четверг, 20 января 2022 г.

БА УСТОДИ АРҶМАНД


Адаш Истад – абармарди Самарқанд,
Адиб, олим, ҷаҳонгарди хирадманд.
Ҷаҳони илму ирфон дар бари ӯст,
Хаёли дарду дармон дар сари ӯст.
Аламбардори худогоҳи миллат,
Табобатхоҳи доғу реши зиллат.
Ниҳодаш чашмаи пурҷӯши фарҳанг,
Шавад бо як нигоҳаш нарм дилсанг.
Дароям як нафас бар файзбоғаш1,
Дилам гум мезанад андар суроғаш.
Зи дидораш яқин дилшод гардам,
Зи гуфтораш зи ғам озод гардам.
Адаш Истад – фурӯғи худшиносист,
Паёми муддаои баркамолист.
Зи мағзи ҷон ба мардум ҳарф гӯяд,
Гуҳар аз қаъри баҳри жарф ҷӯяд.
Надорад тоқати помоли оин,
Гузорад арҷ бар чашми ҷаҳонбин.
Ба ҷон мепарварад расми ниёгон,
Ки меёбам зи осораш фаровон.
Ба ӯ аз номи миллат сад тасанно,
Зиҳӣ, эй марди покандеши дунё!
Туро аз таҳти дил мо дӯст дорем,
Ба номат шеъру достон месароем.
Адаш Истад – бародарҷони дилҷӯ,
Аҷоиб сӯҳбаторо, фарди хушгӯ.
Китобҳои хубаш ганҷи маонист,
Хитобҳояш ниёзи зиндагонист.
Ки ҳар сатраш музайян бо муроде,
Варақҳояш пур аз арзеву доде.
Намехоҳад, ки мо бошем ғофил,
Намемонад, ки монем гӯлу ҷоҳил.
Дилам сӯзад ба ҳоли синабирён,
Ба шӯр ояд зи вазъи дидагирён.
Ба корафтода доим раҳнамоест,
Ба нафъи рушди миллат ҷонфидоест!

1 Ишора ба фейсбук.
11 январи соли 2022

 Нормурод КАРИМЗОДА
----
Сипоси фаровон ба шоири ширинсухан Нормурод Каримзода, ки муаллифи чандин маҷмӯъаҳои шеърианд ва ҳамзамон сардабири рӯзномаи ноҳияи Самарқанд ҳастанд, ки як саҳифааш тоҷикӣ аст.

Комментариев нет: