пятница, 24 октября 2008 г.

Бад магўй!

Як нафар ба даст қалам гирифтааст ва ҳар чизи манфие, ки дар эрониҳо дидааст, рўи қоғаз овардааст. Кори саҳл буд, агар танҳо рўи қоғаз мебуд. Ва чунин амал бори аввал мушоҳида намешавад.

Бумага все стерпит – яъне – қоғаз ба ҳамааш тоб меоварад мегўянд русҳо. Аммо ин навиштаҳо дар Интернет дар блоги Андеша истодаанд ва мисли ҳукмномаи як каси бо эрониҳо бисёр таҷрибаи ҳамкорӣ дошта бетаъсир нахоҳад буд.

Мақсад аз ин навиштаҳои ў чист? Оё мехоҳад, ки эрониҳо ҷиҳатҳои манфии худро бифаҳманд ва ба ислоҳи он ҷаҳд кунанд? Дар ин сурат блоги Андеша ба сабаби ҳуруфи кириллӣ байни эрониҳо хонандаи зиёде надорад. Масъала ин аст, ки хислатҳои манфӣ байни худи мо тоҷикон низ кам нест ва агар ин хислатҳоро ягон эронӣ ҷамъоварӣ кунаду дар матбуоти Эрон ба хати форсии арабӣ нашр намояд, мо тоҷикон чӣ хоҳем гуфт?

Ҳатман хоҳем гуфт, ки эй фалонӣ, чаро танҳо бо ранги сиёҳ тасвирамон мекунӣ, наход ки ягон сифати хуби халқи тоҷикро надидаӣ?

Боз хоҳем гуфт, ки аз нашри чунин гапҳо мақсад чӣ буд? Барангехтани нафрат байни тоҷику эронӣ ё наздиктар кардани онҳо?

Сухан танҳо оиди як қавм нест. Эрониҳои Эрон танҳо аз мардуми форс иборат нестанд, турку араби зиёде он ҷо сокинанд.

Ҳоло замонест, агар касе бигўяд, ки халқи ўзбек фалону беҳмадон тоҷикон бо тааҷҷуб ба ў нигоҳ мекунанду бо таассуф сар хоҳанд ҷунбонд, ки ақлаш костааст.

Зеро мо тоҷикон бо ўзбекҳо ҳамсоя, ҳамзамин, ҳамтабақ ҳастем, онҳоро хуб мешиносем, медонем, ки халқи ўзбек умуман хеле одамдўст ва меҳрубон аст.

Агар чунин суханҳои манфӣ нисбати эрониҳо гуфта шавад, каси зиёде пайдо намешавад, ки эътироз кунад. Сабаби ин хеле аз марзҳои тоҷикӣ дур мондани эрониҳост. Аммо камина дар таҷрибаи ҳаётиам бисёр мушоҳида кардаам, ки аз фарҳангиёни эронӣ онҳое, ки бар сари халқи тоҷик ду-се қарни охир чӣ фоҷиаҳо омадааст, огоҳанд, ба тоҷикон хеле самимитар муносибат мекунанд ва агар лозим шавад, кўмаки худро дареғ намедоранд.

Сабаби асосии камбинии эрониҳо нисбати тоҷикон зарари бузургу ҷиддиест, ки фарҳанги тоҷик асрҳои охир дидааст ва он муҷиби камфарҳангии мардуми тоҷик гардидааст.

Масалан, як асри охир ба сари мардуми тоҷик чӣ қадар фоҷиаҳо омад? Китобсўзӣ, қатлу ҳабсу бадарғаи рўшанфикрони асил, ду бор дигар кардани хату алифбо ва билохир ҷанги шаҳрвандӣ, ки хеле аз соҳибонӣ қалам кушта шуданд.

Гарчанде дар замони шўравӣ ташкили ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаи мусбат буд, боз ҳам мо тоҷикон бо халқҳои дигари шўравӣ дар як маҳбаси оҳанин будем, имкони дастёбӣ ба дастовардҳои илмиву маърифативу фарҳангии ҷаҳонӣ хеле кам буд.

Дур равем то Масков мерафтем, аммо ҷавонони эронӣ дар Порису Лондон таҳсили илм мекарданд. Ба ҳамин ваҷҳ онҳо аз шеъри модерн ва ҳар чизи мусбате, ки дар Ғарб буд, пештар ва бештар аз мо баҳра бурданд. Сабаби пешрафти насри бадеии тоҷик боз ҳам мактаб қарор гирифтани насри классики рус Гогол, Чехов, Толстой, Достоевский дар ҷаҳон буд.

Ба ин сабаб ибораи «камфарҳангии тоҷикӣ» як ҷамъбасти шартии умумист, фарҳанги тоҷик дастовардҳои вижае дорад, ки барои эрониҳо ҷолиб аст. Аммо ин дастовардҳо дар адабиёт, мусиқӣ, наққошӣ он қадар бузург нестанд, ки мо бо дилпурӣ бигўем: соҳиби пешрафти фарҳанги гардидаем.

Дар се даҳсолаи охир эрониҳои ба Ғарб кўчбаста тавонистанд, ки фарҳанги навинро ҳифз ва ривоҷ бахшанд, студияҳои телевизионии форсии зиёде таъсис диҳанд ва мусиқии ба рақобат тобоварро эҷод намоянд.

Чаро мо тоҷикон клипҳои баландсифат эҷод карда наметавонем, ки тавассути ин студияҳои телевизиони пахш бигарданд?

Рўшанфикрони тоҷик гумон мекунанд, ки ҳар як эронӣ аз ин воқеаҳо хабардор аст. Аммо ин тавр нест. Бисёре аз эрониҳо фикр мекунанд, ки сабаби камфарҳангиву камдонишии мо аз танбаливу беғайратист.

Мо барои шиносондани халқи тоҷик ба мардуми эронӣ қариб, ки коре накардаем. Ташаккур ба оқои Шеърдўст, ки чанд китоби адиби тоҷикро дар Эрон чоп кардааст, аммо ин ва корҳои дигар он қадар каманд, ки тасаввуроти эрониҳоро нисбати тоҷикон чуноне ки бояд, шакл надодаанд. Офарин ба Мирзо Шакурзода, ки ин муамморо аз ҳамаи мо рўшанфикрони тоҷик бештар ва амиқтар дарк намуд ва китобҳое, ки дар Эрон ба табъ расонд, ғановати бузурги фарҳанги тоҷикиро муаррифӣ намуд.

Доктор Масъуди Миршоҳӣ дар Порис шеъри бонувони порсигўи Ўзбекистонро дар китоби «Дурри дарӣ аз Самарқанд то Бухоро» нашр кард. Чунин корҳо ҳастанд.

Аммо садҳо чунин корҳо бояд амалӣ шаванд, то ки эрониҳо на танҳо ба мо бо дилсўзӣ нигаранд, балки тоҷиконро самимона дўст доранд.

Ба ҳар ҳол халқи тоҷик ба чунин муҳаббати самимӣ арзанда аст.

суббота, 18 октября 2008 г.

Шуморо кадом ҷини каҷҷак зад?

ТВ-1 Тоҷикистон ба муносибати 950–солагии имом Ғазолӣ намоише нишон дод, ки пур аз ҳамду санои ин донишманди асримиёнагӣ иборат буд. Дар ин санохонӣ аз донгишмандони Эрон оқои Шеърдўст ва аз Тоҷикистон донишмандони варзида ширкат намуданд.

Вақте ки Шеърдўст дар ин бобат санохонӣ мекунад ўро фаҳмидан мумкин аст. Зеро вазифа тақозо мекунад. Аммо нафаҳмидам, ки олимони тоҷикро чӣ ҷини каҷҷак задааст, ки ҳарфе аз хатоҳои Ғазолӣ пеш наоварданд. Ҳол он ки маҳз Ғазолӣ алайҳи ақлпарастии Сино ва Хайём бархоста буд ва ин ҷараёни мусбати фикриро абадул абад гўр карда пешрафти афкори мардумони эронинажодро ҳазор сол ба оқиб афканд.

ТВ-1-ро минбаъд мебояд, ки дар чунин маврид зери сурати ҳар як донишманди сухан кунанда ному унвонашро нависад, то ки донишмандони тоҷик масъулиятеро дар назди таърих ва оянда ҳис кунанд.

