суббота, 26 сентября 2020 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён - 52

 Калимаҳои такрор.

Донишмандоне, ки забони шифоҳии ӯзбекиро тадқиқ кардаанд, ба такрори калимаҳо ба шева эътибори махсус додаанд. Масалан ӯзбекҳо ба ҷои нон ва дигар маҳсулоти ғизоӣ нон-пон мегӯянд.

Ин гуна ҳолат дар забони мардуми тоҷики Самарқанд низ мушоҳида мешавад. Бозорба рафси-мӣ? Тухум-пухум биёр,- мегӯяд бонуи хонавода ба писараш.

Писараш мегӯяд:- Албатта баъди харидани дору-пору, нон-пон, пиёз-миёз, тухум-пухум, чой-пой низ мехарам.

- Мева-чева аз ёдат набурод.

Ё кор-пор ёфти-мӣ, зан-пан мегирӣ ё не? Зан-пан маъқул аст ба бисёр касон, зан яъне хӯчаин-дия!

Ё ба шахси бемор мегӯянд: - Дору-пору хӯрдед-мӣ?

Ва боиси ханда мегардад.

Ҳангоми гусел мегӯянд: - Телефон-пелефон карда исто!

Ягон хориҷӣ шунавад ҳайрон мешавад ва савол медиҳад: - Магар шумо пелефон ном асбоби нави электронӣ ихтиро кардед?

Эҳтимол ин таъсири назми ҳазору садсола будагист, ба ҳар калима ҳамоҳанги онро кофтан.

Нодонмурӣ биёд.

Муаммои ҳалнашударо шунаванд, мегӯянд: Нодонмурӣ биёд!

Аксар дар мавриди чиновникҳои бесавод кор мефармоянд.

Яъне бемории сироати нодонмуриро дар назар доранд, эпидемияашро. Ин хел беморӣ нест, аммо дар лафзи самаркандиён ҳаст, имрӯз набошад ҳам фардо пайдо хоҳад шуд.

 

Комментариев нет: