четверг, 25 декабря 2008 г.

Барзу ва дарди театр

Дар як намоиши телевизионӣ коргардони машҳури театри тоҷик Барзу Абдураззоқов ширкат мекард ва бо иштирокчиён муҳокимаи масъалаи ба театрҳои Тоҷикистон кам омадани тамошобин мерафт.

Барзу дар ин барнома ягона мутахассиси варзида буд ва бо камоли майл гўшу чашм шудам, ки ў билохир чи хоҳад гуфт.

Аз суханони ў ҳамин қадар фаҳмидам, ки як сабаби кам омадани тамошогар ба театр кам ба саҳна гузошта шудани асарҳои хуб будааст. Фикр кардам, ки магар танҳо ҳамин аст? Агар ҳамин суолро Барзу ба падари худ коргардон ва ҳунарпешаи машҳури театру синамо Ҳабибулло Абдураззоқов медод, бовари комил дорам аз ин марди ҳамеша ҳақгўй чунин посух мегирифт:

- Сабаби асосии ба театр кам омадани тамошобин камфарҳангии мардуми мост. Дар шаҳрҳое, ки театрҳояш пур аз тамошобинҳост, ба театр рафтан мисли барои харидани ғизо ба дўкон рафтан талаботи ҳатмии ҳар як фард гардидааст. Муаммои асосӣ он аст, ки барои ба чунин савия расонидани мардумамон чӣ бояд кунем.

2 комментария:

Анонимный комментирует...

Aslan ba man chunin menamoyad, ki teatri hozirai tojik aksi holi hayoti hozirai mardumro in'ikos karda nametavonad.
In ba mazmuni umumi.
Baadan teatri tojik talabi xuni navu tozaro dorad, ki haihot hunarmandoni javon mavjud nestand ki az tashnagi labi xushki teatri tojikro aqqalan tar kunand.
Ba misol, hunarmandi javoni operagi, tojik, Artur Gulkorovi dar amrikobuda. Ba u monand dar TJ kas ziyod dorem?
Tarzi korguzorii teatri tojik hamono boboist ki boboist. Az tarzi muosiri jalb namudani tamoshobin istifoda nameshavad. Az lihozi texniki nihoyat pas mondaast. Hamono rui latta intishori nazarnochaspi barnomaro zihi dari binoi teatr mebinedu dilgir meshaved.
Boz nisbati repertuar. Ba man tamoshoi sahnai hazrati xoja nasriddinu tavsifi hazorsolai boboi somonivu tavsifi xushki guzashtagoni buzurgamon hej shavqafzun nest.
Teatri tojik holo monandi zamoni olmoni gitleri tahti senzurai ashadii hukmat qaror dorad. Dar in mavrid ham teatr na az mavzuhoi ba mardum dilchasp gufta metavonad, na az hozira suxan meronadu na az oyanda. Bar'aks tahti taasiri siyosat, dar bisyori mavrid ba tavsif-taarifi janobi olivu atrofiyonash ru menihad.
Boz beshtar ba as'ori folklori takya menamoyadu az javhari ofaridahoi muderni jahon hej bahra nemegirad. Yaaane rangorang ham nest.

Fikram hamin bud. Umed doram in tavsifi odilona bud.

Manuchehr

Анонимный комментирует...

Ин чустор ва як чустори пешинаи Шумо дар бораи ормони миллй ва рушанфикрон як поя ва як пурсиш доранд -- ин миллат акнун ба кучо хохад рафт?

Аслан фикр мекунед ба касе мухим аст, ки точик театр дошта бошад?

Дарего, харчанд мехохам хушбин бошам, наметавонам. Чануби ин миллат сарои шимолашро мехурад, щимолаш ин миллатро мефурушад, шаркаш ба он фаранчй мепушонад, гарбаш...

Точикони чахон барои инхо факат замоне арч доранд, ки пуле бидиханд. Вагарна, онхо барои сарнишинони Душанбе пашизе арзиш надоранд.

Хуб, пас ба кучо меравад ин миллат?