понедельник, 6 октября 2008 г.

Ояндаи Тоҷикистон – кишвари туризм

Паёмнигори як радиои хориҷӣ аз Кўлоб гузориш медод, ки дар Тоҷикистон барои ҷаҳонгардону сайёҳони хориҷӣ шароит муҳайё накардаанд. Ҳатто хатти сайри сайёҳонро тартиб надодаанд.

Дар бораи он ки аз сайёҳони хориҷӣ чӣ қадар даромад гирифтан мумкин аст, мисоле аз Самарқанд меорам. Дар шаҳри Самарқанд зиёда аз сад меҳмонхона ба онҳо хизмат мерасонад. Танҳо соли 2007даромади софи ширкатҳои сайёҳӣ 665 миллион ва даромад аз хизматрасонӣ даҳ миллиардро ташкил дод.

Хоб

Хоб дидам, ки дар сари хиёбони Самарқанд пеши китобхонаи шаҳрӣ истодаам. Дар ду тарафи роҳ одамони зиёде рў ба роҳ қатор истодаанд. Ин дам аз тарафи бўстонсарои ҳукуматӣ кортежи президент намоён шуд. Президент болои мошини болокушод рост меистод ва дар паҳлўяш генерал-майор низ рост меистод. Вақте ки мошини президент ба масофаи 20-30 метр наздик омад, нидо кардам: - Зинда бод, президент Каримов!

Президент қиёфаи ҷиддӣ дошт ва ба тарафи ман нигоҳе накард. Вақте ки кортеж дар пеши ман буд, боз фарёд кардам: - Зинда бод, президент Каримов!

Ба президент ин хел зиндабодгўиҳо намефорад, худи ман ҳам аз дуюм бор «зинда бод» гуфтанам тарсидам.

Президент ба сўи генерали ҳамадони худ суоломез нигоҳ карда гуфт: Ин одам чӣ мехоҳад?

- Дар бораи Ишратхона мақолае нависта буд. Ишратхона беҳтар аз Тоҷмаҳал гуфтааст.

- Таъмир кардан даркор, - гуфт президент.

Аз ин суханони охирин хурсанд шудам ва тарсам барҳам хўрд. Баъд чӣ шуд намедонам, бедор шудам.

понедельник, 29 сентября 2008 г.

Творческие работы усто Амриддина и его учеников











Школа мастера по ганчу усто Хаджи Амриддина

Войдя внутрь помещений оформленные по восточному стилю Усто Амриддином и его учениками чувствуется, что ты попал в чудесный мир, в прекрасных царских дворцов сказок «1001 ночи». За плечами этих мастеров тысячелетний опыт предков искусно сочетающих в каждом орнаменте на ганче белых рисунков с многоцветием «наккоши» по богатству колорита свойственным восточным миниатюрам. Огромным успехом усто Амриддина является достижение гармоничности старого и современного, традиционного и нового, творческий подход и оригинальное решение в оформлении различных интерьеров.

В Узбекистане и за его пределами – в Таджикистане, Казахстане, России и в Украине многие общественные здания, гостиницы и рестораны оформлены знаменитым самаркандским мастером усто Амриддином Наджмиевым и его учениками.

Усто (мастер) Амриддин продолжает школу великого бухарского мастера, академика Академии наук Узбекистана усто Ширина Муродова. Стилю усто Ширина свойственно усложненность рисунка и тонкость исполнения. Поэтому, когда надо выполнять самые сложные и богатые рисунком работы, приглашают усто Амриддина и его бригаду. Амриддин и его ученики добились высоких успехов в реставрации самых изящных орнаментов в архитектурных памятниках Самарканда.

Самаркандские ученики усто Амриддина – Ахмад Наджмиев, Абдурахим Хамракулов, Саъди Хамдамов, Санджар Хамдамов, Шокир Муминов, Дилшод Гафуров, Нарзи Хакимов, Сухроб Хакимов, Санъат Абдугафуров, Умед Миробидов, Бобур Ахроров, Фаррух Хакимов, Тохир Кадиров и другие вместе со своим учителем усто Амриддином продолжают лучшие традиции мастеров по ганчу Самарканда и Бухары. Они в процессе многолетней работы вместе со своим наставником достигли высоких вершин в совершении своего мастерства. Поэтому усто Амриддин доверяет им выполнения сложных художественных задачи в оформлении интерьера гостиниц, ресторанов и других зданий. Усто Амриддин организовал свою школу и в Таджикистане. Они оформили многие известные здания в различных городах Таджикистана.

