Гарчи хоҳам боз бошад сад Адаш
,Эй худоё ,солҳо истад Адаш.
Дар самарқандаш чу ӯ бедор аст,
Дар фазои тира парчамдор аст.
Чашми бедори Самарқанд аст ӯ,
Номусу ори Самарқанд аст ӯ.
Дар ҷасорат Айнии ҳолост вай,
Гар самарқандист ӯ, бо мост вай.
Бар самарқандаш,ки фарзанд аст ӯ,
Архивируси Самарқанд аст ӯ.
Бо Адаш ин шаҳр соҳибдор аст,
Бо ҳама яктоияш бисёр аст.
Бошад ӯ фарде зи соҳиборҳо,
Воқиф аз армонҳо,оморҳо.
Воқиф аз Чӯпонатою ҳам Сиёб,
Аз ,қаросӯ, ,отачӯпон, ӯ қимоб.
Дар шуҷоат ҳамчу шери ,Шердор,
Аз Адаш Истад моро ифтихор.
Комментариев нет:
Отправить комментарий