Мўҳтарам Дориюш! Дуруд!
Ман аслан ба ин чархуфалаки блог эътибор надодаам. Гумон доштам, ки он чандон аҳамият надорад. Чун мо чанд нафар рўшанфикрони бедордил аслан ҳамфикр нестем, масали Крылов «Ку, моҳи ва харчанг»-ро мемонем.
Камина даҳсолаҳои пеш ва ҳоло низ пофишори дорам, ки байни мардуми тоҷик ва фарҳанги решагии ў фосила кам нест. Кўшиш мекардам ва ҳоло хам мекўшам, ки ин фосила набошад. Аммо мушоҳида мекунам, ки ҳамфикру ҳамсадову ҳамдилон хеле каманд. Танҳо «Озодагон» баъзе мақолаҳоямро нашр мекард, аммо ҳоло аз он низ хабаре надорам. Кўшиш карда истодам, ки ҷашни ҳафтҳазорсолагии фарҳанги Митроӣ багузор шавад. Мақсад аз ҷалби таваҷҷўҳ ба оини митроӣ бедории фикрии мардум аст. Зеро ин оин нисбат ба афсона ба маротиб фоизи зиёдтари илм дорад. Яъне оини мардуми мо дар замони решагияш хирадгаро будааст.
Шумо ба ҳафт марҳилаи митроӣ биандешед. Яъне пайрави ин оин ҳама донишҳои зарурии он замонаи худ – фалсафа, тиб, дорушиносӣ, ситорашиносӣ, сангтарошӣ, меъморӣ, шаҳриёрӣ, тарбияи чисмонӣ, илми ҳарб ва ғайраро аз бар мекард. Дин такомули ҳамаҷонибаи маънавию ҷисмонии инсонро бар душ гирифта буд. Аммо динҳои кунунии ҷахонӣ аз илм фарсахҳо дуранд. Кўшиши Сино барои дар доираи ислом ҷори кардани хирадгароӣ натиҷае надод.
Халқе, ки оини меҳрпарастиро ба вуҷуд овардааст, нобиға аст. Мо ин суханҳоро бояд ба тамоми ҷаҳон бигўем ва чунин арзишҳои бузурги решагии халқамонро пайдо намуда ба он бояд бозгардонем.
Бе устувор намудани хирадгароӣ дар ҷомеа на демократия хоҳад буду на тоҷик хоҳем буд!
Дар ин бора бояд биандешид.
Ба шумо комёбиҳои зиёде орзумандам.
Адаш Истад
1 комментарий:
Окои Адаш Истади гиромй,
Гуногунии андешахо ё чандандешй (плюрализм) худ аз нишонахои як чомеъаи солим аст. Ба шарте, ки ин гуногунй аз роху равиши дуруст, бо такя бар хираду мантик ва бе хушунат пайгирй шавад. Аз ин ру ман хушхолам, ки дар ин чамъи андаки мо пажухишгари кушое чун шуморо мебинем, ки ба ойини митройи - заминасози ойинхои яктопарастии дигар - таваччухи вофир доред ва ташнагони огохию донишро дар ин бора сероб мекунед. Афзун бар шумо афроди дигареро мебинам, ки дар тавзехи пояхои кешхои ислому масехияту зартуштию гайра мекушанд ва ё дар кулл динро зери суол мебаранд. Боз хам хурсанд мешавам, ки мо аз як чомеъаи "инкубаторй" - якдасту якданда - фосила гирифтаем. Ин ки саранчом ба кучо мерасем, ба фарчоми хамин гуфтумонхо бастагй дорад. Бароятон комгорй мехохам.
Бо арч,
Дориюш
Отправить комментарий