понедельник, 15 августа 2016 г.

Бумеранг



Аз силсилаи «Маънои зиндагӣ чист?»

Мӯйсафеде асозанон ба тӯйхона ворид шуд. Болои кат, ки одатан мӯйсафедон мешинанд, пур буд ва ӯро дар  қатори ҷавонҳою миёнсолон ба миз шинонданд. Дастони мӯйсафед меларзид ва то ба даҳон бардани чумча ош камтар ба рӯи дастархон мерехт.

Палавро дар маъракаҳо барои ду кас мекашанд ва ҳамтабақи ӯ ҷавони камандеше будааст, ки ғур-ғур кард: - Аз ин хел ош хӯрдана дар хона нишастан беҳтар.

Мӯйсафед ботамкин будааст, ки посух надод. Дар ҳоле, ки ҳуқуқи ӯро барои иштирок дар маъракаҳо инкор карда истодаанд. Ман бошам биандешидам, ки эгоизми ҷавон яъне худбинии ӯ ягон  реша ба беандешагиҳои худи мо дорад. То шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад. Фикр кардаму ёфтам посухи суоли худро.

вторник, 5 июля 2016 г.

Русуми аҷиби мардум



Сирри дарозумрӣ

Як аз хешовандони дури камина вафот кард. Рўзи дигар хабардор шудаму ба фотеҳахонӣ (яъне таъзия) рафтам. Аз як ақрабои марҳум пурсидам: - Марҳум чанд сол доштанд?
Гуфт: - Се кам ҳаштод.
Баъд ба сари кўча баромада аз каси дигар фаҳмидам, ки марҳум 75-сола будааст. Баъди мурдан синни марҳумро 2-3 сол зиёд кардан расми самарқандиён аст. Дар ин кор ягон қоидаи аниқ нест. Масалан мегўянд, ки ба ҳар бисту панҷ сол як сол зам мешавад ва ё мегўянд, ки 9 моҳи дар шиками очааш буданаш низ як сол зам мекунад.
Ҳамин тавр марҳум 95-сола бошад, «ба сад даромад» гуфтан мегиранд. Гўё ки дарозтар кардани сини марҳум обрўи ўро меафзояд.
Ҳамин тавр дар таъзия агар аз касе пурсед, ки марҳум чанд сол дошт, ҳаргиз сини ҳақиқии ўро фаҳмида намеавонед.
Зуд ба муаммо табдил меёбад синни марҳум!

Товуси Шодибобо



Шодибоборо, ки дар Регистони Самарқанд ошхона дорад, донишманди паррандаҳои зебо гўем хато намекунем. Шодибобо аслан ошиқи кафтарон аст. Танҳо кафтар не, балки бедона, кабк ва дигар паррандаҳои хушхонро парвариш мекунад. Ошхонааш аз ин гуна паррандаҳои хушхону хушранг пур аст. Як намуди бизнесаш низ ҳамин аст.
            Ба пирӣ нигоҳ накарда ҳар шанбе ба бозори калони паррандаҳои Тошканд меравад,  то ки паррандаҳои нодирро харида биёрад.

вторник, 28 июня 2016 г.

Ҷанг бо худ



27-июн дар Ўзбекистон ҷашни журналистон аст. Саҳари ин рўз сардабири «Овози Самарқанд» Озод Ҳамидзода сим зада табрик намуд. Ҳазорҳо ташаккур! Кори каминаро дар рўзномаҳои тоҷикии Ўзбекистон аз ёд набурдаанд.

Айёми бачагӣ ба аккосӣ шавқ доштам ва боре дар озмуни вилоятӣ сазовори ҷои дуввум шуда будам. Баъди занги Озод сароғозҳоро ба ёд овардам ва фикр кардам, ки рўзноманигори эҷодкор дар атрофи худ ҳар рўз ҳатман чизеро меёбад, ки барои дигарон шавқовар аст. Аз тирезаи хонаам, ки дар Регистони Самарқанд аст, ба берун нигоҳ карда дидам, ки таъмиргарони ошхонаи Шодӣ-бобо оинаи калонеро ба пушти девори ошхона бароварда монданду товуси ин ошхона (дар ин ошхона парандаҳои хушрангу хушовози зиёдеро гирд овардаанд) акси худро рақиби худ дониста бо ў минқорзанӣ мекунад ва рўи оина пур аз хуни минқори ўст. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро ба ёдам расонд ва хостам ин лаҳзаро манзури блогхонҳо кунам.

пятница, 27 мая 2016 г.

Бо сипос ба адибон Аслиддин Қамарзода, Салим Кенҷа, Нормурод Каримзода, Абдурасул Иброҳимзода ва Шодӣ Расулов



Инҳо рўзҳои охир китобҳои тозанашри худро ба камина ҳадя карданд.

Китоби Қамарзода «Самарқандиён дар Америка» ном дорад, сафарномаи эшон аст аз чанд рўзи меҳмонӣ дар ИМА.

Шодӣ Расулови оқсойӣ дар васфи деҳаи Оқсой ва одамони он шеъри зиёде гуфтааст ва китобаш номи хубе дорад – «Подоши меҳр». Ин байт аз ўст:
Аз азал халқи Оқсой
Буд бо муҳаббаташ бой.

пятница, 25 марта 2016 г.

Аҳсант, ба ТВ «Сафина»!



Ҷашни наврўзии Ишкошим ва Хоруғ, ки ТВС намоиш дод, хеле нишотовар буд. Хусусан ҷашни наврўзии Ишкошим ягон унсури сунъии теарткунонидашуда надошт, сад дар сад мардумӣ, хеле табии дилоро ва фараҳфизо буд. Касе, ки инро дид, ҳатман дарк намуд, ки решаҳои мавригихонӣ дар куҷост.

Ба ТВ «Сафина», ки ба мардум Наврўзи табиӣ ва асилро намоиш дод, ҳазорҳо ташаккур!

среда, 23 марта 2016 г.

Таассурот аз Наврўзи Тоҷикистон



Барномаи беҳтарини наврўзие, ки аз телевизион дидам, шаби эҷодии устод Мўъмин Қаноат буд. Устод Қаноат оид ба фарҳанги мардуми озоданажоду покизаниҳод, ҷашни Наврўз суханҳои хеле донишмандона гуфтанд.

Шабакаи якум аз Наврўзгоҳи Душанбе иди Наврўзро хеле бад намоиш дод.

Кормандони ин ТВ умуман «средный план» ва «крупный план» чист намедонанд.

Баъди он ки якбор президентро дар ҷои нишасташ аз таги ҷоғаш намоиш доданд, ҳама фаҳмид, ки наворбардорон ба ин ид тайёри надидаанд.

Аҷаб нест, ки аҳли намоиши Наврўзгоҳ дар экрани телевизорҳои хурди мардуми миёнҳол ҳатто аз мўрча хурдтар намудаанд.

вторник, 12 января 2016 г.

Оид ба замони истеъмоли палав



Тибқи таомул баъзе маъракаҳо дар оғози рӯз баргузор мешаванд, ки дар онҳо таоми асосӣ палав аст. Аммо имрӯзҳо дар байни мардум одати субҳ палав пухтан густариш зиёд надорад, ки ба назари камина хуб нест. Дар хонаводаҳои Самарқанд палав дар аксар маврид таоми нисфирӯзӣ ва шом аст.

среда, 23 декабря 2015 г.

Оид ба элитаи тоҷикистонӣ



Яке аз хонандагони Герби шердор аз Тоҷикистон (номашро нагуфт) хоҳиш кард, ки оиди оё элитаи фарҳангӣ элитаи сиёсӣ шуда метавонад, фикри худро бигӯям.

Файласуфи рус В.Розанов дар бораи олимон, адибон ва умуман аҳли фарҳанг гуфтааст, ки инҳо ҳама эгоистанд. Табиатан дар зимн чунин будаанд.

Дар байни аҳли санъати тасвирӣ як тоифае ҳаст, ки ба санъати амалии халқӣ таалуқ дорад. Инҳо устоҳоянд. Дар байни ҳамин устоҳо ман ягон нафар эгоистро дучор нашудаам.

суббота, 12 декабря 2015 г.

Палави академик Баҳоваддинов



Боре дар хонаи шоир Наримон Бақозода бо додарашон Акбар Бақозода шинос шудам. Наримон-ака барои кадом як маслиҳат даъват карда бошанд ҳам ба кадом сабаб дер мекарданд. Акбар Бақозода, ки он вақт аспиранти Институти кимёи Тоҷикистон буданд, дар ошхона таом мепухтанд. Бароям хеле хушоянд буд дар танҳоӣ бо он кас сӯҳбат кардан, чун ин гуна донишмандон хеле серкоранд ва кам воқеъ мешавад, ки барои сӯҳбат бо ман барин шахсон вақт ёбанд.
                                                  
Калиди сӯҳбатро ёфтан лозим буд ва ман дидам, ки замбӯруғ мепазанд, гуфтам: - Агар хато накунам, шумо ба пухтани таомҳои нодир шавқи зиёд доред.