Фикр кунед: Шумо даҳ сол кор ё мардикорӣ карда худрав ё сабукраве харидед, ки онро яке аз кишварҳои ғарбӣ сохтааст. Ин худравро дар он ҷо дар ду дақиқа месозанд. Шумо бошед даҳ соли умри худро барои ҷамъ кардани маблағи он сарф намудед. Хориҷӣ барои харидани меҳнати даҳсола ё панҷсола ё дусолаи шумо ҳамагӣ ду дақиқа вақт сарф намуд. Пас кӣ ғулому кӣ ғуломдор аст?
Бархе аз рўшанфикрон, аз ҷумла Ризо Фозилӣ, ки аз TV Channel 6 барномаи худро доранд, мегўянд, ки ғарбиён, аз ҷумла Инглистон барои идомаи сиёсати истеъмории худ дини исломро пуштибонӣ мекунад. Инглиси консерватив чунин ақида доштааст, ки то вақте ки дар кишварҳои Ховар ислом ҳукмрон аст, пешрафти фикрӣ , илмӣ, фановарӣ нахоҳад шуд, саноати пешрафта нахоҳад буд ва дар натиҷа маводи хоми кишварҳои ховари мусалмонро аз нафту газ то пунба маводи хомро арзон харида аз он маҳсулот сохта ба худи мардуми Ховар бо қиммати гаронтар фурўхта метавонанд. Барои он ки мусалмонҳои олам муттаҳид нашаванд, онҳо мазҳабҳои гуногуни исломро тақвият мебахшидаанд. Барои ба вуҷуд овардани мазҳаби ваҳҳобия хадамоти ҷосусии инглис хеле корҳо кардааст.
Дар Тоҷикистон бояд хушёр буд, ки байни сунни мазҳабон ва исмоилиёни бадахшӣ зиддият эҷод накунанд. Ба ин сабаб ба сар баланд кардани ягон мазҳаб чӣ салафиву чӣ ҳанафӣ набояд роҳ дод.
Ғарб метавонад ба садҳо олимони худ супориш диҳад, ки алайҳи дини ислом китобҳои илмӣ нависанд. Дар натиҷа дини ислом метавонад ё аз байн равад ё таъсири он сусттар шавад.
Аммо ин тавр намекунад, зеро ҳадафаш асосан ҳифзу густариши сиёсати нави истеъмории иқтисодист. Чаро аз Салмони Рушдӣ дифоъ мекунанд? Салмони Рушдӣ ба дини ислом хатаре надорад, зеро донишманд нест. Салмон нависанда аст ва асари ў «Ояҳои шайтонӣ» ба адабиёти бадеӣ тааллуқ дорад. Адабиёти бадеӣ бошад, эҷоди хаёлоти нависанда аст. Ва бар зидди дини ислом далел буда наметавонад.
1 комментарий:
Дуруд бар Адаш ИСТАД.
Бе назари ман агар гарб дар ду дақиқа чизи мисозад ки мо чанд сол умри худ ро бе пойи он мигузорим бе он далел аст ки онхо ду кор карданд ки мо накардим: 1.Дин ва мазхаб ро ба гушаи вонаходанд(ё он ро бисёр камранг сохтанд) ва таъасуб ро дур афканданд. 2.Ба джойи таносойи у танбали ва дунбол авомили бигона гаштан аз хич талоши дарик накарданд.
Истади азиз,
Шойад сахлингори аз худи мо буда аст ке ба чунин гуломони бадал гащтаим. Ман бо ин назари шумо мухолифам ке далел агабмондаги мо ро ноши аз гарб мидонид, хар чанд диле хуши аз гарб хам надорам. Невештори шумо шабих ба нуъи таваххуми тутеа аст.
Шёяад хам ман зияод аз хад сатхинегар ва хушбинфм !
Сар афроз бошид
Mohsen (mashhad)
Отправить комментарий