В этом блоге о работах усто Амриддина помещена обширная статья на таджикском языке (см. архив блога).

А сейчас помещаю фотографии учеников и некоторых работ выполненных в разных городах усто Амриддином и его учениками и вы сами убедитесь насколько изящны, красочны и интересны эти работы.


Усто Амриддин и его сын Ахмад перед московским рестораном «Золотая Бухара».


Усто Шокир


Усто Санджар


Усто Дилшод


Усто Бобур

вторник, 23 сентября 2008 г.

Нашри китобҳои Ҳамза Ҷўра

Дерест, ки Ҳамза дар шўъбаи тоҷикии радио ва телевизиони давлатии вилояти Самарқанд фаъолият дорад. Ўро асосан ҳамчун журналист мешинохтанд. Касе хабар надошт, ки Ҳамза дар вақти холӣ гоҳ-гоҳ қиссаву ҳикояҳо низ менависад.

Инак нашриёти «Зарафшон»-и Самарқанд ду китоби ўро баробар нашр намуд. Китоби якум қиссаи мустанад буда «Муаллим Афандӣ» ном дорад, ки аз рўзгори яке аз муаллимони аввалини аз Самарқанд ба Тоҷикистон фиристодашуда – Сўҳбатулло Соҳибназаров нақл мекунад. С.Соҳибназаров солҳои ҷанги ҷаҳонии дуюм роҳбари ноҳияи Ромитро бар ўҳда доштааст. Ў ба сабаби фоҷиаҳои паи ҳами оилавӣ маҷбур мешавад, ки аз ин вазифаи баланд даст кашида ба Самарқанд баргардаду ва касби бобоӣ – кандакории чўбро давом диҳад. Ҳоло фарзандону набераҳои С.Соҳибназаров дар ҷумҳурии Ўзбекистон беҳтарин кандакори чўб ҳисоб меёбанд ва ба унвонҳои баланд соҳиб шудаанд.

Солҳои аввали ҳукумати шўравӣ аз Самарқанд ба Тоҷикистон садҳо муаллимон ба кор фиристода шудаанд. Афсўс, ки то ҳол дар бораи онҳо ягон асари публисистӣ ё бадеӣ навишта ва чоп нагардидааст. Аз ин бобат нависанда Насим Раҷабов огоҳии бештаре доштанд ва ман чанд бор ба эшон гуфтаам, ки дар ин мавзўъ қиссае нависанд. Ҳоло намедонам, ки маводе гирд овардаанд ё не.

Китоби дуюми Ҳамза Ҷўра «Алломаҳо намемуранд» ном дорад ва аз очерку ҳикояҳо иборат аст.

Дар поёни китоб «Ангезаю андарзҳо» ном бобе ҳаст, ки дар он Ҳамза лавҳаҳои хурди ҳаётӣ навиштааст. Ва аз онҳо «Фишор» ном лавҳаро пешниҳод мекунам, ки хонанда аз сабки ў огоҳӣ ёбад.

«ФИШОР»

Аз давраи наврасӣ маҷрои зиндагӣ маро фишор дод. Ҷуссаи хурдакак дошта бошам ҳам, аз паси меҳнати сиёҳ мешудам, мардикорӣ мекардам. Баъди ба воя расидан, соҳиби фарзанду оила гаштанам ҳам, офтоби бахт ба рўям нахандид. Писарам дар сафари Русия рафту ба дасти нобакорон афтида, ба азоб монд. Тўҳмат заданд ба ў, лаънатиҳо. Ба сафедиҳои мўи сарам боз торҳои зиёди сафед зам гардид. Ба рўям ожангҳои нав пайдо шуданд. Ҷигарбандаро ба хотир орам дарун-дарун мегирям. Дилам сўзиш мекунад, чунон месўзад, ки қариб оташ гирад. Аммо инро ба касе намегўям, ҳатто ба ҳамсари меҳрубонам маълум намекунам. Бигузор, танҳо дили сарсахти ман бирён шавад, сўзад,ҷинҷак гардад!

Маҷрои зиндагӣ маро фишор медиҳад. Чанд сол аст, ки аксарият ҷавонмардон аз паи эҳтиёҷи зиндагӣ баҳри мардикорӣ ба мамлакатҳои хориҷа, ба сафари шаҳрҳои дур мераванд. Хурсанд мешавам, ки бисёри онҳо оилаашонро обод мекунанд. Баҳри тарбияву парвариши фарзандон худро ба дами теғу табар мезананд. Қасру кўшк ва ҳавлию ҳарамҳои боҳашам месозанд. Аммо гоҳ-гоҳ аз ин ё он мавзеъ овози доду навҳа баланд мешавад, ки аз Курия, Амрико, Русия, Португалия, Исроил, Ҷопон ё дигар шаҳрҳо ҷасади беҷони ин ё он ҷавонмардеро овардаанд. Дилам реш мезанад ба ин ҷавони раҳматӣ, ки баҳри зиндагӣ берун аз хоки Ватан ғарибу танҳо шаҳди марг чашидааст. Ҷавонзанҳои зебову фарзандон дар фироқи онҳо навҳаву шеван карда хун мегирянд.

Аз маҳаллаи ҳамсоя наварўсе ба Аморати Араб рафта, бо айби фоҳишагӣ шаш моҳ зиндонӣ шуда баргашт. Шавҳари ҷавонаш аз ин шармандагӣ обу адо шуд ва тарки хонаю ҷой кард. Ҳоло дар кўчаю пасткўчаҳо май нўшида чун девонагон сар-сарӣ мегардад. Ҳар гоҳ ўро мебинам, дилам пора-пора мешавад аз тақдираш, аз беҳудаву бемазмун гузаштани умри ҷавонаш.

Тобишҳои зиндагӣ маро фишор медиҳанд. Рафиқонам гўшзадам мекунанд, ки давраи пирӣ расида истодааст. Аммо чаро онҳо ин қадар саҳлона хулоса мебароранд? Наход сафедии мўй нишона аз пирӣ, бошад? Охир ҳаёт танҳо аз хушиву хурсандиҳо иборат нест? Дили ман ҳамон ҷавонона метапад. Ба туғён меояд дили садпораи ман. Чунон туғён мекунад, ки баъзан гўё ҳатто дар сандуқи худаш намеғунҷад. Ҳамон ҷўш мезанаду ҷўш, ин дили бечораву бузурги ман ва аз қаъраш нидо меояд. Бо ҳаёт мубориза бояд бурд! Охир Яздони пок ба бандагонаш хурсандию хафагӣ, пастию баландӣ, сафедию сиёҳӣ, талхию ширинӣ, некию бадиро дода, имтиҳон мекунад, ки оё ба ин санҷишҳо шукрона мегўяд ё на?

Маро зиндагӣ мефишорад, аммо ба ҳар рўзи атокардаи Худованди меҳрубон шукри беҳад мегўям. Ва то даме, ки ин дили пуртуғёну шўридаи ман дар тапиш аст, бо ҳаёт мубориза мебарам. Набояд рўҳафтода шуд. Охир мазмуни умри инсонӣ низ ҳамин аст!

понедельник, 22 сентября 2008 г.

Ибтикори Масъуди Миршоҳӣ


Раиси Бунёди Рўдакӣ дар Фаронса доктор Масъуди Миршоҳӣ паи ҳам корҳои хайреро анҷом медиҳад, ки мондагор дар сафҳаи торихи фарҳанги форсизабонон хоҳад буд.

Инак китоби наве, ки ба хати форсист ва аз шеърҳои бонувони шоири Ўзбекистон асту Миршоҳӣ таҳия намуда ва Нашриёти «Ховарон» дар Фаронса нашр кардааст, ба дасти камина низ расид. Маҷмўаи мазкур «Дурри дарӣ дар Самарқанду Бухоро» (Шеърҳои занони тоҷик дар Ўзбекистон) ном дошта ба он доктор Миршоҳӣ сарсухан навиштааст. Сипас мақолаи профессори донишгоҳи Самарқанд Садрӣ Саъдиев «Вазъи забон ва адаби форсии тоҷикӣ дар Ўзбекистон» ҷой дода шудааст.

Дар китоб намунаҳо аз ашъори Ҳадя, Башорат, Зебунисои Тоҳириён, Маҳбуба Неъматзода, Саида Камолова, Садорат Аюбҷонова, Музаффара Рустамова, Фаҳима Содиқ, Матлубаи Шоалӣ, Парисо, Шаҳзодаи Самарқандӣ, Дилрабо Насимӣ, Дилшодаи Фарҳодзод, Манзура Ҷўраева, Марям Ёдгорова оварда шудаанд.

Хонандаи форсизабони хориҷӣ аз забони шеърҳои ин бонувони ўзбекистонӣ пай хоҳад бурд, ки вазъи забон дар ин кишвар чӣ ҳоле дорад.

Ба доктор Масъуди Миршоҳӣ барои чунин кори хайр барои дастгирии адибаҳои тоҷики Ўзбекистон изҳори миннатдорӣ мекунем.

Кош ин ташаббуси эшон дар Тоҷикистон идома меёфт ва чунин маҷмўа бо иловаи осори бонувони достоннавис ба сирилик низ ба чоп мерасид.

«Оҳангҳои Самарқанд»


Адаш Истад (яъне камина) бехабар мондааст, ки моҳи июни соли 2007 як маҷмўаи назму насру намоишномаҳояш аз ҷониби нашриёти «Адиб»-и Тоҷикистон таҳти унвони «Оҳангҳои Самарқанд» ба табъ расида будааст.

Як нусхаи ин китоб бо меҳрубонии Баҳори Хуррамзод (ташаккури зиёде бар ў!) ба дасти камина расид.

Ба раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, ба мудири нашриёт Ато Ҳамдам, ба муҳарири китоб Муҳиддин Хоҷаев ва дигар азизоне, ки дар ғоиби камина барои нашри ин китоб аз ҳисоби маблағи ҷудокардаи Раиси ҷумҳури фарҳангдўсти Тоҷикистон заҳмат ба харҷ додаанд, сипосгузорам.

Танҳо дар поёни китоб «Гулчини осор» навиштаанд, ки ин тавр нест. Дар ин китоб танҳо намунаҳо аз осори 15 соли охир дар Самарқанд таълиф намудаам оварда шудааст.

вторник, 9 сентября 2008 г.

Китоби нави Ҷаъфари Муҳаммад

Шеърҳои Ҷаъфари Муҳаммади Тирмизӣ чанд сол аст, ки мухлисони назми форсиро фараҳовар аст.

Китобҳои ў «Чашми борон» (Тирмиз, 1997), «Мижгони офтоб» (Душанбе, 1999) ва «Тулўъи сабзи ранг» (Тошканд, 2003) аз тавлиди шоири ҳақиқӣ мужда дода буданд.

Соли 2007 дар Қоҳира рисолаи илмии донишманди мисрӣ Маҳмуд Салома Аловӣ бо номи «Шеъри муосири форсии тоҷикӣ дар Ўзбекистон: Дар мисоли шеъри Ҷаъфари Муҳаммади Тирмизӣ» ба чоп расид.

Ҷаъфари Муҳаммад ба Самарқанд ба ҷашни Одамушшуаро Рўдакӣ омада буд ва хабар дод, ки бароям китоби тозанашри худро овардааст. Ин китоби шеърҳои ў «Таҷаллӣ» ном дошта воқеан ҳам таҷаллии дили шоиронаи ўст.

Дўстам Ҷумъа Ҳамроҳ ба ин китоб сарсухани пур аз меҳру муҳаббат нависта кўшидааст, ки паҳлуҳои эҷоди ўро амиқтар дарк намояд. Ин сатрҳо хулосаи навиштаҳои ўст: «Шеъри Ҷаъфар аз ҳафт пушти шоирони порсигўй бўй мебарад. Ба ифодаи дигар, вай он қадар суннатгарост, ки ҳамон қадар навпардоз аст.» Хеле афсус, ки адабиётшиносони Тоҷикистон ҳоло ба шеърҳои Ҷаъфар баҳои ҳаққонӣ надодаанд. Ў дар шеъре чунин байт дорад:

Ба кўру кар чӣ мегўӣ, ба қулфи дар чӣ мегўӣ?
Ки аз равзан чу нуре бардамидему намедонанд.

Акнун як шеърро аз ин маҷмўаи тозаи Ҷаъфари Муҳаммад ба шумо пешниҳод мекунам ва ба ин шоири хушқалам комёбиҳои нави эҷодӣ мехоҳам.

ФАСЛИ ФОСИЛА

Дар миёни Ману Ту фосила ҳаст
Ва чӣ як фосилаи зебое!
Ва дар ин дурии наздик
Як самимияти шаффоф ба лабҳои Ту ошиқ шудааст.

Ман ба бозор шудам
Ва ба олуи лабони Ту харидор шудам.
Сабадам холӣ буд
Ва ду ҷайбам зи сабад холитар.

Ва чи як бозоре:
На фурўше,
На хариде.
Боз ҳам бо сабади холии худ баргаштам.
Чашми олуси фурўшандазани арбадаҷў
Бо тамасхур зи паси сояи дарвешии ман мелағзид.

Дили шаб буд.
Мани танҳо,
Тани танҳо
Ба суроғи дили гумкардаи худ афтодам.
Ҳама ҷоро таку рў кардаму ҷустам:
На пайе буду на Ҳайдар!

Ва ба дар қулф задам аз берун,
Дохили қулф калидам бишкаст.

Ҳама ҷо сокит буд,
Ҳама ҷо холии холӣ,
Ба ҷуз аз ҷайби сарам, ки ба сиёҳии шаби танҳоӣ
Пур шуда буд.

Ногаҳон рўшан шуд,
Осмон як кафи тифл
Ва ба он суръати анбўҳ, ки аз мавҷу садо бартар буд,
Рўшанӣ вусъат ёфт.
Осмон синаи худро бидарид.
Дили худро бишикофт.

Дар нигоҳи мутааҷҷибшудаам акси само бозӣ кард.
Нур бар жарфтарин нуқтаи афлок расид.
Осмон нозе кард:
Малакут пайдо буд,
Ҷабарут болотар.

Нигаҳи гунги ман аз пардаи қудси малакут боло рафт.
Нақшҳое дид:
На ба насху на ба таълиқ,
На ба сулсу на ба кўфиву шикаста,
На ба ислимӣ шабоҳат дошт.
Аз ҳама шаклу сифат,
Аз ҳама рангу намо,
В-аз ҳама вижагиҳое, ки дар азҳони башар меғунҷад,
Орӣ буд.

Нақшҳо
Лойиҳа буданд, ки собит шуда дар илми Худо,
Нақшҳо
Лойиҳаи ҳастии мо,
Ҳастии «Ло» буданд.

Ва дар ин вусъати пурнур, ки аз кавну макон берун буд
Ҷабарут пайдо шуд.
Ва садоҳои ғарибе, ки ба асвоти лисонҳо:
Арабӣ, форсиву туркӣ шабоҳот дошт
Гўшу руҳам бинавохт.

Ҷабарут мавҷе зад:
Бонге шаффофтар аз ҳарфу ҳиҷо,
Софтар аз савту садо
Ҷорӣ шуд:
«О-йи-на!»

Ва нигоҳам ба оқиб баргашт.
Дид: дили гумшудаи ман ба суроғи қафаси
синаи ман меояд!...
Аз сапеда ҳама ҷо пур шуда буд…

Ман дубора сари бозор шудам.
Ҳама мехост, ки колои худ арзонӣ диҳад,
Ман ба олуи лабони Ту харидор шудам.
Ҳама дороии худро, ки ба ҷуз сояи танҳоӣ набуд,
Пеши Ту рехтаму мева талабгор шудам.

Сабадам пур шуд аз олуи лаби фосилаҳо
Ки миёни Ману Ту ҷорӣ буд.
Ва нигоҳи зани бозор паси сояи доройии Ман лағзе хўрд.

Дар миёни Ману Ту фосила ҳаст
Ва чи як фосилаи ширине!...