вторник, 22 сентября 2020 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 51

Хомӯшӣ – сад тилло

Акнун зиндагӣ ҳамин хел аст, ба равиши об нигоҳ кард амал намудан лозим, мегӯяд мардуми омӣ. Ва илова мекунад: Ҳамин часпу талошҳо барои барқарор кардани мақоми забони модарӣ, ки он пеш аз омадани болшевикҳо дар Ӯзбекистон доштааст, чӣ лозим? Нон ҳаст, пӯшок ҳаст, пул лозим шавад, рав ба Русия кор кун.

Аммо донишманд медонад: Ба инсон ба ғайри эҳтиёҷаш ба хӯроку пӯшок ғизои маънавӣ лозим. Ғизои маънавиро инсон на аз телешоуҳои каммаъно, балки аз асарҳои адибони бузург, санъаткорони номӣ мегирад. Таъсири чунин асарҳо бештар ва амиқтаранд, агар ба забони модарӣ бошанд.

Дар Тоҷикистон театри ӯзбекӣ ҳаст. Дар Тифлис 50 ҳазор арманӣ зиндагӣ мекунад, гуфта буд ба камина 30 сол қабл як ронандаи арманӣ. Онҳо ба забони худ театр доштаанд, ки дар фестивали театрхои шӯравӣ театри Лоҳутӣ “Тӯдаи риёкарон”-ро дар он ҷо намоиш дода буд.

Яъне агар мардум талаб мекарданд, чунин театри тоҷикӣ дар Ӯзбекистон низ сохта мешуд.

Аммо мардум хомӯшӣ – сад тилло гуфта амал накарданд.

Бефарқии мардуми тоҷики Ӯзбекистон нисбати маданияти худ, забони модарии худ ин як бемории дуру дарозест, ки реша ба сиёсатҳои деринаи империяи Русия ва баъд дигар ҳукуматҳои тоҷикситез дорад. Ҳамон иммунитете, ки тоҷик барои ҳифзи тандурустии фарҳанги худ дошт, ба сабабҳои гуногун аз байн рафтааст ва як сабаби асосӣ бефарқии рӯҳониён буд. Рӯҳониёне, ки дар солҳои охири ҳукмронии сомониён дар вақти ҳуҷуми туркон ба Бухоро “инҳо низ мусулмон” гуфта мардумро аз ҳифзи давлати тоҷик боздоштанд, ҳоло низ дар ҳамон мафкураанд.

Самақандиён боз як мақоли дигар низ доранд: Гунг ҳам меғунгад.

Агар чизе ба дард орад, гунг ҳам меғунгад.

Бисёр солҳо боз забони боғчаҳои бачагони маҳалҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон тоҷикӣ нест. Аммо мардум барои кушодани гурӯҳҳои тоҷикӣ дар кӯдакистонҳо кӯшиш намекунанд. Ин як мисолаке буд.

Агар дар мушкилоти иқтисодӣ дармонанд, ҳаққи худро аз даҳони мор бошад ҳам кашида мегиранд. Аммо ба норасоиҳои маънавию фарҳангӣ бефарқ шудаанд.

Ҳар як мақолу зарбулмасали халқӣ ҷою истифодаи худро дорад. Яъне дар роҳи ислоҳи камбудие маориф, фарҳанг хомӯшӣ – сад тилло гуфта ором нишастан аз маънавияи баланд дарак намедиҳад. Оҳанро дар гармияш мекӯбанд, мегӯянд самарқандиён. Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад. Яъне маъною мақоми ин мақолҳоро дар тарозуи ақл баркашидан мебояд.

Комментариев нет: