Номи устод Айниро дар баъзе маврид Садриддин ва дар ҷои
дигар Садриддинхоҷа хондаам. Масалан дар «Рӯзномаи Шарифҷон Махдуми Садри Зиё» ӯ Садриддинхоҷа номида шудааст. Садриддин Айнӣ
вақти навиштани нусхаи форсии китоби худ «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро»-ро
тамом мекунад, дар саҳифаи охир номи худро ин тавр навиштааст:
Садриддин Айнӣ ибни Саидмуродхоҷа.
Пурсиданиям, ки чаро дар вақти зикри номи устод Айнӣ номи
хонаводагии ӯ – Саидмуродхоҷаро Саидмуродзода менависанд ё умуман наменависанд?
Оё чунин муносибат нишонаи ҳурмат ба ин бузургвор буда
метавонад?
Донишмандони тоҷик дар ин бобат чӣ фикр доранд?
Комментариев нет:
Отправить комментарий