Дар Ӯзбекистон ба
мероси сарояндаи бузурги мактаби Шашмақом Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов бо
эҳтироми бузург муносибат карда бисёр устодони ҳунари сарояндагӣ сабки ин абармарди ҳунарро идома медиҳанд. Ҳатто ғазалҳои ба забони
тоҷикӣ сурудаи ӯро месароянд, аз ҷумла «Ушшоқи Самарқанд»-ро.
Аммо дар Тоҷикистон муносибат ба мероси Ҳоҷӣ Абдулазиз
ранги дигар гирифт. Ба он чи ки ба Шашмақом дахл дошт, эътибор доданду суруди
дигари мумтоз – Қурбон ӯлам фаромӯш шуд.
Сароидани Қурбон ӯлам аз овозхон маҳорати хеле баландро
талаб мекунад, касе, ки авҷро гирифта наметавонад, дар назди ин суруд оҷиз мемонад.