Ситорапалави самарқандӣ ҳамон тавр аст, ки дар мақолаи «Палави
самарқандӣ» баён кардам. Фарқ танҳо дар он ки гӯшти онро дигар хел таҳия
мекунанд бо иловаи тухми мурғи хонагӣ ё бедона.
Аввал тухмҳоро пухта баъд аз пуст тоза кардан гӯшти
кӯфтаро атрофи тухм часпонида тӯбчаҳо месозанд ва болои зирбак мегузоранд.
Баъди ба табақ кашидани палав тӯбчаҳоро чор тақсим карда
рӯи сабзии ош мемонанд. Зардию сафедии тухм мисли ситораҳо метобанд. Яъне як намуди
таоми бостонии тоҷикии наргисӣ аст.

