Бо Рауф Маъруфӣ дар қабулхонаи самарқандии «Овози тоҷик» шинос шудаам. Замоне, ки ин қабулхона дар Чорсу буд ва баъд ба як ҳуҷраи ҳавлӣ-музеи устод Айнӣ кўчид. Ман доим Рауф-акаро ҳамроҳи Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода медидам. Ҳамфикри дигари инҳо донишманди соҳаи сохтмону архитектура марҳум Абдусалом Саидҷонов буданд.
Солҳои 1964-69 дар донишгоҳи Самарқанд таҳсил мекардам. Ба маҳфили адабии назди қабулхонаи «Овози тоҷик» (собиқ «Ҳақиқати Ўзбекистон») гоҳ-гоҳ Рауф Маъруфӣ низ меомаданд. Дастгоҳи суратгириашон доимо ҳамроҳашон буд. Акс мегирифтанд.
Табассуми зебое доимо чеҳраашонро мунаввар мекард.
Рўзе Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода гуфт, ки ба ғайри мадрасаву мақбараҳои намоён, бисёр ёдгориҳои дигари меъморӣ ҳастанд, ки аз ҷониби давлат ба қайд гирифта нашудаанд ва муҳофизат намешаванд. Вазифаи мо ватандўстони самарқандӣ ба несту нобуд шудани онҳо роҳ надодан аст. Бинед, - гуфт ў, - ҳамин ҳавлии устод Айнӣ дар рўйхат набуд. Онро ҳамвор кардани шуданд. Аммо бо кўшиши чанд ватанпараст пеши ин кор гирифта шуд. Ҳозир бо Рауф Махруфӣ меравему чандтои онҳоро аксбардорӣ мекунем. Сипас мо ба гузари Қўшҳавз рафта ба хонаҳо даромада меҳмонхонаҳои гачкории пурнақшу нигори асри гузаштаро пайдо кардем. Ба соҳибони он хонаҳо сўҳбат намуда ҳифзи он хонаҳои қадимаро таъкид намудем. Рауф Маъруфӣ бошанд, аксбардорӣ мекарданд.
Дар бозгашт Ҳамидзода ба ман гуфт: - Адашҷон, ту аз мо ҷавонтарӣ. Баъди сари мо ин вазифаи ҷамъиятӣ ба зиммаи ту вогузор мешавад.
Ҳамидзода дар садамаи автомобилӣ ҳалок шуд, Рауф Маъруфиро сактаи дил аз мо рабуд. Ду се сол пеш Саидҷонов низ аз олам гузаштанд.
Ман соли 1969 ба шаҳри Душанбе ба кор рафтам ва ба Самарқанд, моҳи августи соли 1993 баргаштам. Баъди чанд моҳ Рауф Маъруфӣ аз олам чашм пўшиданд. Рўзгори нобасомон имкон надод, ки бо ин марди хирадманд, ҷонфидои халқ, донишманди илми самарқандшиносӣ бафурсат сўҳбат дошта бошам. Дар бораи маънои нақшу нигорҳои ёдгориҳои меъморӣ хеле чизҳоро медонистанд.
Хеле хурсандам, ки кори падарро дар ин самт писари хушқаламашон Ҷамшед Маъруфӣ (ҳоло муовини директори маҷмўи ёдгориҳои Регистон) бо муваффақият давом дода истодаанд. Рауф-ака хеле озодалибос буданд. Дар танашон доимо костюми рангаш равшан, дар гарданашон доимо галстуки гулаш сурх ва куртаи сафеди зери пиҷакашон доимо тозаю озода ва ҳамаи либосашон хеле тозаю дарзмолдида буд.
Ҳам сиратан ва ҳам суратан рўшанфикри ҳақиқӣ буданд.
Ман дар боло таъкид кардам, ки табассуми зебое чеҳраашонро доимо мунаввар мекард. Ҳоло фикр мекунам, ки дар паси пардаи ин табассум ғамҳои дилашонро низ пинҳон мекардаанд. Яке аз фаъолон ва ташаббускорони гузоштанӣ пайкараи Рўдакӣ дар Самарқанд буданд. Агар аз як ёдгории таърихӣ кошине канда шуда ба замин афтад, гўё ки пораи дилашон канда шудаги барин ғам мехўрданд.
Ба хаёлам дар байни мо рўшанфикрон касе ин тавр дилсўзона ва амиқу ошиқона Самарқандро ба дараҷаи Рауф Маъруфӣ дўст намедошт. Ватанпарварӣ дар ватаншиносӣ реша дорад. Рауф Маъруфӣ қимати баланди ҳар як зарра хоки Самарқандро на танҳо медонистанд, балки барои ҳифзи он амалан мекўшиданд. Ва дар ёди онҳое, ки Рауф-акаро мешинохтанд ҳанўз ҳам намунаи ибратанд.
Агар Рауф Маъруфӣ зинда мебуданд, имрўз 70 – солагиашонро ҷашн мегирифтанд.
Хеле хурсандиавар аст, ки факултаи суханшиносии тоҷики донишгоҳи Самарқанд ҷашни ёдбуди шодравонро бо самимияти хос гузаронид.
2 комментария:
Салом устод,
як олам ташакур аз шумо ба хотири ёдоварии устоди азизам Рауф Маьруфи.
Ёдашон ба хайр ва рухашон хамеша шод.
Адаш ака барои еддоштатон рахмат. Саломат бошед. Маколаи навиштаи шумо изори дил асту хакикат.
бо эхтироми калон Жамшед. писари Р.Маъруфи.
Отправить комментарий