пятница, 11 апреля 2008 г.

Устод Айнӣ оид ба Самарқанд

15-уми апрел – рўзи таваллуди устод Айнӣ.

Дар байни баъзе ашхос фикри нодурусте вуҷуд дорад, ки устод Айнӣ дар Самарқанд аз таъқиби амири Бухоро паноҳ ёфта ва бо имдоди самарқандиён соҳиби зиндагии осоишта гардида бошад ҳам, дар бораи Самарқанд чизе нанавистааст.

Вақте ки осори бисёрҷилдаи устод Айниро бо диққат аз назар мегузаронед, хоҳед дид, ки ин адиби тавоно ва донишманди беназир дар бораи Самарқанд қалам рондааст, аммо дар ҳаммон ҷое, ки ба ин зарурат будааст.

Масалан дар қасидаи ў “Самарқанду Бухоро” оиди Самарқанд он қадар сухани баланд гуфтааст, ки аз шоирони бузург то ў ва баъд аз ў низ ин тавр нагуфтаанд. Устод Айнӣ дар асари бузургҳаҷми худ “Намунаи адабиёти тоҷик” ба эҷоди адибони Самарқандӣ аз Рўдакии Самарқандӣ сар карда то замони худаш оиди ҳар яке бо самимият хома ронда осори ононро ёдовар шудааст. Дар асарҳои оид ба адабиётшиносӣ навиштааш низ, агар зиндагии ягон адиби бузуги форсу тоҷик муддате дар Самарқанд гузашта бошад, онҳоро шарҳу тафсир намудааст, ки мисолашро дар монографияи ў “Зайниддин Восифӣ ва хулосаи “Бадоъ–ул–вақоеъ” метавон дид.

Устод Айнӣ дар осори таърихии худ низ зикри Самарқандро бисёр намудааст. Масалан, вақте ки “Исёни Муқаннаъ”-ро навиштааст, оиди иштироки самарқандиён дар шўришҳои Абў Муслим ва Муқаннаъ таъкид меварзад ва ба шўриши Рофеъ ибни Лайс дар Самарқанд боби махсус мебахшад. Устод Айнӣ соли 1920 дар маҷаллаи “Шўълаи инқилоб” китоби нави худ “Таърихи амирони манғитияи Бухоро”-ро пора-пора чоп кард. Ин китоб дар ҷилди даҳуми куллиёти устод Айнӣ, пеш аз он дар нашриёти Тошканд соли 1923 чоп гардидааст.

Устод Айнӣ, вақте ки оиди воқеаҳои вобастаи ҳукмронии амирони манғит нақл мекунад, воқеаҳои дар Самарқанд рўйдодаро низ таъкид менамояд.

Чуноне ки муалифони китоби “История Самарканда” (Тошканд, 1969) навиштаанд, баъди он ки соли 1722 Иброҳим–кенегеси шаҳрисабзӣ ҳокими дар Самарқанд таъин кардаи амири Бухороро сарнагун намуд, дар таърихи Самарқанд даҳшатноктарин солҳо сар шуданд. Раҷаб Султон ном хеши ў ҳокими Самарқанд мешавад. Барои он ки бекҳои исёнкардаи ноҳиявӣ ҳукумати марказии Бухороро мағлуб кунанд, бо қазоқҳо шартнома мебанданд. Дар асоси ин шартнома қазоқҳо Самарқанд, Миёнкол ва Бухороро 7 соли тўлонӣ ғорат карда мардумро кушта ба асорат бурдаанд. Соли 1729 аллакай дар шаҳри Самарқанд ва ноҳияҳои атрофи он як ҷони зинда намонда буд. Муаллифи “Гулшан–ул–мулук” Муҳаммад Яъқуби Бухороӣ навишта буд: Дар Мовароуннаҳр гуруснагӣ ҳукмрон шуд. Онҳое, ки тавонистанд ба кишварҳои дигар гурехта ҷон ба саломат бурданд. Шаҳри Самарқанд ба биёбон монанд гардид.

Амири Бухоро Муҳаммад Раҳимхони манғит (1753-1758) ҳаракат мекунад, ки ин шаҳри беодамро ҷон бахшад. Бо ҳамин мақсад ў баъди истилои Ҳисор фармон медиҳад, ки ҳамаи сокинони ин водии сарсабзи Тоҷикистонро ба Самарқанд кўчонанд.

Ҳамин тавр, – таъкид карданд муалифони “История Самарканда”, – солҳои 50-уми асри XVIII аз Ҳисор ба Самарқанд чандин ҳазор хонавода кўчонида шуд. Устод Айнӣ ин амали Муҳаммад Раҳимхонро тавсиф накардааст, балки ҳақиқатбинона тасвир намудааст. Ин амир барои андак гуноҳ ҷазои куштан мефармудааст. Бинобар ин касе аз Ҳисор ба Самарқанд кўчидагон ҷуръати бозгашт ба зодгоҳи худ накардаанд.

Соли 1758 Раҳимхон аз асп афтода гарданашро шикаста мемурад. Ба ҷои ў Амир Дониёл меояд. Ў худи ҳамон сол ба Самарқанд лашкар кашида ҳокими саркаши Самарқандро бо аҳли байташ асир мекунад. Муаррихон навиштаанд, ки танҳо миёнаҳои соли 70-ум писари ў Шоҳмурод ҳокими Самарқанд таъин гардид. Яъне то ҳамин вақт аҳолии Самарқанд танҳо аз мардуми Ҳисор иборат будааст. Амир Шоҳмурод танҳо соли 1785 баъди вафоти падараш ба тахти хонӣ нишаст, аммо ҳукумати Самарқандро ба касе надода худ идора мекард. Устод Айнӣ ба сари ҳокимият омадани амир Шоҳмуродро чунин тасвир кардааст:

“Амир Шоҳмурод пеш аз он ки дар сарири ҳукмронӣ нишинад, ҳамаи ин нукотро ба мулоҳиза гирифта дар омода кардани асбоби рафъи ин ғавоил (корҳои баду носазо) мекўшид. Бинобар ин, чунон ки дар фасли собиқ шаммае нигориш ёфт, дар маслаки зўҳд ва тақво сулук намуда, оммаи раоёро, ки эшон ва шайхро аз шиддати ихлос ва ақида гўё ки мепарастиданд, ба тарафи худ ҷалб намуд. Дар маслаки зўҳду тақво чунон ғулув карда шуд, ки дар айёми падар чун бепадарони ятими мискин сарупобараҳна мезист.

Вақте ки бар сари аморат омад, боз ба асбоби таҷаммул наздик нашуда, ба ҳамон сифати торикдунёӣ зиндагонӣ мекард. Ҷамеи либосашро дар айёми ҳукмрониаш ба 12 танга қимат мекарданд. (Мирзо Азим).

Барои таҳдиди синфи хоҷагон ва ашроф дар аввали ҷулуси худ қозилюл-қуззот Сайид мир Низомиддинхоҷаи қозикалонро дар таҳти дарвозаи арки Бухоро, ба ҳузури умум бар замин хобонида мех ба шакамаш зада кушт. (Назар ба ривояти “Таърихи Туркистон” вақте ки амир Дониёл аз ҳаммолӣ кардани Шоҳмурод шикоят мекард, қозӣ Низом ба қатлаш машварат дода буд. Вақте ки Шоҳмурод ба мансаби аморат расид, ба ҳамин кина қозӣ Низомро кушт).

Авқофро (вақфҳоро) аз дасти синфи мутағаллиба (гурўҳи забардаст) гирифта, мадорисро эҳьё кард. Ба ин тақриб як силсила шикампарастро, ки батнан баъди батнин (авлод ба авлод) авқофро тасарруф мекарданд, аз миён бардошта ба ҷои эшон як фирқаи бузургеро, ки бар сабили бадалият бар сари авқоф хоҳад омад, ҳамеша ба дарбори ҳукумат марбут кард. Ин фирқаи содиқа талабаи улум ва синфи уламо буданд.

Ҳарчанд амлок ва танхоҳро аз дасти сарони сипоҳ ва умарои элотия нагирифт, дар бораи муомалаи эшон бо корандагон қавонини (қонунҳои) мўътадилае вазъ намуд. Ба ин восита ҳам сарварони элро аз худ наранҷонид, ҳам деҳқононеро, ки воситаи арзоқи (ризқу рўзии) оммаанд, як дараҷа аз заҷру тааддӣ халосӣ дод. Хироҷ ва молиёти подшоҳиро низ аз деҳқон ба ҳадди ақал ситонида, дар зироат ба хубӣ ёрӣ дод.

Хазинаро низ аз тасарруфи мутлақаи худ бароварда, закот, хироҷ ва соири молиётро ба хонаҳои махсусе гузошта ба масрифаш мерасонид. Аз байтулмол (хазина) касе ки камтар ҳақ мегирифт, худи амир Шоҳмурод буд. (Ба ривояте ду ва ба ривояте чаҳор танга явмия (маоши ҳарўза) мегирифт).

Дар сурате ки аркони ҳукуматаш ба алвони неъмат комрон буданд, худ чун ярма ва мошоба ба таомҳои саҳлатулҳусул (осон ёб) қаноат мекард. (Ин хусусро Мирзо Малкамхон (сафири ҳинду англис Малькольм) низ дар таърихи худ нақл кардааст).

Ба ин тақриб тамоми раоёро дар муҳаббати худ вола карда, мамлакатро низ интизоме дод.

Маазолика аз сипоҳ, ки ҳамеша ба тохту тороҷ унс гирифта буданд, ба куллӣ эмин набуд. Бинобар ин ҳарсола барои тороҷ ба номи ғазои “қизилбош” аз Ому убур карда диёри Хуросонро то ҷавори Машҳади муқаддас помол мекард. Чун ин хунрезӣ ва яғмогариҳоро “ғазо” ном ниҳода буд, домани қудсияташ аз ин хунҳо олуда намегардид. Сипоҳ, ки дар дохили маҳкуми Бухоро дасташон аз ҳар гуна ҷавр ва тааддӣ кўтоҳ буд, ҳамин ки аз Омуя убур мекарданд, мутлақ-ул-инон (соҳиби ихтиёроти куллӣ) шуда ба ҳар қисм фасод дар ҳаққи ибод (фуқаро) дастдарозӣ менамуданд.

Баъзе аз умарои Хуросон ба қабули ҳадья ва пешкаши муайяна ба амир Шоҳмурод аҳд баста, эли худро аз тороҷи сипоҳ маҳфуз доштанӣ мешуданд. Лекин ҳамин ки навбати тороҷ мерасид, аҳд ва паймон аз ёди амир ва маъмуронаш билқуллия фаромўш шуда, заррае аз яғморо дареғ намедоштанд. (Мирзо Малкамхон таъйид мекунад). Онҳое ки дастгир мешуданд, ё дар бадали фидья (маблағи ҷон) озодӣ меёфтанд ва ё дар бозорҳои Бухоро ба фурўш мерасиданд. Ба ин сабаб шаҳри Марв ва атрофаш дар аҳди амир Шоҳмурод чунон хароб шуд, ки иборат аз як дашти регзор гардид (Ин харобии Марв то тасарруфи Русия давом кард).

Байрамалихон, ки ҳокими Марв буд, дар аҳди Амир Дониёл бо ў муоаҳада (шартнома) баста ба осудагӣ мезист. Амир Дониёл Байрамалиро фарзанд хитоб мекард. Баъд аз вафоти амир Дониёл Байрамалӣ номаи таъзия навишта бо пешкаши лоиқа ба хидмати амир Шоҳмурод элчӣ фиристод ва дар Марв ба рўҳи амир Дониёл ба фуқаро таом дода фотеҳахонӣ кард (“Таърихи Туркистон”). Маазолика Марв ва Байрамалӣ аз дасти амир Шоҳмурод маҳфуз намонд: Байрамалихонро бо мутааллиқонаш кушта писарашро дар Бухоро ба асирӣ овард. Банди Султониро хароб карда, Марвро ба як сурати абадӣ ба харобӣ андохт. Мардумеро, ки дар он сарзамин сукно доштанд, ба Мовароуннаҳр кўчонида ба атрофи Бухоро ва Самарқанд манзил дод”. (Куллиёт, ҷилди 10. саҳ 15-17).

Чуноне ки мебинем, устод Айнӣ таъкид кардааст, ки ба Самарқанд ва атрофи он мардуми Марви хароб гардида низ кўчонида шудаанд.

Устод Айнӣ дар боби ”Тахриби Ўротеппа ва таъмири Самарқанд” нигоштааст:

“Дар аҳди амир Шоҳмурод дар Ўротеппа аз авлоди қалика Худоёрбӣ бинни Фозилбӣ бил-истиқлол ҳукумат дошт, Хуҷанд, Хавос, Зомин ва Диззах аз қаламрави ў ба шумор мерафт. Амир Шоҳмурод то зинда будани Худоёри мазкур ба мулки ў таарруз накард.

Вақте ки дар соли 1215 ҳиҷрӣ Худоёрбӣ вафот карда, Бобо девонбегӣ ном бародари кўчакаш, ки ба Диззах ҳукумат дошт, ба ҷои ў қарор гирифт, амир Шоҳмурод ба он савб (тараф) юриш намуда Диззахро тасарруф карда баргашт.

Соли дигар боз ба тарафи Ўротеппа сафар карда шаҳро ба муҳосира андохт. Чун ба зўрӣ фатҳ муяссар нашуд, аз муҳосара даст бардошта рафта Хуҷандро тасарруф карда баргашт.

Амир Шоҳмурод дар ин сафари худ мулҳақоти Хуҷанд, Ўротеппа, Хавос, Зомин ва Ёмро тороҷ намуда аҳолии он ҷоро ҷилои ватан карда кўчонда ба Самарқанд овард. Ба ҳамон сол дар Самарқанд 24 гузар ва масҷид бино карда, ғарибони мазкурро ҷо дод, ки ҳар кас ба қадри мақдур кулбае иморат карда нишаст. Тоқи Чорсўи Самарқанд, дарвозаи Пойқабоқ, дарвозаи Шоҳизинда ва Қаландархонаро иморат кард ва дарвозаи Сўзангаронро, ки кўҳна ва хароб шуда буд, таҷдид намуд.

Алъон дар Самарқанд, гузарҳое ки ба номи Хавосӣ, Зоминӣ, Ёминӣ, Хуҷандӣ, Ургутӣ ва ғайра – золик машҳур аст, нашонаи он аз ватан ҷило ёфтагон аст.

Вақте ки амир Шоҳмурод мардуми мазкурро ба Самарқанд кўчонида овард, аз як тараф, ба таъмири масоҷид, маҳаллот ва гузарҳо ва, аз тарафи дигар, ба иморати тоқи Чорсу оғоз кард. Дар аснои иморати тоқ рўзе биззот худ ба сари иморат омада дар бораи таъмир ба меъморон фикр медод, ки аз ҷилоиватаншудагон мавлавӣ Худойназар ва охунд мулло Қурбон ном ду муллои хавосӣ рў ба рўяш омада, мулло Қурбони мазкур ба дуруштии тамом ба амир хитоб карда гуфт: ”Эй золими мазлумозори худонотарс! Гуноҳи мо чӣ буд, ки моро аз ватан ба қаҳр бароварда ба муҳассилони ғилоз (дурушт) ва сипоҳиёни шидод (золим) супоридӣ. Бисьёре аз авлоди мо аз машаққати роҳ дар зери аспони сипоҳ ҳалок шуда, аёлони мо сарупобараҳна, афтону хезон ва амволи мо ба дасти залама тороҷу толон ва худҳои мо саросема ва ҳайрон, ба ҳазор уқубат дар ин вилоят ба балои мусофират гирифтор шудем. Фардои қиёмат дасти мову домани ту, эй золим! Худро ба дурўғ сўфӣ ва муттақӣ ном гузоштӣ ва мо бечорагон ба тақво ва худотарсии ту эътимод намуда ба ҷое фирор нанамудем...”

Амир ба даҳшати ин суханҳои ҳақ ва талх тоқат карда натавониста ва ба худ ҷуръати муқобилат надида аз эшон рўй тофта фавран саворӣ карда ба тарафи арк роҳӣ шуд. Муллоёни мазкур то вақте ки овозашон мерасид, ҳеҷ гуна дашном ва носазоро дареғ надоштанд. (Ин воқеа аз таърихи мулло Хамулӣ, ки муҳибби амирони манғит ва маддоҳи амир Шоҳмурод аст ва ин ҳодисаро ба чашми худ дида ва ба гўши худ шунида сабт намудааст, иқтибос карда шуд. Мулло Хамулии мазкур дар ин сафар бисьёр ҳодисаҳои ногувор ва воқеаҳои ноҳинҷорро ҳикоят карда, лекин мо аз нақлаш сарфи назар намудем)”. (Куллиёт, ҷилди 10. саҳ 19-20).

Устод Айнӣ ҷанги лашкари Русия бо лашкари амир Музаффарро дар Самарқанд, гирифта шудани Самарқандро низ батафсил тасвир кардааст. Чуноне ки мушоҳида кардед, устод Айнӣ вобаста ба тасвири воқеаҳои муҳими таърихӣ он навиштаҳоеро, ки аз гузаштаи Самарқанд нақл мекунанд, зикр намудааст. Навиштаҳои устод Айнӣ оиди таърихи Самарқанд, саҳифаҳои торики таърихи ин шаҳри бостониро рўшан хоҳад кард.

вторник, 8 апреля 2008 г.

Ба хонандаи ин блог «D»

Шумо мегўед, ки басеч шавем ва барои эҳёи хати ниёгон бикўшем, то ки ҳукумат барои ҷори кардани ин хат қарор барорад.

Ҳар яки чунин корҳо тайёрии зиёд ва вақти бисёр мехоҳад. Вақтҳое, ки дар Душанбе зиндаги мекардам, чунин корҳоро кардаам ва таҷриба андўхтаам. Масалан дар баровардани қарор оиди ҷашни Борбад ва мақоми давлати додан ба забони тоҷикӣ. Пеш аз ҳама ҳамфикронро дар як ситод ҷамъ оварданатон зарур аст. Сипас маҷмўи корҳои ояндаро муҳокима карда онро ба давраҳо тақсим бояд намуд. Дар мавриди эҳёи хати ниёгон корро аз тарғибот оғоз намуда ба он ноил шудан лозим аст, ки на танҳо зиёиён, балки мардум аз ҳама шаҳру ноҳияҳо ба порлумон оиди зарурати эҳёи ин хат мактубҳо фиристанд. Сипас Академияи улум як ҷаласа бо донишмандони забон ва устодони сухан баргузор намуда ба порлумон ва ҳукумат лоиҳаи давра ба давра ба хати ниёгон гузаштанро пешниҳод мекунад.

Ҳоло ташкили чунин корҳо аз дасти камина намеояд, зеро ҷои зисти доимии ман дар Самарқанд аст. Аммо дар Душанбе аз ҳамфикрони камина Муҳаммадзамони Солеҳ барин аъзои ситоди собиқи мо ҳастанд, ки механизми чунин корҳоро ба шумо фаҳмонида метавонанд.

Чӣ қадар теъдоди созмонҳои фарҳангии муштараки кишварҳои фарсизабон зиёд шаванд, ҳамон қадар ҳукумат зарурати ногузири гузаштан ба хати ниёгонро ҳис хоҳад намуд. Яъне иҷрои ин масъала аз бисёр ҷиҳат ба амалӣ гардидани нақшаҳои муштараки илмиву фарҳангии ин се кишвари ҳамзабон сахт вобаста аст.

Ба тахмини камина давраи гузариш хеле тўлонӣ аз 20 то 50 солро дарбар хоҳад гирифт. Ва барои насли миёнсолу калонсол, ки дар мактаб хати ниёгонро наомўхтааст мушкилот эҷод мекунад. Пеш аз ҳама вазъи забони тоҷикӣ дар Ўзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва ҷойҳои дигар бад хоҳад шуд. Яъне ин гузариш муаммоҳои зиёде низ эҷод хоҳад намуд.

Гузаштан ба хати арабии форсӣ дар сурате мумкин аст, ки он ба овозҳои забони тоҷикӣ мувофиқ гардонида шавад. Яъне забоншиносонро мебояд, ки дар ин хат як ислоҳот гузаронанд, аз он ҳарфҳои ба забони тоҷикӣ бегонаро берун кунанд, бо даровардани ҳарфи калону хурд ва овонависии дақиқ иммкониятҳои онро васеъ намоянд.

Ҷавоб ба хонандаи ин блог ва як барномаи телевизион

Баъзан хонандагони ин блог эрод мегиранд, ки ба баъзе суолҳо ҷавоб намегиранд. Муаллифи ин блог пеши худ чунин вазифа нагузоштааст, ки ба ҳама суолҳо ҷавоб гўяд. Зеро ин кор аз доираи имконияти ў берун аст. Боз як бор таъкид мекунам, ки мақсади камина асосан ба ёд овардани он арзишҳои маънавию фарҳангист, ки дар сохтмони ҷомеаи нав онҳоро пушти по задан ва нодида гирифтан пояҳои қасри мўҳташами миллатро суст карда боиси каммазмуниву харобии он хоҳад гардид. Хонандае дар бахши «комментария» навишт, ки арабҳо ба кишвари мо омаданду фалон ва фалон корҳо карданд ва аз фарҳанги тоисломӣ қариб чизе намонд.

Набояд аз ёд бурд, ки дар сохтмони қасри мўҳташами фарҳанги исломӣ ҳама донишмандону фарҳангиёни форсизабон саҳми худро гузоштаанд ва онҳо намебуданд, фарҳанги исломӣ дар бисёр бахшҳои асосии илму фарҳанг пешрафти назаррасе намедошт. Ёдовар шудан кофист, ки грамматикаи забони арабро донишманди эронӣ таълиф кардааст.

Фарҳанги мардуми мо форсии мусулмонӣ ном дорад ва ин нуктаро фаромўш кардан нашояд.

Дирўз дар телевизиони Тоҷикистон як файласуфи тоҷик даъват кард, ки ҷамъбандии арабиро дар забони тоҷикӣ истифода накунем, зеро мардуми омӣ намефаҳмад. Масалан ба ҷои масъалаҳо, мактабҳо ҳаргиз масоил ва макотиб нагўем. Ба назар намегиранд, ки чунин аз дарун тағйир ёфтани калима ба табиати забони тоҷикӣ бегона нест. Сўз ва дўз дар замони гузашта сўхт ва дўхт мешавад. Чунин нармӣ тибқи талаботи назми ҳазорсолаи мост, ки аз рукни асосии фарҳанг аст. Дар сурати қабул кардани эроди ин донишмандон байни забони имрўза ва забони осори классикӣ вартае азиме пайдо мешавад, ки хонандаи муосирро аз фаҳмидани ин осор маҳрум хоҳад намуд.

Устоди бузурги сухан шодравон Сотим Улуғзода маслиҳат дода буданд, ки ин калимаро имрўз кам касон мефаҳманд гуфта аз истифодаи вожаҳои дар осори классикӣ маъмул худдори накунем. Зеро васоити кунунии расонаҳои гурўҳӣ нерўи ба тамоми мардум фаҳмо кунонидани он вожаҳоро дорост. Агар як калимаи маънояш нофаҳмо чандин бор аз радио ва телевизион садо диҳад, ҳатто шахси омӣ ҳам маънои онро хоҳад фаҳмид. Инро дар маҷлисгоҳи Академияи улум дар ҳузури ҳама донишмандону адибони машҳури тоҷик гуфта буданд. Ва касе ба ин фикри устоди бузурги сухан зид набаромада буд.

Он файласуф дар он барномаи телевизиони эрод гирифт, ки чаро ба ҷои калимаи ҳамафаҳми сароянда вожаи «овозхон»-ро истифода мебаранд. Баъзе истилоҳҳои ҳунаршиносии маъмули Эрону Афғонистон солҳое, ки дар нашрияи «Адабиёт ва санъат» кор мекардам, бо кўшиши камина ба матбуот ворид гардидааст. Ва бе сабабу бе зарурат не. Масалан барои ифодаи маънои солист-вокалист «сароянда» ва яккахон мувофиқ нест. Чунки ҳаваскорро низ сароянда ва яккахон мегўянд. Аммо овозхон танҳо сарояндаи касбии бомаҳоратро мегўянд, ки ба ҳар ҳол солфеҷио чист, медонад. Дигар ин ки вожаи овоз дар танҳоӣ маънои овозхонро ё ки хонишро намедиҳад. Аммо чунин талқин кард, ки гўё дар вожаи овоз маънои хониш бошад.

Бояд дар назар гирифт, ки дар сурати қабул гардидани чунин эродҳои донишмандоне, ки аз аҳли сухан нестанд, мардуми мо на танҳо аз фарҳанги гузаштааш, балки аз фарҳанги Афғонистон ва Эрон низ дур мешавад.

воскресенье, 6 апреля 2008 г.

Чаро боз ва боз тақвими миллӣ?

Эҳтимол баъзеҳо бигўянд: чӣ зарурате ҳаст ба ҷорӣ кардани тақвими кўҳнаи миллӣ? Бо ҷорӣ кардани он чӣ чиз дар ин ҷомеа тағйир меёбад?

Хеле чиз дар мафкураи мардум тағйир меёбад. Якум: Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 21-уми март расман сари соли нав нест. Яъне онро ҳамчун як чизи аз ниёгон боқӣ мондаву баъд ба архиви таърих супоридашуда ёд мекунанд танҳо дар арафа ва рўзҳои Наврўз. Баъди қарори ҳукуматӣ он аз кўҳнаколахонаи таърих берун омада ба мақоми аввал мебарояд. Дуюм: Бо мақоми расмӣ касб кардани тақвими миллӣ ҷашни Наврўз ҳамчун ҷашни оғози соли нав мақому манзалати аслӣ ва азалии худро пайдо мекунад.

Саввум: Ҳисоби соли нав аз яхбандони 1-уми январ нею аз рўзҳои гарму пуранвори Наврўз оғоз ёбад, ба кайфияти инсон дар тамоми моҳу рўзҳои баъдинаи сол таъсири пурфайзи равонӣ хоҳад дошт.

Чорум: Тақвими миллӣ ба мардуми кишвар ҳар рўз ёдовар мешавад, ки халқи мо дар Шарқи куҳанбунёди соҳиби таърихи тўлониву фарҳангу маърифати инсонпарваронаи худ зиндаги дорад.

Панҷум: Мақоми расмӣ додан ба тақвими миллӣ як навъ қадршиносии мероси фарҳангии ниёгон аст ва он мартабаву обрўи мардуми моро дар назди халқҳои дигар боло хоҳад бардошт. Дар акси ҳол мо дар назари миллатҳои дигар ҳамчун халқи қадрношинос хоҳем буд.

Мақоми расмӣ гирифтани тақвими миллӣ афзалияти зиёди дигар ҳам дорад, ки оиди онҳо рўшанфикрони тоҷик бояд дар мақолаҳояшон мулоҳиза биронанд.

Боз чиро бояд эҳё кунем?

Ба ин суол дар мақолаҳои моҳҳои қабл навиштаи камина дар ин блог (феврал ва март) қисман ҷавоб меёбед. Агар нахонда бошед аз «архив» онҳоро боз кунед!

Масалан дар чанд мақола оиди ҳунари чорбоғсозии миллӣ дар мисоли чорбоғсозии Амир Темур, Алишери Навоӣ ва Бобурион нақл кардаам.

Мақолаи «Усто Амриддин…» оиди зарурати эҳёи меъмории миллӣ буд, дар мисоли ҳунари гачкорӣ. Ҳунари гачкорӣ дар заминаи се кони гачи Панҷакент пайдо шуда густариш пайдо карда будааст.

Дигар аз ҳунарҳои қадимаи аз байнрафта кошинппазӣ аст. Кошинпазӣ дар пойтахтҳо ривоч ёфта дар давраи Темур ба авҷи худ мерасад ва меъморон аз чинии хом (фаянс), ки ҳаштод дар сад дар таркибаш шиша дошт, истифода мекарданд. Кошини чинии хом нисбат ба кошини сафолӣ (гилӣ) ба таъсири барфу борон ва гармиву сардӣ бадошт буда бо чилои хоси худ рангу бори сеҳрофарини иморатро таъмин мекард.

Оиди дигар чунин дастовардҳои таърихии миллӣ мекўшам минбаъд низ баъзе мақолаҳои нав ва нашркардаи худро низ ба ин блог гузорам.

Эҳтимол, шумо ва дигароне, ки пешниҳоди каминаро оиди зарурати эҳёи тақвими миллӣ хондаанд, аҳамияти бузурги онро, ба мағзҳо чӣ таъсире гузоштани онро ҳанўз ҳамаҷониба ва амиқ фикр накардаанд.

Масалан як ҷиҳати онро мегўям: Агар чунин тақвим қабул нагардад, магар рўзе як хориҷӣ аз тоҷик суол намекунад: Иди Наврўз озони шумо нест, шумо ҳақ надоред онро ҷашн гиред, зеро ин иди соли нав аст, соли нави шумо бошад 1 январ шурўъ мешавад.

Ҷавоб ба Аноним

Дар Самарқанд тоҷикон ва ўзбекон чӣ қадаранд, ман ҳеҷ вақт ба ин масъала машғул нашудаам. Ва асноди статистикие дар даст надорам.

Тоҷикон дар Самарқанд ва дигар шаҳрҳои Ўзбекистон дар кўчаву бозор бо забони худ бе ҳеҷ монеа гап зада метавонанд.

Сорояндаҳои тоҷик дар тўйҳо чӣ қадаре, ки хоҳанд ба забони тоҷикӣ суруд хонда метавонанд. Миқдори сарояндаҳои тоҷикро касе нашуморидааст. Онҳо ба забони ўзбекӣ низ месароянд.

Қариб ҳама сарояндаҳои ўзбек дар репертуари худ чанд суруди тоҷикӣ ё эронӣ доранд ва талаби шунавандагони гуногунмиллатро ба инобат мегиранд. Ин нуқта дар телевизиони Ўзбекистон низ риоя мешавад.

пятница, 4 апреля 2008 г.

Чаро бояд нахуст тақвими миллӣ эҳё шавад?

Рафиқи мўҳтарам D!

Масъала пеш аз ҳама арзишҳои аз ёдрафтаи миллӣ эҳё кардани тақвими миллӣ чанд вижагӣ дорад.

Якум: Ин тақвим аз он гоҳномаи шамсие, ки имрўз дар Эрон ва Афғонистон бо номи форсии моҳҳо истифода мекунанд, дар солшумори фарқ бояд кунад. Яъне ин солшумориро бояд бар панҷунимҳазорсола таърих гузошт, бар асоси солшумории пешдодӣ. Тасаввур кунед, ки субҳ телевизорро мегиронед ва баранда масалан тахминан чунин мегўяд:

Имрўз якуми фарвардини соли панҷҳазору шашсади солшумории тоҷикист, мутобиқ ба 21 марти соли 2009-уми солшумории мелодии григорианӣ. Яҳудиён тақвими ба ин монанди миллии худро доранд.

Барои чорӣ кардани ин гоҳшумори ё худ солшумори донишмандони риёзиёт ҷадвали графикӣ тартиб медиҳанд ва муайян кардани номи тоҷикии рўзҳои таърихӣ ва ғайра осон мешавад.

Дуввум: Ин солшумории миллӣ эҷоди мардуми эронинажод аст, ифтихори миллист, хати арабии форсӣ бошад, эчоди мардуми мо нест. Ба ҳамин сабаб рўшанфикрони тоҷикро мебояд, ки аз раиси ҷумҳур ё порлумон нахуст эҳёи гоҳшумории миллиро талаб кунанд.

среда, 2 апреля 2008 г.

Усто Амриддини Самарқандӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ

Асосгузори ҳунари гачкории Тоҷикистонро кӣ бояд қадр кунад?

Онҳое, ки ин сарлавҳаро хоҳанд хонд, боз суол хоҳанд кард: Адаш Истад боз гуфтанист, ки фарҳанги миллӣ бе азхудкунии фарҳанги Бухорову Самарқанд наметавонад эҳё шавад. Дуруст фикр мекунанд мунаққидони камина. Банда ҳоло низ оиди чизҳои дуввумдараҷаю саввумдараҷа не, балки дараҷаи аввал мехоҳам ҳарф занам, ки бе он фарҳанги миллӣ вуҷуд нахоҳад дошт, зеро аз рукнҳои асосӣ ҳисоб меравад. Сухан аз меъмории миллӣ, саҳеҳташраш ҷузъи муҳими он – ҳунари гачкорӣ хоҳад рафт.

Ман ҳам то ошноӣ бо сирру асрор ва душвориҳои ин бахши муҳими санъати амалию ороишӣ бо он соддафикрии ба бисёриҳо хос чунин фикр мекардам, ки гачкорӣ чандон мураккаб ва мушкил нест, агар чандин нақше, ки дорад, омўхта шавад, ҳар кас метавонад устои гачкор гардад. Аммо бо гузашти солҳои тўлонӣ чунин суол низ аз гўшаи хотирам мегузашт, ки агар кори осон бошад, чаро устодони ин касб ангуштшуморанд? Солҳои зиёде дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” мудири шўъбаи санъат будам, аммо боре ҳам иттифоқ наафтода буд, ки оиди ҳунари гачкоре мақолае чоп шуда бошад. Бо устои машҳур Мирзораҳмат Олимов чанд сўҳбате оиди наққошии миллӣ доштам, аммо мавзўъ ба гачкорӣ оид нашуда буд. Аз санъатшиносон профессор Низом Нурҷонови бухороӣ албатта огоҳии бештаре доранд, аз корҳои бузургтарин устоди ин ҳунар усто Ширин Муродови Бухороӣ, ки узви фахрии Академияи улуми Ўзбекистон гардида буд. Афсўс, ки бо эшон низ сўҳбате дар ин боб накарда будам.

Азбаски гачкорӣ ҳунари мардумӣ ҳисоб меёбад, дар Самарқанд гачкорон дар муассисаҳое, ки онҳоро муттаҳид мекунад, соҳиби устохонаҳои худанд.

Бо кулолҳо, созандагони асбобҳои мусиқӣ шинос будаму бо гачкорҳо аз дур саломалек доштаму бас. Ба туфайли чанд нафар рассомоне, ки дар Душанбе дар омўзишгоҳи рассомӣ таълим гирифтаанду ҳоло дар бинои шўъбаи самарқандии Академияи бадеии Ўзбекистон устохонаҳои худро доранд, камина дар ин даргоҳ меҳмони доимӣ будам. Рўзе огоҳӣ ёфтам, ки як ҳуҷраи холиро ба устои гачкор Амриддин Наҷмиев додаанд. Баъд дар ин даргоҳ обу ҳаво дигар шуд. Усто Амриддин ба даромадгоҳи бино як қандили зебои гачии эҷоди худро овехта гўё анвори файзбахше ворид намуд. Баъзе рассомон ҳамсўҳбати доимии усто Амриддин мегардиданд. Азбаски ин иморат дар сари роҳ рў ба рўи маҷмўаи меъмории Регистон аст, бисёр оям ҳам усто Амриддинро дучор намешудам, зеро доимо аз паи коре ба ягон шаҳр ё маҳал мерафт. Ва дар вақти танаффуси таоми нисфирўзӣ низ дучор намешудам, зеро барои адои намоз ба ягон масҷиди ҷомеъ мерафт. Масҷидҳои ҷомеи Самарқанд намунаҳои олии ҳунари гачкорӣ муҷассаманд, усто бояд доимо худро дар ин муҳит нигоҳ дорад,– мегўяд усто Амриддин.

Ду-се сол пеш як гурўҳ шогирдони усто Амриддинро дар тармими масҷиди ҷомеи гузари Қўшҳавзи Самарқанд дучор шудам. Шогирдони усто тибқи дастури додаи ў ҳар як нақши кўҳнаи гачиро аз кабатҳои изофии бисёрсола бо нўги корд бо эҳтиёт тоза намуда ҷойҳои шикастаро хеле нафис тармим мекарданд. Нисфи дигари корҳои тармим бар зиммаи гурўҳи устои дигар буд. Он усто бо гурўҳи худ тамоми нақшҳои гачкориро канда навашро часпонда кори худро дар чанд рўз тамом карда зуд рафт. Аммо усто Амриддин ва шогирдони ў, гарчанде ки барои аз мўҳлат дер мондани корҳои тармимӣ коҳиш мешуниданд, зиёда аз як моҳ заҳмат кашиданд.

— Мо нав накардем, мо реставрация кардем,– гуфт усто Амриддин,– кору заҳмати устоҳои пешгузаштаро эҳтиром бояд кард. Вақтамон зиёд сарф шуд, зарари молиявӣ дидем, аммо хурсандем, ки ҳалол кор кардем.

Коғази шаффофе ҳаст, ки онро ба русӣ “калька” мегўянд. Ин калима дар ин шакл ба забони имрўзаи гуфтугў низ ворид шудааст. Аз забони гачкорон шунидам, ки муродифе дар забони тоҷикӣ доштааст – ”ахта”. Бисёр истилоҳҳои ин ҳунар соф тоҷикианд ё арабии тоҷикишуда мебошанд. Масалан муқарнас ба забони арабӣ осмонро гўянд, аммо дар истилоҳоти гачкорон шўшалакҳои зебои геометрии зери гунбад ё равоқ аст. Ман ин ҷо ба тафсири санъатшиносии корҳои эҷодии усто Амриддин ва гурўҳи шогирдони ў кўшиданӣ нестам. Зеро ин кор дониши махсуси санъатшиносиро тақозо мекунад. Ҳар як нақше, ки дар девор устои гачкор ҳак мекунад аз композицияҳои мурракаб иборат аст. Яке аз онҳо рута, дигаре, мадохил, якрафтор, серафтор, ислимии баргӣ, нақши мунаббат, даврагул, турунҷ, китоба барин номҳо доранд. Ба ғайри ин дар шакли тоблу (яъне панно) гули гиреҳу намоёнҳо аз намудҳои амали гачкорӣ маҳсуб мешавад. Танҳо номҳои асбобҳои кории устои гачкор аз мурракабии касби ў гувоҳӣ медиҳад: 1. Қалам (ин дар ном қалам аст, аммо дар шакл ханҷарро мемонад). 2. Пилтақалам. 3. Минқор. 4. Шутургардан. 5. Патакбиннӣ. 6. Пухқалам. 7. Наво. 8. Қалами шукуфта. 9. Морпеч.

Кор болои ҳар як муҷасаммот баъзан ҳашт амалиётро талаб мекунад.

