четверг, 25 июля 2019 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 50


Мазза аз қайла гурехт.
Яъне корҳо бесомон шуд.

Пирию сад иллат.
Пирию сад дард низ мегӯянд.

Марг бо дӯстон тӯй аст.
Аҳамияти дӯстӣ дар назари самарқандиён.

Таррак ба тухмаш мекашад, ҳалво ба бехаш.
Решаи ширинбияро ҳалвогарон бех мегӯянд, ки асосан дар сохтани ширинии нишалло истифода мекунанд.


Ҳандалак аз зери барги палак дур намеравад.
Оиди ба волидон монанд будани фарзандон мегӯянд.

Нимчамулло.
Муллои мадрасаи диниро хатм накарда, яъне чаласавод. Ҳоло нимчанависандаю нимчашоирҳо низ пайдо шудаанд. Зеро пул бошад, китоби худро чоп кардан муаммо нест.

Шир дар хомиаш медамад.
Оиди ҷавоне мегӯянд, ки нобаҳангом мешӯрад. Чанде пеш як мӯйсафеди аз ман ҷавонтар ба сари мани 73-сола шӯрид ва таҳдид кард. Баъзе касон пир шаванд ҳам ҳанӯз мисли шири хоманд.

Ё кӯҳи баланд ё шаҳри азим.
Дар мавриди интихоби ҷои зист тоҷикон мегӯянд.

Сарфаи сари оташдон – савдогари Ҳиндустон.

Фарзанд азиз, тарбийеш аз вай азизтар.

Ноз кунӣ, ба нозбардорат кун.

Гаҳвореш аз осмон афтидагӣ.
Яъне фарзанди эрка.

Девор (агар) афтад, дарунба афтад.
Оиди ба манфиати худ кор кардан мегӯянд.

Кӯҳа занад талқон мекунад.
Оиди одами ҳузарбу паҳлавонмонанд мегӯянд.

Хунро бо хун шуста намешавад.
Оиди қасосгирӣ мегӯянд. Агар дар ғазаб шавӣ, амали худро (яъне вокунишро) баъди се рӯз, яъне паст шудани ғазаби худ оғоз кун.


Комментариев нет: