вторник, 13 января 2009 г.

Макри Ғарб

Фикр кунед: Шумо даҳ сол кор ё мардикорӣ карда худрав ё сабукраве харидед, ки онро яке аз кишварҳои ғарбӣ сохтааст. Ин худравро дар он ҷо дар ду дақиқа месозанд. Шумо бошед даҳ соли умри худро барои ҷамъ кардани маблағи он сарф намудед. Хориҷӣ барои харидани меҳнати даҳсола ё панҷсола ё дусолаи шумо ҳамагӣ ду дақиқа вақт сарф намуд. Пас кӣ ғулому кӣ ғуломдор аст?

Бархе аз рўшанфикрон, аз ҷумла Ризо Фозилӣ, ки аз TV Channel 6 барномаи худро доранд, мегўянд, ки ғарбиён, аз ҷумла Инглистон барои идомаи сиёсати истеъмории худ дини исломро пуштибонӣ мекунад. Инглиси консерватив чунин ақида доштааст, ки то вақте ки дар кишварҳои Ховар ислом ҳукмрон аст, пешрафти фикрӣ , илмӣ, фановарӣ нахоҳад шуд, саноати пешрафта нахоҳад буд ва дар натиҷа маводи хоми кишварҳои ховари мусалмонро аз нафту газ то пунба маводи хомро арзон харида аз он маҳсулот сохта ба худи мардуми Ховар бо қиммати гаронтар фурўхта метавонанд. Барои он ки мусалмонҳои олам муттаҳид нашаванд, онҳо мазҳабҳои гуногуни исломро тақвият мебахшидаанд. Барои ба вуҷуд овардани мазҳаби ваҳҳобия хадамоти ҷосусии инглис хеле корҳо кардааст.

Дар Тоҷикистон бояд хушёр буд, ки байни сунни мазҳабон ва исмоилиёни бадахшӣ зиддият эҷод накунанд. Ба ин сабаб ба сар баланд кардани ягон мазҳаб чӣ салафиву чӣ ҳанафӣ набояд роҳ дод.

Ғарб метавонад ба садҳо олимони худ супориш диҳад, ки алайҳи дини ислом китобҳои илмӣ нависанд. Дар натиҷа дини ислом метавонад ё аз байн равад ё таъсири он сусттар шавад.

Аммо ин тавр намекунад, зеро ҳадафаш асосан ҳифзу густариши сиёсати нави истеъмории иқтисодист. Чаро аз Салмони Рушдӣ дифоъ мекунанд? Салмони Рушдӣ ба дини ислом хатаре надорад, зеро донишманд нест. Салмон нависанда аст ва асари ў «Ояҳои шайтонӣ» ба адабиёти бадеӣ тааллуқ дорад. Адабиёти бадеӣ бошад, эҷоди хаёлоти нависанда аст. Ва бар зидди дини ислом далел буда наметавонад.

пятница, 9 января 2009 г.

Тоҷик ё мусалмон?

Як муаллифи блоги Андеша навиштааст, ки ҳар сол дар Руссия садҳо мардикори тоҷик кушта мешавад, аммо мусалмонҳои Тоҷикистон алайҳи ин бераҳмӣ не, балки балки алайҳи ҳуҷуми Исроил ба минтақаи Ғаззаи Фаластин намоишҳои эътирозӣ кардаанд.

Дирўз як тоҷири самарқандӣ нақл кард: Ба Чин сафар накарда будам. Бо чанд тоҷири самарқандӣ моҳи гузашта ба шаҳри Урумчии Чин бирафтем. Чун ба фурўшгоҳе даромадем, он ҷо фолбини чинӣ нишаста буд ва ба ман гуфт: - Ту тоҷик ҳастӣ. Ман гуфтам, ки аз чеҳра муайян кардан душвор нест. Ў илова кард: - Бо миллати худ ифтихор дорӣ. Ин гапаш рост, ки буд, майлам зиёд шуд.

Дидам, ки чанд нафар тоҷирони тоҷик аз Тоҷикистон он ҷоянд, ба онҳо ишора карда гуфтам: - Тоҷикони асил онҳоянд. Ба забони мо самарқандиҳо таъсири забони ўзбекӣ ҳаст. Фолбини чинӣ гуфт: - Не, онҳо тоҷик нестанд, онҳо мусалмонанд.

Тоҷирони самарқандӣ маро аз ў дур карда гуфтанд: - Дур шав аз ў, ки ҳоло пулҳоятро кашида мегирад. Ман ҳам пас аз ин доим меандешам: Агар ислом ҳуввияти миллии моро нест карда бошад, пас мо чӣ бояд кунем?

Ба ёдам расид, ки чанд сол пеш як эронӣ (коргардони синамо) ба Самарқанд омада буд. Аз ман хоҳиш кард, ки дар аксбардории ёдгориҳои меъморӣ роҳбаладаш бошам. Ҳар нақше, ки дар ёдгориҳо медид, мегуфт: - исломие!

Сипас гуфтам: - Ин свастикаҳо, ин салибҳо, ин шеру хуршед дар он замонҳое, ки ҳанўз ислом вуҷуд надошт, дар Осиёи Марказӣ буданд. Бираву ёдгориҳои Яссавиро бубин, девораш пур аз свастика аст!

Он солҳо дар Самарқанд ресторанҳои бешароб набуданд. Чун хеле мутаассиб буд, барояш чунин ошхонаро пайдо кардан мушкил шуд. Сипас як ресторанро интихоб кардем, ки мудираш ба ҳаҷ рафта омада буд. Аммо дар он ҷо низ ба ногоҳ дид, ки дар як канори толор рўи мизе шишаи шаробе истодааст. Ба нишони эътироз зуд аз ҷой хест ва худро аз дар ба берун зад. Дар Самарқанд масҷидҳо зиёданд, аммо кўшиш мекард, ки намозашро танҳо дар як масҷиде, ки имомаш шиист, адо кунад. Сипас аз чунин мазҳабтарошию таассуби динии ў чунон дилтанг шудам, ки чанд рўз пеш аз поёни навобардории филм ба сараш дод задам: - Ту иронӣ нестӣ! Ту иронӣ нестӣ!

Ва тарки роҳбаладии ў намудам.

Бароям аҷиб ин буд, ки бо шунидани дашноми «Ту иронӣ нестӣ!» вай бояд эътироз мекард, асабонӣ мешуд ва ғайра. Аммо баракс хурсанд буд ва табассум мекард. Хурсанд буд, ки ўро ту иронӣ нестӣ, мегўянд. Яъне барои ў иронӣ набудану исломи будан беҳтар аст.

Фикр кардам, ки дашноми ман маънои «ту падари худро намешиносӣ, яъне ҳаромзодаӣ»-ро дорад. Аммо ин тавр набудааст. Барои ў танҳо мусалмон будан мояи ифтихор будааст. Дигар ҳама арзишҳои фарҳангии миллӣ ҳеҷанд.

четверг, 8 января 2009 г.

Блоги шоир Дилшоди Фарҳодзод

Бонуи самақанди Дилшоди Фарҳодзод блогеро таҳти унвони Меҳроин http://mehroin.blogspot.com/ таъсис дод, ки табрик мекунам.

Ў устоди факултаи сухансиносии донишгоҳи Самарқанд буда китоби нахустини шеърҳояшро чоп кардааст.

суббота, 3 января 2009 г.

Номаи Афшин ба А.Истад

Дуруд ба созандаи Герби шердор!

Устоди арҷманд! Дар як мақолаатон навиштед, ки миллат бе камоли матлуб ба пешрафти зарурӣ ноил шуда наметавонад. Камоли матлуб ҳамон энержии ба чашм ноаёни дохилист, ки миллатро барои расидан ба мақоми баландтар таҳрик медиҳад. Масъала пеш гузоштед, ки рўшанфикрони Тоҷикистон бояд чунин камоли матлубро эҷод кунанд. Фикратон сад дар сад дуруст аст. Аммо ба андешаи камина иҷрояш дар шароити кунунӣ номумкин аст. Чаро?

Рўшанфикрони Тоҷикистон ҳоло дар оқибмондагии фикрӣ қарор доранд. Онҳо китобҳоеро, ки барои пешрафти фикри заруранд, намехонанд. Онҳо ҳатто аз антеннаи моҳвораӣ канали 6-ро, ки ҳар рўз соати 20-и вақти Душанбе Ризо Фозилӣ як соат оиди ба ҳеҷ як мантиқ мувофиқат надоштани ояҳои Қуръон сухан меронад, намебинанд.

Замони шўравӣ ҳол беҳтар буд. Мафкураи ҳоким бар алайҳи хурофот ва ақоиди асримиёнагии мазҳабӣ, динӣ ва ғайра мубориза мекард. Ҳоло ба дараҷае поин рафтаанд, ки устухонҳои Имоми Аъзамро аз гўри кўҳна гирифта ба он либоси замонавӣ пўшонида, ба қавли эрониҳо ба гарданаш каравот зада мехоҳанд улгу, доҳӣ ё чароғи роҳнамои миллат қарор диҳанд. Худатон шоҳид будед, ки дар ҳақи имоми Ғазолии Хайёмкушу Синокуш чӣ мадҳияҳое аз забони олимони тоҷик садо дод.

Оё онҳо бо чунин савияи дониши асримиёнапарастӣ метавонанд, ки барои миллати Тоҷикистон камоли матлуб эҷод кунанд?

Афшини Истаравшанӣ

Аз А.Истад:


Ман барои посух ба ин суол тайёр нестам. Рўшанфикрони тоҷик якранг нестанд. Бовар дорам, ки масалан Акбар Турсун аз ин тоифа нест. Аммо садои ин тоифаи ба пешрафти фикрӣ расида ё нест ё ба дараҷаест, ки ба ҷомеаи Тоҷикистон таъсир расонида наметавонад.

Аз он китобҳое, ки Ризо Фозилӣ аз тариқи канали 6-и моҳвораӣ хондани онҳоро барои пешрафти фикрӣ зарур мешуморад, ҳатто якеро ҳам дар Тоҷикистон нашр накардаанд. Худи ман ҳам аз онҳо хабар надорам, ба ин сабаб дар ин бора чизе гуфта наметавонам.

Аммо аз суханрониҳои рўшанфикрони тоҷик, ки аз тариқи ТВ намоиш меёбад, ба чунин хулоса омадаам, ки онҳо тарҷумаи форсии Қуръонро нахондаанд ва оиди ҳарфҳои он андеша накардаанд.

То вақте ки миллат камоли матлуб надорад, президенти кишвар ягон хел ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида наметавонад. Мазмуну мўҳтавои барномаҳои ислоҳотиро танҳо аз рўи талаботи камоли матлуб таълиф метавон кард.

Бубинед, ки дар вақти муҳокимаи пешниҳоди президент оиди танзими маъракаҳо рўшанфикрони тоҷик чӣ карданд? Онҳо саҳеҳ ва бо қатъият гуфта натавонистанд, ки ин ё он маърака тоҷикӣ нест ё ориёӣ нест ва онҳоро ботил кардан лозим аст.

Ба ҳамин сабабҳо посухи суоли шуморо ба худи рўшанфикрони тоҷик ҳавола мекунам.

Ҳавола мекунаму бовар надорам, ки посухи комил бигиред. Соли фарҳанги ориёиро чӣ тавр гузарониданд, дидаед. Агар ҳама рўшанфикрони тоҷик камарро маҳкам баста ба эҳёи фарҳанги ориёӣ мекўшиданд, фикри оммаро хеле пеш бурда метавонистанд. Аммо ин кор иҷро нашуда монд.

Дурўягӣ хоси бисёри онҳост. Ҳамонҳое, ки оиди арзишҳои бузурги фарҳанги ориёӣ сухан ронда ба ғосибони араб, ки ин фарҳангро наввад дар сад аз байн бурданд, лаънат мефиристоданд, акнун оиди бузургии арзишҳои фарҳанги исломӣ дар мисоли осори имом Ғазолӣ ва имом Абўҳанифа ҳарф мезананд.

воскресенье, 28 декабря 2008 г.

Посух ба шореҳони «Барзу ва дарди театр»

Соле, ки коргардони машҳури театри муосири тоҷик Фаррухи Қосим аз рўи чанд намоишномаи Мольер як намоиши театрӣ сохт (он вақт ў дар театри академии ба номи Лоҳутӣ кор мекард) ва онро дар фестивали театрҳои шўравӣ дар Тифлис намоиш дод, ман он ҷо будам. Ва ҳама спектаклҳои театрҳои беҳтарини онвақтаи шўравиро дар он фестивал дида ба хулоса омадам, ки ҳам коргардону ҳам ҳунарпешаҳои ҷавони театрҳои тоҷик дар сатҳи ҳунарӣ ҳамсанги ҳунарпешаву коргардонҳори театрҳои беҳтарини Иттиҳоди шўравианд.

Боре ба мағозаи китобфурўшии Тифлис даромадам ва назарам ба китобе афтод, ки дар он вазъи театрҳои шўравӣ аз назари театршиносони машҳури Маскав таҳлил гардида буд. Саҳифагардон карда мақолаеро оиди театри Лоҳутӣ ёфтам. Ва хонда хеле хурсанд шудам. Дар ин мақола таъкид шуда буд, ки театри Лоҳутӣ он қадар актёрҳои боистеъдоду пурмаҳорат дорад, ки дар ин театр бузургтарин асарҳои драматургияи ҷаҳонро бо муваффақият ба саҳна гузоштан мумкин аст.

Дар ҳамон солҳое, ки дар саҳнаи театрҳои Душанбе беҳтарин асарҳоро беҳтарин коргардонҳо ба саҳна мегузоштанд, муаммои кам омадани тамошобин ба театр вуҷуд дошт.

Тифлис аз ҷиҳати нуфус аз Душанбе бузургтар нест. Ҳамон вақт (солҳои авали бозсозӣ буд) Душанбе ҳамагӣ чанд театр дошт – Опера, Лоҳутӣ, Ҷавонон ва Лўхтак. Аммо камина сенздаҳ театри ҳар шом аз тамошобин пури Тифлисро дида ангушти тааҷҷуб газидам.

Репертуар чандон бой набуд. Зеро ҳама театрҳои Тифлис мисли театрҳои тоҷик аз рўи «остаточный принсип» бо маблағи хеле кам таъмин мегардиданд. Ба ҳамин сабаб баъзе спектаклҳояшон аз ҷиҳати ороиш соддаву камбизоат буд.

Аммо муносибати гурҷиҳо ба театрҳои худ хеле самимона буд. Дар ёдам ҳаст, ки аз рўзи ба Тифлис пой гузоштанамон то охири рўзи фестивал (зиёда аз 15 рўз) театршиноси номдори тоҷик профессор Низом Нурҷонов хеле ба вазорати фарҳанги Гурҷистон давутоз карданд, ки ба як намоиши театри марионеткаҳои Тифлис билет ёбанд. Ҷои холӣ ёфт нашуд. Сипас саркоргардони он театр хабардор шуда барои Нурҷонов як курсии иловагӣ ба толори театри худ гузошта буд.

Дар бораи оқибмонии санъати театри тоҷик бисёр гуфтанду боз ҳам бисёр хоҳанд навишт. Боре Сафармуҳаммад Аюбӣ аз телевизион изҳор намуд, ки бо чунин маблағҳои каме, ки барои ҳаққуззаҳмаи драманавис муайян гардидааст, эҷоди дроми хубро интизор шудан хатост.

Яъне бемории театри тоҷик аз дардҳои гуногун таркиб ёфта ҳар яки онро шифо бахшидан лозим аст. Дар баҳсҳоҳое, ки оиди тамошобин ва театр ҳамон солҳо дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» сурат гирифта буд, қариб ки ҳама дардҳои театр баён ёфта буданд. Афсўс, ки сиёсати маблағгузории замони шўравӣ ба амалӣ кардани бисёр пешниҳодҳои хуб имкон надод.

Давлати тоҷик солҳост, ки соҳибистиқлол гардидааст. Ман ҳеҷ фаҳмида наметавонам, магар ҳоло ҳам театри тоҷик аз рўи дастурҳои замони шўравӣ маблағгузорӣ мешавад? Агар ин тавр нест, чаро мардум аз экрани телевизион оиди камбағалии репертуари театрҳои тоҷик сухан мекунанд?

четверг, 25 декабря 2008 г.

Барзу ва дарди театр

Дар як намоиши телевизионӣ коргардони машҳури театри тоҷик Барзу Абдураззоқов ширкат мекард ва бо иштирокчиён муҳокимаи масъалаи ба театрҳои Тоҷикистон кам омадани тамошобин мерафт.

Барзу дар ин барнома ягона мутахассиси варзида буд ва бо камоли майл гўшу чашм шудам, ки ў билохир чи хоҳад гуфт.

Аз суханони ў ҳамин қадар фаҳмидам, ки як сабаби кам омадани тамошогар ба театр кам ба саҳна гузошта шудани асарҳои хуб будааст. Фикр кардам, ки магар танҳо ҳамин аст? Агар ҳамин суолро Барзу ба падари худ коргардон ва ҳунарпешаи машҳури театру синамо Ҳабибулло Абдураззоқов медод, бовари комил дорам аз ин марди ҳамеша ҳақгўй чунин посух мегирифт:

- Сабаби асосии ба театр кам омадани тамошобин камфарҳангии мардуми мост. Дар шаҳрҳое, ки театрҳояш пур аз тамошобинҳост, ба театр рафтан мисли барои харидани ғизо ба дўкон рафтан талаботи ҳатмии ҳар як фард гардидааст. Муаммои асосӣ он аст, ки барои ба чунин савия расонидани мардумамон чӣ бояд кунем.

пятница, 19 декабря 2008 г.

Посух ба суоли хонандаи иронӣ Mohsen ( Iran-Mashad)

Асари Мавлоно «Фи-ҳи мо фи-ҳи» дастраси ман нест, ки маҷбур будам, тарҷумаи русии онро биёрам. Дар ин ҳикоят Мавлоно одамонро ба се тоифа тақсим кардааст:

1. Онҳое, ки баробари худо ҳама чизро дар рўи замин аз марду зан, ҳайвоноту кўдакон то сангу хок ситоиш мекунанд.
2. Тоифаи огоҳу таълимгирифтае, ки ба ғайри худо ба касе саҷда намеоранд ва ситоиш намекунанд.
3. Тоифаи саввум – одамоне, ки ба мақоми хомўшӣ расидаанд. Онҳо мегўянд, ки на ба Худо саҷда меоранду на ўро рад мекунанд. Гарчанд садои ин тоифа дар ин ҷаҳон шунаво нест, онҳо аз мақоми ду тоифаи аввал пеш гузаштаанд.

Ин ҳикоят (тарҷумаи В.Шуховцов) аз маҷаллаи «Иран-наме» №4, 2007 чопи Алма-Ати гирифта шуд.

четверг, 18 декабря 2008 г.

Посух ба суоли Aryaram

Камина мутахасиси ин бахш нестам. Аммо дар замони муҳокимаи лоиҳаҳои гербу дирафши Тоҷикистон дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» маколаҳои асосан дигаронро оиди ин масъала чоп мекардам, ки дар он Олимпур низ ширкат карда буд. Ман узви комиссиюни гербу дирафш набудам, дар комиссиюни гимни давлати ширкат доштам. Рўзе гушрасам шуд, ки қисме аз аъзои комиссиюни гербу дирафш дохил кардани сурати шерро намехостаанд. Сарвари ин комиссиюн раиси итт. расомон Сўхроб Қурбонов буд ва ман наздаш рафта соате оиди аҳамияти рамзҳои бостонӣ суҳбат кардам. Ў гуфт, ки узви комиссиюн ин суханҳои маро бояд шунаванд. Сипас бо даъвати ў дар як ҷаласаи он иштирок карда фикрҳоямро баён кардам. Таъкид намудам, ки дар байни лоиҳоҳои пешниҳод гардида офтобу шер намодҳои асосианд, ки аз фарҳанг ва давлатдории бисёрҳазорсолаи тоҷикон гувоҳи медиҳанд ва бидуни инҳо герби Тоҷикистонро тасааввур натавон кард. Баъзе аз аъзоёни ин комиссиюн эътироз карданд, ки чӣ ҳақ дорӣ дар пеши мо сухан куни, ту узви ин комиссиюн нести. Сўхроб гуфт: - Адаш Истадро ман даъват намудам, зеро дар чунин фикрам, ки сухани ўро шунидани мо аз фоида холӣ нест.

Ҳамин тавр сурати шер ворид шуд, аммо пас чӣ воқеа рух дод, дар ин бора дар архиви блоги ман моҳи февралро боз кунед, хоҳед фахмид. Як зане, ки зоҳиран ба ҷевон ё сандуқи оҳани монанд буд, агар хато накунам Валентина Ивановна ном дошт, дар ҷаласаи порлумон ҳамаи вакилони халқ ва халқи Тоҷикистонро «шер не, балки мокрая курица» гуфт ва берун андохтани шерро аз герб ба овоз монд ва ин воқеаи нангинро аз тариқи телевизион тамоми Тоҷикистон дид. Аз адибон Мўъмин Қаноат равшану возеҳ оиди рамзхои миллӣ назди вакилони мардуми суханрони карда буд. Бо як сухани ин зани аблаҳ аз сари депутатҳои калўшӣ ҳама суханҳои як сол пеш дар ҷаласаи порлумон гуфтаи Мўъмин Қаноат парида рафт.

Байни шери герби Тоҷикистон ва шери ливои собиқи Эрон фарқ хаст. Ин шер дар даст шамшер надорад. Онро наметавон иқтибос аз герби Эрони шоҳаншоҳӣ номид. Клавихо дар «Рўзномаи сафари Самарқанд» соли 1403 навиштааст, ки акси чунин шерҳоро болои дари қасри Темур дидааст ва ин герби ҳокими собиқи Самарқанд будааст.

Китоби Л.И.Ремпель «Цепь времен»-ро, ки соли 1987 дар Тошканд чоп шудааст пайдо кунед ва хонед. Ин китоб оиди рамзҳои бостонии Осиёи Марказӣ баҳс мекунад.

Оиди таърихи сеҳазорсолаи рамзи тасвири шер дар пеши хуршед яке аз муҷриҳои PARS TV (Hotbird, 11785Mhz, 27500KS/c,) китобе чоп кардааст, ки агар аз ў пурсон шавед ба шумо ба ивази маблағе хоҳад фиристод.

вторник, 16 декабря 2008 г.

Якеро медонистам, ки намоз намехонд…

Якеро медонистам, ки намоз намехонд, вале аз чашму рўяш нури оҳуроӣ таҷаллӣ мекард. Чанд бор гуфтандаш агар шумо рўзе раведу ба масчиди ҷомеъ намоз кунед, ҳазорҳо намозхон аз паси шумо хоҳанд омад ва дар масчиди ҷомеъ нахоҳанд ғунҷид. Ҷавоб дод: «Ҳама чиз ба хости худост.»

Сарвати зиёде надорад. Чанд бор гуфтандаш, ки имкони ба ҳаҷ рафтанро доред. Гуфт: – Худои ман мегўяд: «Вақте ки халқат ин қадар ба қумаки ту мўҳтоҷ аст, чаро чанд миллион сўм харҷи беҳуда намуда ба зиёрати Каъба меравӣ? Медонӣ, ки ман дар он ҷо нестам.»

Дасткушоду сахӣ буд ин мард ва кўмаки худро ба дармондагон дареғ намедошт.

Бо симои орифона ва нигоҳи шоирона ҳар рўз аз назди майдони Регистон мегузашт. Пиёда ба кор мерафт ва пиёда аз кор бармегашт. Ботинан мусалмон, вале дар зоҳир на.

На худоро мепарастид, на ягон мансабдорро. Бисёр фикр мекардам, ки ин тоифа одамонро дар вақти ифодаи аъмолашон ба чӣ номе ташхис метавон кард?

Инак тарҷумаи русии як ҳикояи Мавлоно аз «Фи мо фи» (Чизе ки ҳаст, ҳамон аст) дучорам шуд, ки дар он ба ин суол посух додааст.

ЧЕЛОВЕК ИЛИ ЖИВОТНОЕ

О, брат, ты весь – мысль!
А все остальное в тебе – лишь кости и корни!


У Мавлана спросили, в чем смысл этих стихов, и он ответил:
– Мысль – это не то, что люди под этим обычно понимают. Если кто-то захочет объяснить людям, что такое мысль, он должен сказать так: «Человек – это говорящее животное. И его речь – это и ест мысль, явная или скрытая. Только мысль отличает человека, все, что кроме этого – относится к животной природе, все остальное – лишь кости и корни.

Речь человеческая подобно солнцу, тому солнцу, что дарует человеку жизнь и тело. Речь всегда присутствует у человека, независимо от того, говорит он или нет. Но пока жив человек, животное начало в нем тоже присутствует.

Человечество делится на три сорта людей: одни не ограничиваются Богом, и кроме него поклоняются и возглашают хвалу всему остальному – от женщин и мужчин, скота и детей, и до камней и земли. Другие – осведомленные и образованные – не поклоняются и не восхваляют никого, кроме Бога. Третьи – дошли до такого состояния, что достигли молчания. Они говорят, что не будут ни служить Богу, ни отвергать Его. Эти люди превзошли две предыдущих стадии, хотя их голос и не слышен в этом мире».

воскресенье, 14 декабря 2008 г.

Идеали миллӣ

Идеали миллӣ, яъне камоли матлуби миллӣ барои мардуми тоҷик аз ҷониби рўшанфикрони Тоҷикистон равшан ва аниқ муайян нагардидааст. Идеалҳои ҳар як фарди мардуми тоҷикро ҷамъ оваред, дар маҷмўъ оиди идеали миллӣ тасаввуре ҳосил мешавад.

Ҳоло мақсади аксари мардуми тоҷик беҳ кардани вазъи иқтисодии хонаводаи худ аст. Бо кадом роҳе, ки бошад, ҳатто бо мардикории дур аз ватан маблағ пайдо намудан самти асосии амали ин мардум аст.

Камоли матлуби худро мардуми Русия баъди пош хўрдани империяи шўравӣ гум карда чанд сол саргаранг монд. Рўшанфикроне пайдо шуданд, ки дар замони сарварии Путин ҳам ба давлатдорони рус ҳам ба мардум фаҳмониданд: — Камоли матлуби мардуми рус аз қадимзамон сохтани давлати абарқудрат буд ва талош барои ин мақсад дар ин мардум нерўи азими созандагиро тавлид мекард. Нагузоштани чунин мақсади олӣ дар пеши худ боиси сустии давлати рус мегардад.

Ба ҳамин сабаб давлатдорони рус мисли императорони собиқи Русия барои ба вуҷуд овардани беҳтарин артиши замонавӣ кўшиш мекунанд.

Тоҷикон низ аз набудани камоли матлуби худ дар вазъи ногувор қарор доранд. Ба ҳамин сабаб бисёр ҷавонони тоҷик камоли матлубро дар дини ислом меҷўянд. Дин камоли матлуби ононро дар шакли сазовор шудан ба биҳишт муайян кардааст. Пас дар маҷмўъ чӣ ҳосил мекунем?

Ба ғайри ин баъзе қувваҳои иртиҷоӣ аз хориҷа ба мардуми тоҷик камоли матлубро дар шакли барқарор кардани хилофати араб бор кардан мехоҳанд. Яъне набудани чунин идеал чунин хатарҳоро эҷод мекунад.

Маънии зиндагӣ, яъне ҳаёт чист? Барои сарватмандони рус (агар мардикор бошӣ) хизмат кардан, шиками худу хонаводаро сер кардан ва боз бача зиёд намудан, ки ин бачаҳо боз ба Русия раванду хидмати онҳоро бикунанд?

Идеали миллии тоҷикон кадом аст? Он дар кадом асарҳои адабиву илмӣ ифода ёфтааст? Шумо оиди ин масъала чӣ фикр доред, хонандагони азиз?