Дар мақолаи «Ба тақвими миллии мо чӣ шуд?» навишта будам, ки гоҳшумории ниёгони мо астрологӣ буд, яъне реша ба ҳисобҳои гардиши офтоб дошт.
Сипас дар замони густариши дини ислом арабҳо бо худ ҳисоберо оварданд, ки бар ҳафта асос ёфта буд.
Гуфта будам, ки ин моли танҳо қабилаҳои араб не, балки ба ҳама қавмҳои сомӣ хос буд. Дар оинҳои яҳудиву насоро низ буд. Реша ба ривояти библиягии китоби «Аҳди қадим» дорад.
Дар боби бистуми ин китоб мехонем:
«8. Рўзи шанберо дар хотир нигоҳ дор, то ки онро тақдис намоӣ.
9. Шаш рўз кор кун ва ҳар амалатро ба ҷо овар.
10. Вале рўзи ҳафтум шанбеи Худованд Худои туст: дар он ҳеҷ кор накун, худат ва писарат, ва духтарат ва ғуломат ва канизат ва чорпоят ва ғарибат, ки андаруни дарвозаҳои туст.
11. Зеро ки дар шаш рўз Худованд осмон ва замин ва баҳр ва ҳар он чиро, ки дар онҳост, ба вуҷуд овард ва дар рўзи ҳафтум ором гирифт: Бинобар ин Худованд рўзи шанберо муборак хонд ва онро тақдис намуд»
Ин аст он суханоне, ки ба паёмбар Мўсо Худо ҳангоми зуҳури худ дар кўҳи Сино гуфт. Аммо қабл аз ин ў мегўяд (боби нуздаҳум):
«6. Ва шумо барои ман мамлакати коҳинон ва халқи муқаддас хоҳед буд. Ин аст суханоне, ки ту бояд ба бини-Исроил бигўӣ.»
Яъне Худои яҳудиён чунин тариқи зиндагӣ аз рўи рўзҳои ҳафтаро барои қавми яҳуд муқаррар карда буд. «Шумо ганҷи гузини ман аз миёни ҳама қавмҳо хоҳед буд.» таъкид мекунад худои яҳудиён Яҳве (Библия, тарҷумаи тоҷикии М.Бачаев. Стокголм, 1992).
Азбаски дар сураи Оли Имрони Қуръон «фуруд овард Тавроту Инҷилро барои ҳидояти мардумони пеш аз ин» мегўяд, пас то пайдоиши ислом низ арабҳо аз гоҳшумории ҳафтагӣ огоҳӣ доштаанд ва паёмбар Муҳаммад низ бо яҳудиён дар як шаҳр мезист ва барояш чунин гоҳшуморӣ бегона набуд.
Азбаски тибқи ақоиди насоро аз нав зиндашавии Исои Масеҳ аз шаби шанбе ба якшанбе рух додааст, ин рўзро (якшанберо) муқаддас ва рўзи истироҳат кардаанд. Ба ҳамин сабаб масеҳиён дар ин рўз ба ибодатхонаи худ ҷамъ мешаванд.
Барои мусалмонон чунин рўз ҷумъа аст. Чун дар ин рўз намози ҷумъаро адо мекунанд. Бино ба ривояти исломӣ расули Худо Муҳаммад ибни Абдуло рўзи ҷумъа зоида шудааст ва нури ислом аз ҳамин рўз шурўъ ба густариш доштааст.
Қиёмат ҳам рўзи ҷумъа доир мешудааст.
Яъне ин рўзҳои ҳафта маъноҳои худро доранд, ки намешавад онҳоро надида гирифт.
Комментариев нет:
Отправить комментарий