воскресенье, 14 ноября 2021 г.

Плани музейи ояндаи Айнӣ дар Душанбе

 Пешниҳод ба Президенти Тоҷикистон, пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

 

Музейи ояндаи Айнӣ дар ҷои ҳозирааш бо ҳифзи ҳавлии устод бояд чунин бошад!

 

1.       Пештоқи мадрасаи Кӯколдош, ки устод Айни таҳсили илми карда буд. Аз дарвозаи боҳашамати пештоқаш баланди он зиёраткунанда вориди комплекс мешавад. Дар ҳамин иморати мадрасамонанд, кормандони илмӣ, ходимон, роҳбарият, техникҳо, васоити таъмини барқу гармдиҳӣ, об ва ғайра ҷой мегиранд. Ягар як бахши Институти забону адабиёт ҷой гирад, боз беҳтар  аст.

2.       Ҳавлии устод дар зодгоҳашон дар Бухоро. (Бо мактаби кӯҳнае, ки дар он хондаанд)

3.       Зиндони амирӣ баъди ҷазои 75 чӯб ва бемористони Когон.

4.       Ҳавлии самарқандии Айнӣ, таъсиси мактабҳои нав, нашриёти давлатии Тоҷикистон дар Самарқанд бо роҳбарии Айнӣ.

5.       Ҳавлии душанбегии Айнӣ ва интихобшавиаш ба мансаби президенти А.И. Тоҷикистон.

6.       Толори асарҳои чопшудаи Айнӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он. Баҳои адибону олимони бузурги ҷаҳон ба мақоми Айнӣ.

7.       Толори намоиши осори синамои устод, филмҳо дар бораи ӯ, ва навори спектаклҳои аз рӯи асарҳои ба саҳна гузошта шуда.

8.       Осори шогирдону пайравони устод Айнӣ, фарзандону пайвандони устод Айнӣ.

9.       Саҳми устод Айнӣ дар насру адабиётшиносии Ӯзбекистон

10.   Толори осор ва симои Айнӣ дар санъати тасвирӣ.

11.   Бӯстонсаройи самарқандии устод Айнӣ бо дарахту току гулҳои садбарги қадима, ки дӯсташ медоштанд. Ин чо бояд чойхонае бошад, ки зоирон нишаста дам гиранд ва аз таомҳои писандидаи устод Айнӣ бичашанд, мавригии Бухороро, шашмақоми Ҳоҷӣ Абдуллазизро истимоъ кунанд.

 

 Устод Айнӣ чи осору чи зиндагиашон уқёнуси бузургест. Камина наметавонам ин ҷо ҳама мероси ӯро ишорае карда бошам. Аз адибон, наберагони устод, адабиётшиносон хоҳишмандам, ки чизеро фурӯгузор карда бошам, илова кунанд.

  

Комментариев нет: