Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар???
Хонандаи гиромӣ эътибор додааст, ки камина дар паси ин мақоли машҳури тоҷикӣ якто не, балки се аломати савол гузоштам. Ба он сабаб сето мондам, ки аз сето зиёд шавад, бояд сенуқта гузошт. Боре дар болои дарвозаи як мактаби тоҷикӣ, ки мудираш равшанфикре буд, шиори зеринро хондам: «Беадабро ҳар куҷо ёбӣ бикўб, Хирс мулло мешавад аз зарби чўб». Филҳол манзараи дар «Мактаби кўҳна» тасвиркардаи устод Айнӣ пеши назар омад, ки дар он танҳо партаҳо ва дар сари муаллим салла набуд. Ҳар падаре, ки ба чунин мактаб фарзандашро медод, ба мактабдор мегуфт: устухонаш аз мову гўшташ аз шумо.
Давлати диктатурии шўравӣ ҳамин гуна низомро дар мактаб устувор карда буд ва онро мулоимтар карда педагогикаи авторитарӣ яъне худкома меномиданд. Барои низоми шўравӣ аз мактаб баромадани шахсиятҳо лозим набуд, вазифаи мактаб тарбияи коргарони ба низоми мавҷуда мутеъ буд. Меҳнати фикрӣ қадр надошт, ҳукумат муаллимро эҳтиром накарда ба ў маоши камтаринро медод, барои эҳтиёҷи маориф аз хазинаи давлат маблағи камтарин ҷудо мегардид, ки «остаточный принцип» мегуфтанд. Идеология ба синфи коргару деҳқон авлавият дода зиёиёнро ба синфи беқадртарин мансуб намуда буд.
Дар мактаб усули таълиму тарбия асосан бо роҳи маҷбур кардан, тарсондан буд. Дар замони перестройка ё худ бозсозии горбачёвӣ, муаллимоне, ки депутатҳои халқи СССР буданд, соли 1989 бори аввал ҷуръат намуда оиди вазъи фалокатбори маорифи шўравӣ дар «Учительская газета» мақола навиштанд. Роҳбарони ҳамонвақтаи Кумитаи давлатии маорифи халқи СССР ин камбудиро пурра тан гирифта бошанд ҳам, нодуруст будани усули маҷбурсозиро эътироф кунанд ҳам барои ислоҳи вазъ коре карда натавонистанд. Дар натиҷа дар дили талабаҳо бадбинии мактаб ва ҷараёни таълим давом кард. Тибқи тадқиқоти социологи танҳо 19 фоизи сади шогирдони мактабҳои таълими ҳамагонӣ маводи пешниҳодкардаи барномаи таълимро аз худ мекарданд.
Мактаби шўравӣ аз 80 то 90 фоиз маҳсулоти брак мебаровард. Боз ҳам тадқиқоти социологи таъкид мекард: танҳо 9 фоизи талабаҳо бо муаллим ҳамфикранд. Боқи ҳама илму донишро дар зиндагӣ чизи нодаркор меҳисобиданд ва аз беқадрии кормандони меҳнати фикрӣ хабардор буда ба костюмҳои нимдошти муаллимони даҳсолаҳо каммаош бо тамасхур менигаристанд.
Дар чунин шароит оиди вазифаҳои мактаб на танҳо таълимгоҳ, балки ташаккули шахсиятҳо ҳарф зананд ҳам ин охирӣ умуман вуҷуд надошт.
Ҷумҳурии навистиқлоли Тоҷикистон чунин мактабро мерос гирифта буд ва солҳои зиёд бар асари воқеаҳои ба ҳама маълум имкон надошт, ки мактабро таҷдид кунад.
Акнун чӣ? Оё ҳоло ҳам ба педагогикаи авторитарӣ дар давлати демократӣ ҷой ҳаст?
Дар ҷамъияти демократӣ озодии инсон арзиши волотарин аст. Бо усули маҷбуркунию ҷазодиҳӣ дар мактаб мо танҳо одамони ғуломтабиатро тарбия мекунем.
Ба ин сабаб зарурати ислоҳоти мактаб аз вазифаҳои аввалини ҷомеаи демократӣ аст.
Эҳтимол касоне пайдо шаванд ва бигўянд: Мо ҳоло ба ҷори кардани усули мактаби финландӣ тайёр нестем. Имконияти иқтисодӣ надорем, синфхонаҳо намерасанд, ки мактабҳоро ба як баст гузаронем.
Аммо дигар интизор шудан, ки кай иқтисод беҳ мешавад, кори хирадмандона нест. Бояд аз ҳоло оғоз кард ва ҳамон мактабҳое, ки барои як баст шароит доранд, бояд гузаранд.
Дар мактаби усули финландӣ талаба то соати 16 дар мактаб таҳсил мекунад. Барои таоми нисфирўзӣ давлат бояд пул ҷудо кунад. Барои иҷрои вазифаҳои хонагӣ дар худи мактаб консултантҳо ба ў кўмак мекунанд.
Ҷомеае, ки ба мактаб эътибор намедиҳад, оянда надорад. Агар ҳамин ҳақиқати бебаҳсро фаҳмидаем, вақти амал аст. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки усули финландӣ суст кардани талабот аст. Ҳаргиз ин тавр нест!
Агар талаба вазифаро иҷро накунад, муаллим ўро коҳиш накарда ба психолог ва педагоги кор бо талабаҳои қобилияташон кам месупорад ва муноқишае ҳаргиз байни муаллиму талаба рух намедиҳад.
Устод Айнӣ дар Мактаби кўҳнаи суннатӣ не балки асосан дар мактаби духтарона таълим гирифтааст, ки усули лату кўб ва маҷбуркунӣ надошт.
Дар мактаби усули маҷбуркунӣ нуздаҳ фоизи хонандагон донишҳоро аз худ мекунанд, дар мактаби усули финландӣ бошад – сад дар сад! Имтиҳон нест, баҳогузорӣ нест!
Аммо боз ҳам: Давлат чӣ гуна – мактаб намуна.
Созмонҳои маълуми байналхалқӣ чигунагии давлатро аз рўи он муайян мекунанд, ки маоши муаллимон зиёд аст ё низомиён?
Пеш аз ҳама ҳар як муаллими тоҷик бояд ба худ бигўяд: Ман аз ин пас бо усули маҷбуркунӣ кор намекунам. Зеро ин хилофи манофеи миллист. Миллат аз шахсиятҳо иборат аст. Ман танҳо шахсиятҳои эҷодкор ва мутафаккирро тарбия мекунам!
Бо чунин савганд ҳар соли хониш бояд оғоз шавад.
Гузаштан ба усули финландии маориф бе зиддият нахоҳад буд. Пеш аз ҳама он кормандони маориф зиддият хоҳанд кард, бе маҷбуркунӣ ва тарсондан кор карда наметавонанд, яъне педагоги эҷодкор нестанд. Муаллимоне зиёданд, ки шавқи талабаро ба фани худ бедор карда наметавонанд, яъне ҳунари педагоги надоранд. Онҳоро мебояд, ки ё услуби кори худро қатъиян тағйир диҳанд ё аз кори педагоги даст кашанд.
Ман дар Ўзбекистон зиндаги мекунам. Чандин сол аст, ки ҳукумати Ўзбекистон зиёда аз дувоздаҳ фоизи даромади миллии ҳарсоларо барои эҳтиёҷоти мактабҳо ҷудо мекунад ва дар ин бобат дар ҷои аввал аст. Ҳар сол танҳо дар вилояти Самарқанд даҳҳо биноҳои нави мактабҳо ба истифода супорида мешавад. Аксари мактабҳо дар як баст кор мекунанд. Шароити Тоҷикистон дигар аст, ҳама инро медонанд. Аммо приоритет ном истилоҳе ҳаст, ки ба маънои афзалият ва авлавият кор мефармоянд. Менталитети мардуми тоҷик аз қадимзамон бар приоритети маориф асос ёфтааст. Аз қадимзамон тоҷикон ҳамчун аҳли дониш шинохта шудаанд, ки мисолҳояш дар китобҳои торих зиёданд.
Ба ин сабаб асрҳои зиёд таълим дар мадрасаҳои Осиёи Миёна ба забони тоҷикӣ будааст.
Агар дар ин бобат Тоҷикистон оқиб бимонад ба гум шудани рукни муҳими менталитет, ҳуввияти миллӣ роҳ медиҳад.
Дар охир мехоҳам ходимони маориф биандешанд, ки дар зимистони сахт вақти хурўҷи эпидемияи грипп дар синфхонаҳои ба дараҷаи зарурӣ гармнашаванда хондани бачаҳо магар зарур аст? Магар мумкин нест, ки таътил дар вакти зимистон бошад?
2 комментария:
Mardikor:
Ахсан, устод. Масъалаи хеле бамаврид. Хаста набошед.
Андешаву хулосахои шумо боиси дастгирианд. Саломат бошед, устод.
Агар мисли шумо коршиносе дар Вазорати Омузиш (маориф) кор мекард, шояд ягон ислохоти чидди ва назаррасеро дар ин соха дар 10 соли охир Точикистон шохид мешуд. Вале, албатта, бо чунин вазири бесаводу бехирад Рахмонов кор кардан бароятон азоби маънави мебуд.
Бешубха, магзи гапро гуфтед, ки он хам бе мактаби хуб, ояндаи миллат норушан хохад монд. Хонандагонро бо тачрибаи хуби кишвари Финлонд ба самти дуруст хидоят мекунед. Бахси мавзуро давом медихем. Сипос.
Дар амони худо.
-- Ботур Косими
Отправить комментарий