оҳанги мутантан дар ҳузури худаш мегуфтам: - Миллати бузурги мо аз дастовардҳои бузургтарини Ғарб се чизи бисёр муфидро писандидааст: демократия, мантиқ ва баҳсро. Аммо аз характери Муҳаммадзамон, ки фарзанди бузургу фидоии миллатанд, чунин хулоса кардан метавон, ки ин миллат баҳсро зиёдтар писандидааст.
- Оре, оре, - мегуфт бо табассум Муҳаммадзамон, - афсўс, ки чӣ будани мантиқу демократияро камтар фаҳмидааст, вагарна ин қадар солҳо ин қадар бисёр хурофоту каҷфаҳмиҳою сталинпарастиҳо намебуд.
Услуби хоси худро дошт. Агар дар баҳс оташин шавад, ба тарафи ҳариф «О марди худо!» гуфта муроҷиат мекард.
Ба ҳоли миллат дилаш месўхт. «Ривояти суғдӣ»-и Улуғзода бар ў таъсири амиқе гузошта буд.
Шаҳзода аз радиои Замона телефон карда гуфт, ки Муҳаммадзамон бо сактаи қалб даргузаштааст. Гиря гулўгирам кард, чанд лаҳза ҳарф зада натавонистам. Баъд ба ў гуфтам, ки Муҳаммадзамон аз адабиёти Ғарб хабардор буд. Ба Содиқи Ҳидоят арҷ мегузошт. Дар эҷод мекўшид, ки аз реализми социалистӣ фосила бигирад, сад афсўс, ки 15 соли охир байни ману ў фосила калон буд. Асарҳои ин солҳо навишта чоп кардаашро ба ман нафиристодааст.
Эҳтимол дар атрофаш ҳамфикре намонда буд, ки дилашро холӣ кунад.
Агар имкони дарди дилашро мисли мо дар Интернет кафондан медошт, сактаи дил намегардид.
Дареғо, дареғо!
Аз ҷумлаи дўстон ян тан кам,
Аз ҷумлаи душманон як тан беш.
Қаҳрамони як асараш вожаи бостонии «мурлиспанд»-ро истифода мекард. Ин калима ба пурмазмуниву сергунҷоишӣ ва хушоҳангӣ он қадар писандам омад, ки агар ба Муҳаммадзамон ягон чизи асроромез гуфтан хоҳам ё агар ба ў дуруд фиристам «мурлиспанд!» мегуфтам, албатта ба оҳанги мувофиқ, ки маъноҳояшро зуд дарёбад.
Дар охир ў оташин шуда гуфт: - Устод! Агар калимаҳои аҳуроӣ зиёд истифода гарданд, беқурб мешаванд. Вожаҳое ҳастанд, ки аз замири дил бармехезанд ва ба беқурбшавии онҳо набояд роҳ дод.
Бовар дорам, ки навиштаҳои Муҳаммадзамон бо мурури замон қурби худро зиёдтар хоҳанд кард, зеро ҳар чизе ки менавишт аз замири дилаш бармехест, рангу оҳанги хосе дошт.
Агар ягон кас эрод бигирад, ки асарҳояшро фаҳмидан мушкил аст, панди Улуғзодаро ёдовар мешуд, ки ба ў гуфтааст: - Агар якто хонанда дошта бошӣ ҳам, бинавис!
Марги Муҳаммадзамон дар айни камолоти эҷоди – синни 58-солагӣ барои адабиёти тоҷик талафоти гароне гардид. Инро ҳоло камтар бошад ҳам дертар бо гузашти солҳо амиқтар ва дардноктар эҳсос хоҳанд намуд.
Вақте ки барои радиои форсии ҷаҳонии Замона дар бораи Муҳаммадзамон ҳарф мезадам, ҳис мекардам, ки чӣ қадар дар бораи ў сухан кунӣ кам аст, ў он қадар пурфарҳанг буд, ки мо чӣ қадар ҳаракат кунем, танҳо порае аз симои ўро тасвир хоҳем кард. Баъд бовар накардам, ки ў мурдааст. Ҳамин хел як шахси тануманду қавипайкар дар ин син намефавтад, мегуфтам ба худ. Тенисбозиҳояш дар долони бинои Иттифоқи нависандагон ба ёдам расид ва ба худам мегуфтам: Не, ин ҷо иштибоҳе будагист. Сомонаи «Озодӣ»-ро кушодаму чашмам ба сўгвории Салим афтод. Боз ҳам боварам намеомад.
Шаҳманоре ба замин афтод. Шаҳсутуне, ки пояаш аз мармари қасрҳои ҳахоманишину сосониён танааш аз хишту гачи кўшкҳои сомониён таркиб ёфта буд.
Авестои зинда, набераи Зардушт буд.
Медонист, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо равона аст.
Ҳайфо, ки дар байни навқаламони тоҷик касеро намебинам, ки мисли ў бошад ва ё ба ў монанд шудан хоҳад. Ин аст мушкилот, муаммо ва дарди ҷонсўз. Солҳои зиёде мегузаранд ва насли нав Муҳаммадзамонро ҳамчун нависандаи навовар ва баробари он амиқан миллӣ кашф хоҳад кард. Ва зиндагии дубораи осори ў оғоз хоҳад ёфт.
Оиди фаъолияти ҷамъиятии ў дар 16 соли охири умраш огоҳие надорам. Дар ёдам ҳаст, ки узви фаъоли ситоди махфии мо дар мубориза барои додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикӣ буд ва барои таҷлили ҷашни Борбад низ саҳм дошт. Дар он замон чунин корҳо ҷасорату фидокорӣ талаб мекарданд, ки дар ин бора дар мақолае оиди устод Лоиқ ишора кардаам.
Ва рўзҳое, ки Петр Лучинский барин сарварони коммунист зидди камина шамшер бараҳна мекарданд, боз Муҳаммадзамону Муаззама, Баҳманёру Салим сина сипар намуданд, ки чунин фидокориҳои онон ҳеҷ аз сафҳаи хотиротам сутурда нахоҳад шуд.
Дар осори ў дарди миллат, фарёди ҷонсўзи торихи тоҷик, гуманизми муосир, гузашта ва имрўза ҳама ба ҳам печида ва мармуз таркиби вижае ба вуҷуд меоварданд, ки на ҳар каси ба насри воқеанависӣ хў гирифта метавонист, онро ба роҳатӣ бипазирад. Аз осори он солҳои пеш навиштааш чунин Муҳаммадзамон дар ёдам мондааст. Муҳаммадзамони мисли бисёр кўҳистониён доимо хунгарм, самимӣ,дилҷавон ва ҳақиқатпараст. Ва аз ҳама муҳимаш мубориз. Максимализм дар ман ҳам ҳаст, аммо дар ў бештар буд ва ин бисёртар ҳангоми баҳсҳо зоҳир мегардид.
Тамаллуқ чист намедонист. Ҳарфи рости ў на ба ҳар роҳбар хуш меомад. Ба ин сабаб ба ғайр аз шўъбаи камина дар ҷои дигар муддати зиёде кор накарда буд.
На ҳар кас мефаҳмид, ки гоҳо садо баланд карданаш аз кина нест. Дили поку беолоише дошт ў. Бо дурўягӣ, чоплусӣ ва дигар нуқсҳои ахлоқии ҳамкорон бетарафи ихтиёр карда наметавонист. Дар ин бобат инсони замони оянда буд. Танҳоянд чунин одамон. Вақте ки Ато Муҳаммадҷонов дар нақши Алломаи Адҳам «Ман танҳоям!» гуфта фарёд мезад, ў ҳамчун фарёди дили худ қабул карда буд.
Ман ба адибони ҷавоне, ки дар шўъбаи ҳунар гирд омада буданд, доим талқин мекардам, ки соҳибфикр будан кам аст, бояд ки соҳиби фикри баланд буд, ки танҳо баъди хондани китобҳои бузургтарин мутафаккирон ҳосил мешавад. Ва мушоҳида мекардам, ки беш аз ҳама китоб мехонд.
Баъди таълимоти Фрейд экзистенсиализм ба вуҷуд омада адибони Ғарб маънидоди рафтори инсонро дар партави он ба тасвир мегирифтанд. Ва Муҳаммадзамон баъди тавсияи ман дар андак муддат осори Сартр, Камю ва дигар адибони Ғарбро хонда барои худ баҳрае бардошт. Салим низ бар асари мутолиа ба дараҷаи Франтс Кафка расидааст.
Чизе ки напазируфт, завқи пасти аҳли ҳунар буд. Боре гуфтам, ки аз фалонӣ чаро хушат намеояд, ки ў актёри хуб аст. Гуфт: Ўро боре дар нақше дидам, як ҳаракаташ ишорат ба узви ҷинсӣ дошт. Азбаски он намоиш барои бачаҳо низ пешниҳод мегардид, хеле нафратам омад. Гарчанде нақшҳои хуб дорад, аммо ҳеҷ бахшида наметавонам.
Аз ин суханонаш дарёфтам, ки Муҳаммадзамон бо дилаш як аст.
Бори охир чанд сол пеш дар ҷаласаи ҷашни 70-солагии Иттифоқи адибони Тоҷикистон дидам. Ў ва Кароматулло Шукруллоев шунида будаанд, ки ман ба ин ҷашн омадаам, дар паҳлўи бинои театри опера зери дарахтони баланд дар интизори омадани камина рост меистоданд.
Хеле хурсанд шудам аз ин дидорбинӣ. Сипас дар даруни бино ҳарчанд ҷустам, пайдо накардам, то ки имкони сўҳбате бештар аз ҳолпурсӣ даст диҳад. Рўзҳои дигар низ нанамуд. Маълум, ки кору бори зиндагӣ сахт пойбандаш кардаанд.
Ҳоло, ки ин сатрҳоро менависам, гўё он ҷо истодааст, бо ҳамон сари баланди пурғурур, ба мисли ҳамон дарахтони қадбаланд.
Аз ин беш наметавонам гуфт, ки Рўдакӣ дар марсияе гуфтааст:
Ганҷи заре буд дар ин хокдон,
К-ў ду ҷаҳонро ба ҷаве мешумурд.
Комментариев нет:
Отправить комментарий