Медонед, ягон усто, вақте ки бинои масҷидро месозад ва онро бо нақшу нигори миллӣ оро медиҳад, ҳама корҳоро ба дараҷаи аъло анҷом медиҳад, аз кори ў ягон камбудӣ намеёбед. Аммо дар иморати дигар метавонад ба дараҷаи миёна поён фурояд.
Нишони давлатӣ ба мисоли масҷид аст, ҳам меҳроб, ҳам шаҳсутунҳояш тавре бояд бошанд, ки касе эрод гирифта натавонад.
Митроизм моро (Осиёи Миёнаро) бо Русия, Аврупо, Қавқоз (хусусан Арманистону Озарбойҷон), Эрон, Афғонистон, Туркия ва дигар кишварҳо пайванд ва минбаъд решаҳои фарҳанги бостониро шакл дода буд. Нишонаҳои митроизм ҳафт ҳазор сол боз боқист.
Намешавад чорҳазорсола (то оини Зардуштӣ) ҳукумати онро ба мағзи сари мардумони кишварҳои зиёде нодида гирифт.
Намешавад аз саҳми бузурги он дар ташаккули оини зардуштӣ чашм пўшид.
Дар шаҳраки протоградии бостонии Саразми 5500-сола кашфи нишонаҳое аз оини Меҳр табиист. Шумо навиштед, ки сабаби ба китоби «Тоҷикон» ворид нашудани бозёфтҳои маданияти он баъди навишта шудани китоби «Тоҷикон» кашф гардидани Саразм аст.
Ин ҳам як воқеият аст.
Аммо дар китобҳои торихи замони шўравӣ беэътиборӣ ба торихи динҳо аз дастурҳои идоложии коммунистӣ буд. Барҳам додани ин норасоии калон осон нест.
Ба ин хотир ман пешниҳод мекунам, ки Академияи улуми Тоҷикистон бо иштироки ЮНЕСКО дар мевзўи «Нақши оини митроӣ дар поягузории маданияти халқҳои Осиё ва Аврупо» як конфронси байналхалқӣ гузаронад. Маърўзаҳои илмии ин конфронс барои навиштани китоби нави торихи Тоҷикистон заминае ҳозир мекард.
Хеле хуб мебуд, агар донишмандони соҳа гузаронидани ҷашни ҳафтҳазорсолагии фарҳанги меҳрпарастиро якҷоя бо ин конфронс ба ҳукумат пешниҳод мекарданд. Ба фикри шахсии камина дар бозёфтҳои археологии Тоҷикистон, фарҳанги мардумӣ нишонаҳои оини митроӣ он қадар зиёданд, ки мешавад Тоҷикистонро яке аз марказҳои бостонии оини митроӣ, ё поягузори он номид.
Шоири номии мо Мўъмин Қаноат гўё оиди Саразм навиштааст:
Тоҷик зи роҳи ростӣ аввал заминро кишт кард,
Аз баҳри оташхонаҳо аз хоки модар хишт кард.
Кишти нахустиро дуруд, Яшти нахустинро суруд,
Дар васфи Митро – меҳри пок,
Қонуни аввалро навишт дар исмати зояндахок,
Шаҳри наве бунёд кард, боғи наве бунёд кард.
Ҳар он чи будӣ дастрас, ў дар замин эҷод кард.
Камина аз Саразми 5500-сола хабар дорам. Бо даъвати донишманди торих Абдурауфи Раззоқ аз он дидан карда будам. Хусусан маъбади оташпарастии он ба оини митроӣ тааллуқ доштани Саразмро пурра тасдиқ мекунад.
Дар бораи бозёфтҳои археологии Саразм мақолаеро дар Интернет нашр карда будам.
Ба Шумо ва дигар бостоншиносони тоҷик дар кашфи маданияти моддии замони меҳрпарастӣ комёбиҳо мехоҳам!
Бовар дорам, ки агар Шумо донишмандони торих ин пешниҳодҳоро аз ҷиҳати илмӣ асоснок карда ба ҳукумат супоред, мусбат арзёби хоҳад шуд.
Ҷашни 7-ҳазор солагии фарҳанги митроӣ барои бархе эҳтимол афсона битобад. Оё медонед, ки вақте бо ташаббуси камина ва донишманди торих Аскарали Раҷаб барои гузаронидани ҷашни 1400-солагии Борбад нашри силсиламақолаҳо сар шуд, касе бовар накарда буд, ки роҳбарони шўравӣ ба ин ҷашн иҷозат медиҳанд.
Маводи илмӣ оиди фарҳанги меҳрпарастӣ бошад, нисбат ба маводи торихӣ оиди Борбад садҳо маротиб зиёдтар аст. Донишмандони форсизабон низ оиди оини митроӣ китобҳо нашр кардаанд.
Комментариев нет:
Отправить комментарий