Боре дар хонаи шоир Наримон Бақозода бо додарашон Акбар
Бақозода шинос шудам. Наримон-ака барои кадом як маслиҳат даъват карда бошанд
ҳам ба кадом сабаб дер мекарданд. Акбар Бақозода, ки он вақт аспиранти
Институти кимёи Тоҷикистон буданд, дар ошхона таом мепухтанд. Бароям хеле хушоянд
буд дар танҳоӣ бо он кас сӯҳбат кардан, чун ин гуна донишмандон хеле серкоранд
ва кам воқеъ мешавад, ки барои сӯҳбат бо ман барин шахсон вақт ёбанд.
Калиди сӯҳбатро ёфтан лозим буд ва ман дидам, ки замбӯруғ
мепазанд, гуфтам: - Агар хато накунам, шумо ба пухтани таомҳои нодир шавқи зиёд
доред.
- Таом пухта тавонистан низ маданият аст,- гуфтанд
Акбар-ака ва пурсиданд: - Шумо чӣ, магар шумо низ шавқе надоред?
- Палавро пухта метавонам. Дар вилояти Читаи Сибир барои
афсарони рус дар як дегчаи элипсшакл палав пухта будам.
-Бо алави ҳезум?
-Не, болои як плиткачаи барқӣ, ки аз пиёла саҳл калонтар буд
ва танҳо чоряки масоҳати таги дегро метафсонд.
-Ин тавр бошад маҳорат доштаед. Ман бошам барои академик
Баҳоваддинов палав пухта будам,- гуфтанд Акбар Бақозода.
Сипас як нафаси чуқур кашида давом доданд: - Рӯзе директории
Институти кимё даъват карда гуфтанд: - Акбар, палав пухта метавонӣ?
Ман, агар пешакӣ медонистам, ки барои инсони бузурге чун
академик Баҳоваддинов палав пухтан лозим аст, ҳатман наметавонам мегуфтам.
-Барои чанд кас? – Пурсидам аз он кас.
-Барои чор-панҷ кас, дар дача.
Вақте ки ба дача (саробӯстон) омадам, директории институт
бо дӯстонашон низ расиданд, ки дар байни онҳо Баҳоваддинов низ буданд. Ба ду
гурӯҳ тақсим шудем, академикҳо дар як мизи калон ва дар мизи хурдтари наздик ба
ошдон мо ду-се нафар аспирантҳо, ки вазифаамон таҳияи ғизо буд.
Мо сабзию пиёзро реза мекардему мӯйсафедон ғарқи сӯҳбати
гарми худ буданд. Ногоҳ садои Баҳоваддинов баланд шуд: - Палавро кӣ
мепазад?
Ман пештар рафта гуфтам: - Ман мепазам.
Пурсиданд: - Аввал ба равған чиро меандозӣ?
Гуфтам:
- Пиёзро.
- Не, аввал устухони иликдорро партофта бирён мекунӣ! –
Таъкид карданд Баҳоваддинов.
Сипас онҳо саргарми сӯҳбати худ шуданду мо ҷавонҳо низ
саргарми сӯҳбати худ, ки бе шароб набуд. Лаънат ба ҳамин шароб!
Баъди сабзиро ба дег андохтан ба ёдам расид, ки гуфтаи Баҳоваддиновро
фаромӯш кардаам.
Оши палав пухт. Онро ба табақҳо кашидем.
Устоди бузург Баҳоваддинов палавро бо даст мехӯрдаанд. Бо
даст биринҷро лунда карда бардоштанӣ шуданд, ки аз дасташон рехт. Равғани илик
донаҳои биринҷро ба ҳам мечаспонад, инро ҳар як ошпаз медонад.
Баҳоваддинов дастро пок карда аз ҷой хестанд ва ба ҷониби
ман нигоҳ карда гуфтанд: - Акбар! Магар нагуфтам, ки аз ҳама пеш иликро андоз!?
Ба мошин нишастанду рафтанд.
Чанд вақт гузашту рӯзе директории Институт гуфтанд, ки бо
Баҳоваддинов ба сайри кӯҳ меравему ту низ даъват шудаӣ!
- Ман боз оши палав мепазам?
- Не,- гуфтанд он кас,- ин дафъа худи Баҳоваддинов
мепазанд.
Вақте ба як ҷои хушманзари дараи Ромит расидем,
суфасангеро ёфта фармуданд, ки болои он гулхан кунем. Баъди сахт тасфидани санг
оташу хокистарро як сӯ гирифта бо барги одамалаф, ки он ҷо мерӯидааст сангро пӯшиданд
ва масолеҳи палавро болои он чида аз болояш баргҳои одамалафро гузоштанд.
Вақте палав пухту онро хӯрда шудем, Баҳоваддинов гуфтанд:
- Дидед? Палавро дар ҳама гуна шароит ҳатто бе дег пухтан метавон!
Комментариев нет:
Отправить комментарий