среда, 1 апреля 2009 г.

Посухи даҳум

Яке аз хонандагони Интернет ишора кард, ки посухи биступанҷум ҳам хоҳад шуд. Шумо гумон мекунед, ки ман пажуҳишгару донишманди ин соҳа ҳастам? Ҳамагӣ як рўзноманигор ва адибам, ки доир ба ин мавзўъ аз рўи чанд китоби барои худам дастрас чанд мулоҳизае навиштам. Пажуҳишгар дар ин боб чанд рисолаи докторӣ навишта метавонад. Ў ҳама маводро оиди ин масъала гирд меорад ва нисбат ба ман хеле амиқтару васеътар тадқиқ хоҳад кард.

Агар ба географияи намодҳои шерӣ эътибор диҳед, хоҳед дид, ки онҳо аз ҳама маҳалҳое, ки дар он ҷо давлатдории ниёгони тоҷикон будааст, ёфт шудаанд, дар ҳама маконе, ки дар он замоне тахте будаасту дар он ҳокиме нашастааст.

Ба ҳамин ваҷҳ як пораи тахти нимсўхтаи ҳокими Панҷакент, ки дар он сурати шер кандакорӣ шудааст ё сурати шере, ки аз қасри ҳокими Тирмиз ёфтаанд, ҳама чун шери устухонии Тахти сангин аз ҷиҳати арзиш бебаҳоянд.

Ман аз ин пеш оиди суратҳои бостонии шерҳои болдору тоҷдор ва беболу бетоҷ сухан ронда будам. Дар боби сурати офтоб гуфтам, ки он чеҳраи инсонӣ ё худ митроӣ гирифтааст. Зарфҳое ҳастанд, ки дар онҳо шерҳо симои инсонӣ ё худ митроӣ доранд. Ба ғайри ин оиди шерҳои мармарии кохи Ситора ва Мохи хосса чизе нагуфтаам, аморати Бухоро низ як пора торихи халқи мост.

Акнун акси як оинаи биринҷиро (Тирмиз) ва ду лаълии филизии мудавварро (Самарқанд, Фарғона), ки ба асрҳои XI-XII мутааллиқанд, пешниҳод мекунам. Дар ин тасвирҳо каллаҳои шер симои инсонию занона (митроӣ) доранд.




Комментариев нет: