среда, 17 августа 2022 г.

Абракадабра

(Ҳикоя)


Буд набуд як кишвари пунбакор буд. Пунба маҳсулоти асосӣ буд. Пунбаро дар заминҳои колхоз мекориданд. Корхонаҳои саноатӣ кам буданд. Баъзе касон дар рӯзномаҳо менавистанд, ки дар дараи кӯҳии Абракадабра истироҳатгоҳҳо барои сайёҳони хориҷӣ сохтан лозим, то ки ҷавонон ба шаҳрҳои дур ба мардикорӣ нарафта ҷои кор дошта бошанд. Аммо роҳбарон пунба ба гӯши худ ниҳода худро кар вонамуд мекарданд, гӯё садои онҳоро намешуниданд.


Дар дараи Абракадабра як ғори бостонӣ буд. Ин ғор аз ҷониби донишмандони археолог омӯхта шуда буд. Аз ин ғор ҳайкалчаи сафолии модархудои бостонӣ Анаҳито пайдо шуда буд. Дар пешгоҳи ин ғори тор як равзанае буд, ки аз он дар нисфи рӯз хуршед чеҳраи худро намоён мекард. Ҳама касоне, ки дар ин вақт даруни ғор буданд, мегӯянд, ки қурси офтоб ба чеҳраи занона, чуноне ки дар пештоқи мадрасаи Шердори Самарқанд мебинед, намоён мешавад. Яъне чашмони зебои занона ва аз ду бари рӯяш зулфаконаш мавҷзанон овезон. Дар ин лаҳза даруни ғор пур аз накҳати мушки анбар мешавад ва мардум аз он маст мешаванд.


Аммо...


Ҳамин вожаи “аммо” набошад, олам дигар намешавад.


Дар ин дараи Абракадабра ҳамагӣ як деҳа буду дар ин деҳа як домулло. Домуллои мадрасаи диниро хатмкарда не. Ҳамтуки як худомӯз. Аз ҳуруфи арабии Қуръон якеро ҳам талаффуз карда наметавонад, яъне он ҳарфҳое, ки дар забони тоҷикӣ нестанд. Аммо идҳои динӣ ҳастанд, азодорӣ, ва дигар маъракаҳо бе иштироки рӯҳонӣ намегузарад. 


Ба ин сабаб ин муллои чаласаводро эҳтиёт мекарданд, ҳурматашро ба ҷо меоварданд. Чӣ хеле аз бенамакӣ сангро намаку аз беамакӣ бузро амак мегӯянд. Ҳамин чаласавод, ки дар симо шоҳбузи Рухсоракампири садсолаи деҳаро ба ёд меовард, хост ки ҳамин ғорро ба мақсади сарватҷамъкунӣ истифода кунад. Ӯ дар ҳар як маърака бо такрор мегуфт, ки дар кадом як китоби дастхат хондааст, ки ин ғор қадамҷои паёмбар Сулаймон будааст. Ин рӯҳонии маккор пеш аз чунин афсонабофӣ ҳамон равзанаи хуршедии ғорро бо оҳанбетон баст. Дигар овозаи ин қадамҷо ба тамоми кишвар паҳн шуду мардум савораву пиёда гурӯҳ-гурӯҳ омада гӯсфанд қурбонӣ карда аз ин Мулло Қаландари бонии ин қадамҷо дуои кушоиши кору дафъи монеаҳо гирифта кисаҳои худро пеши ӯ холӣ мекарданд.


Дар ин деҳа мактаби миёна буд, дар он омӯзгорони маълумоти олидор буданд, масалан муаллими фани таърих эшони Исохоҷа хуб медонист, ки паёмбар Сулаймон натанҳо ба ин ҷо, балки ба кишвари ҳамсоя ҳеҷ гоҳ пой нагузоштааст. Аммо шиорашон он вақт чунин буд: “Ҳар кас тавонаду дар намонад”. Ӯ мегуфт: Ин дунё пур аз дурӯғ. Маро эшон мегӯянд, аз дигарон, ки эшон нестанд, чӣ фарқе дорам?


Дар олам ягон чиз абадӣ нест. Инро ҳама медонанд. Умри дурӯғ кӯтоҳ аст, мегӯяд мардум.


Рӯзе як ҷодугари ҷавон, ки ҷодугариро дар Кашмир омӯхта буду зодаи ҳамин деҳа буд, ба дидорбинии хешовандонаш омад. Падару модари ин ҷавон дар вақти тифлии ӯ вафот карда буданду бачаро хешон ба сағирахона супорида тамоман фаромӯш карда буданд. 


Ҳамин сағера, ки Собир ном дошт, даруни ғор ҳазориспанд дуд карда чӣ дуое хонд, ки ғор карнайвор садо бароварду мӯъҷизаҳои гӯшношуниде рӯй доданд.


Бӯзинаҳои шимпанзе пайдо шуданд ва аз ғор баромада ба боғу полезҳо ҳуҷум карданд. Яъне дар боғу полез аз ҳосил чизе намонд. Онҳо ба забони тоҷикӣ гап мезаданд, ба сокинони деҳа “Ҳоло низ пунба корида гаштетон-мӣ?” гӯён забонашонро бароварда масхаракунон механдиданд. 


Баъд Говмард берун омад, ҳамон говмарде, ки дар ривоятҳои таърихӣ тасвир кардаанд. Ӯ даъво кард: Одамҳо ҳама аз ман пайдо шудаед. Ба ман ҳар рӯз даҳ кило гӯшти гӯсфандро пухта биёред.


Рухсораи кампир гуфт: - Ту аз раиси колхоз ҳам баднафстар будаӣ! Ба ман ин хел аҷдод ҳеҷ лозим не! Ту на гову на одам. Метонӣ алаф хӯрӣ! Не, ба ман деликатес тед будас.


Зоғҳои сиёҳи сухангӯй пайдо шуданд, ки доим ғайбат мекарданд. Шиор медоданд: “Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!”.


- Инҳо тарғибгар: - Гуфт домуллои деҳа,- душманони дин, яъне атеист!


- Ҳама сер, ҳама - сарватманд, мо дар биҳишт! – Қар-қар мекарданд зоғҳои сиёҳ.


Тӯтиҳои ҳиндӣ пайдо шуда мегуфтанд: - Замони пеш хуб буд, имрӯз – ганда. Мо тӯтиёнро дар қафас меандозанд. Зеро мо сухани ростро мегӯем! 


- Шумоён мухбири газетаи “Правда”? – Фарёд кард домулло.


Гӯсфанде баромад, сараш ба каллаи одам монанд ва гуфт: - Киро аз Пули Сирот гузаронам? Ба ивази даҳ ҳазор доллар


- Ту ришвахорӣ? – Дод гуфт ҷодугар.


- Ин ҷо аксарият ришвахоранд, ман аз инҳо кам нестам! – Гуфт гӯсфанди одамсар.


Барои ришвахориро нест кардан ин сари одамро аз ҷисми ҳайвонӣ ҷудо кардан мебояд, - фикр кард ҷодугар, - аммо сари ин гӯсфандро чӣ тавр буридан мумкин? Сари одам аст ин,  гуноҳи азим аст!


- Ин дӯкони касофатро кай мебандӣ? – Ба сари ҷодугар дод зад мулло Қаландар.


- Ҷин аз кӯза берун баромадааст. Ҳаракат кардам, дароварда нашуд. Инҳо ҳама тобеи худоҳои бостонианд. Бояд аз музейи ботоншиносӣ ҳайкалчаи модархудоро гирифта ба ғор дарорем, ҳамаи ин рӯъёҳо гум мешавад, - гуфт ҷодугар.


Онҳо ҳар ду ба осорхонаи бостоншиносӣ рафта талаб карданд, ки ҳайкалчаи сафолии модархудо Анаҳиторо муваққат диҳанд. Надоданд. Қонун манъ кардааст. Сипас аксашро гирифта ба кулол фармуданд, ки нусхаашро созад.


Ҳамон дақиқае, ки пайкараи сафолии модархудо Аноҳито вориди ғор гардид, ин ҳама синамои галлографӣ, ки қисса кардам, дар ҳаво бухор гардид.


Домулло ҳайкалчаро зери кӯрпача руст карда дар назди зоирон ҳар рӯз дуо мехонад.


Тонаду дар намонад! Дунё дунёи қӯтур, гурба дар болои шутур.


Комментариев нет: