понедельник, 12 декабря 2016 г.

Бақо Содиқов - асосгузори синамои нави тоҷик 75-сола шуд!



Ин нобиға имрӯзҳо дар Тошканд зиндагӣ мекунад. Дирӯз бо муаллифи китоби «Кино Бако Садикова» (Лимбус ПРЕСС, Санкт-Петербург) Муҳиддин Маҳмудов (собиқ сарвари Бунёди фарҳ анг) ба Самарқанд омада буд. Дар ин китоб он чӣ ки оид ба эҷоду ҳаёти Бақо Содиқов ба даст даровардааст, гирдоварӣ намудааст. Китоби калоне иборат аз 25 ҷузъи чопӣ. Бояд гуфт, ки баъзе  мақолаҳо эҳтимол берун мондаанд, чун дар он мақолаи ситоишие, ки таҳти унвони «Рангомезиҳои «Гирдбод» оид ба ин филм навишта будам («Адабиёт ва санъат» №6, 2 феврали с. 1989) дар замоне, ки аз ҳар ҷониб ба Бақо Содиқов ҳуҷумҳои нотавонбиниву бахилон сар шуда буд, ҷой нагирифтааст. Он солҳо, ки ошкорбаёнӣ бӯи озодиро ба машоми аҳли эҷод расонида буд, баъзе эҷодкорон ҷасорат пайдо карда ба навоварӣ даст заданд.

Дар соҳаи синамои Тоҷикистон чунин навовар Бақо Содиқов буд, ки ба зиддияти сахти чиновникҳои соҳаи синамо ва синамогарони консерватив дар Маскав ва Душанбе дучор гардид.

Кор ба он дараҷа расида буд, ки баъди аз ҷониби нависандаи бузург Чингиз Айтматов ва симоҳои намоёни синамои Шӯравӣ Сергей Соловьёву Никита Михалков пуштибонӣ шуданаш низ дасисабозӣ зидди ӯ давом мекард ва ба филми ӯ «Гирдбод» котегорияи дуввумро доданд дар Госкинои СССР. Сипас ман  ва Салими Аюбзод аз ин вазъ дар ғазаб шудем ва номаи эътирозӣ ба Госкинои СССР навистем ва имзои 25 нафар аъзои Иттифоқи нависандагонро ҷамъ оварда дар рӯзнома нашр кардем. Ин нома дар китоб ҳаст.

Дар ин нома талаб карда будем, ки агар Госкино ба ин филм баҳои баланд надиҳад, Госкинои Тоҷикистон аз  Госкинои СССР ҷудо шуда худро мустақил эълон кунад.

Дар Госкинои СССР аз ин нома ба ҳарос афтиданд ва қарорашонро дигар карда бошанд ҳам, аммо ба маҷаллаи ҳаҷвии «Крокодил» супориш медиҳанд, ки оиди ин филм фельетон чоп кунад. Ин фельетон барои  нотавонбинҳои «Тоҷикфилм» дастаке шуд, ки дар атрофи Бақо Содиқов фазои тоқатфарсо ба вуҷуд биёранд. Бо вуҷуди ин кори эҷодиро давом медод ва боз филме сохт бо номи «Бухорои шариф», ки дуд аз димоғи нотавонбинон баровард.

Ман ба ӯ гуфтам: - Шумо барои онҳое, ки дар умрашон чӣ будани оши палавро намедонистанд, ҳамин ошро пухтед. Акнун наранҷед агар намефаҳманд.

Соли 1996 буд. Рӯзе дар Самарқанд аз касе шунидам, ки  бо хонаводааш кӯчида омадааст. Бо рассоми машҳур Даврон Сафозода ба хонааш рафтем. Ман ба Даврон Сафозода гуфтам, ки дар Самарқанд корхонаи синамо нест, барои Бақо-ака дар ягон театр кор ёфтан лозим. Сипас Давронака дар театри русӣ ба коргардонии спектакл ҷой ёфта доданд.

Сабаби ба Самарқанд фирор карданаш ин будааст, ки фарзандонашро зӯран ба ҷанги шаҳрвандӣ ҷалб карданӣ шудаанд.

Ҳоло ҷои ӯ дар Тоҷикистон холист. Чиновникҳое, ки сабабгори аз Тоҷикистон рафтанаш шуданд, ин ҷои холиро бо филмҳои Махмалбоф пур карданӣ ҳастанд. Нусхаи аслии наворҳои филмҳои ӯро, ки дар фестивалҳо шӯҳрати синамои Тоҷикистонро зиёд карда буд ва фонди тиллоии маданияти тоҷик ҳисоб мешавад, бо нархи арзоне ба Қазоқистон фурӯхта фиристодаанд! Магар аз ин фаҷиа роҳбарони Тоҷикистон хабар доранд?

Ҳамаи ин далелҳо дар ин китоб оварда шудааст ва он чӣ ман ин ҷо гуфтам аз сад якест. Ба Муҳиддин Маҳмудов гуфтам, ки хеле зарур аст, як филми калоне мустанад оид ба ҳаёт ва эҷоди ин нобиғаи синамои Тоҷикистон эҷод шавад ва ҳатман коргардони он Улуғбек Содиқов бошад, ки имрӯз мисли падари худ эҷодкори ҳақиқист.

Комментариев нет: