суббота, 19 июля 2008 г.

ОДАМИ ГОВКАЛЛА

Пагоҳӣ аз хоб хестан замон ҳис кардам, ки сарам бениҳоят вазнин ва рўямро мўй пахш кардааст. Дақиқаҳои аввал сарфаҳм нарафтам, ки хоб мебинам, ё ки бедорам. Пардаҳои тирукамонранги тиреза ва партави тиллоии офтоби саҳар, ки аз байни пардаҳо ба хона медаромад, мегуфтанд, ки ман дар хоб нестам. Зеро ман ҳаргиз хоби ранга намедидам. Аз ҷоям хеста зуд ба ваннахона даромадам, ки афтамро дар оина бинам. Ба оина рў ба рў шуда каллаи говеро дидам, ки пешониқашқаи шохкўтоҳ буд. Шумо бояд гумон кунед, ки ман аз ин башараи хунуки худ тарсида аз ҳуш рафта афтидам. Не, танҳо сахт хафа шудам. Зеро ботинан ҳис мекардам, ки рўзе ба ҳамин монанд ягон балои азим ба сарам меояд. Хайрият, ки тамоман гов нашудам.

Дасту по, тана, гарданам аз они худам буданд. Гов дасту рўй, дандон намешўяд. Бинобар ин бо забони дарозам лабу биниамро лесида, ба хонаи кориам даромадам. Бисёр хуб, ки зану бачаҳоям ҳоло Қримро саёҳат мекунанд, вагарна башараи маро дида талхакаф мешуданд. Акнун бояд, ки роҳи баргардондани афти пешинаамро фикр карда ёбам. Борои он ки дардеро табобат кунанд, духтурҳо аввал сабабҳои пайдоиши он дардро муайян месозанд. Ҳоло вазифаи ман низ аз ҳамин иборат буд. Ҳар як одами мансабдор кўшиш мекунад, ки солҳои дароз курсии худро аз даст надиҳад. Барои ҳамин дар институт асосан ҳамшаҳриҳои худро гирд овардам. Вале ман наметавонам, ки тамоми институтро аз ҳамшаҳриҳоям пур кунам. Ин кори хатарнок аст. Қисми ками ҳайати кормандони институтро бояд, ки бегонаҳои нисбатан миёнаҳол ташкил кунад. Инро бинед, ки байни ҳамин бегонаҳо якта Эйнштейни оянда пайдо шуда монд, ки мо ба ў лақаби Эйнштейнчаро дода будем. Ҳарчанд кўшидам, ки «фондҳо тамом шуданд, пул нест» гуфта, ба харидани аппаратураҳои ба кори илмиаш зарур монеъ бошам, нашуд. Мошинҳои электронии кўҳнаи нодаркори корхонаҳою институтҳои илмиро ба пули худаш арзон харида, аз онҳо мошини нав сохта корашро давом дод. Дина ҷонишинамро ба лабораториаяш фиристодам, ки аз аҳволаш хабар гирад. Агар кораш мисли солҳои гузашта хуб бошад, ба лабораторияаш оташ занем. Ҷонишин дере нагузашта баргашту гуфт:

- Аҳмад Аҳмадович, даҳшат! Эйнштейнча рўямро сиёҳ кард.

Рўи ҷонишинам ҳақиқатан ангишт барин сип-сиёҳ буд.

- Ранг пошид?

- Не мавҷҳои номаълуми мошинаш сиёҳ кард.

- Шуд! – гуфтам ман мизро ба мушт зада. – Баҳона ёфт шуд, ана акнун барои ин беадабиаш аз кор пеш мекунам!

- Аз кор пеш мекунем, вале рўи маро кӣ сафед мекунад? – қариб, ки гиря мекард ҷонишинам.

- Худи Эйнштейнча сафед мекунад. Гардед, ман ҳоло вайро чунон боб кунам, ки чашмаш мош барин кушода шавад.

Вақте ки ману ҷонишинам ба лабораторияи Эйнштейнча даромадем, вай хурсандона суруд мехонд, лентаи сурохдори мошинашро аз назар мегузаронд. «Ист, ҳоло суруди мотаматро мехонӣ» гуфтам дар дилам. Вай ақаллан сар бардошта ба мо нимнигоҳе накард. Барои ў мо дар олам гўё ки вакуум будем.

- Рафиқ Эйнштейн! – дод задам ман сими мошинашро аз розетка ҷудо карда, - Шумо ба тамоми ҳаёти илмиатон хатти батлон кашидаед. Достони шумо сар нашуда ба охир расид. Дафъ шавед!

Вай бошад, давида омаду ҷараёнро аз нав ба мошин пайваста гуфт:

- Айби ман не. Ба лабораторияҳои мо бе иҷозати соҳибаш даромадан манъ аст. Инро ҳама нағз медонанд. Ман аз куҷо медонам, ки дили ҷонишинатон сиёҳ будааст. Охир ин мошини нави ман ҳар чизе ки дар дили одам бошад, онро ба рўяш нақш мекунад.

Баъди ин гап ман низ тарсида қафо гаштаму зуд аз дар баромадам. Аз бало ҳазар! Ҷонишин низ баромада гурехт, ки мошин боз ягон таъсири бад мекунаду ҳолаш аз ин бадтар мешавад.

Эйнштейнча аз паси мо аз дари лаборатория сарашро берун кард ва хандида гуфт:

- Чӣ метарсед? Охир, шумо одамони покдил ҳастед! Дигар ин ки хоҳеду нахоҳед аллакай мавҷҳо ба узвҳои шумо таъсир карданд. Рўятон ҳамон вақт сафед мешавад, ки дилатон пок шавад.

- Албастӣ! – гуфт ҷонишин ва бо фиғон аз бинои институт баромада гурехт.

Ман бошам, намедонам чӣ кор кунам. Ҳоло бегоҳӣ соати кории идораҳои боло тамом шудааст. Ба оина нигариста дидам, ки хайрият, дар рўям тағйироте нест. «Ҳеҷ гап не, худро тасалло медодам ман, - рўзи дигар ин олимчаро аз ҳаллоҷӣ гузаронида, ғозашро мекашам».

Бо ҳамин андешаҳо ба хона меомадам. Вақте ки мошинсавор аз байни саҳро мегузштам, чанд бор дар дилам хоҳише пайдо шуд, ки ба юнучқазор даромада алаф хўрам, вале бо азобе ин хоҳишро фурў нишондам. Як бор аз пешам подаи говон баромада монд, аз мошин фуромада, ба пода ҳамроҳ шуда рафта истода будам, ки подабон дод зад:

- Ҳўй, мулло-ака! Ба шумо чӣ шуд?

Баъд ба ҳуш омада ҳис намудам, ки кори нағз накардаам. Аз подабон шарм доштам. Қафо гашта ба мошин нишастам. Баъд аз ин омада фикр мекардам, ки ба Эйнштейнча чӣ кор кунам? «Бо шохҳоям зада шикамашро чок мекунам. Э-э… Чӣ ман гов шудаам?».

Дар сари ин андеша будам, ки телефон занг зад.

- Лаббай.

- Аҳмад Аҳмадович шумо? – пурсид хавотиромез ҷонишинам.

- Ҳа ман.

- Ҳозир аз радио як хабари нохуш расид, шунидед?

- Не.

- Зодгоҳамон, шаҳри бостонии азизамон дигар нест.

- Чӣ хел нест?

- Зилзила шуда шаҳр фурў рафтааст. Ақаллан ягон кас зинда намондааст.

- Маълум мешавад, ки ин ҳам боз як гуноҳи азими Эйнштейнча. Охир, мо мошини электронии Эйнштейнчаро барои санҷиш дар он ҷо гузошта будем-ку! Вай, охир зилзиларо пешгўӣ мекард-ку!

- Мо мошинро барои он гузошта будем, ки дар шаҳри азизамон ягон бор зилзила нашудааст ва умедвор будем, ки дар оянда зилзила нахоҳад шуд, кашфиёт аз санҷиш нагузашта, кашшоф пир шуда мемурад.

- Ин тавр бошад, чаро мошин зилзиларо пешгўӣ накардааст?

- Шумо худатон гуфта будед-ку…

- Ман ҳазл карда бошам, шумо ун хел кардед?

- Ҳа, ман як сими лучи дугазиро даруни он фаромўш кардам будам.

- Агар комиссия онро ёбад, каппаатон месўзад.

- Ман аз ин тарафаш хотирҷамъ. Охир сардори комиссия шумо мешавед, ё ки яке аз ошноҳои шумо мешавад.

- Не, дар ин ҳолат аз марказ меоянд.

- Рўям сиёҳ! – гуфт ҷонишин. – Мошинро ман ба истифода дода, мўҳру сурғуч зада омада будам. Аҳмад Аҳмадович, хоки поятон шавам, ягон илоҷашро ёбед.

- Ягон илоҷ меёбем, вале виҷдонатон канӣ?

- Аҳмад Аҳмадович, ман то ҳол ҳамаи гуфтаҳои шуморо бечуну чаро иҷро мекардам. Ва ҳеҷ гоҳ аз худам намепурсидам, ки ин кор аз рўи виҷдон ё не! Виҷдони шумо – виҷдонии ман.

Баъди гўшакро монданам, телефон боз як бор занг зад.

- Аҳмад Аҳмадович? – шунида шуд овози Эйнштейнча.

- Ҳа.

- Гов! Балки аз гов ҳам бадтарӣ. Ту фармон додаӣ, ки ба лабораторияи ман оташ зананд?! Дониста мон, ки лабораторияи ман автоматҳои сўхтор хомўш мекардагӣ доранд, тират хок хўрд! Оташ аз долон гузашта, кабинети худатро хокистар кардааст, омада тамошо кун!

Ман гўшакро партофтам. Ин боз як сиёҳкории ҷонишинам буд. Говигарии худам низ: Магар ман гов шудаам? Не, гов будам. Говигарӣ дар ботини ман пинҳон будааст. Вале акнун баъзе нишонаҳои он аён мегарданд. То ин дам ман онро бо сурати одам хаспўш мекардам. Шамоле хесту хасҳоро тит кард. Гов аён шуд. Гов будан айб не. Сарчашмаи инсоният аз говмардест, ки нима марду нима гов будааст. Рассоми машҳур Пикассо низ дар сураташ одамеро тасвир кардааст, ки сараш ба каллаи гов монанд аст. Ҳоло мебинед, замоне мешавад, ки одам буданро айб медонанд. Ҳамин тавр, ҳама мизоҷи ҳайвонотро аз худ мекунанд. Яке шеру дигаре рўбоҳ, яке гургу дигаре гўфанд, яке мору дигаре моҳӣ мешавад, - фикр мекардам ман. Вале ман ҳоло чӣ кор кунам? Бо ин сурати даҳшатангез ба кўча баромада намешавад. Кору зиндагӣ карда намешавад. Агар ботинан одами накўкортарини олам бошад ҳам, мардуми нек аз ин афти ман тарсида мегурезанд. Мегурезанд, то ки бори ҳазору якум фирефтаи одамсурати ҳайвонмиҷоз гарданд.

Бегоҳӣ ҳаво торик шудан замон ба роҳи оҳан меравам. Поездро интизор мешавам, ки ин сари гов аз танаи одам ҷудо шавад.

Роҳи дигар нест.

Оиди говкаллаҳо

Ба Тоҷвар сипос, ки аз ҳикояи камина 20 ё 30 сол пеш бо унвони «Одами говкалла» чоп намудаам дар гўшаи шарҳу тафсири блог ёдовар шудааст.

Ҳикояҳои фантастикии камина заминаҳои бумӣ доранд, аз ҷумла зидди зуҳуроти бади маҳалгароӣ нигаронида шудаанд.

Маҳалгароӣ дар Тоҷикистон дар замони шўравӣ ба вуҷуд омада хеле ривоҷ ёфт, ки сабабаш ба вуҷуд наомадани консолидацияи тоҷикон дар пойтахти нав шаҳри Душанбе аст.

Мегўянд, ки имрўзҳо маҳалгароӣ авҷу нерўи нав дорад. Намедонам, зеро солҳои охир дар он ҷо набудам. Аммо ёдоварии Тоҷвар аз ин ҳикоя гувоҳӣ дод, ки ҳанўз ҳам ин асар актуалӣ аст ва ба ин хортир манзури блогхонҳо мегардад аз китоби «Баъди ҳазор сол…» Душанбе – 1987. Ба ғайри ин ҳикояҳои «Сарнавишти Кибербой» (маҷмўъаи «Замир») Душанбе, 1978 ва «Бузҳо ва гўсфандон» (маҷаллаи «Садои Шарқ», 1991, №4) ба ин мавзўъ дахл доранд.

четверг, 17 июля 2008 г.

Китоби худро оташ занам?

Дар мақолаи «Авҷи хурофотпарастӣ» муносибати худро ба хурофот муайян кардаам, ки он дар ҳамин блог нашр гардидааст.

Аммо унсурҳои хурофотӣ, мистика дар жанри асарҳои хаёлӣ, илмию фантастикӣ барои офаридани образҳои муассиру хотирмон, ки доимо истифода шудаанд, барои тақвияти хурофот набуда ба мақсади ҳайби таваҷҷўҳ ба аҳодиси пурасрор ва то ҳанўз номакшуф низ ҳаст.

Камина дар ҳикояи фантастикии «Мазори деҳаи Муғон» «арвоҳ»-и гузаштагонро бо вайронкориҳои замони шўравӣ муқобил гузошта ба ҳалли бадеии асар муваффақ гардидаам. Ва андеша ин буда, ки мазор то кадом дараҷа дар шуури мардум мақом дорад.

Аммо дирўз телевизиони Тоҷикистон аз мазори Сангтўда репортажи кадом як журналисти ин телевизионро намоиш дод, ки «ман ҳам ба ин мазор эътиқод дорам» гуфта хоки мазорро болои чашмаш ниҳод.

Аз хонандагони блог узр мехоҳам, агар ҳикояи маро ин тавр нодуруст фаҳмида бошанд.

Ҳоло дар фикри онам, ки агар мазорпарастӣ дар Тоҷикистон ба ин дараҷа расида бошад, ки паёмнигори телевизион ҳам дар қатори як одами бесаводи омӣ фикр мекунад, китоби худро оташ занам?

То ки ин ҳама навиштаҳои камина дар жанри фантастика ангезае барои хурофотпарастӣ нагардад?

вторник, 15 июля 2008 г.

Биёед, биандешем!

Блоги Андеша бо чопи мақолаи Тоҷвар оиди он ки яке аз ҳизбҳои сиёсии Русия касе ду гўши тоҷикро бурида биёрад, ба узвият қабул мекардааст, ҳамаро ҳайрон кард. Ин гапи бофта набудааст, зеро яке аз рўзномаҳои машҳури Русия чоп кардааст.

Биёед биандешем: дар Русия аз ҷумҳуриҳои собиқи шўравӣ мардикорон зиёданд. Ва чаро танҳо тоҷик ҳадаф қарор гирифтааст? Агар барномаи Галустянро дар ТНТ бинед, он ҷо низ тоҷик ҳадафи ҳаҷву масхара қарор мегирад. Чанд бор ў персонажҳои худро умумиосиёимиёнагӣ вонамуд кардан хост, вале дар охир «Тоҷикистон, Тоҷикистон» гуфта суруд хонд.

Яке аз шиносҳоям, ки миллаташ куриёӣ аст, чанд муддат дар Маскав кор карда ба Самарқанд баргашт. Ў ба ман гуфт, ки мардуми Маскав маро аз рўи тарҳи чеҳраам қазоқ гумон мекарданд ва муносибаташон хуб буд.

Мардуми қазоқ мисли тоҷикон Рўдакиву Сино барин бузургону фарҳанги қадима надорад, аммо соҳиби эҳтироми хосе будааст. Сабаби чунин ҳурмат чӣ бошад? Эҳтимол вазъи беҳтари иқтисодии Қазоқистон будагист. Ё ки забон ва урфу одатҳои русиро беҳтар донистани қазоқҳо будагист. Ё ки ҳукумати ўҳдабарои қазоқ будагист, ки пешрафти калони иқтисодиёти кишварро ноил гардид. Худи мо низ гунаҳкорем, ки маданияти баланди халқамонро ба назари мардуми Русия намоён карда натавонистаем.

20-30 сол пеш ба яке аз созмонҳои фарҳангии Тоҷикистон аз Маскав чанд нафар шахсиятҳои машҳур меҳмон мешаванд. Сардори созмони ҷумҳуриявӣ ба шарафи онон гўсфанд мекушад. Қассобе, ки ин гўсфандро куштааст, корд ба гулўи гўсфанд кашида як косаро аз хуни гарми гўсфанд пур карда онро дар пеши назари меҳмонон дам мекашад. Чашми яке аз меҳмонон аз ҳайрат қариб тарки косахона мекунад ва дод мезанад: - Кровопийца! (Яъне – хунхор!)

Ҳамаи қассобҳо чунин одат надоранд, аммо як кас бо чунин рафтори ношоям доғ ба мардуми тоҷик афкандааст.

Биёед биандешем, оё мардуми тоҷик дар назди миллатҳои дигар фарҳангу фазилати бузурги худро намоиш дода тавонист?

Биёед биандешем, ки чанд бор сигори нимсўхтаро ба қутти напартофта ба зери по пахш карда куштем. Чанд бор бемаданиятии худро дар назари мардуми дигар нишон додем?

Магар танҳо айби миллатгароёни рус ҳаст? Магар айби худи мо низ зиёд нест?

Биёед биандешем…

Агар миллати моро аксари мардуми рус то ба ҳол нашинохта бошад, ин ҷо бештар айби худамон ҳаст. Дар корхонаҳоямон бояд маҳсулотеро истеҳсол кунем, ки дар дигар кишварҳо ё кам бошад ё тамоман набошад. Масалан гурҷиён бо шароби ангур ва арманиҳо бо коняки сеоташаи худ шўхрат ёфтаанд.

Хуб гуфтем, ки ин ҳам имконнопазир нест. Пас бояд нерўгоҳҳои атомӣ бисозем! Коре кунем, ки дар ҷаҳон ғулғула афканад!

Биёед, биандешем!

Эҳтимол садҳо блогхонҳо эътироз кунанд ва бигўянд: Шумо адиби фантазиянавис ҳастед, ин гуна фантазияҳоро амалӣ кардан осон нест! Пеш аз ҳама маблағи калон даркор, сармояҳои калони хориҷӣ лозиманд.

Пас биёед омўзед, ки чаро кишварҳои дар саршумори аҳолӣ ва марзу обу ҳаво ба Тоҷикистон баробар ба чӣ сабабҳо ба пешрафт ноил шудаанд? Чаро кишвари Исроил пешрафт дорад?

Биёед, як сол тамоми даромади солонаи кишварро ба харидани компютерҳо барои мактабҳо сарф кунем. Ҳар як талабаро ба Интернет пайваст кунем, то ки илми барои худ заруриро ба воситаи он бигирад.

Ҳам пешрафти миллат таъмин мешавад ҳам обрўи миллат баланд мегардад!

Вале барои ин кор ислоҳотгарони бузург лозиманд.

Боз чӣ корҳои аҷибу ҳайратангез кардан мумкин аст?

Биёед биандешем!

понедельник, 14 июля 2008 г.

Блоги шоири самарқандӣ

Акбар Пирўзӣ – шоири самарқандӣ блоги худро дар Интернет бо номи «Нони Самарқанд» http://nonisamarkand.blogspot.com/ боз намуд.

Ў дар ин блог шеърҳоеро, ки дар китоби «Чашмаҳои меҳрубонӣ» (нашриёти «Зарафшон»-и Самарқанд. 2008) чоп кардааст, манзури блогхонҳо мекунад.

А.Пирўзӣ соли 1947 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Факултаи забонҳои хориҷии донишгоҳи Самарқандро хатм кардааст. Инглисидон аст ва солҳои зиёд ба сифати рўзноманигор ва гид-тарҷумон адои вазифа намудааст.

воскресенье, 13 июля 2008 г.

Номи Самарқандро пул мекунанд

Мудири Осорхонаи сулҳи Самарқанд Анатолий Ионесов ва ходими калони Осорхона – мамнўъгоҳи Самарқанд Фирўза Баҳриддинова дар рўзномаи «Зарафшон»-и Самарқанд мақолаеро таҳти унвони «Самарқанд дар ҷаҳон» чоп карданд.

Тибқи маълумоти дар ин мақола зикргардида дар кишварҳои гуногуни олам ба ғайри меҳмонхона, ресторан, қаҳвахонаву чойхонаҳо садҳо мағозаҳои гуногуни тиҷоратие, ки Самарқанд ва номи давраи истилои юнонии он – Мароқандро доранд, ҳастанд. Аммо ин номҳо барои ҷалби диққати харидорон буда дар онҳо ягон осори ҳунармандони Самарқанд фурўхта намешаванд. Яъне танҳо аз номи Самарқанд фоида мегирифтаанд. Масалан дўконҳои заргарие, ки Самарқанду Мароқанд ном гирифтаанд, ягон осори заргарии самарқандиёнро намефурўшанд.

Аммо чунин ном гузоштагон хуб медонанд, ки бо дидани ин ном дар пештоқи дўкони онҳо чашми муштариён фурўзон шуда шаҳри орзуҳои афсонивӣ ва мўъҷизавӣ пеши назарашон ба ҷилои садранг ба ҷилва меояд ва онҳо бо умеди чизе аз ин шаҳри орзуҳо ба даст овардан беихтиёр вориди дўкон мешаванд. Дигар ин тарафаш ба дасти фурўшандагони соҳир аст, ки сад хел тиллловори кори дасти яҳудиёни Исроилро манзури ў мегардонанд ва бе харид ҳаргиз берун нахоҳад рафт.

(Мебояд, ки Растаи Заргарони қадимро барқарор, кунем, ки дар оқиби мадрасаи Улуғбек буд.)

Аммо хориҷиён бо ин ҳама иктифо накардаанд ва бисёр ширкату кооперативу ва ғайраҳоро Самарқанд номидаанд. Ин фирмаҳо бо таъмини прогромҳои компютерӣ, истеҳсоли мебел, маҳсулоти бофандагӣ, зарфҳои рўзгор, ҳунармандӣ, полиграфӣ ва ғайра машғуланд, ки бо Самарқанд ягон иртиботе надорад.

Масалан дар Фаронса ширкати «Самарқанд» дар бисёр шаҳрҳои он офиси худро мустақар кардааст. Ширкати «Самарқанд»-и Италия дар шаш шаҳри ин кишвар шўъбаҳои худро кушодааст. Дар Ҷексонвилл (ИМА) отельеи мўди «Мароканд кутюр» мавҷуд будаааст. Дар Мадрид бошад мактаби гузаронидани вақти холии «Самарқанд» ҳаст. Ба ғайри ин бо ин ном агентиҳои ҷаҳонгардӣ низ фаъолият мекунанд.

Чунин ширкату фирмаҳо он қадар зиёд, ки номи ҳамаи онҳоро имкони дар ин мақола ғунҷонидан нест. Дар байни онҳо «Самарқанд» ном киновидео ширкати Мадрид, «Самарканд Филмс»-и Фаронса ва ғайраҳо ҳастанд.

Аммо аҷиб он аст, ки барои харидоргир кардани маҳсулоти худ аз зарфҳои хўрокхўрӣ то атру равғани мошин ҳар чизеро, ки хоҳанд «Самарқанд» ном ниҳода фурўхта истодаанд. Масалан дар Маскав фирмаи «Иверия» бо номи «Самарқанд» дастаи дар сохта мефурўшад.

Теъдоди чунин маҳсулот низ садҳост, аммо аз ин ҳама тиҷорат ба худи шаҳри Самарқанд ҳатто ягон сент фоида намерасад, ки ба таъмири ёдгориҳои меъморие, ки боиси шўҳрати ҷаҳонии Самарқанд гардидаанд, сарф кунад.

Танҳо номи Самарқанд ба ширкатҳои хориҷ аз Ўзбекистон ҳар сол садҳо миллион доллар фоида меорад. Магар чунин шаҳри пуровозаву пурфайзи дигаре дар ҷаҳон ҳаст?

Филмҳое, ки Самарқанд ном доранд, бисёранд. Чанд сол пеш синамогарони урупоӣ филми телевизионии «Самарқанд»-ро ба навор гирифта буданд, ки ҳамчун роҳбари маҳфили адабии Маркази фарҳангии тоҷк як лаҳзае дорад, ки иштироки камина зарур шуда буд.

Инак он лаҳза.

пятница, 11 июля 2008 г.

Исм, ҷисм ва маънавият

Оиди номгузории воҳидҳои марзии маъмури ё кўчаву қасру боғҳо як қонун ва низоми муайян бошад, беҳтар аст.

Зеро ин номҳо ҷузъи фарҳанг ба ҳисоб мераванд ва сатҳи маданияту афкори мардуми Тоҷикистонро ба олам намоён мекунанд. Дар ин бобат рўшанфикрони тоҷик дар матбуоти Тоҷикистон баҳсе перомуни ном ва номгузорӣ меоростанд, бисёр паҳлуҳои масъала рўшан мегардид.

Барои мисол мегўям, ки ба ҷои «Ғафуров» номи он шаҳрро Бобоҷонобод гўянд, тибқи суннатҳои номгузории тоҷикӣ мебуд.

Аммо аз рўи талаботи мавкуравии давраи муайян номҳои нав ниҳодан такрори ҳамин гуна амали роҳбарони собиқи шўравист. Орҷоникидзеобод ном ниҳодан хато буд.

Як ҷойро Тоҷикобод ном мондаанд, магар ҷойҳои дигари Тоҷикистон дигармиллатобод аст? Ё ки магар ноҳияҳои Фалғар ва Регарро ба номи устодони сухан гузоштан дуруст буд?

Қонуни номгузорӣ ба ҷои номҳои таърихӣ гуоштани номҳои навро бояд манъ кунад. Ба фикри камина ваҳдат на танҳо ба як ноҳия, балки ба тамоми қаламрави Тоҷикистон тааллуқ дорад. Як кўча ё майдонро дар тамоми шаҳру ноҳияҳо Ваҳдат ном ниҳодан мумкин аст.

Донишмандони забон бояд муайян кунанд, ки дар кадом ҳолат вожае, ки сифат ҳисоб меравад, исм шуда метавонад. Масалан номи тоърихии ин маҳал кай пайдо шудааст? Вожаи кофарниҳон чӣ торихе дар худ нуҳуфтааст? Оё аз замони тоисломӣ қисса намекунад?

Чунон ки дидем, номгузорӣ кори осон набудааст. Ва ман ҳам наметавонам дар ин бобат як маслиҳати ҳамабоб диҳам. Танҳо мехоҳам баҳсе сурат гирад ва ҳақиқати масъала равшан шавад.

Дар бобати гузоштани номи Самарқанд ё Бухоро ба ресторану меҳмонхонаҳои шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон ба чунин ақидаам, ки агар ин биноҳо чизе аз санъати меъмории ин шаҳрҳои бостонӣ дар худ муҷассам накарда бошанд, онҳоро «Самарқанд» ё «Бухоро» ном ниҳодан хатост.

Усто Амриддини Самарқандӣ, ки нисфи умрашро дар ороишу тармими иморатҳои Тоҷикистон сарф кардааст, мегўяд, ки ресторани «Золотая Бухара»-и Маскавро дар услуби гачкорӣ ва наққошию наҷҷории Бухоро сохтааст.

Яъне ҳар як чизро исмаш бояд ба ҷисмаш мувофиқ бошад.

Сипас, агар дар чунин ресторан таомҳои хоси Самарқанд ё Бухороро таҳия карда натавонанд, боз ҳам номувофиқатӣ хоҳад буд.

Фикр мекунам, ки номҳои шаҳрҳои торихиро гузоштан ба баланд шудани маданияту хизмат дар чунин муасисаҳо, барои ба вуҷуд овардани фазои меъмории миллӣ дар шаҳру навоҳӣ таконе хоҳад дод.

Номи баланд масъулиятро низ баланд мекунад. Дар Самарқанд меҳмонхонаеро «Шоҳнома» мавсум кардаанд. Ин ном водор хоҳад кард, ки соҳиби меҳмонхона толорҳои онро ба услуби минётурҳои «Шоҳнома» оро диҳад.

Ман тарафдори чунин номҳои торихи ва ифодакунандаи фарҳанги пурсарвати миллӣ мебошам. Дар Соли гиромидошти забони форсии тоҷикӣ модарватани ин забон Самарқанду Бухороро арҷ гузошта номҳои кўчаву майдонҳоро ба тартиб овардан ҳам фарзу ҳам қарз аст.

Як ресторан ба номи «Хайём» бошад, дигар ресторан ба «Девони Ҳофиз» мавсум шавад, ки дар онҳо шеъру минётурҳо ба мавзўи осори онон ҷой гиранд. Аҷиб аст, агар дар зарфҳо шоҳбайтҳои ин бузургони назми форсӣ ҳаккокӣ шуда бошад.

Оиди аҳамияти ин ду шаҳри бостонӣ дар фарҳанги мардумони Осиёи Марказӣ шеърҳо навиштаам, ки бо яке аз он мақоларо хотима мебахшам.

CАМАРҚАНДУ БУХОРО
Барои устод М.Шакурӣ

Самарқанду Бухороро дилу ҷон метавон гуфтан,
Дилу ҷони санохони Хуросон метавон гуфтан.
Ду алмосе ба тоҷи тоҷдорон метавон гуфтан.
Чу шаҳбайти ғазалҳои бузургон метавон гуфтан.
Якеро қуббатулислому дигар қуббатулирфон,
Ва ҳар дуро зи нури ҳақ чароғон метавон гуфтан.
Яке гар чашмаи Хизр аст, дигар чашмаи Кавсар,
Ва ин дуро Зарафшон дар биёбон метавон гуфтан.
Нахушкиданд гулҳояш зи дасти боди поизҳо,
Бухороро баҳоре дар зимистон метавон гуфтан.
Агар лафзи дарӣ ҷон дардиҳад рўзе ба сад афғон,
“Бухоро – гўри армонҳои Сомон” метавон гуфтан.
Шамида ҷонҳои хаста аз бўи Самарқандам,
Ва атру анбараш бурда ба Юнон метавон гуфтан.
Манори пойбарҷояш бад-ин фарру бад-ин шавкат,
Сутуни қомати айвони Яздон метавон гуфтан.
Дар ин ду шаҳри хушхўён зияд Хизри даригўён,
Ва ганҷашро нигаҳбон шоҳи морон метавон гуфтан.
Мазори Дониёлу Ҷирҷис ин ҷо дар Самарқанд аст,
Варо меҳроби ҳар дину ҳар имон метавон гуфтан.
Гарам аз Бўали Сино Самарқанду Бухороест,
Ба захми бедавои сина дармон метавон гуфтан.
Дар ин ду шаҳри додар ворисони Рўдакӣ бисёр,
Ва мактабҳои онро сардабистон метавон гуфтан.
Бухорою Самарқандам ба дасташ оташи ҷовид,
Чароғи раҳнамое дар шабистон метавон гуфтан.
Ба каф ҷон нақши Хайём андар ин ду шаҳр мегардад,
Ва ин дуро зиёратгоҳи риндон метавон гуфтан.
Ба марзи донишу фарҳангу авҷи сарбаландиҳо,
Ҳимолою Бадахшону Тиёншон метавон гуфтан.
Даригўянд дар ҷаннат ҳама ҳуру париён ҳам,
Ва ин дуро суханзори париён метавон гуфтан.
Самарқанду Бухоро Каъбаи хоки Хуросон аст,
Ва ҳар дуро ду чашми поки Яздон метавон гуфтан.

четверг, 10 июля 2008 г.

Боз як мактуби Афшини Истаравшани

«Номи Самарканд дар Точикистон» гувохи медихад, ки дар ин чумхури ягон низоми дурусти номгузори нест. Конун бошад хам амал намекунад, вагана Вахдат номи нохия намегардид.
Самарканду Бухоро на танхо марказхои фархангии кадимаи точиконанд, балки то дируз дар тули торихи 2-3 хазорсолаи фарханги халки мо чунин бори азим ва миллатсозро бар душ доштанд.
Агар ин шахрхо гизои маънавии дар худ чамкардааашонро ба Рудакиву Сино, Хайёму Дониш, Айниву Гафуров барин бузургон намедоданд, имрўз фарханги точик хам намебуду чумхурии он низ вучуд намедошт.
Ин шахрхо модари фарханги точик, гахвораи тамаддуни точик буданду хастанд.
Сахми бузурги ин шахрхоро дар бунёди фарханги дигар халкхои Осиёи Маркази хусусан узбекон таъкид кардан савоб аст.
Хеле шармандагист, ки берун аз Узбекистон дар тамоми шахрхои ободу пешрафтаи чахон бо ифтихор зиёда аз дусад мехмонхонаву ресторанхоро Самарканд ном гузоранду дар марзи меросхури фарханги ин шахр – Точикистон чунин амали набошад.
Дигар чи мегуям? Hay-hay!!!

среда, 9 июля 2008 г.

Номи «Самарқанд» дар Тоҷикистон

Тибқи гузориши осорхонаи сулҳи шаҳри Самарқанд А.Ионесов дар тамоми ҷаҳон зиёда аз 200 меҳмонхонаву ресторану қаҳвахонаву чойхона «Самарқанд» ном доштааст.

Дар баъзе шаҳрҳое, ки аллакай ресторане номи Самарқандро гирифтааст, ба дигар ресторанҳо «Гунбазҳои Самарқанд» ва «Бозори шарқонаи Самарқанд» ё Регистону «Суғдиёна» ном ниҳодаанд.

Ба ёдам расид, ки дар Маскав бо капитани киштии «Самарқанд» Станислав Гагарин ҳамроҳ дар семинари фантазиянависони СССР ширкат карда будам.

Ҳини сафарам дар шаҳри Машҳад ба меҳмонхонаи «Самарқанд» дучор шудам. Дар Эрон ду маҷалла «Самарқанд» ва «Бухоро» ном дорад.

Баъди ин гузориши Ионесов бисёр фикр кардам, ки ягон меҳмонхона, рестора, ошхона, чойхона ё кўчаи шаҳри Душанберо ба ёд оварам, ки номи Самарқандро дошта бошад.

Ба ёдам наомад.

Ба номи Бухоро як кўча ҳаст, ки собиқ ба номи Орҷиникидзе буд.

Дар Тоҷикистон, вақте ки оиди Самарқанду Бухоро сухан меравад, бо ифтихор «маркази қадимаи илму маданияти тоҷик буд» мегўянд. Аммо ҳамаи ин нўгизабонист, самимӣ нест.

Агар ин ифтихор ҳақиқӣ мебуд, дар ҳар шаҳри Тоҷикистон як меҳмонхона, ресторан ё як кўча Самарқанд ё Бухоро ном мегирифт.

Номи «Теппаи Самарқанд» берун аз шаҳри Душанбе гувоҳӣ медиҳад, дар дили пешгузаштагон эҳтиром ба марказҳои фарҳангии миллӣ воқеӣ будааст, на мисли имрўз – нўгизабонӣ.

понедельник, 7 июля 2008 г.

АДАШ ИСТАД (маълумоти тарҷумаиҳолӣ ва эҷодӣ)

Насрнавис ва рўзноманигори шинохтаи тоҷик Адаш Истад (Истадов) 7-уми сентябри соли 1946 дар деҳаи Ўташиқи ноҳияи деҳотии Самарқанди вилояти Самарқанд ба олам омадааст. Баъди ёздаҳ соли таҳсил дар мактаби рақами 16-и ноҳияи мазкур соли 1964 ба факултаи суханшиносии тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуда онро соли 1969 бо дипломи имтиёзнок хатм мекунад. Фаъолияти рўзноманигориро А.Истад соли 1969 дар идораи рўзномаи ҷумҳуриятии “Комсомоли Тоҷикистон” ба сифати ходими адабӣ шурўъ кардааст. Сипас ў дар идораи рўзномаи “Маданияти Тоҷикистон” (сипас он “Адабиёт ва санъат” ном гирифт), идораи радиои Тоҷикистон дар шўъбаҳои гуногун адои вазифа мекунад. Дар ин солҳо ў радиопйесаеро бо номи “Таркиш” навишт, ки он дар хазинаи радиои тоҷик ҳамчун аввалин пйесаи махсус барои радио ба тоҷикӣ навишташуда нигоҳ дошта мешавад. Ҳикояҳои илмӣ – хаёлии А.Истад аз соли 1966 ин ҷониб чоп мешаванд. Маҷмўаҳои ў “Мавҷи хаёлот”(1970), “Суруди офтоб” (1974), “Замир”(1978), “Дарахти пахтачормағз” (1981), “Баъди ҳазор сол” (1988) ҳикояҳои дар жанри илмӣ – фантастикӣ навиштаи ўро дар бар гирифтаанд.

А.Истад барои бачаҳо афсонаҳои адабӣ низ навиштаст. Асоси афсонаҳои ўро ривоятҳои мардумие ташкил додаанд, ки худ аз мардуми Самарқанд солҳ ои гуногун шунидааст. Чунин афсонаҳои адабӣ дар маҷмўаҳои ў “Парвози меъмор” (1985) ва “Чароғи сеҳрнок” (1989) чоп шудаанд.

А.Истад дар жанри насри таърихӣ низ қувва озмудааст. Силсилаи ҳикояҳои таърихии (маҷмўаҳои) “Борбад” (ба заб.русӣ) ва “Ҳикояҳо аз рўзгори Борбад” (1990)-и ў аз рўзгори мусиқори бузурги Осиёи Марказӣ Борбади Марвазӣ нақл мекунад ва дар шакли китоб ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба табъ расиданд.

Соли 2007 дар Тошканд баъзе мақолаҳои ў оиди торихи Самарқанд китоби «Армуғон» (Ҳаммуаллиф Ғ.Маҳмудов) ба забонҳои тоҷикӣ, узбекӣ ва русӣ нашр гардиданд.

Маҷмўаи нави насру назми ў соли 2008 бо номи «Оҳангҳои Самарқанд» дар Душанбе чоп шуд.

А.Истад муаллифи бисёр ҳикояҳои ҳаҷвӣ низ мебошад, ки онҳо дар маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак”, маҷаллаи адабии “Садои Шарқ”, рўзномаи “Адабиёт ва санъат” ва дигар нашрияҳо рўи чопро дидаанд.

Адаш Истад соли 1975 узви Иттиҳодияи адибони шўравӣ гардид. Соли 1990 барои як силсила мақолаҳои дар руҳияи ошкорбаёнӣ навиштааш ў ба мукофоти ҷумҳуриятии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мушарраф шуд.

А.Истад муаллифи мазҳакаҳои “Хўса”(1995) ва “Шайтонпарӣ” (1996) низ мебошад. Театр-студияи “Овози Самарқанд” мазҳакаи “Хўса”-ро соли 1995 дар таҳияи Артисти халқии Тоҷикистон Бурҳон Раҷабов дар Самарқанд ба саҳна гузошт.

Соли 1989 Адаш Истад дар маҷаллаҳои “Чашма” ва “Родник” барои хурдтаракон як силсилаи ҳикояҳоро ба табъ расонид, ки онҳо “Саргузашти Нахўдак” номида шудаанд. Дар ин ҳикояҳо қаҳрамони афсонаҳои халқии тоҷикӣ Нахўдак симои замонавӣ пайдо карда ба як персонажи барои хурдтаракон шавқовар ва ибратомўз табдил меёбад. Ин асарҳо давоми сабки афсонабофии бадеии ўст, ки дар маҷмўаҳои афсонаҳои ў равшан зоҳир шудаанд.

А.Истад то соли 1993 дар идораи ҳафтаномаи адабии “Адабиёт ва санъат” ба сифати муовини сардабир адои вазифа мекард. Ў соли 1993 ба Самарқанд баргашта дар идораи “Овози Самарқанд” дар вазифаи мудири шуъбаи маънавиёт ва баъд дар рўзномаи “Овози тоҷик” паёмнигори вилоятӣ гардид.

Ҳикояҳои Адаш Истад ба забонҳои ўзбекӣ, русӣ, украинӣ, белорусӣ, чехӣ, қирғизӣ, туркманӣ, озарӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шудаанд. Адаш Истад низ бисёр ҳикояҳо ва радиопйесаҳои адибони кишварҳои гуногунро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Ҳафт ҳикояи хаёлӣ ва фалсафии А.Истад ба забони русӣ дар маҷмўаи “Вселенское время” (нашриёти “Адиб” Душанбе , 1988) дар тарҷумаи Л.Синицина, М.Табачников ва В.Чередниченко ба табъ расидаанд.

Аммо зинаи нави эҷодиёти адиб баъди бозгашти ў ба Самарқанд соли 1993 оғоз меёбад. Дар рўзномаҳои “Овози тоҷик” ва “Овози Самарқанд” соли 1994 паи ҳам ҳикояҳои “Домоди якрўза”, “Кӣ чӣ мехонад?”, “Иқтисоди бозор дар оила”, “Рўзи охирин” (дар бораи Мирзо Улуғбек), “Санги сарнавишт” чоп шуданд ки аз ҷониби аҳли адабу фарҳанг баҳои баланде гирифт. Дар рўзномаи “Овози Самарқанд” (25 октябри соли 1994) ба ин ҳикоя тақризи доктори улуми филологӣ, профессор Садрӣ Саъдиев чоп шудааст. Ин ҳикояро баъд рўзномаи “Овози тоҷик” (29 апрели соли 1995) ва рўзномаи вилоятии Самарқанд “Зарафшон” (10 сентябри соли 1995 ба забони ўзбекӣ дар тарҷумаи Ҷамол Сироҷиддин) ба табъ расониданд. Соли 1995 А.Истад дар рўзномаҳои “Овози тоҷик” ва “Овози Самарқанд” ҳикояҳои “Нардбони Ҳоҷа”, “Даҳшатқул”, “Мазори деҳаи Муғон” ва “Пир дар осмон”-ро ба табъ расонид, ки як тарзи инъикоси бадеии қишри рўҳонии ҳаёти маънавии Самарқанд аст.

Эҷодиёти А.Истад дар адабиётшиносии тоҷик ҳаддалимкон баррасӣ шудаст. Дар мақолаҳои доктори улуми филологӣ Ҷўрахон Бақозода “Сухан аз дарди ҷовидона”, Ҷонон Бобокалонова “Чанд ҷиҳати як асар” (рўзномаи “Адабиёт ва санъат” 3 феврали соли 1992), Азим Амин “Афсона ва воқеият” (“Адабиёт ва санъат”, 17 ноябри соли 1992), Болта Ортиқзода “Умри судбахш”, Д.Баҳриева “Китоби дилкаш”, Аслиддин Қамарзода ”Дар хаёлаш замину кайҳон ва маънои ҳаёти инсон” (“Овози Самарканд” 28 сентябри соли 1996) ва ғайра эҷоди А.Истад баррасӣ ва таҳлил гардидаанд. Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар мақолаи “Нигоҳе ба адабиёти тоҷики садаи бист” (“Садои Шарқ”,№ 1-6, с.1998) асари Адаш Истад “Ҳикояҳо аз рўзгори Борбад”-ро дар қатори асарҳое ном бурдааст, ки барои ташаккули ёди таърихии мардуми тоҷик, барои нав шудан ва амиқ рафтани мундариҷаи он, барои ғаноафзоии поэтикии адабиёт нақши муҳим доштанд. 24-уми августи соли 2006 ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» мақолаи устоди Донишгоҳи Самарқанд Ҷумъакул Ҳамроевро таҳти унвони «Адиби ватанпараст» чоп кард, ки баҳои баландест ба бозёфтҳои эҷодии ў.

Рўзноманигорӣ, кор дар идораҳои нашрияҳои ҷумҳурӣ ва вилоятӣ, радио машғулияти асосии А.Истад аст. Мақолаҳои машҳури А.Истад асосан ба эҳёи фарҳанги ғании миллӣ бахшида шудаанд. Агар дар мақолаи “Анъанаи нек куҷост?” (“Адабиёт ва санъат”,
11 августи с.1988) ў дар бораи эҳёи маданияти либоси тоҷикӣ ҳарф занад, “Номҳо – нишони маърифат” (“Адабиёт ва санъат”, 8 декабри соли 1988) дар бораи суннати номгузории миллӣ баҳс мекунад. Вале мақолаҳои дигари ў чун “Забони миллат – пояи миллат” (“Комсомоли Тоҷикистон”, 7 декабри соли 1988), ”Хоҷа Аҳрор кӣ буд?” (“Тоҷикистони советӣ “, 27 ноябри соли 1988), “Расмулхати бобоӣ – нури басари моӣ!” (Адабиёт ва санъат”, 2 ноябри соли 1989), “Миллати тоҷикро тақсим накунед!” (“Адабиёт ва санъат”, 5 августи соли 1991), “Рамзҳои миллӣ кадомҳоянд?” ва ғайра дар байни зиёиён гарм пазироӣ шуда буданд.

Асосан рў овардани адиб ба масъалаҳои тунду тези эҳёи фарҳанги миллӣ аз чопи мақолаи ў “Интернационализм аз чӣ сар мешавад?” (“Адабиёт ва санъат”, 28 маи соли 1987) оғоз ёфт, ки барои он муалиф ба танқиди доимии котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон П.Лучинский дучор шуда буд. Аммо бозсозӣ ва ошкорбаёнии горбачевӣ, ки аллакай оғоз ёфта буд, ба адиб имкон медод, ки масъалаҳои доғи ҷомеаро чун солҳои собиқ дар ҳикояҳои фантастикӣ нею ба воситаи мақолаҳ ои рўшодгўёнаи публисистӣ ифода кунад.

1. А.Истад мувофиқи фикри адабиётшиносон дар адабиёти тоҷик ба пайдоиш ва устувор шудани жанри ҳикояҳои илмӣ-фантастикӣ сабабгор шуд. То ба ин кор машғул будани ў дар матбуот танҳо ҳикояи “Сандуқи оҳанин”-и А.Баҳорӣ чоп шуда буд. Минбаъд ин фантазиянависи тоҷик, ( яъне А.Баҳорӣ) асосан бо қиссанависӣ ва драмнависӣ машғул гардид.

2. А.Истад дар адабиёти тоҷик ба афсонанависии бадеӣ асос гузошт. Далели ин маҷмўаҳои афсонаҳои адабии “Парвози меъмор” ва “Чароғи сеҳрнок” мебошанд.

3. А.Истад аввалин радиопйесаи тоҷик “Таркиш”-ро навиштааст, ки радиоспектакли он дар хазинаи радиои Тоҷикистон маҳфуз аст. А.Истад минбаъд мазҳакаҳои “Хўса” ва “Шайтонпарӣ”-ро навишт, ки дар рўзномаҳои Самарқанд нашр шудаанд ва “Хўса” ба саҳна гузошта шудааст. Ба ғайри ин ў саҳначаҳои хурди ҳаҷвӣ низ навиштааст, ки дар рўзномаҳо рўи чопро дидаанд.

4. Дар жанри таърихнигорӣ асари бузургтарини А.Истад силсилаи “Ҳикояҳо аз рўзгори Борбад” ҳисоб меравад, ки ба вижагии нигориш ва услуби хоси тасвир аз дигар асарҳои жанри таърихӣ ба куллӣ фарқ дорад.

5. Ҳикояҳои ҳаҷвӣ ҷиҳати дигари эҷодиёти А.Истад мебошад. Дар ҳикояҳои фантастикии ў унсурҳои ҳаҷву мазҳака вомехўранд, аммо махсусияти ин жанр дар ҳикояҳои ҳаҷвие чун “Домоди якрўза”, “Даҳон”, “Иқтисоди бозор дар оила”, “Бузҳо ва гўсфандон”, (“Садои Шарқ” №4, соли 1991), саҳначаи “Кучукатона ман газидам”, мазҳакаҳои “Хўса” ва “Шайтонпарӣ” равшан зоҳир шудааст.

6. А.Истад бо чопи силсилаи ҳикояҳои “Саргузашти Нахўдак” дар маҷаллаҳои “Чашма” ва “Родник” (соли 1989) персонажи афсонавии Нахўдакро ба замони муосир оварда ҳамзамон ва шарикдарси ибратбахшу пандомўзи хурдтаракон намуд.

7. Солҳои бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ фаъолияти публисистии А.Истад вусъат меёбад ва ў оид ба эҳёи суннатҳои миллӣ, пайдоиши забони давлатӣ, ҳимояи фарҳанги тоҷик як қатор мақолаҳо навиштааст, ки дар натиҷа ба мукофоти ҷумҳурии ба номи Лоҳутӣ сазовор гардидааст.

8. Фаъолияти тарҷумонии А.Истад мисли дигар бахшҳои кори ў васеъ набуда аз тарҷумаи баъзе ҳикояҳои адибони кишварҳои гуногун ва радиопйесаҳо иборатанд.

Аз соли 1996 то соли 1999 дар эҷоди А.Истад таваққуф мушоҳида мешавад. Рўзгори нобасомон имкон намедиҳад, ки ў чизе эҷод кунад. Моҳи марти соли 1999 афсонаҳои нави ў “Зарчашма”, “Мўр ва Пуффак” дар рўзномаҳои Ўзбекистон ва як сол пас дар маҷаллаҳои Тоҷикистон ба табъ расиданд. Сипас соли 2001-ум ҳикояи “Моҳе,ки дар зери кўрпа мастур монд” дар ҳар ду ҷумҳурӣ ба табъ расид, ки нишонаи содиқ мондани ў ба афсонагўист. Дар авохири соли 2003 А.Истад ба назм рў овард ва қасидаи ба академик М.Шакурӣ бахшидаи ў “Самарқанду Бухоро” дар ҳар ду ҷумҳурӣ ба табъ расид. Сипас ба шеъри нав таваҷҷўҳи ў меафзояд ва “Ҳавзи Хоҷаи Аҳрор” ва силсилаи “Шеърҳо аз замони мозии Самарқанд” эҷод мешаванд. Сардабири рўзномаи “Овози Самарқанд” адабиётшинос Ғафурҷон Маҳмудов дар сарсухани ин силсила иброз доштааст: “Шеъри озод имкон додааст, ки Адаш Истад ба мавзўи Самарқанд мушаххасан муроҷиат кунад ва образҳои тоза биофарад.”

Адаш Истад солҳои охир оид ба таърихи шаҳри Самарқанд зиёда аз 50 мақолаҳои илмию – оммавӣ навишт, ки онҳо дар рўзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд» ва сайти интернетии Samarkandinfo.uz ба таб расиданд.

А.Истад ҳоло бознишаста буда дар деҳаи Боги тиллои ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанди Ўзбекистон умр ба сар мебарад ва бо корҳои эҷодӣ машгул аст.

Моҳи феврали соли 2008 Веб-блоги худ «Герби шердор»-ро таъсис намуд, ки дар он шеъру ҳикояҳо ва мақолаҳояшро мегузорад.

Таҳияи И.Хушбахт