Устои гачкор аз кашидани нақши композиция, яъне муҷассамот то пардози охирини кор ҳамаи ҳашт хели амалиётро давра ба давра анҷом медиҳад. Ба ҳамин сабаб ороиши гачкории иморатҳои калон моҳҳои зиёд тўл мекашад. Ин ба ғайри корҳои муҳандисии андозагирӣ яъне ба ҳаҷми иморат муофиқ кунондани нақшҳои суннатии гачкории миллӣ. Ва интихоби масолеҳ низ. Гач як намуди санги сафеди мулоим аст. Яъне дар девори сафед нақши сафед эҷод мешавад. Ба ин сабаб нақшҳои гачкорӣ нурафзоянд ва хонаро рўшантар мекунанд. Вобаста ба он ки ба нақши гачӣ рўшноӣ аз кадом самт меафтад, нақшҳо ҷозиба ва нафосати худро намоён хоҳанд кард. Гачкорон аз намудҳои хокаи гач як хели маҳини онро ки гулгач ном дорад, истифода менамоянд. Ҷиҳати дигари ҳунари гачкории миллӣ он аст, ки дар он на тасвири табии наботу ҷамод, балки нақшҳои мармузи онҳо ифода меёбанд. Ин рамзҳо дар тўли ҳазорсолаҳо шакл гирифта рукни муҳими зебоишиносии мардуми моро ифода мекунад.

Ё ки ман ҳоло дар бораи шарафаҳои эҷоди устои гачкор ҳарфе пеш орам, суол хоҳед дод: шарафа худ чист? Устоҳои гачкори тоҷик он чизе ки дар меъмории имрўз аксарият карниз мегўем, шарафа мегўянд. Аз луғати русӣ-тоҷикӣ накобед, ки ин калима дар он китоб нест. Онро бо калимаи “Нижвон” ва ибораи “қоши иморат” ифода кардаанд. Ё ки дар боби ҳунари пардоздиҳӣ сухан карда наметавонам намудҳои он – чокапардоз, лўлапардоз, пахпардоз, табақапардоз барин вожаҳоро истифода накунам. Ва шумо боз суол хоҳед кард, ки инҳо чиро ифода мекунанд. Танҳо ҳаминро метавонам бигўям, ки ин пардоз ба маънои ҳамворкунӣ нест, баракс зиёд намудани ҳачми нақшҳост. Табақапардоз аз намуди мураккабтарини ин амали гачкорӣ буда дар он усто Ширин Муродови Бухороӣ маҳорати тамом дошт.

Мегўянд, ки рассоми бомаҳоратро аз он ҷиҳат мешиносанд, ки дар тоблу изи мўйқаламаш аён нест. Дар гачкорӣ низ изи корди усто Ширин аён нест. Вале бар ин илова мекунанд, ки асосан устои моҳири гачкорро аз иҷрои пардоз мешиносанд.

Усто Амриддин шогирди усто Анвар Қулиев ва усто Мирусмон Асадов аст, инҳо шогирдони усто Ширин Муродов буданд. Ин ҳам ба мисли омўзиши Шашмақом аст, ин ҳунар ҳам аз сина ба сина интиқол меёбад, ҳеҷ кас аз пеши худ бо худомўзӣ гачкор нашудааст. Дар Ўзбекистон мактабҳои гачкории Хоразм, Фарғона, Самарқанд ва Бухороро ном мебаранд. Аммо услуби Бухоро бо мураккабии худ – гул андар гул фарқ мекунад. Услуби Самарқанд соддатар буд, аммо бо таъсири усто Ширин синтези услубҳо ба амал омад ва донандаи беҳтарини услуби бухороӣ ҳоло усто Амриддини Самарқандӣ аст. Ба ҳамин сабаб барои гачкории ресторани “Золотая Бухара“-и Маскав маҳз ўро даъват карданд. Мақбараи Оқсаройи Самарқанд аз ёдгориҳои таърихии меъмории нақшу нигораш нафис ва мураккаб маҳсуб мешавад ва тармими онро усто Амриддин бо шогирдони худ анҷом дод.

Дар сўҳбат усто Амриддин оиди устодони худ бо эҳтироми бепоён ҳарф мезанад. Ҳайкалҳои нимтанаи онҳоро дар устохонаи худ нигоҳ медорад. Аввал, яъне солҳои 1972-78 шогирди усто Мирусмон Асадов будааст. Бо ў мадрасаи Тиллокорӣ, Масҷиди ҷомеи Бибихонумро тармим ва таъмир кардааст. Ин ҳамон усто Мирусмони машҳур аст, ки гачкории қасри маданияти деҳаи Арбобро дар Хуҷанд ва театри Лоҳутию чойхонаи “Роҳат”-и Душанберо анҷом дода буд.

Соли 1978 усто Амриддин донишкадаи сохтмону меъмории Самарқандро хатм карда ба гурўҳи усто Анвар дохил шуд. Бо ў дар ороиши меҳмонхонаи “Интурист”-и Самарқанд, истгоҳи “Пахтакор”-и метрои Тошканд, ресторани “Нилуфар”-и Бухоро ва бисёр иморатҳои ҷамъиятиву маъмурӣ саҳм гузошт. Баъди ба нафақа баромадани усто Анвар аз ў дуои фотеҳа гирифта ба корҳои мустақилона даст зад. Дар Самарқанд иморатҳои меҳмонхонаи “Ориент стар”, Банки Саноатӣ, дар Шаҳрисабз меҳмонхонаи “Интурист”-ро бо ҳунари гачкории худ симои миллӣ бахшид.

Баробари ин Тоҷикистонро низ фаромўш накард. Ҳар фармоиш ва пешниҳоде, ки аз шаҳрҳои Тоҷикистон меомад, бо ҷону дил мепазируфт.

Усто Амриддин соли 1989 дар сохтмони профилакторияи фабрикаи абрешими Хуҷанд саҳм гирифт. Шогирдони хуҷандии ў Қодиров Мирзораҳим ва Қодиров Абдуқодир, бародарон Абдусаттору Абдуқаҳҳор, бародарон Фозилу Ҳусен, Мақсуд, Шароф ва дигарон дар ҷараёни кор аз ў ҳунари гачкории миллиро омўхтанд ва гуфтан мумкин аст, ки ин ҳунар дар Хуҷанд эҳё гардид. Сабабгори асосии эҳёи ҳунари гачкории Хуҷанд меъмори китобхонаи Тошхоҷа Асирӣ Раҳимҷон Одинаев буд. Ин марди дар асл самарқандӣ, ки дар ҳар қадам байте аз эҷоди шоирони мумтози тоҷик мехонд, рўзе гуфт, ки то кай аз Самарқанду Бухоро устоҳоро ба Тоҷикистон даъват мекунем. Тоҷикистон бояд устоҳои бузурги худро тарбия кунад. Меъмор Раҳимҷон Одинаев афсўс, ки бо вуҷуди дилсўзу қадрдони Тоҷикистон буданаш солҳои ҷанги таҳмилӣ бе кор монд ва маҷбур шуд, ки ба Маскав равад ва мегўянд, ки ҳоло дар кадом як идораи лоиҳакашии он ҷо кор мекунад.

Усто Амриддин дар Хуҷанд ба ғайри гачкории толорҳои ин китобхона дар масҷиди ҷомъи Сари Санг ду манори азонгўӣ сохт ва масҷиди ҷомеи Овчи Қалъачаро пурра тармим намуд.

Аммо кори бузургтари ў гачкории гумбазҳою меҳробҳои масҷиди ҷомеи Шайх Муслиҳиддин аст. Агар сурати ин ибодатхонаро дида бошед, муқарнасҳои усто Амриддин эҷоднамуда зери равоқи пештоқро зеб медиҳанд. Сипас дар тармиму эҳёи девору дарвозаи Қалъаи Темурмалик роҳбарӣ намуд. Солҳои 1989-90 усто Амриддинро ба шаҳри Душанбе ба иҷрои гачкории масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб даъват карданд. Дар ин масҷид ороиши гачкории гунбазу меҳробу тоқҳо ба ў тааллуқ доранд. Ва тармими меҳмонхонаи шоир Нақибхони Туғрал низ.

Баъди он дар шаҳри Кўлоб гачкории шарафа, меҳроб, гунбади масҷиди навро анҷом дод. Соли 2005-ўм ба шогирди хуҷандии ў Мирзораҳим тармими гачкории бинои театри Лоҳутиро супориданд. Ва ў ба сабаби таъҷилии кор усто Амриддинро бо шогирдонаш ба ёрӣ даъват намуд. Усто Мирзораҳим, Абдусаттору Абдуқаҳҳор аз усто Амриддин дуои фотеҳа гирифтаанд, ба ин сабаб асосгузори мактаби гачкории Тоҷикистон усто Амриддин ҳисоб мешавад.

На фақат дар Осиёи Марказӣ, балки дар дигар ҷумҳуриҳо низ осори ҳунари гачкории усто Амриддинро дидан мумкин аст. Дар Украина, Россия ва Қазоқистон низ. Гачкории масҷиди Мадина ва чуноне ки қайд кардем ресторани “Золотая Бухара”-и Москва кори дасти ўст.

Рўйхати корҳои эҷодии усто Амриддин калон аст. Дар шаҳри Навоӣ гачкории масҷиди ҷомеъ, дар Бухоро таъмиру тармими мақбара ва масҷиди Баҳоваддини Нақшбанд, дар Ғиҷдувон тармими масҷиди таърихии Хоҷа Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ низ аз корҳои ўст. Азбаски услуби усто Ширин Муродови Бухороӣ мураккабтар ва мукаммалтар ҳисоб мешавад, усто Амриддин равияи ўро писандидааст. Ва дар ин ҷода заҳмат мекашад. Усто Амриддин барои нигоҳдошти анъанаи гачкории миллӣ хеле кўшиш ба харҷ додааст. Хеле эҳтиёт мекунад, ки унсурҳои бегона нафосати услуби миллиро халалдор накунанд. Ба ин сабаб дар эҷоди нақшҳои нав шитоб намекунад. Аммо чанде пеш маслиҳати камина барои интихоби шоҳбайтҳои шоирони мумтоз барои меҳмонхонаи наве, ки ў дар ҳавлии худ ба услуби миллӣ сохтааст, лозим шуд. Ва камина нақшҳои хеле гуногун ва навро дар ороиши меҳмонхонаи ў дидам. Ба нигоҳи суоломези камина ў чунин ҷавоб дод: — Нақшҳои навро аввал дар иморати худ санҷида баъди он ки писанди ҳама гардид, дар иморатҳои дигарон истифода мекунам.

Чанде пеш усто Амриддин яке аз шогирдони худро аз гурўҳи худ пеш кард. Чанд дўсту одамони баландмартаба ба миёна даромаданд, ки “Ҷавон аст, як рафтори хилофи ахлоқ кардааст, боке нест, ислоҳ мешавад” аммо қабул накард. — Инҳо дар оянда фарҳанги миллиро муайян хоҳан кард,– гуфт ў,– барои касе, ки ин касбро муқаддас намеҳисобад, дар мактаби ман ҷой нест!

Воқеан ҳам ў мактаб дорад. Маънои калимаи академия ҳам мактаб аст. То вақте ки усто Амриддин барин шахсиятҳо ҳастанд, ин академия фарҳанги миллиро устувор нигоҳ хоҳад дошт.

Чанде пеш гурўҳи усто Амриддинро ба Масква барои гачкории як иморати калон даъват карданд. Усто Амриддин баъди як ҳафта бо шогирдонаш ба Самарқанд баргашта омад. Ба суоли камина чунин ҷавоб дод: — Гумон карданд, ки ба маблағи андак моро кор фармоянд. Гумон карданд, ки худи нархи билети ҳавопаймо моро барои ҷуброн кардани хароҷоти роҳ маҷбур хоҳад кард, ки барои онҳо кор кунем. Вале мо ғулом нестем, ки барои маблағи андаке кор кунем.

Ба фикрам, худшиносӣ аз шинохти фарҳанги миллӣ оғоз меёбад. Вақте ки шогирди устои гачкор дар 10-12 соли тўлонӣ бо азобу заҳмати зиёд ба дараҷаи устодӣ мерасад, ҳатман чунин хоҳад гуфт: — Он чизе ки гарон ба даст омад, дигар арзон нахоҳад шуд.

Ин буд чанд нуктае оиди фаъолияти як нафар гачкори Самарқанд – усто Амриддин Наҷмиев, ки пайвандгари дирўзу имрўз, идомагари суннатҳои гачкории миллӣ гардидааст.

Аммо қадршиносӣ ку? Қадршиносии шахсиятҳои фарҳангӣ аз фарҳангшиносӣ оғоз меёбад. Фарҳангшиносӣ ку? Ку он мутахассисоне, ки ҳусну қубҳи соҳаи ҳунари гачкориро метавонанд муайян созанд?

Баъди он ки байни Ўзбекистону Тоҷикистон режими виза ҷори шуд, усто Амриддинро барои коре бо телефон ба Душанбе даъват карданд. Ў аз Самарқанд ба Тошканд ба сафоратхонаи Тоҷикистон рафт, ки виза бигирад. Аммо ба ў виза надода гуфтанд, ки аз Тоҷикистон даъватномаи расмӣ бигирад. Бо чашмони пури ашк аз сафоратхона берун омад. Устоҳои машҳури гачкор солҳои шўравӣ соҳиби ягон унвони баланд ё мукофоти давлатӣ буданд, гарчанде ки расман ба ривоҷи маданияти миллӣ эътибор камтар буд. Агар усто Амриддин соҳиби унвоне мебуд, эҳтимол консули сафоратхона ба иҷрои талаби ў мекўшид.